Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни Ғалаба – ҷашни умумимиллӣ

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми май Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни умумимиллиро тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми сулҳхоҳи ҷаҳон, ки саҳми босазои худро дар таъмини Ғалаба бар фашизм гузоштаанд, қадрдонӣ менамоянд.
Ин ҷашни умумимиллист, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани ғалаба ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, дар қаламрави 40 давлати дунё амалиёти ҳарбӣ ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда, зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуданд ва миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз 1700 шаҳр хароб гардид, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар набардҳои хунини ҶБВ фарзандони Тоҷикистон дар радифи дигар халқу миллатҳои дунё паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ мардонавор ҷангиданд. Аз ҷумла, дар ин солҳо 300 ҳазор тоҷикистонӣ дар муҳорибаҳои шадид ширкат доштанд, ки аз ин омор 92 ҳазор ҳалок гардида, 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафар бо ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд.
Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон 49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.
Дар қатори қаҳрамонони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ занҳои тоҷик низ мақоми махсус доранд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин- ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи ғизоию пӯшокӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шаванд. Тибқи ин супориш, ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.
Тибқи фармоиши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаҳои кишвар омӯзиши умумии омодагии ҳатмии ҳарбиро эълон ва ҷорӣ намуданд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 14765 нафар ҷавонону духтарон курсҳои тайёрии умумии ҳарбиро гузаштанд, ки аз он теъдод 10320 нафарашонро занону духтарон ташкил медод. Дар солномаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ номҳои занони тоҷик, ки баҳри ҳифзи Ватан қаҳрамонии бемисл нишон додаанд, ба монанди Ойгул Муҳаммадҷонова, Инъом Қурбонова, Саодат Алибоева, Ҷаннат Раҳимова ва дигарон ҷовидон сабт гардидаанд.
Қаҳрамонии ҳамшираҳои шафқат: Туҳфа Ҳамсариева, Саодат Сангинова, София Муҳаммадова ва дигарон боиси ёдоварист, ки ҳаёти худро барои берун баровардани аскарони маҷрӯҳ аз майдони ҷанг бахшидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳанд гашт.
Маълум аст, ки имрӯз ветеранҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хеле кам мондаанд. Қисми боқимондаи онҳо синнашон аз навад боло мебошад. Бинобар ин, нигоҳдошти поси хотири гузаштагон, эҳтиром ва қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳое, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Таҷрибаи роҳи тайкардаи зиндагӣ огаҳ месозад, ки эҳтиром доштани калонсолон ва кумак ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, шахсони барҷомонда ва муҳтоҷро дар доираи анъанаҳои қадимии халқи тоҷик пайваста идома диҳем.
571Бо гузашти 76 сол башарият корнамоию диловарии ҷовидонаи миллионҳо нафар фарзандони халқу миллатҳои гуногуни сайёра ва аз ҳама беш даҳшатҳои он ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърих ҳамто надошт, фаромӯш накардааст ва барои насли имрӯзи ҷаҳон он дарси ибрат аст ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот ва амонӣ дар замин, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст».

Қодирова Сабрина, аъзои “Шӯрои ҷавонон”-и

Академияи ВКД, курсанти курси 3-юм, сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...