Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вижагиҳои ашъори ватандӯстонаи Мирзо Турсунзода

(Бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода)
Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат, хизмат хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон

557Яке аз намояндагони барҷастаи адабиёту фарҳанги муосири тоҷик, ки дар инкишоф ва такомули жанрҳои гуногуни адабӣ нақш гузошта, онро боз ҳам ба пояҳои баланди касбӣ расонидааст, устод Мирзо Турсунзода мебошад. Ин адиби ҷаҳоншумул ва муаррифгари фарҳанги пурғановати тоҷик дар саросари осори худ ҳамеша бо меҳр аз Ватан ёдовар шуда, шахси ватандӯсту меҳанпарварро инсони комил медонад.
Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Ватан баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат бахшида, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи ниёгони худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзӯи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯстӣ мо ҷилои тоза мебахшад.
Фаъолияти эҷодии устод Мирзо Турсунзода дар солҳои 30-юм ҳам аз нигоҳи шакл ва ҳам аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа васеъ ва пургунҷоиш мегардад. Маҷмӯаи нахустини ӯ «Байроқи зафар» (1932) ном дошта ду шеър ва даҳ ҳикояву очеркро дар бар кардааст. Шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам» (1934), «Манзараҳои Хуҷанд» (1935), «Офтоби Мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Мамлакати тиллоӣ» (1938), «Оҳанрабо» (1939), «Халқи далер» (1939), «Чаманистон» (1940), «Водии Ҳисор» (1940), «Мо аз Хоруғ омадем» (1940) гувоҳи садоқати шоир ба сарзамини аҷдодӣ ва миллати тамаддунофар мебошанд. Маҷмӯаи дуюми шоир – «Шеърҳо» (1939) мухаммас, мусаддас, ғазал, маснавӣ, тарҷеъбанд, марсия барин жанрҳои шеъриро фароҳам оварда, фаъолияти адабии шоирро дар солҳои 30-40 юм ҷамъбаст мекунад.
Дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Турсунзода дар қатори дигар адибону фарҳангиёни даврони Шӯравӣ эҷодиёти худро пурра ба муқобили душман ва ҳимояи Ватани азиз равона менамояд. Аввалин шеъри давраиҷангии шоир–«Хайр, модари азиз» 24 -уми июни соли 1941 навишта шудааст, ки он аз муколамаи писару модар иборат аст:
«Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан...»
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».
Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1941), «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Паҳлавони интиқомгир» (1944), «Рафиқи азиз» (1944) корномаҳои давраи ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Мирзо Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» (1942) ва ҳамроҳи А. Деҳотӣ «Барои Ватан» (1942) – ро эҷод мекунад. Бояд гуфт, ки асарҳои солҳои 30-юм ва нимаи аввали солҳои 40-юм ба марҳалаи аввали эҷодиёти Мирзо Турсунзода тааллуқ доранд.
Марҳалаи дувуми эҷодиёти Мирзо Турсунзода солҳои баъдиҷангиро фарогир мебошад. Дар шароити басо ҳассоси таърихӣ, соли 1946 устод Мирзо Турсунзода раиси раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб мешавад ва ин вазифаи басо масъули давлатиро бомуваффақият иҷро менамояд. Академик Бобоҷон Ғафуров, ки устод Мирзо Турсунзодаро ба ин вазифаи пурмасъулият тавсия намуда буд, фаъолияти одилона ва моҳиронаи ин марди хирадро чунин арзёбӣ мекунад: “Шумо дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед. Бигузор истеъдоди дурашхон ва бузурги Шумо, суханони илҳомбахши Шумо ҳамеша дили миллионҳо хонандагонатонро дар соҳилҳои Вахшу Ганг, Янтсзиву Нил, Волга ва Конго шод гардонад.
