Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕҲРИ ТУ ДАР ҚАЛБҲО МАЪВО ГИРИФТ

Боз дар даврони истиқлоли мо,

Бол зад, боло гирифт иқболи мо.

Волотарин дастоварди миллати тоҷик соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд. Ҷаҳонталабону қудратталабон ва руҳониёне, ки солиёни зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, бо пуштибонии қувваҳои хориҷие, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро намехостанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолими маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Ҷумҳурӣ ба вартаи касоди иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтор шуд. Рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошта шуданд. Сатҳи зиндагии мардум ба якборагӣ поён рафт, ахлоқи ҷомеа тағйир ёфт.
Хушбахтона, фарҳанги қадими мо, ки аз сулҳу ваҳдат сарчашма мегирад, моро ба сӯйи нур ва равшанӣ ҳидоят намуд. Истиқлолияти мамлакат баҳри рушду равнақи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мусоидат намуда, дар муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён нақши ҳалкунанда дорад. Агар ба таърихи давлатдории халқи худ бингарем, тоҷикон аз қадим миллати соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, тӯли қарнҳо дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ намудаанд. Миллати мо ҳанӯз дар асрҳои 7 – 9 давлатҳои Суғду Бохтар ва Хоразми бузургро созмон дода, дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлат гашта буд.
Соҳибдавлатии мо гарчанде аз қаъри асрҳо боз маъво мегирад, вале чун давлати имрӯзи ободу озодро халқи тоҷик бо кӯшишу талошҳои пайваста ва иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои садаи 20 ва оғози садаи 21 ба даст овардааст.
Маҳз талошу ҷонфидоиҳо баҳри нигоҳ доштани мустақилият ва пойдории якпорчагии меҳани аҷдодӣ буд, ки мардум 30 сол боз аз шаҳди меваи истиқлолият баҳра мегиранд ва барои боз ҳам ободу зебо гаштани ватани азизи хеш талош менамоянд.
Хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, ба хусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон басо ҳам арзанда аст. Худованд ба ӯ нерӯю тавоне бахшид, ки барои миллат хидматҳою корнамоиҳои Исмоили Сомониро ба сомон расонд. Маҳз бо ҷонбозиву хизматҳои шоистаи ӯ имрӯз Тоҷикистон дар байни садҳо давлатҳои дигар, чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарзамини сулҳу Ваҳдат шинохта шудааст. Ин падида аз тарафи шахсони барӯманд доимо боиси баҳогузории баланд аст. Собиқ котиби генералии СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи махсуси русии «Огонёк» ҳанӯз соли 2001 ҳамчун дȳсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишонаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
Бисёр олимон чунин ақида доранд, ки равандҳое, ки дар ҷомеаи тоҷикон мегузаранд, ин давраи қонунии бунёди шууру худогоҳии ҳар як халқ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб мераванд, ки дар онҳо тағйироти дарднок дар муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд меояд.
Яке аз давраҳои муҳими инкишофи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ ин бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст, ки ба марҳилаи таърихи навини он ворид шудааст. Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон мебошад, ки дар тӯли 30-соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста инкишоф ёфтаву мустаҳкам гаштааст.
Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими стратегияи пешгирифтаи сиёсати сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он дурандешӣ ва зеҳни чуқури сиёсӣ мебошад. Ва бешак мо метавонем, ки ин стратегияи сулҳпарваронаро - услуби хоси сиёсии Эмомалӣ Раҳмон эътироф карда бошем.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардȳстии услуби сиёсии сулҳпарваронаи худро эълон намудааст. Аз ҷумла ȳ менависад: «Ҳамватанони мо хуб мефаҳманд, ки маҳз таҳлили дурусту баҳои оқилонаи раванди воқеаҳо, ботамкинӣ ва дурандешии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳоят дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид, давлатҳои ба мо дȳсту бародар ва хайрхоҳ имконият доданд, ки мо на як бору ду бор хатари табаддулоти давлатӣ ва такроран ба ҷанги хонагӣ кашидани мардуми азияткашидаамонро бартараф созем. Имзои намояндагони бештар аз 50 ҳизбу созмон дар «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» низ иқдоми накȳ ва боэътимодест барои таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ дар сар то сари кишвар».
Яке аз мутафаккир ва файласуфи адолатпарвари асримиёнагӣ Абунасри Форобӣ чандин садсолаҳо пеш хусусияту хислатҳои сарвари сиёсиро пешниҳод намуда буд, ки қимати сиёсии худро то замони мо гум накардаанд:
1. Сарвар бояд аз ҷиҳати табиӣ мутлақо ҷисми мустаҳкам, қобилияти узвҳои бадан барои ҳаракатҳои заруриро дошта бошад.
2. Аз нигоҳи табиӣ ба таври аъло табиати шȳх дошта, гуфтаҳои худро дарк намояд.
3. Хотираи мустаҳкам дошта бошад ва ҳамаи он чизҳоеро, ки ба ȳ мегȳянд тасаввур карда тавонад.
4. Ақл ва зеҳни амиқ дошта бошад.
5. Нутқи бурро ва тафаккури равшан дошта бошад.
6. Муҳаббат ба таълим ва маърифат дошта бошад.
7. Ҳақиқатро дȳст дорад ва тарафдори он бошад, дурӯғгȳёнро бад бинад.
8. Дили кушод дошта, шаъну шарафро қимат донад.
9. Дирам, динор ва дигар нишондодҳои ҳаёти моддиро нафрат кунад.
10. Аз табиат адолатро дȳст дорад.
11. Беадолатӣ ва зулмро бадбинӣ намояд.
12. Ба одамони худӣ ва бегона адолатнок бошад, дар назди адолат якравӣ накунад.
13. Ҷасур бошад ва зуд қарор барорад, тарсу буздилӣ надошта бошад.
14. Ба таври худ санъати идоракуниро дошта бошад.
Ин сифатҳои сарварӣ бевосита дар услуби сиёсии сулҳпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, дар тӯли 30-соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ самаранокии худро исбот намудааст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаест, ки байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Ҷаҳониён хуб огоҳанд, ки пойдории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи заҳматҳои шабонарȳзии Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ифтихори бузург аст, ки кишвари мо тавонист тӯли 30 сол, дар байни давлатҳои дигар мустақилияти худро натанҳо нигоҳ дорад, балки маҳорати сиёсати инсонпарваронаи дар муддати кӯтоҳтарин ноил гаштан ба сулҳ ва мувозинати сиёсиро манзури дигар давлатҳои ҷангзада намояд. Маҳз оштии миллӣ ва сулҳу ваҳдат асос гузошт, ки Тоҷикистон ба пешрафту дигаргуниҳо ноил шуда, ҷомеаи он рушду тараққӣ ёбад.
Имрȳз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини сулҳпарвар мешиносаду Президенти он - Эмомалӣ Раҳмонро ба қатори шахсиятҳои таърихии олам, аз қабили Ҷорҷ Вашингтон, Ҷеймс Медисон, Теодор Рузвелт, Александр Гамилтон, Мустафо Камол Отатурк, Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлаъл Неру, Алӣ Муҳаммад Ҷиноҳ, Ли Куан Ю, Мао Тзедун Хошимин, Нурсултон Назарбоев баробар мекунанд.
Оре, 30-соли пуразму талоши истиқлолият ва услуби сиёсии ҳомӣ, пуштибон ва ҳамқадами ҳамешагии он, қосиди сулҳ - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат дар арсаи ҷаҳони мутамаддин, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ғояву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.1731

 

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...