Ҷавонон - муҳофизони боэътимоди Ватан ва амнияти давлату миллат
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бидуни душвориҳо ва ноҳамвориҳои роҳи тараққиёт дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мо онро дар мисоли ҳаёти ҷавонони кишвар хеле равшан мушоҳида менамоем. Ҳамасола рӯзи 23-юми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили рӯзи ҷавонон аз соли 1997 ба ҳукми анъана даромада, дар кишвари соҳибистиқлоли мо то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд». Нерӯи созандаву бунёдгари ҷавонон дар раванди тараққиёти ҷомеа махсусан дар марҳилаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки ҳоло давлати соҳибистиқлоли мо дар марзи гузариши он қарор дорад, арзишҳову заруриятҳои басо муҳимро молик мебошад. Зеро вазифаи идома бахшидану то ҳадди комилтар мустаҳкам намудани мавқеи ислоҳоти куллии ҷомеаву давлати миллиямон возеҳу ошкор аст,ки дар ояндаи наздик маҳз ба зиммаи ҷавонон гузошта мешавад. Ин ҳама мушкилоту масъулиятро зери назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, зеро масъулияти фардои ҷомеа бо ҳама назокатҳову мушкилоташ бар дӯши ин табақаи ҷомеа қарор мегирад. Албатта, насли ҷавон бо рӯҳу равони тозаву тавоно, бо ҷаҳонбинии хосса, ақидаву ғояҳо, ахлоқу меъёрҳои ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ аз имрӯз ба фардои ҷомеа бо диди фарохи тозаву навини хеш сайқалу ороиш мебахшаду интиқол медиҳад. Биноан, дар тамоми гуфторҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони имрӯз аз он нигоҳ аҳамият медиҳанд, ки онҳо дар аксари ҷабҳаҳои зиндагӣ моҳият ва хусусияти фардоро амиқтару хубтар ва гиротару шоистатар ба дарк бигиранд.“Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”, қайд намуд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ҳаматарафаи ҷавонон муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Чунки ҷавонон ояндасози миллату Ватананд ва танҳо ҷавонони ҳаматарафа тарбиятёфта метавонанд баҳри тараққиёту гулгулшукуфии Ватани хеш cаҳме гузошта тавонанд. Ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои манфиатбахш, таъмини онҳо бо ҷойҳои кории мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифатӣ ҳуқуқӣ, дастгирии соҳибистеъдодҳо иқдомест баҳри таҳкиму тантанаи Ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа. «Бигузор ҷавонон парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагию бунёдкориҳоро баланд афрохта, дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан қадам гузоранд!», таъкид намуд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолияти Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардида буд. Инчунин барои татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон Қумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода шуд . Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳадафи Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, ин дар ниҳоди насли наврас бедор ва мустаҳкам намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан ва беҳтар намудани ҷараёни тарбияи ҳарбию ватанпарастии ҷавонон мебошад. Насли ҷавон бояд дарк кунад, ки Ватан-ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан- ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд. Ба ҳамин хотир ин сарзаминро мо Модар-Ватан мехонем ва онро муқаддас мешуморем. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, ки ояндаи Истиқлолияти миллию давлатӣ, ояндаи шукуфоии кишвар, ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост, ҳамеша таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда,зимни суханрониашон дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд намуданд: «Ватан дар баробари Модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Бе Ватан инсон бесарнавишт ва бе қурбу манзалат аст.
Сиёсати давлатии ҷавонон ба фаъолияти воситаҳои ахбори умум вобастагии носусастанӣ дорад. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолияти худро аз соли 1998 аз нав оғоз намуда, 18-уми ноябри соли 2000-ум 70-солагии рӯзномаи писандидаи ҷавонон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Ҳоло ҳафтанома мунтазам нашр гардида, мувафаққиятҳои ҷавононро дар саҳифаҳои худ инъикос менамояд. Чуноне ки мебинем, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сиёсати давлатро нисбат ба ҷавонон дар қатори масъалаҳои стратегияи ҷомеа гузошта, ба раванди ташаккулёбӣ ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон диққати махсус медиҳанд.
