Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оқибати нангини нашъамандӣ

1829Инсоният аз замонҳои қадим баҳри зиндагии шоиста ҳамеша мубориза мебурд. Имрӯз дар ҷомеа нашъамандию нашъаҷаллобӣ яке аз зуҳуроти номатлуб буда, ҷомеаи имрӯзаро ба коми нобудӣ мекашад. Нашъаҷаллобро бояд мисли терроризму экстремизм баҳо дод. Ҳамарӯза дар ҷаҳон нест, ки шахсе аз нашъамандӣ вафот накунад. Рағбати беандоза афзуни шахс ба маводи нашъадори сунъӣ тавлидшуда фаҳмида мешавад, ки ба торҳои марказии асаб таъсир расонида, истеъмоли ками он боиси ангезиши ҳиссиёти хуши бардурӯғ, ҳаловат, кайфият (эйфория) мегардад, дар сурати истеъмол ба миқдори зиёд бошад, ҳолати мастии баръало карахтии нашъамандии хоболуд мегардад.
Проблемаи глобалии нашъаҷаллобӣ рӯз аз рӯз меафзояду мушкилтар гардида, корҳои зиёди профилактикии пешгирии нашъамандӣ дар байни нашъамандон гузаронида мешавад. Омори чаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2019 35 миллион нафар аз нашъамандӣ азоб мекашанду факат аз 7 одам 1 одаме, ки корҳои профилактикӣ нисбати ӯ гузаронида мешавад аз нашъамандӣ даст кашаду зиндагии осударо касб менамояд.
Мисол дар Ҳоланд мактаббачаҳое, ки нӯшокии спиртӣ ё ин ки сигор намекашанд, ҳар моҳ ба онҳо 200€ маблағ ҳамчун стипендия тақдим мекунанд, ки ин роҳи пешгирии нашъамандӣ мебошанд. Агар ҳар як давлат ба мактаббачаҳояш мисли Ҳоланд маблағ такдим кунад ҳар моҳ, то ки кӯдакону ноболиғон даст ба нашъамандию нашъаҷаллобӣ назананд. Фикр мекунам нашъаҷаллобро ба мисли террористу хоин ҷазо додан ғайриимкон аст чунки онҳо бемор мебошанд. На танҳо дар ҷомеа қишри камсаводу оворагард олудаи нашъамандӣ мешаванд, балки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар 2 соли охир пешгирӣ ва табобат дар бисёр қисматҳои ҷаҳон номуваффақ идома дорад, зеро ҳар сол танҳо аз ҳар ҳафт нафар шахсони гирифтори бемории истеъмоли маводи мухаддир табобат мегиранд.
Тибқи омори расмии СММ, бозори маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2020 7,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки аз он танҳо 1,5 миллиард доллар ба кишоварзон ва коргарони афғон рост меояд. Мувофиқи охирин гузориши ҷаҳонии маводи мухаддир, ки Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) интишор кардааст, тақрибан 35 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз бемориҳои марбут ба нашъамандӣ ниёз ба табобат доранд Тадқиқоти такмилёфта ва маълумоти дақиқ нишон доданд, ки таъсири манфии истеъмоли маводи мухаддир нисбат ба он, ки бовар карда мешуд, шадидтар ва васеътар мебошанд.1830
Бинобар ин нашъамандӣ ва даст задан ба маводи нашъадор ва гардиши ғайриқонунии он боиси харобии давлатҳо, миллатҳо ва умуман ҷомеаи мутамаддин мегардад, аз ин лиҳоз бори дигар иброз менамоям, ки нашъомадӣ омили нангини ҷомеа аст. Ба нашъамандӣ мо муқовимат намуда, ҳарчӣ бештар бояд корҳои тарбиявӣ ва профилактикӣ гузаронем ва ин имкон медиҳад, ки мо роҳҳои паҳншавии онро гирем.

Ёқубов А., курсанти курси 4 факултети № 2, Академияи ВКД, сержанти милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...