Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРАЗМ-ХАЗИНАИ ТИЛЛОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

«Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барии осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон –«Мамнӯъгохи таърихиву бостоншиносии Саразм» - ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷуиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад.»

Эмомалӣ Раҳмон

31 июли соли 2010 шаҳраки Саразм дар иҷлосияи 34-уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор шуд, ба Феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардид. Дар натиҷа дар омӯзиши таърихи Саразми бостон давраи нав сар шуд. Таърихи ҳар як воқеаю ходисаҳоро илми таърих ва ҷомеашиносон меомӯзанд, Аммо таърихи илми таърихро илми историографии таърихи Ватан (таърихнигорӣ) меомӯзад. Аз ин ҷиҳат таърихнигории таърихи яке аз қадимтарин макони тоҷикон Саразм зиёда аз 43 аст, ки аз тарафи олимони Ватанию ҳориҷӣ ҳаматарафа омӯхта истодааст. Дар ин раванди асоси ҳизматҳои таърихшиносон, таърихнигорони варзидаи аҳамияти байналхалқию таърихӣ дошта - Ланберг Карловски, Филим Кол –олимони ИМА, Вероник Шильц, Анри-Пол Франкфор, Пол Бернар, Ҷон Клод Горден, Бертил Леоне, Ҷон Десс, Коррин Дебен – Франкфор, Ролан Безенвал, бостоншиноси машҳури Франсия А.Асқаров - бостоншиноси ӯзбек, Р.М.Мунчаев, Ю.А.Заднепровский, Ю.Ф.Буряков- бостоншиносони рус, Б.А.Литвинский, Р.М.Масов, А.И.Исҳоқов - олимони тоҷик ва дигарон хизматҳои арзанда карда, солҳои тӯлони дар омӯзиши таърихнигории таърихи Саразм - ҳамчун тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми худро гузоштааст.
Дар асоси маводҳои асарҳои нашр шуда, маводҳои матбуотию бойгониро омӯхта, бо қадри имкон мазмуни асосии онҳоро таҳлил намуда ба ҳамин хулоса омадан мумкин, ки солҳои аввал 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шуда буд. Масоҳати бинои аввал 180 м кВ буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 м. кВ масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш пахсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 м.кв буда, 13 хона дорад [1, 244 ]. Девораш аз хишти хом Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо, се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи плани махсус сохта шудааст. Омӯзиши таърихи Саразм бо роҳбари сарвари мамнуъгоҳ Н.Худоёрова ва номзоди илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов, олимон У.Эшонқулов, Ш.Қурбонов, С.Бобомуллоев ва дигарон то рӯзҳои мо ҳаматарафо давом дорад. Агар бо ин маводҳои эътибор дихем ин айвонҳои бузург таваҷҷӯҳи ҳар нафареро, ки аз ҷониби Самарқанд ба Панҷакент ворид мешавад, ҳохед наҳохед ҷалб мекунад, Беихтиёр ронандаи автобусҳо ва дигар нақлиёт хатман инҷоро шинос намуда инҷо Саразм аст, ки бо бозёфтҳои беназири худ мавриди таваҷҷӯҳи машҳуртарин марказҳои бостоншиносии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст мегӯянд, Ҳақиқатан ҳам ҳамин хел аст. Он дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар сарҳади паҳно ва кӯҳсори водии Зарафшон, 15 километр ғарбтари аз шаҳри Панҷакент[2, 112 ] ва 40 километр шарқи Самарқанд ҷойгир мебошад [3, 5 ]. Бозёфти ин ёдгории беназири 5500 – 6000 –сола ба номи сокини деҳаи Авазалии Ҷамоати деҳоти Чимқурғон (Саразм) колхозчӣ, ҳавасманди таърихи халқи худ Ашӯралӣ Тайлонов марбут аст. Соли 1972 ӯ аз паҳнои назди деҳа, аниқтараш аз байни ҷойи кори колхозчиёни колхози ба номи «Ленинград»-и ноҳияи Панҷакент табареро пайдо кард (ёфта гирифт) ва ба осорхонаи шаҳри Панҷакент бурданд, аммо ҳеҷ кас эътибор надода буданд ва баъди чанде вақт онро ба бостоншинос, соли 1976 равоншод Абдулло