Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми Садриддин Айнӣ дар ташаккули забони адабии тоҷик

1716Асосгузори адабиёти советии тоҷик, олими забардаст устод Айнӣ бой ва қадимӣ будани адабиёт ва забони адабии тоҷикро таъкид намуда, навишта буд: «Халқи тоҷик дар боби адабиёти кӯҳна… мозии намоён ва таърихи шоёни ифтихорро доро аст. Халқи мо пеш аз револютсия ҳам соҳиби забони адабии бисёр бой буд». Фикру мулоҳизаҳои устод Айнӣ дар хусуси ташаккули забони адабии тоҷик, ки дар мақола, асарҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ ифода ёфтаанд, барои равшан намудани марҳилаҳои муайяни таърихи забони адабии тоҷик хизмат мекунанд. Бояд гуфт, ки дар таърихи забоншиносии тоҷик аввалин шахсе, ки оид ба масъалаи таърихи ташаккул ёфтани забони адабии тоҷик дар асарҳояш бештар таваққуф кардааст, устод Садриддин Айнӣ мебошад.
Дар асрҳои YII-YIII Мовароуннаҳр ва Хуросон аз тарафи арабҳо забт гардида, онҳо осори адабӣ ва мадании халқи моро аз байн бурда сиёсати арабигардонии худро ҷорӣ мекарданд. Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки арабҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуронсон «забон ва маданияти маҳаллиро бардошта, ба ҷои он забони арабиро ҳоким гардонида будаанд». Вале халқи мо ба сиёсати арабҳо тан надода, забон ва маданияти худро аз дами теғу шамшер нигоҳ дошт. Садриддин Айни дар асоси сарчашмаҳои илмӣ-тадқиқотӣ нишон медиҳад, ки халқи тоҷик мубориза бурда забони худро нигоҳ доштанд ва барои рушди минбаъдаи он ҷонбозиҳо мекарданд. Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ дар яке аз мақолаҳои хеш менависад: «Танҳо Мовароуннаҳр ва Хуросон ба ин зулми арабҳо муқобилият нишон доданд. Ҳатто, бухориёне, ки дини исломро қабул карда буданд, аз ибодат кардан ба забони арабӣ ҳам гардан тофтанд. Рӯҳониёни араб хоҳу нохоҳ маҷбур шуданд, ки намозро ба форсӣ ва тоҷикӣ биомӯзанд». Халқи тоҷик на танҳо барои нигоҳ доштани забони худ ҷонбозиҳо кард, балки барои озод шудан аз зулми сиёсии арабҳо низ муборизаи беамон бурд. Устод Айнӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ» аҳамияти муборизаҳои халқро дар барпо намудани давлати нахустини тоҷикон – давлати Сомониён, ки дар заминаи мавҷудияти он забон ва адабиёти тоҷик инкишоф ёфта буд, процеси зуд ташакулёбии забони адабиии тоҷик номидааст. Зеро дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ на танҳо аз асорати бегонагон халосӣ ёфт, балки ҳамчун забони давлатӣ эътироф гардид.
Забони тоҷикии форсӣ дар аҳди Сомониён ташаккул ёфт, ки худи донишмандони араб аз рушди забони миллии тоҷики форсӣ дар ҳайрат мемонданд. Зеро ин забон решаҳои амиқи илмию фарҳангӣ дошт, ки ҳазорҳо сол мукаммал мешуд, дигар онро аз байн бурдан намешуд. Ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ саҳми давлати Сомониён дар инкишофи забон ва адабиёти тоҷик бузург аст, вале давлатдории Тоҳириёну Саффориёнро дар иқтидори давлати Сомониён фаромуш набояд кард, чунки аввалин намунаҳои давлату ҳокимиятдорӣ дар замони нав муқаддам дар ин хонадонҳо ба вуҷуд омад. Тоҳириёну Саффориён сиёсат, забон, илму фарҳангро устувор намуда, анъанаҳои пешинро баркамол, иқтидори сиёсиро оқилона тарҳрезӣ мекарданд ва забони тоҷикӣ низ дар натиҷаи муборизаи ҷиддӣ ба муқобили арабҳо ҳанӯз дар даврони Тоҳириён қомат рост карда, дар замони ҳукмронии Сомониён шакли мустақил ва умумихалқӣ пайдо кард. Забон дар асрҳои IX-X муҳимтарин моя ва рукни асосии миллат ба ҳисоб мерафт. Нахустин шоирон шеърҳои худро дар услуб, забон ва қолабҳои шеъри халқӣ менавиштанд. Адибону олимон ва донишмандон, ки пештар ба забони арабӣ асарҳо менавиштанд, акнун ҳисси миллию худшиносии милллӣ боло гирифта, ба забони тоҷикии форсӣ асарҳо эҷод мекарданд. Устод Садриддин Айнӣ сабаби дилкашу дилнишину ҷаззоб маънидод кардани забони ашъори Рӯдакиро дар истифодаи калимаҳои забони миллӣ ва худдорӣ кардан аз калимаҳои арабӣ ба қалам додааст. Устод Айнӣ дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ роли шоирон ва нависандагонро махсус қайд намудааст. Дар асри Х забони адабии тоҷик-забони дарӣ ташаккул ёфт. Дар ин аср Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муродӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ барин симоҳои барҷаста ба соҳаи адабиёт қадам гузошта асарҳои бузурге ба ин забон офаридаанд ва дар таърихи адабиёти мо ва инкишофи забони адабии мо роли асосӣ бозидаанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ калиди дари ганҷинаи шеъри тоҷикии форсиро кушод, мисли хуршед олами назми тоҷику форсро шуълабор кардааст. Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ таъкид мекунад, ки Сомониён дар баробари дастгирӣ намудани забони тоҷикӣ шахсони соҳибистеъдодро, ки бо забони тоҷикӣ асарҳо эҷод мекунанд, ҳимоя мекарданд: «Сомониён, ки дар ривоҷ додани шеъру адабиёти форси нав (забони адабии тоҷик) ва боло бардоштани маданияти миллӣ… кӯшиш доштанд, албатта монанди Рӯдакӣ як таланти модарзодро ҷалб накарда намемонданд». Садриддин Айнӣ эҷодиёти шоирони маъруфро аз лиҳози фасоҳати сухан, сабки баёни муассир ва ганҷинаи луғат мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла ба омӯзиши «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ машғул шуда оид ба забони ин шоҳкори бузурги рамзӣ ибрози андеша намудааст. Он гуна , ки дар «Ёддоштҳо» омадааст: «тафтиши забони «Шоҳнома» аз ҷониби эшон бомақсад сурат гирифтааст ва гувоҳи ҳусни назари як адиб ва эҷодкор ба асрори суханофаринии як суханпардози зарбдасти дигар аст, ки муҳаррики он вазъи забони айёми зиндагии нависанда будааст.