Воқеан ҳам дар давраи дувум қалами шоир тезтар ва ҷанбаи ҳунарии ашъори ӯ пурқувваттар гардид. Сафарҳои пай дар пай ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои Турсунзода 25 мамлакати хориҷӣ қайд шудааст) ва вохӯриву сӯҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳонӣ ба он сабаб шуд, ки паҳлуҳои гуногуни услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд. М. Турсунзода баъди силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947 – 1949) чунин асарҳои калонҳаҷмро офарид: силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (1950), достонҳои «Ҳасани аробакаш» (1952-1954), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл»(1970), сисилаи ашъори «Дастовез» (1975) ва ғайра.
Шоир тавонист, ки тавассути ашъори пурғановати хеш ба хонандагон зебову назаррабо будани табиати диёр, нақшу ҷилваи ёр, сарсабзии дараву лолазори кӯҳсор ва офтоби тобони нурборро инъикос кунад. Ҳар як шеъри устод Мирзо Турсунзода як соҳаи мавзӯи ватанхоҳиро дар бар мегирад ва ҳама якҷо дар пеши назари мо муҳаббат ба Тоҷикистон ва саҳми арзандае дар ободу зебо кардан ва дифоъ намудани он нишон медиҳад.
Яке аз вижагиҳои ашъори Мирзо Турсунзода, ки дар баробари ваҳдату ягонагӣ, боз-мавзӯи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва мубориза барои таҳкими он мебошад. Аз ин ҷост, ки дар таърихи адабиёти тоҷик шоирро ҳамчун мунодии сулҳ ва якдилии халқу миллатҳо мешиносанд. Ӯ бо эътирофи худ «Суруди сулҳ»-ро бо хуни дил иншо мекунад, то бо он силоҳи муқтадир ҷангҷӯёнро шармандаи рӯйи ҷаҳон гардонад. Барои шоир сулҳ беҳтарин неъмати зиндагӣ, лабханди кӯдакон, қуввати пиру ҷавонон аст:
Сулҳ истиқболи фарзандон бувад,
Хотири ҷамъи куҳансолон бувад.
Садоқат ба Ватан намунаи олитарини ахлоқи шоир гардида буд, ки ӯ дар ҳама асарҳояш ватанро бо меҳри хосса баён намуда, хонандаро водор месозад, ки ҳамеша бо ёди Ватан бошад ва аз он бо меҳр ном барад. Зеро шоир дар ҳар гӯшаю канори олам ба номи Ватан, бо ишқи саршор аз муҳаббат ба ёру диёр умр ба сар бурда, дар шеъре бо номи «Ватан» чунин гуфтааст:
Ватан дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо бошад.
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту…
Дар воқеъ шоир дар мисраъҳои шеърӣ муҳаббати беканори худро нисбати Ватан баён намуда, чунин васф намуддаст, ки ба ҳар куҷое рафтам ба мисли боду ҳавои софу беғубори ту, зеботаре надидам. Агарчи дар миёни уқёнусҳои беканори пурғавғо ҷойгир будам, ҳамеша ба гӯшам садои дилнишини Ватан мерасид.
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он,
Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
Мирзо Турсунзода муҳаббати обу хоки Ватанро ҷавҳари ахлоқи пок, ҷавҳари ягонагии шоиру Ватан мешуморад. Ба ақидаи шоир ҳар касе ки ба Ватани худ содиқ бошад, дорои ахлоқи ҳамида аст. Ин аст, ки худи шоир низ ҳаргиз аз Ватан ҷудо набуд ва ҳамеша дар дили Ватан қарор мегирифт:
...Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт .
Шоир чандин кишварҳои ҷаҳонро дида бошад ҳам, дили ӯ ҳамеша сӯи Тоҷикистон буд. Ҳар бор вай аз сафар ба Ватани худ бо пазмониву дидори нав бармегашт. Бозгашт ба Ватан барояш хурсандии беинтиҳо мебахшид:
Омадам бар Тоҷикистони азиз,
То бубинам рӯи ёрони азиз…
Ё ин ки:
То тавонам халқро ёрӣ диҳам,
Аз зафар, аз фатҳ ахборе диҳам.
Устод Мирзо Турсунзода дар ҷое таъкид менамояд, ки Тоҷикистон Ватани азиз ва маҳбуби ӯст. Ӯ дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба дунё омада, ба туфайли ғамхории Ватан ба камол расидааст.
Дар ҳамин ҷой ёфтам авҷу камол,
Дар ҳамин ҷой зиндагии безавол.
Хусусиятҳои хосси ашъори ватандӯстонаи устод Мирзо Турсунзода аз яке то дигаре равшану возеҳтар ва пурраю мукаммалтар мегарданд. Шоир тавонист тавассути осори оламгираш васфи Ватанро аз дилу ҷон тасвир бикунад ва кӯшиш бар он дод, то дӯстии халқҳоро дар якдигарфаҳмӣ бубинад. Ӯ тавонист, гирдогирди олам сайр кунад, васф бикунад, дӯстиро, сулҳро, ростиро, якдигарфаҳмиро идеяи ягонаи эҷодиёти худ қарор бидиҳад, то ки ҳиссиёти ватандӯстӣ ва меҳанпарварии хонандагонро зинда гардонад.

Гадозода М. Д., муаллими калони

кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети

№2 Академияи ВКД, майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...