Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ: АЗ ОИНҲОИ МАРДУМӢ ТО ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

1643Яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои ориёӣ, бахусус мардумони форсизабонон ин ҷашни Наврӯз аст. Бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, 19 феврали соли 2010 – ум қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21 – уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст. Таҳқиқ ва эҳё намудани оину анъанаҳои бостонии ҷашни Наврӯз ва бузургдошти сатҳи баланди он ҳамчун арзиши бебаҳо барои меросбарони ояндаи миллати мо бояд вазифаи муқаддас бошад. Наслҳои мо бояд аз таърихи хеш огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамеша расму оинҳои миллии қадимаи аҷдодиамонро ҳамеша нигоҳдор бошанд. Тамоми оинҳои Наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявианд ва метавонад наслҳоро ба покии зоҳиру ботин, садоқату вафодорӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят намояд.

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии аҳли меҳнат мебошад, ки таъсир ва инъикоси он дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавии мардуми Шарқ аз рӯйи шӯҳрат ва шукӯҳи худ мавқеи аввалинро ишғол менамояд. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22-юми март, дар луғатҳо ба маъноӣ Рӯзи нав ва тоза, Рӯзи нахустини аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Дар бораи Наврӯз дар маъхазҳои қадимаи таърихӣ «Авесто», гуфта шудааст, ки мабдаъи муқаддас ва тавонотарини тавоноҳо – Ҳурмузд баъди 3000 сола подшоҳиаш аз тарафи мабдаъи ҷаҳолат ва торикӣ – Аҳриман бо лашкариёнаш ҳуҷум сар кард. Мабдаъи тозагӣ ва равшанӣ – Ҳурмузд барои несту нобуд кардани Аҳриман равшаниро эҳдо намуда, ба муқобили душманаш равона менамояд. Ғайр аз сарчашмаи хаттии Авесто мутафаккирони форсу тоҷик низ оид ба пайдоиши ҷашни Наврӯз ақидаҳои худро баён намудаанд, ки онҳо ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқии он инъикос гардидаанд.

Маълумотҳои дақиқ ва шавқовари таърихӣ оиди ҷашни Наврӯз:
- Мувофиқи ривоятҳои форсӣ дар ин рӯз Сиёвуш, ки аз тарафи Афросиёб ҳалок гардид, дафн карда шудааст. Ин ривоят дар китоби муқаддаси «Авасто» хотиррасон карда шудааст. Маълумоти зиёдтар оид ба ин ривоятҳоро дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ пайдо намудан мумкин аст.
- Олимаи англис Мэри Бойс қайд мекунад, ки мувофиқи таълимоти зардуштиён ин ид ба оташ бахшида шудааст. Зеро онҳо оташро чун нури Яздон ва нерӯи ҳаёт дониста, онро парастиш мекарданд. Ин ид рамзи мағлубияти рӯҳи хабис (бадкирдор, лаим, паст) ҳисоб мешуд. Аз рӯи урфу одати зардуштиён ҳангоми нисфирӯзии Рӯзи нав (Наврӯз) одамон бозгашти рӯҳи Рапитвинро истиқбол мегирифтанд. Рапитвина – Замини аввалин, ки то давраи ҳуҷуми арвоҳи нобудкунанда – Ангро – Ман, вуҷуд дошта будааст.
- Донишманди эронӣ, доктор Шариатӣ дар бораи Наврӯз изҳори ақида намуда, қайд намудааст, ки «Агар рӯзе Худо оламро оғоз карда бошад, мусаллам, он рӯз Наврӯз будааст. Ба фикри ӯ Баҳор нахустин фасл, Фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст».
- Дар асоси баъзе ривоятҳо пайдоиши Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул рост меояд, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон пиёда намуда, макони онҳоро тоза кард ва гуноҳи маҳкумшудагонро бахшид, ки он аз мавҷудияти адлу адолат, принсипҳои инсондӯстӣ ва эътирофи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.
- Сарчашмаи асосӣ барои шинохти иди Наврӯз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст, ки мувофиқи ривояти он дар давраи Каюмарс, ки подшоҳи аввали Аҷам буд, баробаршавии шабу рӯзро кашф карданд. Лекин дар «Шоҳнома» сухан бештар дар бораи оғози солшуморӣ меравад.
