Ҷашни Наврӯз
Мардуми мо ҳар сол айёми баробарии шабу рӯз 21-22 мартро бо номи Наврӯз ҷашн мегиранд. Пайдоиши ҷашни Наврӯз хеле қадим аст. Тоҷикон аз замони қадим то ҳол дар айёми Наврӯз либосҳои сафед ба бар намуда, ба ҳамдигар сафедӣ мепошанд, хурокӣ таоми соли навро аз шири навдӯшида сар мекунанд. Ҳар кас кӯшиш мекунад, ки дар ин рӯз руйи зеборо бинад, хандаю бозӣ кунад, суруду тарона хонад ё шунавад.
Деҳқонон дуои хайр гуфта, ба кишту кори худ мадад металабанд. Руйидани майса, гул кардани гиёҳҳои баҳорӣ аз фаро расидани ҷашни Наврӯз мужда медиҳад. Мардум дар ин шабу рӯз маросими «гулгардонӣ» мегузаронанд. Яъне ҳангоми ба даст гирифтани гули аввалин «Ту барин зебою беғам шавам, ба солу моҳҳои бисёр расам» гуфта, орзу мекунанд.
Мардум ба пешвози Наврӯз хонаро рубучин карда, зарфҳоро тоза нигоҳ медоранд. Қабл аз 25-рӯзи Наврӯз барои тайёр кардани суманак гандумро шуставу тоза карда, барои сабзонидан дар рӯи дастархон ё зарфе мегузоранд. Бо истиқболи ин ҷашн на танҳо суманак, боз ҳар гуна таом, ҳавлою шириниҳо мепазанд. Дастархони наврӯзиро бо меваю самбусаҳои алафин, ширу равған, фатиру нону кулча оро медиҳанд. Аз ҳафт навъи дарахти мевадиҳанда ҳафт шохча бурида, рӯйи дастархон мегузоранд. Одамон ба хонаи хешу табор ва дӯстон рафта, ҳамдигарро муборакбодӣ мекунанд ва ҳатто тифле, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз ба дунё меоянд ба ӯ номи Наврӯз ё баҳор мегузоранд. Дар рӯзи ҷашни Наврӯз ба дастархони Наврӯзӣ маҳсулоти хӯрока мегузоранд, ки бо ҳарфи «С» ва «Ш», яъне ҳафтсину ҳафтшин оғоз мешавад.
- шакар дар дастархони Наврӯзӣ ба маънои анвои ширину хуштаъм меояд
- шир ғизои муқадасест, ки инсон бори нахуст аз пистони модар мехӯрад
- шамъ ин ба хони наврӯзӣ нуру сафо бахшидан аст, шамъ худ месӯзаду ба дигарон фуруғ мебахшад. Рамзи базму шодӣ, барҳамзанандаи торикӣ, нишонаи офтоб, бахт ва гармӣ аст
- шарбат афшураи мева, анор, себ, зардолу ва олуболу бо хусусиятҳои шифобахшии худ дар дастархони наврӯзӣ ҷой гирифтааст
- шалғам сабзавотест, ки аз қадим то ба имрӯз ба хӯрокҳо ҳамроҳ намуда, таъми хуш дошта, хусусияти хоси шифоӣ дорад ва дар хони наврӯзӣ гузошта мешавад
- ширинӣ ин дар хони наврӯзӣ, ки аз ангур,тут, харбуза ва тарбуз бо роҳи ҷушонидан тайёр мекунанд зеби дастархон ва иззати меҳмон аст
- шона ин ашёест, ки дар хони наврӯзӣ вазифаи ороишӣ, рамзи зебои,ҷавониро ба худ хос намудааст.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми маҳфилҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдодони мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Ҷашни Наврӯзро мо аз осори гаронбаҳо ва наврӯзномаҳои саршумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин заминро ҳамчун рамзи пайванди ҷовидонӣ миёни табиат ва инсон, айёми холиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сало ва бахшоишу самимият бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд. Ин ҷашн қадимтарин ва густатарин ҷашнҳои мардуми ниёгони мо мебошад, ки умри беш аз шашҳазорсола дорад.
Дар Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯз баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон – умри дубора касб кард, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукуҳу шаҳомати калон таҷлил мегардад.
Эй дӯстони ҷонӣ, наврӯзатон муборак,
Дар ҳақи гулафшонӣ наврӯзатон муборак.
Абдуҷаборзода М.А. омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия