Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадбирҳои Пешвои миллат дар густариши раванди корҳои илмӣ-тадқиқотии Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

1738(Дар ҳошияи Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-уми апрели соли 2021)

Дар расми тантанавии ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитохи бинои нави Академияи ВКД 30-августи соли 2017 иброз доштанд: « Академияи ВКД ба сифати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дошта, кормандону хатмкардагони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,таъмини волоияти қонун ва тахкими сулҳу суботи кишварамон фидокорона заҳмат кашида, ба Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат карда истодаанд.»1
Таълим ва тайёр намудани кадрҳо дар мақомоти корҳои доҳилӣ яке аз рукнҳои асосии тайёр намудани мутахассисон барои низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Мақсадҳои стратегии маориф дар тайёр намудани кадрҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои доҳилӣ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешаванд, ки ба масъалаҳои инкишофи ҷомеа вобастагии зич доранд.
Намудҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ (Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии ВКД, Марказҳои таълимӣ ва тактикии ВКД дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, Коллеҷи милитсияи ВКД, Коллеҷи оташнишонии ВКД, Курсҳои Олии Академӣ ва Такмили ихтисоси кормандони МКД (дар такягоҳи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон), таҳсил ва бозомӯзӣ кормандон дар кишварҳои ИДМ ва хориҷи кишвар маҳсули дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро самти афзолиятноки сиёсати давлатӣ шуморида, соли 2010-умро соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуда буд. Як қатор санадҳои муҳиме аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки дар низоми ВКД низ амалӣ карда шуданд. Аз қабили «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ноябр соли 2006 №484 тасдиқ шудааст)1, Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-ноябри соли 2007 №529 тасдиқ шудааст)2, Низомномаи мутахассис (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2007 №650 тасдиқ шудааст), Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2002 №200 тасдиқ шудааст)3. Низомномаи намунавии муассисаҳои маълумоти олии Тоҷикистон (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-феврали соли 1996 №714 тасдиқ карда шудааст). Албатта ин шаҳодати он аст, ки ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва инкишофи низоми мақомоти корҳои дохилӣ ва талабот ба кадрҳо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он ба назар расида, фаъолияти милитсия бо мутахассисон таъмин карда мешуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замони Шӯравӣ норасоии кадрҳо доимо ба назар мерасид. Дар ҳамин асос Ҳукумати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҳукумати марказии Иттиҳоди Шуравӣ борҳо дар бораи дар доираи ҷумҳурӣ тайёр кардани кадрҳои МКД муроҷиат намуданд. Соли 1970 мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД-ИҶШС созмон меёбад, ки ин ибтидои тайёр кардани кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷкистон буд. Бо кушодшавии мактаби миёнаи махсуси милитсияи Тоҷикистон як қатор пешравиҳо ба назар расид, ки ҷумҳурӣ бо кадрҳои миллӣ таъмин карда мешуд, минбаъд дар заминаи мактаби миёнаи махсуси милитсия 23 декабри соли 1991 Мактаби Олии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 200 нафар кормандону омӯзгорон ба таълим ва тарбияи кадрҳои ҷавон машғул буданд. Роҳбарии аввали Мактаби Олӣ ба зимаи яке аз собиқадорони ВКД полковники милитсия Ҷумъаев Усмон Саломович гузошта шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ якумин бор дар ҷумҳурӣ 450 - нафар мутахассисон бо маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва рутбаи лейтенанти милитсия ба сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат фиристода шуданд. Аз соли 1993 то соли 2000-ум ба Мактаби Олии ВКД яке аз мутахассисони варзидаи мақомоти корҳои дохилӣ номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович роҳбарӣ намуданд. Таҳти роҳбарии вай Мактаби Олии ВКД ба яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии ҷумҳурӣ табдил ёфт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1996 аз Мактаби Олии ВКД дидан намуда, ба фаъолияти устодону афсарони он дар тайёр кардани кадрҳо баҳои сазовор доданд.
Солҳои 2000-2005 ба Мактаби Олии ВКД яке аз полковникҳои собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Саймуддинов Шамсулло роҳбарӣ намуд, ки маҳз дар давраи фаъолияти ӯ Мактаби Олӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-декабри соли 2000 тахти №519 ба Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Саймуддинов Шамсулло дар мавзӯи «Ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти муосири он» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба унвони номзадӣ илмҳои сиёсатшиносӣ ва генерал-майори милитсия мушарраф гардид. Таҳти роҳбарии Саймуддинов Шамсулло шумораи олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуда, бо Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия робитаҳо мустаҳкам гардида, роҳи таҳсил дар адюктураи Академияи идоракунии Федератсияи Россия кушода шуда, тайёр кардани кадрҳои илмӣ- педагогӣ ривоҷ ёфт. Дар ин давра муовини сардори Академия оид ба корҳои илмӣ, Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ Солиев К.Ҳ рисолаи номзадии худро бо мувафақият ҳимоя намуда, дар самти ривоҷи корҳои илмӣ ва интишори дастовардҳои Академия нақши калон гузоштанд. Соли 2004 Солиев К.Ҳ. рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Фаъолияти ҳуқуқмаънидодкунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аспекти умуминазариявӣ» (аз рӯи ихтисои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат) ҳимоя намуд.
Зери роҳбарии бевоситаи ӯ Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия гардидааст, ки он дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик нахустин падидаи нодир мебошад. Таҳияву коркарди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи сирри давлатӣ» хизматҳои илмии Солиев К.Ҳ. мебошад. Алҳол, Солиев К.Ҳ. баробари дар вазифаи баланди роҳбарӣ буданашон аъзои якчанд гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи комиссияҳои Ҳукуматӣ ва идоравӣ оид ба таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти онҳо пайваста иштирок мекунад. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Солиев К.Ҳ. 6 монография, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ- методӣ, ки ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузорӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, тааллуқ доранд. Инчунин дар ин айём сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Розиқзода А.Ш. дар мавзӯи «История формирования и деятельности милиции Таджикитана» рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои таъриҳ гаштанд. Солҳои 2005-2009 сардори Академия генерал-майори милитсия Дӯстов Файзиддин буданд, ки дар ин солҳо неруи илмӣ - педагогии Академия боқувват гашта, базаи моддӣ - техникии Академия мустаҳкам гашт. Шумораи адюнктон ва тадқиқодчиёни илм афзуд. Дар ин давра муовини аввали сардори Академия полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. дар мавзӯи «Организационно-правовые основы становления и развития милиции Таджикистана (1917-2006гг.) дар Академияи идоракунии ВКД-и Федератсияи Россия бомувофақият рисолаи докторӣ илми ҳуқуқро ҳимоя намуда, ба Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашт.
Соли 1998 бо ташаббуси полковники хизмати дохилӣ Ғаюров С.Ш. дар факултети №3-и Академияи ВКД шӯъбаи бехатарии сӯхтор ва кор дар ҳолатҳои фавқулода кушода шуд. Тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-26 январи соли 2008 таҳти №3 ва банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2008 таҳти № 56 аз соли хониши 2009-2010 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи кадрҳои соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бо тарзи таҳсили рӯзона ба роҳ монда шуд. Барои ташкили раванди таълим дар ин ихтисосҳо бо фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №680 б/з аз 27 августи соли 2010 дар сохтори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети №5 ташкил карда шуд, ки ба факултети мазкур номзади илмҳои техникӣ, полковники милитсия Нарзуллоев С.,баъдан номзади илмҳои ҳуқуқ , дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. солҳои гуногун роҳбарӣ намуданд. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногении замони имрӯза ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти зиёд ворид намуд ва набудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки роҳи ҳалли ин масъаларо аз имкониятҳои дохилии ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ намояд. Ин ҳам ташаббуси Пешвои миллат буд, ки дар назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон факултети №5 ба фаъолият шурӯъ намуд.
Педагогҳо Тошматов У.Э., Худоёрбеков Д.Х., Дмитрев А.М., Сафронов П.Е.,Кабирзода Ҷ.Ҳ.,Ғаюров С.Ш., Миров С., Бойзода Ҷ.Ҷ., Самиъзода Б.С., олимон Курбанов Ю.А., Солиев К.Ҳ., Розиқзода А.Ш., Абдуллоеев Р., Абдулов А.М.,Назаров Н.Ҷ., Отабоева Л.А., Ғафуров М.Ҳ.,Нарзуллоев С., Давлатшоева А, Раҷабов Р.М.,Сайфиддинов А., Шарифзода Ф.Р., Саидзода З.А., Ҷураев Р.З., Сафарзода Ҳ.С., Нозиров Н.А., Хайруллоев Ф.С., Умари Х.А., Одиназода А.Ш., Ализода А.А., Мансурзода А.М., Раҳмадҷонзода Р.Р., Амруддинзода М.А., Насуриён П.А.,Самиев Н.М.,Хокироев Р., Саидолимов К.,Муҳаммад С., Холмуродов Ф., ва дигарон дар раванди таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳо барои низоми мақомоти корҳои дохилӣ саҳми босазо гузошта, аксари онҳо то ҳол дар таълиму тарбия кадрҳои ҷавон саҳм гузошта истодаанд.
Бо пешниҳоди Президент ва Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-явари соли 2009 Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ (худ собиқ педагоги Академия), ки чанд мудат ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ кор мекарданд ба сардории Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштанд. Розиқзода А.Ш. дар як мудати кӯтоҳ тавонист, ки нерӯи боқувват ва созандаро дар Академия муттаҳид намуда, ба низоми таълиму тарбия, корҳои илмӣ, варзишӣ –фароғатӣ ба назари нав ва маъсулияти баланд муносибат намояд. Ҳамчун педагог ба раванди таълиму тарбия, дараҷаи тайёр намудани кадрҳо,бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони МКД таъсири худро расонида, маҷмӯи чорабиниҳои зиёдеро амалӣ гардонид, ки ба фаъолияти босуботи Академия такони нав бахшид. Робитаҳои илмӣ ва хориҷии Академия густариш ёфта, аз фаъолияти босуботи Академия расонаҳои ахбор огоҳ гашта, шумораи довталабон афзуд.
13-уми декабри соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 626 ба вазифаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ,генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир таъин шуд. Маҷидзода Ҷ.З. - доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Аъзои ҳақиқии Академияи умумиҷаҳонии илмҳои амнияти комплексӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1,
корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, муаллифи зиёда аз 100 асарҳои илмӣ, ки ба методологияи тадқиқоти давлатдорӣ, ташаккулёбӣ ва инкишофи давлатдории этникӣ дар Осиёи Миёна, давлатдории миллӣ дар ИҶШС (СССР) ва фазои баъдишуравӣ, проблемаҳои этносотсиалии ҷинояткорӣ, масъалаҳои ташкилӣ ва тактикии муқовимат ба ҷинояткории миллӣ ва трансмиллӣ, аз он ҷумла дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тааллуқ доранд, ба шумор меравад. Дар давраи сардории Ҷ.З.Маҷидзода дар заминаи Академияи ВКД шуъбаи адъюнктура, ки аввал шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ ном дошт, ташкил шуд. Шуъбаи мазкур бо мақсади тайёр намудани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории дорои унвони номзади илм дода шуда, шакли асосии он тайёр намудани кормандони илмии баландихтисос мебошад. Ҳоло дар адъюнкураи Академияи ВКД беш аз 30 нафар адъюнктон, уновонҷӯён дар шаклҳои ғойибона ва рӯзона таҳсил менамоянд.
Ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарони собиқи Академияро роҳбари имрӯзаи он, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р.Шарифзода идома дод. Шарифзода Ф.Р. соли 1997 Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуда, пас аз се соли кори амалӣ фаъолияти илмӣ - омӯзгории худро дар ин даргоҳ гузаронидааст. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ., дар моҳи сентябри соли 2015 нашрияи даврии Академияи ВКД “Набзи милитсия”, Сомонаи интернетӣ, Маркази матбуот, Студияи радио ва телевизион таъсис дода шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи иттилоотии он дар миқёси муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, инчунин тарбия намудани курсантону шунавандагон, саҳми арзандае мегузорад. Маҷаллаи илмии Акдемия ба феҳристи КОА ворид гашт.Пешравии обрӯю нуфӯзи Академия дар ин сол боз дар он ифода гардидааст, ки олимони он дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти конунгузорӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои байнидавлатӣ шомил буда, мунтазам таклифу пешниҳодот ирсол менамоянд. Масалан, пешниҳод ба Қарори Мушовараи якҷояи байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия № 732/1017 б/з аз 24-уми ноябри соли 2015 ҷиҳати баррасии Созишнома байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия дар бораи ҳамкориҳо дар самти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, ки аз ҷониби олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2015 мутахассисони Академияи ВКД дар ҷаласаи якумини Шӯрои машваратии назди Шӯрои Вазирони корҳои дохилии ИДМ моҳи июни соли 2015 иштирок намуданд, ки дар он як қатор ҳуҷҷатҳои танзимдароварандаи сохтори мазкур тасдиқ карда шудаанд.Ҳамчунин, барои ширкат намудан дар озмуни лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ ва амалӣ барои солҳои 2015-2016 лоиҳаи мавзӯи Академияи ВКД ҶТ “Ташаккули консепсияи давлати ҳуқуқбунёд ва амниятӣ дар Тоҷикистон” (“Формирование концепции правового и безопасного государства в Таджикистане (2015-2017 гг.)”) ба Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ ирсол карда шуд. Лоиҳаи мазкур дар озмун ғолиб баромада, қарори мусбати экспертҳо ва Шӯрои Фонди Президентии тадқиқоти бунёдиро гирифт.
Алҳол Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки нақшаю барномаҳои таҳсилоти давлатии маълумоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва иловагии касбиро амалӣ месозад: тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ мемонад; дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолият тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро иҷро мекунад ва дар самти фаъолияти худ маркази илмию методӣ ба ҳисоб меравад. Муассиси Академия Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бевосита дар итоати вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.Академия дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад. Айниҳол дар Академия бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ 8 - доктори илм, 35-номзади илм, 8-дотсентон барои пешбурди раванди илм ва таълим саҳми босазои худро мегузоранд. Аз инҳо 28-нафар номзади илмҳои ҳуқуқ,1-нафар номзади илмҳои таърих, 2-нафар номзади илмҳои филология, 1-нафар номзади илмҳои педагогӣ, 2-нафар номзади илмҳои сиёсӣ, 1-нафар-номзади илмҳои кимиё мебошанд. Аз 24-кафераҳои Академия аксари онҳо бо кадрҳои илмӣ-педагогӣ пурра таъмин гаштаанд.Дар Академия дар ҳамбастагӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавзӯъҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби олимону омӯзгорон тадқикотҳои фундаметенталии илмӣ гузаронида мешавад. Танҳо дар соли тақвимии 2019 дар Академия зиёда аз 195 чорабинии илмӣ ва тадикотӣ гузаронида шудааст. Дар шуъбаи адънктура адъюнтон,унвонҷӯён таҳсил намуда, тадқиқоти диссертатсионӣ мегузаронанд.Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. Акдемияи ВКД пурра бо фонди китобҳои илмӣ, таълимӣ, бадеӣ, китобхонаи электронӣ, толори конфронсӣ, интернети баландсурат таъмин гаштааст.Аксари китобҳои илмӣ ва таълимӣ аз фанни ФОҶ ба қалами Раҳимзода Р.Ҳ.таалуқ доранд.Фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва табъу нашр, тарбиявӣ, ҳоҷагӣ ва байналмилалӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Академия ба ҳисоб мераванд.
Санаи 30-юми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз лавҳаи рамзӣ бардошта, расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд ва онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.Баъд аз ифтитоҳи иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуда густариши илмро яке аз самтҳои асосии фаъолияти Академия шумориданд.
22 ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни муассисаи олии таълимӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни академия самимона истиқбол гирифтанд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ расман ба фаъолияти факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд. Бинои нави факултаи фаъолияти фаврӣ - ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 15 синфхона бо 600 ҷой, толори лексионӣ, китобхона, бойгонӣ, 16 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, синфхонаҳои шоҳмотбозӣ, лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, толори диссертатсионӣ ва ду толори маҷлис бо 460 барои курсантони Академия пешбинӣ гардидааст. Акнун минбаъд дар ин бинои нав дар ду кафедраи факулта - кафедраҳои ташкили тактикаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуӣ ва пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, 20 нафар олимону профессорон ба донишҷуён таълим медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди таълиму тарбия, илм, ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус ВКД мунтазам таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои хос зоҳир менамоянд. Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба он равона гаштаст, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бо дастовардҳои нави илмӣ ва таълимӣ ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва 30-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илмро сазоворона пешвоз хоҳанд гирифт.

Саидзода З.А.-муовини сардори Акдемияи ВКД ҶТ оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент,полковники милитсия
Асламов Б.С.-ходими калони шуъбаи адъюнктураи Акдемияи ВКД ҶТ,Аълочии матбуоти Тоҷикистон,полковники милитсия

Адабиёт:
1. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитохи бинои нави Академияи ВКД (30-августи соли 2017).Душанбе,2017.-С.1.
2. Рахимов Р.Х. История создания и развития национального законадательсва в Республики Таджикистан в области ОРД. Душанбе,2004.
3. Шарипов Ф.Р. Органзационно - правовые основы нформационного обеспечения сотрудчинества ОВД с местными органами госудрастввеной власти в сфере правопоряка. Душанбе,2010.
4. Мактаби олӣ (қисми дуввум). Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ. Душанбе, 2009.С.15-42
5. Ахбори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (санадҳои ҳуқуқуию меъёримактабҳои миёна ва олии касбӣ). Душанбе, 2003. С. 65-85.
6. Розикзода Ф.Ш. История формированияи деятельности милиции в Таджикистане. Часть-2. Душанбе, 2004, С. 145.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...