Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таълиму тарбияи насли навраси ҷомеаи муосири Тоҷикистон: хусусиятҳои муҳим ва масоили рӯзмарраи он

558«Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем».

Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Мақолаи мазкур ба истиқболи 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бах-шида мешавад.


Таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷомеаи имрӯза масъулияти ҷиддиро аз аҳли ҷомеаи муосири Тоҷикистон талаб менамояд, зеро таълим ва тарбия насли наврас аз домани модар ибтидо гирифта, то ба мустақилият қадам гузоштан эҳтиёҷ дорад. Таълиму тарбия дар пешгирии даст задани ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ нақши муҳим дошта, қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад. Соҳаи маорифу муассисаҳои таълимӣ бояд дар иҷрои ин амри муҳим нақши бештаре дошта бошанд, вале мутаассифона дар ин самт камбудиву норасоиҳо дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин 10- сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дуруст ва сари вақт ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ додани падару модарон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пешниҳод нардида, баъди муҳокимаи умумихалқӣ қабул гардид, ки он дар ҳол қобили қабули аҳли ҷомеа гашта, баҳри пешгирӣ кардани ҳар як амалҳои номатлуб аз тарафи ноболиғон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани падару модаронро нисбат ба бемасъулиятии таълиму тарбияи фарзанд равона гашта, натиҷаҳои зиёди мусбӣ ба бор овард, ки имрӯз дар доираи давлатҳои ИДМ чун таҷрибаи пешқадам омӯхта мешавад.
«Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд. Танҳо соли 2006-ум кӯмакҳои гуногун аз буҷети давлатӣ ба ин қишри ҷомеа 85-миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2013 ба 170 миллион расидааст. Яъне дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ду баробар зиёд гардидааст.»
Дар масъалаи дастгирии ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуда онҳоро ба таври ройгон ба муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон фаро гирифтааст. Ин икдомҳои нек пайваста идома дошта дар ҳар як сафарҳояшон Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз аҳволи кӯдакон хабардор шуда, ғамхориҳои зиёд менамоянд.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
«Таълим - ин раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаҳои таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак аст.
Тарбия - ин раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани фарзанд мебошад.»
Дар маҷмӯъ ҳам таълим ва ҳам тарбия аз тарафи падару модар дар як марҳилаи асосие, ки кӯдак ҳиссиёт ба олами ҳастӣ пайдо мекунад сурат мегирад. Таълиму тарбия аз муҳити хонаводагӣ вобастагӣ дорад, зеро муҳити хонавода дар кадом сатҳ зиндагии худро пеш мебаранд ва дар он оила эҳтироми якдигар, якдигарфаҳмӣ ба назар расида, насли наврас бар пояи он амал мекунад. Вобаста ба ин падару модаронро дониши кофӣ зарур аст, зеро ки на ҳамаи онҳо аз оддитарин намуди тарбия бархурдоранд. Хуб мешуд, ки дар ҷомеаи мо фаъолияти созмонҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ тақвият дода мешуд, ки фаъолияти онҳо вобаста ба давраҳои мураккаби таълиму тарбияи фарзанд равона мегардиданд. Ин имкон медиҳад, ки ҳар як падару модар ба ин созмонҳо робитаи зич пайдо намуда, аз онҷо ба таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимӣ шинос шуда, истеъдод ва малакаи касбии худро вобаста ба тарбия намудани фарзандон дар муҳити оила ҷорӣ намояд.
Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Ҳар як насли ҷомеа ҳуқуқ дорад, ки дар фазои оила тарбия гирифта, дар муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои миёнаю олӣ дохил шуда илм омӯзанд. Ин масъулият бештар бар дӯши падару модарон мебошад, ки кӯдакро ба кӯдакистон ва пас аз он ба мактаб ва пас аз хатми мактаб ба зиндагии мустақилона омода намоянд, лекин дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин падару модаронеро низ назар мерасанд ки дар таълиму тарбия ва ҳуқуқҳои фарзандони хеш ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Ҳол он, ки кӯдаки тавлидёфта дар муддати се моҳ бояд аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронда шуда, ба ӯ номи нек гузошта, шаҳодатномаи таввалуд ба он дода шавад, вале баръакс баъзе падару модарон ин масъулиятро ба таъхир андохта, ҳангоми ба муссисаҳои томактабӣ ва мактабӣ бурдани фарзандони хеш ба масъалаи мазкур рӯбарӯ мешаванд.
Бархе падару модарон нисбат ба тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, ки оқибат ба миён омадани амалҳои номатлуб ва ба ҷиноят даст задании онҳо мегардад, санги маломат бар сари онҳо ва омӯзгор мезанад, ки онҳоро аз таълиму тарбия дур гузоштаанд. Аслан таълиму тарбия ду муҳитро дар бар мегирад, хона ва мактаб. Агар фарзандро аз хона дуруст тарбия намуда, таҳкурсии ахлоқу одоби ӯро нисбат ба ҷомеа дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ равона созем, пас ӯ чӣ дар мактаб ва чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ин ҷиҳат тарбия ёфта, нисбат ба ҳамсабақонаш пешсаф гашта, ба амалҳои номатлуб даст нахоҳад зад. Оиди ҷалб намудани наврасон ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши хубу аъло, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо бо ходимони ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Гузаронидани чунин тадбирҳо имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ бештар таваҷҷуҳ ва рағбати инфиродӣ пайдо намоянд.
Яке аз ҳадафҳои дигари Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин профилактикаи одатҳои зараровар дар байни ноболиғону ҷавонон мебошад. Мутахассисони кор бо ноболиғон Матвеев В.Ф. ва Гройсман А.Л. дар тадқиқоташон дар бораи профилактикаи одатҳои зараровар чунин одатҳои маъмулро номбар менамоянд:
-тарсу воҳима;
-ноқисии нутқ;
-оворагардӣ;
-суст шудани хотира;
-хаёлбарастии ботил;
-тарси ноқисии ҷисмонӣ;
-тамокукашӣ;
-майнушӣ ва майзадагӣ.
Ба ин одатҳои зараровар солҳои охир нашъамандӣ илова гаштааст, ки яке аз проблемаҳои муҳими ноболиғону ҷавонон гаштааст, чунки аз паст будани маърифати онҳо даст ба чунин одати нангин мезананд, ки оқибатҳои ногувори ахлоқӣ ба психологӣ меоранд, ба генофонди миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд, кори таълиму тарбияро хеле душвор менамоянд. Ба қавли олимон Солиев К.Ҳ.,Розиқзода А.Ш. ин вабои инсоният ба шумор меравад, ки ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба аҳли ҷомеа бар зидди он мубориза бурда, дар пешгирии он саҳмгузор бошанд. 4
Хуб мешуд,ки бештари вақти худро ноболиғону ҷавонон бо мутолиаи китобҳои бадеӣ, машғулиятҳои амалӣ, тасвири расмҳо, омӯзиши забонҳо, истифода аз китобхонаҳои электронӣ ки хусусияти тарбиявӣ дорад сарф менамуданд, ва аз соатҳои тулонӣ дар назди бозиҳои компютерӣ ва шабакаи Интернет худдорӣ карда, воситаҳои электорониро танҳо барои ташаккули сифатҳои неки шахсияти хеш дуруст ва самаранок истифода мебурданд.
Падару модаронро бо мактаб бояд доимо робита дошта бошанд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Пайваста дар он бо роҳбари синф ва сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ дар мактабҳои олӣ суҳбат намояд, бо муаллимаҳои фаннӣ ва коллективи синфашон аз наздик ошно гарданд. Гарчанде фарзанд дар оила ва мактаб рафтору кирдори намунавӣ дорад, берун аз он бо рафиқону ҳамсабақонаш унс гирифта ногаҳон ба корҳои ғайриахлоқӣ даст мезанад, ки дар ин маврид назорати қатъӣ аз ҷониби падару модарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ лозим аст, то аз ин омили манфӣ фарзандонро канорагирӣ намоянд.
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани саробони хонавода боиси дур мондани фарзанд аз таълиму тарбия мегардад. Вобаста ба масъалаи мазкур кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият зоҳир намуда, аз вазъи фарзандоне, ки дар мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳои махсусгардонидашуда новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таълиму тарбия мегирад хабардор шуда, бо чунин муассисаҳо ҳамкорӣ менамоянд ва раванди таълими ноболиғонро дар ин муассисаҳо зери назорати қатъӣ мегиранд.
Ҳамин тариқ, таълиму тарбияи наврас дар ҷомеаи Тоҷикистон дорои хусусият ва проблемаҳои хос буда, тадқиқоти амиқи доманадори илмӣ-педагогиро тақозо менамояд, барои амалигардонии он мо ҳамагон, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд фаъол бошем.

Адабиёт:

1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013. Душанбе 2013. С. 39-40.
2. Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд.» Душанбе, 2 августи соли 2011. №762.
3. Матвеев В.Ф., Гройсман А.Л., Профилактика вредных привы-чек школьников. Москва, 1986. С. С 28-43.
4. Солиев К.Ҳ., Розиқзода А.Ш. Вабои инсоният. Душанбе, Ирфон, 2001. С.1-10.


Асламов Б.С. – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академия ВКД ҶТ, полковники милитсия
Сатторзода А. С. – сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, Академия ВКД ҶТ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...