- Дар «Наврӯзнома» - и Умари Хайём ҳам Каюмарс аввалин подшоҳи Аҷам ёдрас мешавад. Ӯ мехост рӯзу моҳҳоро номгузорӣ кунад ва солшумориро барқарор намояд. Ба ақидаи ӯ субҳи барвақт вақте Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад мӯъбадонро даъват карда, фармон дод, ки солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз кунанд.
- Дар дарбори подшоҳони Сосонӣ Наврӯз хеле бошукӯҳ ва бодабдаба таҷлил мешуд. Намояндагони 23 кишвар, ки тобеӣ Эрон буданд, ба табрики шоҳ рафта, ба ӯ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин тӯҳфаҳо даромади зиёде ба хазинаи давлат ворид мешуд.
- Тақвимҳои ситорашиносии қадим шаҳодат медиҳанд, ки дар соли 5287 пеш аз мелод нахустин шоҳаншоҳи ориёӣ Каюмарс дар ин рӯз (Наврӯз) тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳод ва тахташро дар дохили кӯҳ барпо намуда, ба муқобили Аҳриман бархост. Умари Хайём дар «Наврӯзнома» маълумот медиҳад, ки Ҷамшед дар соли 3679 пеш аз мелод ба муносибати барпо сохтмони шаҳри Бахдӣ (Балхи имрӯза) тоҷи шоҳӣ ба сар мекунад ва Наврӯзро бо як тантанаи бузург ҷашн мегирад. Ҳамин тавр, имсол (2021+3679=5700) 5700 - умин маротиба Иди Наврӯзро ҷашн гирифта истодаем.
- Наврӯз, ҳамчун ид пеш аз Зардушт пайдо шуда, ҳанӯз онро то асри VII пеш аз мелод қайд карда мешуд. Таърихшиноси Юнони қадим Страбон чунин ақида баён кардааст, ки аҳолии Сирдарё ва Амударё дар ин рӯз дар Оташкада ҷамъ мешуданд. Ин иди хосае буд, ки тоҷирон дӯконҳои худро баста, ҳунармандон корро бас карда, ҳама хурсандӣ мекарданд ва якдигаррро бо хурданиҳо ва нӯшокиҳое, ки ба воситаи оташ тайёр карда мешуданд, зиёфат мекарданд.
- Дар соли 272 мелодӣ Ҳурмузд, писари Шопур ислоҳоти тақвимӣ гузаронид, ки мувофиқи он оғози соли нав ҳангоми дохил шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал ҳисоб мешуд. Баъди ислоҳоти Ҳурмузд моҳ аз 30 рӯз иборат буда, ба шаш панҷрӯза ҷудо карда шуд ва соли нав дар давоми моҳ мувофиқи баромади иҷтимоии одамон дар рӯзҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд. Рӯзи аввалро шоҳ «Барои манфиатҳои одамон» (иҷро намудани талаботи одамони оддӣ) мебахшид. Дар рӯзи дуюм вай кишоварзон, рӯзи сеюм ҷанговарон, рӯзи чорум аъзоёни оилаашро (ба ғайр аз писаронаш), рӯзи панҷум писаронашро ва рӯзи шашум шахсонеро, ки сазовори ҷомеаи худ меҳисобид, ба дарбораш қабул мекард.
- Ривояте ҳаст, ки дар иди Наврӯз бо супориши Худои таоло ба замин фариштагони нек мефуроянд. Онҳо ба мардум фаровонӣ ва шукуфоӣ, хушбахтӣ ва умедро ҳадя мекунанд. Аммо фариштагон ба хонаҳое, ки дар он ҷо хусумат вуҷуд дошата, одамон ба соли нав омодагӣ намедиданд, ворид намешуданд. Аз ин ҷо ду суннати Наврӯзӣ, яке дар арафаи Наврӯз тоза кардани хона ва дуюм зарурияти фаромуш кардани ҳама гуна душманӣ ва худсарӣ пайдо шудаанд.
- Таърихи пайдоиши суманак аниқ набошад ҳам, то замони мо ривоятҳои зиёде боқӣ мондаанд. Нақл мекунанд, ки дар замонҳои қадим зане бо ду писари дугоникаш зиндагӣ мекард. Дар хонаи он зан барои хурданӣ чизе намонд ва ӯ маҷбур шуд, ки гандуми норасидаро даравида, ба даруни дег мемонд ва ба он об илова карда, чизи хурданиро тайёр мекунад. Ин аввалин суманак буда, минбаъд он такмил дода шуд.
Дар замони шӯравӣ ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон гарчанде аз байн нарафта бошад ҳам бо шукӯҳу ҳашамати хос ҷашн гирифта намешуд. Насли миёна ва кӯҳансоли замони Шӯравӣ ҳанӯз ёд доранд, ки сохторҳои коммунистӣ Наврӯзро «Боқимондаи хурофоти феодалӣ» ва ҳатто «Як иди зараровари динӣ» мехонданд ва ҳеҷ навъ тантанаи расмиро ба муносибати Наврӯз иҷозат намедоданд. Вале халқ суннатҳои Наврӯзӣ, урфу одатҳои ниёгонро пос дошта, аз онҳо фаромӯш накард. Бо вуҷуди ин ид ҳар сол мегузашт. Халқ дар колхозу совхозҳо Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирифтанд. Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ он қадар бо тантана ҷашн гирифта намешуд, вале дар маҳалҳо бузкашиву доиразаниву сайри лолаву суманакандозиву ҳамаи маросимҳои Наврӯзиро иҷро мекарданд. Он вақтҳо ин иди ниёгон на бо номи Наврӯз, балки бо як номи сохтаи «Сайри лола», «Иди меҳнат» аз омадани баҳор дарак медоданд. Дар соли 1965 ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон бо равшанфикрон гузашти дигаре карданд ва иди наве бо исми «Иди меҳнат» (номи дигри Наврӯзи онвақта) сохтанд, ки бояд аз шурӯи мавсими кишту кор дарак медод ва ҷойгузини Наврӯз мешуд. Аммо шумораи таърихи 21 марти соли 1966 -и рӯзномаи «Маориф ва маданият», нашрияи муштараки вазоратҳои фарҳангу маориф ва иттиҳодияи адибони Тоҷикистон саропо ба иди Наврӯз бахшида шуда буд. Хабарнигори шинохта ва собиқадори рӯзномаи «Маориф ва маданият» - Дорои Дӯст таърихи нашри ин ва дигар шумораҳои Наврӯзиро чунин қисса кардааст: «Вақте мо тарҳи шумораро омода мекардем, аз кумитаи марказӣ мегуфтанд, ки макети шумораи бахшида ба «Иди меҳнат» - ро пеши мо биёред. Муҳаррир мебурд, онҳо медиданд ва қабул мекарданд. Аммо вақте ки тарҳ пас меомад, мо онро комилан дигар ва Иди меҳнатро бо Наврӯз иваз мекардем». Чунин буд, таърихи иди аҷдодии мо – иди Наврӯз! Дар замони Шӯравӣ.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии мамлакат Иди Наврӯз аз нав ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Сол то сол анъана ва суннатҳои аз байн рафтаи Наврӯзӣ эҳё шуда, такмил меёбанд. Ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози соли нав мебошад. Имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарварӣ сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон — Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.
Инчунин таъкид намудан лозим аст, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҳти №611 аз 21.07.2010 сол, тағйирот ворид намуда, санаҳои 21 то 24 мартро ҳамасола «Иди байналмилалии Наврӯз» эълон намудааст, ва мутобиқ ба ҳамин Қонун дар ин рӯзҳо мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ истироҳат менамоянд.
Ҳамаи хусусиятҳои ин ҷашни муборакро ба назар гирифта созмони бонуфузи ЮНЕСКО аз 30-уми сентябри соли 2009 онро ба қатори 76 рӯйхати фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуд ва ҳамчун ҷашни байналмилалӣ шинохт. 19 феврали соли 2010 бо саъю кӯшиши роҳбарияти давлатҳои: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон таклиф дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуда, иди Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард. Ин воқеаи фараҳбахшу таърихӣ наслҳои даврони истиқлолияти кишвари азизамонро водор месазад, ки ифтихоре аз ниёгони худ намуда, суннати эшонро зинда нигоҳ дорем.
Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз - ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷойе, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати зебоӣ мебаранд, аз гузаштагон ёдоварӣ менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

Самадзода И.А. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...