Осори гаронбаҳои ниёгонамон дар таълиму тарбияи ҷавонон нақши босазо дорад, зеро ниёгони мо аз азал таранумгари ахлоки наку буданд. Аҳамияти омӯзиши осори тарбиявии гузаштагонамон аз он иборат аст, ки осори онҳо аз қабили «Пандномаи Бузургмеҳр», «Дарахти ассурик», «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ёри дониш»-и Абулфазл Ибни Муборак, «Синдбоднома», «Тутинома», «Носеҳ», «Туҳфат-ул-мулук», «Рисолаи воридот», «Анис-ул-муридин», «Манозир-ус-соирин»-и Абдуллоҳи Ансорӣ, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммад Ғазолӣ ва садҳо асарҳои ахлоқии дигар дар тули асрҳо миллионҳо одамонро чӣ дар мамолики Шарқ ва чӣ дар Ғapб дар руҳияи адлу инсоф, некию инсондустӣ ва ватандустӣ тарбия кардаанд.
Аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ва аз хазинаи бойи ахлоқию маънавии он бояд дар ҷараёни таълиму тарбия ба таври васеъ истифода бурд, ватанпарастӣ, савияи донишомӯзӣ, хунару зебоишиносӣ, сирати некию некухоҳӣ, худшиносӣ, худогохӣ, адлу адолат ва покию ростиро омӯхт. Омӯзишу пажӯҳиши зиндагинома ва мероси пурғановати Абуҳанифа имконият медиҳад, ки роҳу усулҳои раванди тарбияи насли наврасро тақвият бахшем ва онҳоро дар рӯҳияи баланди хештаншиносию ватанпарастӣ тарбия намоем. Фармудаи Имом Абуҳанифа, «Дар вақти ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст, илм биёмӯз…», имрӯз бояд панди доимии ҷавонон бошад.
Инкишофи ҳамаҷонибаи тарбиявии маънавиёту масъулиятшиносии ҷавонон бевосита ба салиқаи дониши сиёсиву ҷаҳонбинии тарбияткунандагон вобаста аст. Аз ин рӯ ҳар дарси устод, пеш аз ҳама фарогири ҷаҳонбинии суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои гузаштагони пурифтихори классиконамон бошад, зеро осори гузаштагони мутамаддини мо саропо саршор аз тасвири инсон ва муҳаббати он нисбат ба ватану ватандорӣ, бузургдошти илму дониш ва ростиву дӯстӣ аст. Мақсад ва ҳадафи ҳама гуна тарбия, ин пеш аз ҳама ташаккули ҳамаҷонибаи шахс, ғановати баланди маънавӣ, ахлоқи пок ва ҷисми солим мебошад. Ҷавонон имрӯз бояд дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, тафаккури дастнигар надошта ба қувва ва нерӯи ақлонии худ боварӣ дошта бошанд. Таъкиди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар ба маврид аст: “Шумо-ҷавонон бояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштаҳои худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи куҳану нави миллати худро хуб донед. То ҷавонон таърихи гузоштаи халқи худ ва ҷонбозиҳои душвору тӯлонӣ ва пурмашшақати расидан ба истиқлолиятро хуб надонанд, ватандӯст ва миллатдӯсти ҳақиқӣ шуда наметавонанд” .
Танҳо таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо ба шумор меравад. Корнамоиҳо, қаҳрамониҳо ва мардонагии фарзандони халқи тоҷик аз натиҷа ва самараи заҳмати падару модарон аст. Маҳз ба шарофати меҳнати падару модар беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон аз насл ба насл мегузаранд, фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ба камол мерасанд. Бо ин мақсади нек дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, фарогири 5 (панҷ) боб ва 13 (сенздаҳ) модда, 14-уми декабри соли 2010 ба муҳокимаи мардуми кишварамон пешниҳод гардид. Дар ин Қонун меъёрҳои зарурие, ки ба тарбияи дурусти фарзанд мусоидат мекунад, зикр ёфтааанд. Ба ин маънӣ мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ мегузори чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошад. Агар тухми бади афкани ва ӯро ба ҳолаш гузори, то ҳарчи хоҳад кунад ва ба ҳарчи хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун» .
Давлатшозода Азиза,
полковники милитсия