Мусалламан, Абдулқосим Фирдавсӣ дар заминаи ороиши сухан қаламкаши ниҳоят моҳир буд ва бузургиву тавонмардии забони дари тоҷикиро хеле сода ба ихтиёри хонанда гузоштааст, таваҷҷуҳи устод Садриддин Айниро маҳз ҳамин покиву равонии тарзи баёни шоир ба худ ҷалб намудааст. Устод Садриддин Айнӣ дар тамоми фаъолияти эҷодии худ боигарии забони адабиёти классик ва забони умумихалқиро якҷоя карда, хусусиятҳои умумишавандаи забони гуфтугуиро ба таври васеъ истифода намуда, дар ҳамин асос забони адабии ҳозираи тоҷикро хеле қавӣ гардонд ва тарзи баёни онро бо сифатҳои нав такмил дод. Устод дар забоншиносии тоҷик аввалин касест, ки ба маҳалли пайдоиш ва инкишофи забони адабии тоҷик аҳамияти хосса зиҳир намуда, мавҷудияти забони тоҷикӣ, ривоҷу равнақ, нашъунамои онро ба мавҷудияти халқи тоҷик ва ҳаёти таърихие, ки аз сар гузарондааст, алоқаманд медонист ва дар ин бора навиштааст: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон як қавми муаззам ба номи тоҷик… истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст.». Ба андешаи устод Айнӣ маълум мешавад, ки асоси ҳамаи насру назми ба забони тоҷикӣ-дарӣ навишташуда дар Осиёи Миёна гузошта шудааст ва ба ҳеҷ як шубҳа ин забони адабӣ дар ин ҷо кор карда шуда ва услубҳои асосии забони адабӣ дар асри IХ-Х дар Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд омада буданд.
Эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ аз повести «Одина» то «Ёддоштҳо» ба дараҷаҳои инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик вобастагии ҷудонашаванда дорад. Махсусан повести «Одина» дар таърихи забони адабии ҳозираи тоҷик роли муҳим бозидааст. Повести номбурда дар бобати ба истеъмоли умумихалқӣ баровардани калима ва ибораҳои оммафаҳм, инкишофи забони адабии ҳозираи тоҷик хизмати барҷаста кардааст. Роли Айнӣ ва «Одина»-и ӯ дар адабиёти советии тоҷик дар масъалаи тараққӣ додани забони адабии миллии ҳозираи тоҷик низ хурд нест. Хонандагони тоҷик пас аз Революцияи Кабири Социалистии Октябрь маҳз ба воситаи асарҳои С.Айнӣ ва пеш аз ҳама, ба воситаи повести «Одина» бо боигарии забони адабии тоҷик, бо воситаҳои гуногуни истеъмол намудани калима ва ибораҳои оммафаҳм ба таври бояду шояд ошно шуданд».
Садриддин Айнӣ ҳамчун асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва устоди бузурги сухани бадеӣ дар соҳаи тараққиёти забони ҳозираи тоҷик роли бузурги ҷамъиятӣ ва таърихӣ бозидааст. Муборизаи устод барои демократикунонидани забони адабӣ ва нигоҳ доштани тозагию боигарии он аз ибтидои фаъолияти адабиаш сар мешавад. Устод ҳатто дар номаҳои худ масъалаҳои забонро бо роҳҳои гуногун баён намудааст. Садриддин Айнӣ баъзан ба ин ё он адиб, перонуми ҳикоя ва мақолаи ӯ мактуби махсусе навишта, ҳусну қубҳи забони асари ӯро нишон дода, ба ин восита як муаммои муҳимми забонро равшан кардааст. Масъалаҳои омӯхтани забони халқ, истифодаи захираи лаҳҷаҳо дар забони адабӣ, аз худ намудани забони асарҳои классикони адабиёти адабиёти тоҷик, ба мавқеъ кор фармудани калимаҳо, нигоҳ доштани тозагӣ ва риояи табиати миллии забони тоҷикӣ, риояи қоидаҳои он бо роҳҳои гуногун баррасӣ намудааст.

Давлатшозода Азиза
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...