НАВРӮЗИ ФАРХУНДА ДАР “КОЛЛЕҶ
Рӯзи 19 марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии идона, бахшида ба ҷашни иди “Наврӯз” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд меҳмонони дигар аз дигар ташкилоту муасссисаҳои дигар иштирок доштанд.
Ба муносибати ҷашни иди Наврӯз, майдони сафороии Коллеҷ бо якчанд банерҳои Наврӯзӣ ва чодарҳои гулдузӣ, ба як саҳнаи ҷашнӣ табдил дода шуд. Инчунин гурӯҳҳои таълимӣ барои сазовор гаштани ҷойҳои намоён дар атрофи майдон дастурхони идона ороста, аз хӯрданиҳои дар дастурхони орододаи онҳо, нишонаҳои “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” дида мешуд.
Чорабинии идона бо сухани ифтитоҳии сардори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,” номзади илмҳои педагогӣ дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Шоҳмурод Ҳайдар оғоз гардида, афсарону курсантон ва меҳмонони ташрифовардаро ба муносибати фарорасии иди “Наврӯз” табрик гуфта, изҳор намуд, ки мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз моро дар шароити ҷаҳонишавӣ ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамӯн месозад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ гуфтаанд; ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад.
Воқеъан иду ҷашнҳое ҳастанд, ки бо таърихи пайдоишу рушди динҳои муқтадири ҷаҳон робитаи бевосита дошта, дар тули садсолаҳо аз доираи арзишҳои як мардум ва ё як давлат фаротар рафта, моҳияти байналмилаливу умумибашарӣ касб кардаанд. Яке аз ин ҷашнҳо Наврӯз аст, ки 30 сентябри соли 2009 аз тарафи ЮНЕСКО ба феҳристи ғайримоддии тамаддуни башар шомил шудааст.
Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст. Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон, ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Дар баробари омадани Наврӯзи оламафрӯз мардум ба тоза намудани хонаҳо, кишту кор, ниҳолшинонӣ ва ободонии кучаҳо шурӯъ мекунанд. Беҳтарин анъанаҳои наврӯзӣ оро додани дастурхони наврузӣ аст, ки одатан аз ҳафт намудани ғизо дастурхон оростан маъруф аст. Яъне дар рӯзи Наврӯз мардуми мо хони наврӯзиро бо “ҳафтсин” ва “ҳафтшин” оро медоданд.
Бахшида ба таҷлили Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди гуштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, дастхобонӣ, инчунин бозиҳои хурусҷанг, кабкҷанг ва ғайраҳо барпо мегардад.
Сардор, дар охири суханронии худ, боз як бори дигар ҳозиринро ба муносибати иди Наврӯз табрику муборакбод гуфта, барояшон, хушбахтӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно намуд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби курсантон, суруди наврӯзӣ, маликаи Баҳор ва Наврӯз, нақши бобои деҳқон, қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи “Наврӯз”, суруди “Омадаст баҳор”, тақлиди сарояндаҳо, суруди “суманак”, рубоётхонӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ, рақси бадахшонӣ, рақси якка, сароидани “Реп”ва намоиши либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, табъи онҳо болида гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи мазкур, ба муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо Сайхонов Ҳабибулло, муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, Шарифзода Ҷаҳонгир ва ба волидайни курсантон Раҳматномаҳо, санаи 16.03.2021, барои ишғол намудани ҷои 1-ум, дар озмунҳои “фаннӣ” байни Коллеҷҳои шаҳри Душанбе, бо “Ифтихорнома” ва “туҳфаҳои хотиравӣ” сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин барои ишғол намудани ҷои 1-ум, дар мусобиқаи варзишии намуди “Бандкаши”, байни гурӯҳҳои таълимии Коллеҷ, капитани хизмати дохилӣ Азимзода Муртазо, ва дар мусобиқаи Шоҳмот барои иштироки фаъол ба майори хизмати дохилӣ Тураева Ҳусноро, ва якчанд омӯзгорони Коллеҷ барои хизматҳои шоён аз ҷониби сардори Коллеҷ бо “Медал” ва “Ифтихорнома” сарфароз гардонида шуданд.
Барои оростани дастурхони идона афсарони Коллеҷ ҷойи 1-ум, гурӯҳи 101 “а” ҷойи 2-ум, гурӯҳи 201 “а” ҷойи 3-юмро сазовор шуданд ва дар охири чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Коллеҷ бо тӯхфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинии мазкур аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ, барои курсантон ва меҳмонон оши идона ташкил карда шуд.
Баҳори дилкушо
Баҳори дилкушо дар мулки мо бо ифтихор омад
Ба доман ганҷи гул ба ҳар тараф гавҳарнисор омад
Баҳор омад ки бинад ҷумларо дар холи хандонӣ
Ба чашмаш мавҷи гул дар ҳолати масти хумор омад
Тамоми шодии инсон дар аёми баҳорон аст
Гули садбарг чун лабҳо ба ҳар суе шукуфон ҳаст
Ба ҳар як шохаи садбарг бин булбул ғазалхон аст
Ба назди пиру барно чун арусе шаҳсавор омад
Арусон дар баҳорон чун гули лола ба ҳам ҳарҷо
Зи ишқу мехрубонӣ бахт кушода ғунчаи лабҳо
Ба хандоханд пур созанд дашту боғу гул саҳро
Чи хуш навруз бо ёрони ҷони хушгувор омад
(Аз эҷодиёти худам шеър дар васфи баҳор)
Ш. Фзилова
И.в. сардори кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтор
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Сафарзода Хуршед.
И.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо
лейтенанти калони хизмати дохилӣ
Фозилова Шаҳноза.