Наврӯз - ҷашни бузурги мардуми ориёӣ
Мояи ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоҳату саодат эҳдо менамояд.
Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд.
Фарҳангу тамаддуни тоҷикон аз даврони бостонӣ то кунун бо табиату коинот ва муҳити атрофи сарзаминаш пайвандии ногусастанӣ дорад. Бавежа бунёди ҷашнҳои миллии тоҷикӣ хислати мавсимӣ дошта, аслан таҷлили тағйир ёфтани фаслҳои сол мебошанд. Агар Меҳргон аз омадани тирамоҳи зарринсор мужда диҳад, Сада-гардиш ба сӯи фасли баҳор бошад, пас Наврӯз – фаро расидани баҳори дилафрӯз аст. Ба ибораи дигар, ин ва дигар ҷашнҳои ориёӣ ҳеҷ гуна асосу пояи диниву мазҳабӣ надоранд ва сирф ҷашнҳои милливу табиӣ мебошанд.
Дар робита бо ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки «далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад».
Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги мардуми ориёӣ, махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хоси идона пайдо кардааст. Вобаста ба маросим, анъана ва оинҳои Наврӯзи оламафрӯз дар гузашта (бо забонҳои паҳлавӣ, форсии нав ва арабӣ) ва дар ин айём бо забонҳои гуногун асарҳои зиёд ва таҳқиқоти муфассал ба нашр расидаанд. Ин ҷашни байналмилалӣ дар Тоҷикистону давлатҳои Осиёи Миёна ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз ва оину анъанаҳои он барои ҳамаи халқҳои ориёӣ, ба истиснои баъзе аз ҷузъиёти он умумияти ягона дорад. Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ зикр мекунад, ки «аҳли Суғдро дар моҳҳои худ идҳои бисёре дар рӯзҳои маълум ва рӯзҳои гаронмиқдоре аст, ки монанди идҳо ва айёми форсиён аст».
Бояд гуфт, ки Наврӯзро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрону Туркия, Чину Россия, Ҳиндустону Афғонистон, Покистону Озорбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Туркманистон ва дигар кишварҳо аксар бо номи шабеҳи як мафҳум- тоҷикон-«Наврӯз», озарҳо- «Novruz», туркҳо- «Nevruz», бошқирду тоторҳо- «Неуруз», қазоқҳо- «Науриз», қирғизҳо- «Нооруз», тоторҳои Қрим- «Navrez», ӯзбекҳо- «Navroz», туркманҳо- «Nowruz», курдҳо- «Newroz», ки маънои ҳамаи он рӯзи нав аст, ҷашн мегиранд.
Аҷдоди ориёии мо соҳиби идҳои зиёди мавсимӣ буданд, ки ҳар якеро бо шукӯҳу манзалати хос таҷлил менамуданд, аммо дар миёни онҳо Наврӯзи дилафрӯз, чун ҷашни Соли нав мавқеи махсус дошту дорад. Соли навро ниёгони мо дар рӯзи эътидоли баҳорӣ, ки шабу рӯз баробар мешавад ва нуру рӯшноӣ ба торикӣ пирӯз мегардад, истиқбол мекарданд. Онҳо метавонистанд рӯзи эътидоли тирамоҳӣ ва ё айёми инқилобҳои тобистониву зимистониро, ки дар коиноту табиат тағйирот ба амал меояд, ба ҳайси мабдаи сол интихоб намоянд, зеро оғозу анҷоми ҳар яки онҳо аз 365 ё 366 рӯз, яъне аз як соли пурра иборат аст.
Вале ниёгони мо маҳз эътидоли баҳориро интихоб намуда, онро мабдаи Соли нав қарор доданд ва Наврӯз ном ниҳоданд. Онҳо бо ин амали хеш нисбат ба мавсимҳои дигар, ба фасли фораму фараҳангези баҳор ва аз хоби тӯлонӣ бедор шудани табиат, авлавият бахшиданд. Ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ:
Наврӯз беҳ аз Меҳргон, агарчи,
Ҳар ду рӯзонанд эътидолӣ!
Ба ин хотир, фаро расидани ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва омадани фасли баҳори хуррам тавъам ва мутародифи якдигар гардида, яке аз дигаре ҷудо набуда, бо ҳамин мазмун дар эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик, ки соҳиби аслии ҷашнҳои деҳқониву мавсимӣ мебошад, васф шудааст:
Фасли Наврӯз гашт саҳро лолазор,
Занги дилро мебарад бӯи баҳор.
Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,
Кӯдакон андар тамошо беқарор.
Муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳ доштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Зикри Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст» ноҷо нест. Бегумон, нахустрӯзи офариниши оламро ҳамчун оғози Соли Нав- Наврӯзи оламафрӯз- ғолибияти равшанӣ бар торикӣ, гиристани абри найсону хандаи замину замон, рӯидани сабзаву майса, гулу себарга, насими форами боди баҳорӣ, чаҳ-чаҳу хониши паррандагон, хушҳолии кӯдакон, сайри дашту даман, насими тоза ва парниён гаштани табиат ҳисобидан равост.
Инак, чанд соли охир аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалӣ гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад. Махсусияти хоси Наврӯзи имсола ва наврӯзҳои оянда он аст, ки он дар тамоми деҳаву ҷамоат ва шаҳраку марказҳои маъмурӣ бо риояи оину анъанаҳои наврӯзӣ, тозаву озода намудани хонаву маҳалли зист, шинонидани гулу бута ва ниҳолҳои боровару сояафкан, зиёрати манзилгоҳҳои гузаштагон, аёдати беморону калонсолон, пирону барҷомондагон баргузор шуда, ба кӯдакону тарбиягирандагон, дардмандону калонсолон ва беморон туҳфаҳо ва кумакҳои наврӯзӣ ҳадя карда мешаванд.
Мояи хушнудист, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият — ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ҳамасола 21 март Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ифтихори мо тоҷикон боз аз он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти милитсия
АБДУЛҲАМИДЗОДА Амиралӣ