Исҳоқович Исҳоқов, ки он замон дар Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронид, супурд. Ба ин бозёфти археологи диққати олимони таърихшинос- бостоншиносони собиқ ИҶШС ва ҷаҳониро ба худ ҷалб кардан, ва ин табари биринҷӣ саҳифаи тозае кушод дар илми бостоншиносии шӯравӣ ва баъдан ҷаҳонӣ. Тавре мудири собиқ пойгоҳи бостоншиносии Паҷӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи Улуми ҶШС Тоҷикистон дар Саразм номзади илмҳои таърих Абдурауф Раззоқов мегӯяд, «…ҳаёти маданӣ дар Саразм ҳанӯз аз миёнаи ҳазораи чоруми то милод оғоз гардида, беш аз ҳазор соли дома ёфта, баъдан бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат бар ин медиҳанд, ки саразмиён охири ҳазораи сеюми қабл аз милод ба ду самт – ба ғарб, ки баъдан он ҷо шаҳрҳои бузурге чун Самарқанду Бухоро зуҳур кардаанд ва шарқ – ҷониби саргаҳи Зарафшон, рӯ овардаанд. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Баъди таҳқиқоти солҳои охир муайян гардид, ки Саразм мавзеи аҳолинишини воҳидро ташкил дода, масоҳаташ беш аз 100 гектар будааст ва он ҷо зиёда аз 8 ҳазор нафар сукунат доштаант».
Агар адабиётҳои дар боло қайд карда шуда, омӯхта таҳлил намоем дар шаҳраки Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифта, растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеъ будаанд. [5, 240 ]. Ҳафриёт собит намуд, ки тарҳи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ аз ҳам ҷиддан тафовут доранд. Агар биноҳои маъмурӣ аз якчанд толори барҳаво, даҳлезҳо, тирезаҳои калон иборат ва болои таҳкурсиҳои хишти хом бунёд шудаанд, биноҳои истиқоматӣ аз се – чаҳор ҳуҷраҳои майда, саҳни ҳавлӣ, анбору хамбаҳо иборатанд.
Ҳамчунин дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз оину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд, дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии начандон амиқ барои барафрӯзтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии ойинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт, шарҳ медиҳад бостоншинос Абдурауф Раззоқов. Ҳоло бошад бозёфтҳои шаҳраки Саразм ҷойи зиёрати меҳмонони Ватанию ҳориҷӣ мебошад.
Дар адабиётҳои таърихи қайд карда шудааст, ки тадқиқоти Саразм бар хилофи ақидаи бархе аз бостоншиносон собит намуд, ки заминаи пайдоиши аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринчӣ оғоз меёбад. Муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки шаҳраки Саразм ҳамсинни ёдгориҳои охири ҳазораи чорум ва ибтидои ҳазораи сеюм чун Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундикати Афғонистон, Яҳётеппаю Шаҳрӣ ва дигар ёдгориҳои бостонии Эрон, Меҳанҷодорони Ҳиндустон будааст ва ба онҳо равобити гуногун ҳам доштааст. Бозёфтҳои Саразм баёнгари он ҳастанд, ки маҳз гузаштагони мо ба вайдоиши шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ замина гузоштаан[6, 80]. Бозёфтҳои Саразм - маркази тамаддуни ҷаҳони буданашро тасдиқ менамод.
Саразм маркази тамаддуни ҷаҳони буданаш дар адабиёти нашр шуда баён карда шудааст, ки биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, нобаробарии молу мулкӣ, ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангухозӣ, заршӯию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯп, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасад, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии осиёӣ мебошанд.
Саразмиён бо манотиқи атрофу акноф робитаи тиҷоратию фарҳангӣ низ доштанд. Баъдан Суғдзамин ба яке аз марказҳои «Роҳи Абрешим» табдил ёфт, ки нумӯи он аз Саразми Панҷакент сарчашма мегирад. Пайдо гардидани лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистон дар ҳафриёти Саразм ба ин гувоҳанд.
Агар маводҳои гуногунро ҳаматарафа омӯзем ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омӯзиш ва такомули чандин маданияти аҳкоми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад, ҳамин тавр баҳо додаанд муҳаққиқон дар асарҳои худашон. Маҳз ҳамин махсусияти Саразм дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна боиси таваҷҷӯҳи бостоншиносони мамолики гуногун гардид ва онҳо аз солҳои ҳаштодуми асри ХХ то кунун дар таҳқиқи он иштирок менамоянд. Дар ин минтақа намунаҳои маданияти қадимтарини тоҷикон ёфт шуда, ба аҳли ҷаҳониён маълум гардид. Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфронсҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шуданд, қисми онро мо дар боло қайд карда шуда будам. Ҳанӯз соли 1982 дар ҳамоиши илмии байналмилалии Шӯравию Фаронса дар мавзӯи «Маданияти қадимаи Бохтар», ки дар Душанбе доир шуда буд, маърӯзаи аввалин муҳаққиқ ва кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов дар мавзӯи «Омӯзиши ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм дар водии Зарафшон» мавриди тавҷҷӯҳи хосаи бостоншиносони ватанию хориҷӣ қарор гирифт. Маҳз дар ҳамин конфронс бостоншиноси машҳурӣ Фаронса Ҷан Клод Горден хоҳиши иштирок дар омӯзиши Саразмро баён дошт ва бо пуштибонии Президенти Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон, зиндаёд Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ аввалин экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса ба таҳқиқи Саразм шурӯъ намуд.
Олими бостоншинос, фарзанди баруманди Исфарамарз – доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоҷон Исҳоқов аввалин бор таърихи омӯзиши Саразмро сар карда, онро ба ҷаҳониён маълуми машҳур намуданд. Беасос бузургон нагуфтаанд, ки меҳенати ҳақиқи инсонро ба бузургиҳо мебаранд. «Бо таърихи гузаштаи халқи худ, бо шахсиятҳои бузурги аҷдодон фахр кардан хуб аст, аммо донистани таърихи гузаштаи Ватан, зинда кардани номи одамони бузург низ вазифаи ҳар яки мост» - хеле хуб гуфтаанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳар як мавзеъ бо шахсиятҳои машҳуру маълуми худ мефахрад ва номи онҳоро нек пос медорад. Исфарамарз ҳам садҳо фарзандони барӯманди худро дорад, ки дар гузашта ва ҳозира онҳо ифтихори мо мебошанд. Яке аз онҳо доктори илмҳои таърих, бостоншинос, тадқиқотчии Панҷакенти қадиму кашшофи тамаддуни Осиёи Маркази - Саразм, шодравон профессор Абдуллоҷон Исхоқов мебошад, ки тирамоҳи соли 2005-ум 70-солагии ӯ дар зодгоҳаш- деҳаи Чилгазй бо тантана ҷашн гирифта шуда буд. Таърихи Саразмро аввалин бор ом ӯхтанд ва ба ҷаҳониён маълуму машҳур намуданд.
Абдуллоҷон Исҳоқов 20-апрели соли 1935 дар деҳаи Чилгазии ноҳияи Исфара чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Модар аз Чилгазӣ, падараш аз деҳаи Лаккон буданд. Ҳанӯз Абдуллоҷон як сола нашуда, модар Ойимҷахон бемор шуда, аз олам чашм мепӯшад. Абдуллоҷони хурдсолро модаркалон Кароматхон ва тағоҳояш Қамбархӯҷа, Субҳониддинхӯҷа ва Бурҳониддинхӯҷа Исмоиловҳо ба тарбия гирифта калон мекунанд. Соли 1942 Абдуллоҷон ба синфи якуми мактаби ибтидоии рақами 13 баноми Сталин (ҳоло ММТ² 36) дохил мешавад. Муаллимаи нахустини ӯ Тоҳирова Зайнабхон- ҳамсари нахустмуаллими деҳаи Чилгазӣ Тоҳиров Муллодеҳқон буданд.
Исҳоқов Абдуллоҷон баъд аз хатми синфи чаҳорум ба мактаби миёнаи нопурраи рақами 3 ба номи Олег Кошевой (ҳоло ММТ²-37) дохил шуда, соли 1949 синфи ҳафтумро хатм мекунад. Дар давоми мактабхони аз устодон Азимов А, Шаропов К, Эшонов Б, Ашӯров И, Тӯхтаев Ш, Иброҳимов М, Маҷидов К, Нӯъмонов С, Ҳамрозода П, Ҳайдаров К, Суннатулоев Ҷ. ва дигарон сабақҳо гирифтааст. Исҳоқов Абдуллоҷон хусусан дӯстдори фанни таърих буд. Доимо аз муаллимони фанни таърих П.Ҳамрозода ва К.Ҳайдаров сабақҳои иловагӣ мегирифт.
Ӯ дар он солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои барқароркунӣ мактабхони ҳам осон набуд. Исҳоқов Абдуллоҷон ҳамроҳи ҳамсинфони худ Бобоев Н, Олимов Д, Ашрафов Д, Солиев Т, Мирзоев Ф, Файзиев М, Пӯлодов А, Набиев М, Мақсудов Б, Ҷӯраев Ҷ, ва дигарон синфи ҳафтро бомуваффақият хатм мекунад.
Соли 1949 Бобоев Н, Ашрапов Д, Солиев Т, Файзиев М, Пӯлодов А, Набиев М ва Исҳоқов Абдуллоҷон ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом дохил шуда, таҳсилро дар ин даргоҳи илм соли 1953 хатм мекунад. Бобоев Н, Исҳоқов А. ва Олимов Д. омӯзишгоҳро бо диппоми аъло хатм карда, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳанд. Н.Бобоев ва А. Исҳоқов ба шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи педагогии ба номи Т.Г Шевченкои шаҳри Стапинобод (Душанбеи ҳозира) дохил шуда, онро соли 1958 ҳар сеяшон бо диппоми аъло хатм мекунанд. Чуноне ҳамсабак ва рафиқашон Наҷмиддин ба хотир меоранд, боре дар соли чаҳоруми таҳсил устод Аҳрор Мухторов (академик) дар вақти дарс гуфтанд, ки ба ман лаборант даркор ва ман зуд Абдуллоҷонро ба ин кор пешниҳод кардам. ²амин тавр Абдуллоҷон ҳам таҳсил мекарду ҳам таҳти роҳбарии олими шинохта А. Мухторов бо корҳои илмӣ машғул мешуд ва минбаъд ҳаёти худро ба шоҳроҳи илми таърих пайваст.
Исҳоқов Абдуллоҷон шахси ҳалим, хоксор, камгап, хело улфат буданд, ба хотир меоранд собиқадори маориф, Аълочии маорифи ИҶШС Ҷалолов Мавлониддин, - «ман аз ако Абдуллоҷон бисёр миннатдорам. Ҳамроҳ доимо шаҳри Сталинободро тамошо мекардем. Он кас мухлиси футбол буданд ва ба туфайли эшон ман ҳам мухлиси футбол шуда мондам. Зебопараст буданд, хусусан тамошои шоми шаҳрро дӯст медоштанд».
Абдуллоҷон Исҳоқов соли 1958 ба базаи археологии ш.Панҷакент ба кор меояд ва минбаъд то охири умри худ - августа соли 1997 дар ҳамин ҷо монд. Дар давоми қариб 50 соли фаъолияти илмию тадқиқотии худ Абдуллоҷон Исҳоқов дар Кӯҳандизи Панҷакенти қадим корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Беҳуда нест, ки дар саҳифаҳои 359 ва 372-и китоби I «Тоҷикон» Академик Б.Ғафуров ба ин фарзанди барӯманди Исфарамарз баҳои сазовор додаанд. Дар давраи фаъолияти илмии худ Абдуллоҷон Исҳоқов аз лаборанти оддӣ то ба унвони профессор-доктори илмҳои таърих расидааст. Дар қатори тадқиқоту кашфиётҳои бисёр ҳамин ду кашфиёти ӯро қайд кардан ҷоиз аст, ки аҳамияти умумиҷаҳонӣ дорад. Он кас аввалин олимест, ки дар илми суғдиносӣ алифбои пурраи суғдиро ёфтааст ва сониян маркази тамаддуни Осиёи Марказӣ - Саразмро кашф, таҳлилу тасдиқ кардааст.
Пурраги бо таҳлили таърихи Саразм маш ғул мешавад. Мавз ӯъи рисолаи доктории профессор Абдуллоҷон Исҳоқов ба тамаддуни Саразм бахшида шудааст. Дар давоми фаъолияти илмии ним асраи худ профессор Абдуллоҷон Исҳоқов даҳҳо китобу зиёда аз сад мақолаҳои илмӣ чоп кунонидааст. У роҳбари экспедитсияи ҳафриёти Шӯравию Фаронса ва Шӯравию Амрико дар Саразм буд. Дар кунгураҳои байналмилалии олимон-бостоншиносон дар Фаронса, Олмон, ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баромадҳо кардааст. Дар бисёр конфронсҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Лион, Париж (Фаронса), дар донишгоҳи Гарварди штати Массачусети ИМА бо забони ноби тоҷикӣ ба донишҷуён дарс додааст.
Бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов ошиқи водии Фар ғона ва Исфараи биҳиштосо ва деҳаи азизи худ Чилгазии бостонӣ буд. Даром ӯзиши ин минтақаи қадим ҳам ширкат варзидааст. ҳар coле як-ду маротиба ба зиёрати зодгоҳаш меомад. Бо дӯстону хешовандон сӯҳбатҳо меорост. Соли 1964 устодаш шодравон Пӯлодбой Ҳамрозода аз бозёфти нодире ба Абдуллоҷон хабар медиҳад. Абдуллоҷон, ки худ вақт надоштааст, дӯсташ археолог Ӯктамҷон Пӯлодовро (оянда профессор, доктори илмхои таърих, додари нависандаи маъруф Пӯлод Толис) хоҳиш мекунад, ки ба Чилгазӣ равад. Ӯ.Пӯлодов ду рӯз ҳамроҳи П.Ҳамрозода дар Чилгазӣ корҳои тадқиқотӣ мебарад ва он бозёфти таърихӣ-зарфи биринҷиро гирифта, ба Душанбе мебарад ва минбаъд маълумшуд, ки он зарфи хело қадима будааст.
Баҳори соли 1988 Ҳамроев Эсуфҷон дар ҳавлиаш аз чуқурии 2-2.5 метр маснуоти зиёди сафолӣ, қаҳрабо ва устухонҳои одамиро меёбад. Мо низ пайрави шодравон падар шуда, ба профессор Абдуллоҷон Исҳоқов хабар додем. Дере нагузашта аввал аспирант Набиҷон Раҳимов -ҳоло доктори илмҳои таърих, баъд Абдуллоҷон Мирбобоев — доктори илмҳои таърих - ҳарду ҳам бостоншинос, - омада ҳамроҳи мо дар ҷои бозёфтҳо тадқиқот гузарониданд ва гуфтанд, ки ин бозёфтҳо ба асрҳои IV-VI тааллуқ доранд.
Баъд аз тақрибан 10-16 рӯз профессор Абдуллоҷон Исҳоқов ҳамроҳи аъзои Пассажи Фаронса (академияи улум) Роллан Безенвал меҳмони Исфара мешаванд. Бузургии ин одамро бинед, ки аз хабари мо хурсанд шуда, ҳамроҳи экспидитсияи Шӯравию Фаронса Роллан Безенвал вақти худро дарег надошта, ба Чилгазӣ омаданд. Ду рӯз якҷоя коркарданд. Онҳо низ тасдиқ карданд, ки ин бозёфтҳо таърихи якуним ва ҳатто ду ҳазорсола дорад. Ана ҳамин тавр таърихи бунёди деҳаи Чилгазӣ ҳам равшан шуд. «Профессор А. Исҳоқов ифтихори мо, тоҷикистнигиҳо буданд. Ҳар сол бачаҳои деҳаро батамошои Панҷакенту Самарқанд, назди А. Исҳоқов мебурдем. Худи май қариб даҳ маротиба мактабиёнро ба Панҷакент бурдаам. Охирин бор солҳои 1996 ва 1997 бурда будам». - мегӯянд омӯзгори фанни таърих Д.Ҳамроев[7,5].
7 августи соли 1997 бахшида ба 50 - солагии таъсиси базаи бостоншиносии ш. Панҷакент ва тадқиқотҳои нави Саразм бояд бо роҳбарии проффесор А. Исҳоқов Конфренсияи байналмилалӣ баргузор мегардид. Аммо рӯзи 3-юми августи соли 1997 А. Исҳоқов аз сактаи дил нобаҳангом вафот мекунад. Конфренсияе, ки он кас ташкил карда буд, ба маросими дафнаш табдил меёбад. Ана ҳамин тавр дар 63-юмин солгарди умр ин фидоии илми таърих бо дунёи рӯшан падруд гуфт.
Профессор А.Исҳоқов соҳиби се духтар ва як писар буда, писарашон Ҷамшед давомдиҳандаи кори падари буданд ва умед буд, ки ниятҳои неки ба сомон нарасонидаи падарро вай ба охир мерасонад, аммо ӯ ҳам баъд аз падар вафот карданд. Дар осорхонаи ММТУ 36, гӯшаи махсусе ба ин фидоии илм ташкил карда, дар он ҷо асарҳои гуногуни олим, аз ҷумла «Панҷакенти қадим» ва «Саразм», инчунин расмҳо, ҳуҷҷатҳо ва мақолаҳои эшон гузошта шудааст.
Ба мақсади номгузори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хоҳиши ҳамдеҳагони профессор Абдуллоҷон Исҳоқовро ба назар гирифта, бо мақсади абадӣ гардондани хотираи неки ӯ бо қарори худ аз 26 декабри соли 2006 кӯчаеро, ки вай дар он ҷо таваллуд ёфтаст, яъне собиқ кӯчаи Якуми Майро ба номаш номгузорӣ намуд. Инчунин яке аз дастаҳои созмони талабагии мактаб номи профессор Абдуллоҷон Исҳоқовро дорад. Ном ва корҳои неки фарзанди фарзонаи Исфарамарз профессор Абдуллоҷон Исҳоқов дар қалби ҳамдиёрон асрҳои аср боқӣ хоҳад монд. Мардуми шарафманди водии Зарафшон, хусусан аҳолии шаҳрҳои қадимаи халқи тоҷик Панҷакенти бостони ва Саразм ҳеҷ гоҳ аз хотир намебароранд.
Зинддаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саразм ҳамчун тамаддуни ҷаҳонӣ дар ом ӯзиши таърихнигории таърихи Саразм дар қатори олимон – бостоншиносони Ватанӣ олимони хориҷӣ ҳам иштирок карданд ва онҳо таърихи Саразми қадим 5500 – 6000 сола будагиашро бо маводҳои археологӣ тасдиқ намуданд.
Дар асоси омӯзиш, таҳлил, тадқиқоти таърихи Саразм (1976-2019) ва санҷиши радиоуглероди ангиштсангҳо чаҳор давраи пай дар пайи замонӣ мушаххас ва таърихҳои зерин муайян шуданд:
Саразми 1 - солҳои 3500-3200 то милод;
Саразми 11 - солҳои 3200-2900 то милод;
Саразми 111 - солҳои 2900-2700 то милод;
Саразми 1У - солҳои 2700-2000 то милод;
Минбаъд дар минтақаи Саразм олимон-бостоншиносони машҳури Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Америко, Россия, Италия, Олмон, Ӯзбекистон таҳқиқоти пурарзишро анҷом додаанд ва натиҷаи омӯзиши муҳаққиқони Ватанию хориҷӣ дар якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмии дар Душанбе, Панҷакент, Америко, Фаронса, Россия, Туркманистон, Италия, Эрон, Африко баррасӣ гардида, дар ин замина рисолаҳои зиёди илмӣ низ таълиф шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамоиши илмии байналмилалие, ки соли 1994 дар Панҷакент доир гашт, олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба хулоса омаданд, ки ин ёдгории бостонӣ беш аз 5500 – сола дорад. Ин бохёфтҳо ва таҳқиқоти баъдинаи Саразм низ собит намуданд. Хуллас, Саразм бо бозёфтҳои нодир, бо таваҷҷӯҳи хосаи бостоншиносони ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаи худро соҳиб гаштааст ва ҳамасола мавриди назари олимон ва сайёҳон қарор мегирад.
Баъд аз истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Саразм бештар гашт. Сарвари давлат дар ҳар сафари худ ба Панҷакент аз Саразм боздид ба амал меорад. Натиҷаи ҳамин таваҷҷӯҳ аст, ки 21 сетябри соли 2000 бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид. Бо ташаббус ва ибтикори сарвари давлат дар т ӯли 2003-2008 бо маблағгузории Ҳукумати кишвар болои 5 мавзеи ҳафриётшуда ва минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург сохта, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ гардид.
Ҳар сол каме бошад ҳам дар асоси омӯзиши таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз тарафи олимон бостоншиносони ватанию хориҷӣ омӯзиш қарор гирифта шуда истодааст ва натиҷаҳои он таърихнигории таърихи Саразмро бой мегардонад.

Раҳимзода Рустам Раҳим - сардори кафедраи фанҳои

1733

ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ факултети

№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник милитсия.
(Нақша чорабиниҳои Академияи ВКД ҶТ

ҷиҳати иҷроиши банди 3(9.1) қарори ҷаласаи Мушовараи

ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 ҚМ/9м аз 13.01.2021)

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...