Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корнамоиҳои милитсияи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)

1785Милитсия аз замони таъсисёбӣ - 10 ноябри соли 1917 то ба имрӯз борҳо ба тақозои замон ба авзои сиёсӣ ба таҷдид ва азнавташкилнамоӣ дучор гардидааст. Нақши милитсияи тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хеле калон буд. Кормандони милитсия на танҳо ба фронт мерафтанд, балки дар ақибгоҳ низ бар зидди шаклҳои гуногуни ҷинояткорӣ мубориза мебурданд.

Милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳамчун сохтор бо номи Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) амал мекард, ки феврали соли 1941 Комиссариати халқии корҳои Дохилӣ (КХКД- НКВД) ба ду Комиссариати мустақил табдил дода мешавад: Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (КХКД-НКВД) ва Комиссариати халқии бехатарии Давлатӣ (КХБД-НКГБ).
Чунин сохтори монанд дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтори Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) низ созмон дода мешавад. Мақомоти милитсия ба тобеияти Комиссариати корҳои дохилӣ вогузор карда мешавад.
20-уми июли соли 1941 укази Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) дар бораи Муттаҳидкунии Комиссариати халқии бехатарии давлатӣ ва Комиссариати корҳои дохилӣ ҳамчунин комиссариати ягонаи корҳои дохилии ИҶШС (СССР) қабул карда мешавад. Ин имконият дод, ки бар зидди фашизм ва ҷинояткорӣ ба таври мутамарказ мубориза бурда, бехатарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар марказ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Дар ибтидои ҷанги дуюми ҷаҳон доираҳои сиёсии Олмони фашистӣ, ҳадафи зери хатар қарор додани Афғонистон ва Тоҷикистонро доштанд. Онҳо ба ҳайси пойгоҳи диверсионӣ маҳз Афғонистонро истифода бурда, мехостанд, ки ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон эмиссарҳои худро равон созанд, ки ин амалҳо аз тарафи кормандони Комиссариати ягонаи корҳои дохилӣ пешгирӣ карда шуданд.
Комиссариати корҳои дохилӣ якчанд фармонҳо ба нашр расонд, ки фаъолияти милитсияро дар давраи ҷангӣ мушаххас гардонид. Рӯзи 7-июни соли 1941 чунин деректива қабул карда шуд, ки Комиссариати корҳои дохилӣ метавонад дар дилхоҳ вақт бар зидди гурӯҳҳои диверсионӣ мубориза барад, ё ин ки онро муштарак бо Артиш амалӣ намояд. Дар солҳои ҶБВ Лапин Михаил Парамонович соли 1941 КХКД (НКВД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Аз соли 1943 то соли 1950 ин вазифа ба дӯши Харченко Владимир Владимирович вогузор карда шуда буд. Самиев Сайдулло бошад, солҳои 40-50-ум муовини Раиси КХКД (НКВД) Тоҷикистон буд.
Чор нафар намояндагони КХКД (НКВД) Тоҷикистон ба унвони Олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гаштанд, инҳо Недошивин Вениамин Георгиевич, Шарипов Эргаш Қосимович, Мирзаев Магомед, Новоселтсев Михаил Иванович мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти амалиётҳои ҷангӣ аксар роҳбарон ва кормандони милитсия аз ҷумла, сардори милитсияи шаҳри Душанбе Клипоченко Констонтин Денисович, сардори ШКД Балҷувон Дионов Виктор Дмитриевич, сардори ШКД ноҳияи Данғара Трофим Гордевич ва садҳо дигар кормандони милитсия қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
Ба шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ КХКД (НКВД) Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ Нигматуллин Ахмед роҳбарӣ мекард. Баъд аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар сохтори КХКД (НКВД) ба вуҷуд омаданд.
Ҳамин тариқ, дар солҳои ҶБВ (1941-1945) милитсияи тоҷик дар таъмини ғалаба саҳми бузурги худро гузошт. Бо соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон ВКД дар асоси талаботи манофеи миллӣ бори дигар ба таҷдид ва азнавсозӣ рӯ ба рӯ гашта Истиқлолияти давлатиро ҳифз намуд, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва интеллектуалӣ такмил ёфта содикона хизмат намуда истодааст.

Асламов Б.С., Мусоев Ш.Ҳ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...