Хатари никоҳи хешутаборӣ ба генофонди миллӣ: ҷанбаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии он
«Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ба масъалаи инкишофи оила, модар ва кӯдак таваҷҷуҳи хос медиҳад, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя ва парасторӣ менамояд.
Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:
«Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият химоя мекунад.
Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва заноне, ки ба сини никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳи манъ аст».
Давлат оиларо таҳти ҳимояи худ қарор дода, дар бораи вазъи иҷтимоии он доимо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аз ҷумла ин аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 34 чунин мустаҳкам карда шудааст:
«Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қабули меҳнат барои нигоҳубин ба таъмини падару модар масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Чи тавре, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар ҳакиқат давлат кафили рушд ва солимии оила мебошад. Қобили қайд аст, ки дар кишварамон махзани ҳуқуқии басанда баҳри такомули оилаи солим мавҷуд мебошад. Бо дарназардошти талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба масъалаи таълиму тарбия, оила ва оиладорӣ диққати махсус зоҳир гардидааст. Қабл аз ҳама, баробарҳуқуқии падару модар нисбат ба фарзанд дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст.
Масъалаи рушди демократии ҷомеаи солим пеш аз ҳама ба вазъи ҳуқуқӣ ва маънавии оила вобастагии зич дорад. Дар ин самт давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд.
Масъалаҳои таҳкими робитаи байни ҷомеа ва оила тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалӣ карда мешавад. Ба ҳамаи ғамхориҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, дар рушд ва ташкили фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир масоили ҷиддӣ оид ба никоҳи хешутаборӣ ба миён омадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2015 изҳорӣ нигаронӣ намуда, соли 2015-ро соли оила эълон намуда буданд. Бо вуҷуди дастгирии иҷтимоии давлат, сатҳи пасти таълиму тарбия дар оилаҳо, пошхурии оилаҳои ҷавон, бепарастор мондани кӯдакон ва ба хусус никоҳи хешутаборӣ проблема ва мушкилоти ҷиддии ҷомеаро ба вуҷуд оварданд. Солимгардонии оила пеш аз ҳама ба никоҳи хешутаборӣ ва зиёни тиббӣ, психологӣ ва иҷтимоии он вобастагии зич дорад. Аз ҷумла сарвари давлат ба ин масоил бо як дилсӯзӣ ва ғамхории падарона муносибат намуда дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд: «Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18-сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд. Бештар ин кӯдакони маъюб модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд». Дар ҳамин асос аз ҷониби сарвари давлат дастур дода шуд, ки барои бунёди оила, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббӣ ва машварати тиббию генетикӣ дар байни никоҳшавандагон пурзӯр карда шавад.
Вақтҳои охир дар байни ҷомеа баъзе гуфторҳо пайдо шуда истодааст, ки гуё никоҳи хешутаборӣ ягон зиёне надошта бошад. Дар мақолаи мазкур муаллифон бори дигар зарари тибби, психологӣ ва иҷтимоии онро ошкор менамоянд. Илми тибби муосир кайҳо ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ исбот намуда буд, ки никоҳи хешутаборӣ зиёни ирсӣ дорад. Дар ин бора чунин китобу монография ва мақолаҳои илмӣ ба нашр расида буданд. Зиёни чунин никоҳи хешовандони наздикро ба назар гирифта дар қонунгузории давлатҳои ИМА, Хитой, Тайван, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ақди никоҳи байни ҷиянҳоро маҳдуд намудаанд. Аз рӯи тадқиқотҳои биологӣ муайян карда шудааст, ки дар натиҷаи никоҳи хешованди наздик, бемориҳои ирсӣ аз насл ба насл гузашта, кудакони маъюб ба дунё меоянд. Дар баробари ин маълумотҳои таърихӣ исбот менамоянд, ки ҳангоми хонадоршавии хешовандони наздик дар сулолаҳо, ки маъмул буд, шумораи зиёди кӯдакони маъюб, аз ҷумла беморони олигофрения-камақлӣ ба дунё омадаанд. Дар сулолаи авлоди Габсбургҳо аз ҷумла дар хонаводаи Филиппи 4 чунин кӯдакон ба дунё омада буданд. Сулолаи Габсбургҳо-ҳамчун сулолаи машҳури олмонию австриягӣ дар асрҳои миёна ва замони нав машҳур буданд, ки аз ин никоҳи хешовандӣ азияти рӯҳӣ мекашиданд, ки онҳо ба ҷиянҳои худ оиладор шуда буданд.
Дар натиҷаи никохи хешутаборӣ тағйироти ирсӣ-мутатсионӣ дар организм пайдо шуда, ҳангоми ҳомиладорӣ ба ирсияти кӯдаки оянда таъсири худро мегузорад. Яке аз мутахассисони машҳури рус дар соҳаи биологияи эволютсионӣ Алексей Симонович Кондрашов, ки дар ИМА ва Россия фаъолият мебарад, зарари никоҳи хешовандони наздикро аз ҷиҳати илмӣ исбот намудааст, ки агар ин зарар дар одамони солим эҳтимолияти 3-4% дошта бошад, он гоҳ дар хешовандони наздик ин чандин бор меафзояд ва боиси насли носолим мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешниҳоди сарвари давлат ин масъала омӯзиш ва тадқиқи амиқи илмӣ қарор гирифта аз шаҳрвандон талаб менамояд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд нисбати он бетарафӣ зоҳир накунад. Аз рӯи маълумотҳои инистути Илмӣ-тидқиқотии акушерӣ-гинекологӣ чор ҳазор ҳолатҳои муроҷиати шаҳрвандон қайд карда шудааст, ки аз онҳо беш аз ҳазор нафарашон дар никоҳи хешовандӣ қарор доранд. Дар ибтидои солҳои 90-ум асри 20 ин масъала дар маркази омӯзиши олимони соҳаҳои гуногун алалхусус тиб, ҳуқуқшиносон, биологҳо, психологҳо қарор дошт, аммо бо сабабҳои гуногун он мавқуф гузошта шуда буд. «Дар бист соли охир ин проблемаи муҳими иҷтимоӣ шудааст»-қайд менамояд Олга Романова-мудири шуъбаи ирсияти Институти илмӣ-тадқиқотии акушерӣ-гинекологӣ ва перионтологии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин ҷода тадқиқотҳои илмӣ идома доранд. Дар ҳамин асос муаллифони мақолаи мазкур бори дигар таъкид менамояд, ки никоҳи хешутаборӣ оқибатҳои манфии таббӣ, психологӣ, иҷтимоӣ дошта аз лиҳози илмӣ исботи худро ёфтааст.
Асламов Б.С. - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Абдулаҳадзода А. А. – сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон