Саҳми халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба дар ҶБВ (1941-1945)
Рӯзи Ғалаба - Иди Ғалабаи халқҳои ИҶШС аз болои фашизми миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад. Рӯзи 9-уми май - Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиёти ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Олмони гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарипов ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Баъд аз ба охир расидани ҷанг 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба – иди расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар тамоми ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи “Поси хотир” (аз Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷанговарон дар амалиёти ҷангӣ вафот кардаанд) вохӯриҳо бо собиқадорон (ветеранҳо)-и ҷанг баргузор мегардиданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ мебошад.Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Наимов Усмонҷон Маҳмадсаидович, курсанти курси 3-юми факултети № 2, Академияи ВКД