Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти иттилоотӣ : таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ

1638Имрӯз инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқук, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайримикон аст. Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет мебошад, ки дар барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ мутаасифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.
Актуалӣ будани масоили мазкурро дар ин мебинем:
1. Дараҷаи таъминоти амнияти иттилоотӣ аз пешрафти технологӣ қафо мемонад;
2.Истифодаи компютерҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳатмӣ мегардад;
3.Ҳоло дар ҷаҳон беш аз чандин миллиард компютер, ноутбук, планшет, смартфонҳо мавриди истифода қарор дорад, ки аксари онҳо ба Интернет пайваст буда осебпазир мегарданд;
4.Зиёда аз 70-90% маълумотҳои корхонаю муссисаҳо дар шакли электронӣ дар компютерҳо ҷойгиранд;
5.Аксари компютерҳо барномаҳои зиддивирусӣ ва таъминоти барномавӣ надоранд, ки боиси хароб гардидани системаҳои онҳо мегарданд;
6.Дар бисёр компютерҳо барнома ва системаҳои амалиётии куҳна васл гардиданд, ки кори онҳоро суст карда,боиси воридшавии вирусҳои нав мегарданд;
7.Хатари ҷиноятҳои киберӣ афзоиш дорад;
8.Низоми иттилооти хусусӣ, махфӣ ва тиҷоратӣ ба хавфи шикастан дучор гардидаанд;
Таъмини амнияти иттилоотӣ ду дараҷаро дар бар мегирад:
1.Таъминоти техникӣ;
2.Таъминоти молиявӣ.
Ҳар ду дараҷа аз ҷониби ширкатхо, муассисаҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд.(1.Брискин Д.Л., Юфтайкина У.И. Проблемы информационной безопасности современных компьютерных сетей организации. Электронный ресурс:www.scnceforvm.ru.Дата обращения 15.03.2021).
Дар шароити ҳозира аз компютерҳои персоналӣ беш аз 1,9 миллиард одамон истифода бурда, 4,5 миллиарди дигар бо дигар воситаҳои иттилоотӣ ба Интернет пайваст мебошанд, ки хар яки онҳо осебпазир шуда метавонанд.На ҳамаи барномаҳои зиддивирусӣ ситемаҳои компютерҳоро ҳифз карда метавонанд. Ҳоло бешар барномаҳои «технологияи абрӣ» маъмул шуда истодаанд, ки худ аз худ дар фазои Интернет вирус ва барномаҳои зиёноварро лаҳза ба лаҳза нест месозанд, вале мутаасифона на ҳама вақт ин амалӣ мегардад.
Дар баробари киберҷиноятҳо терроризми иттилоотӣ ва ҷангҳои таҳмилии киберӣ авҷ гирифта ба истиқлолияти давлатҳо таҳдид намуда истодаанд. Аз рӯи ақидаи муҳаққиқ О.А.Степанова «зери мафҳуми кибертерроризм -амали шахс ва гурӯхи шахсон барои тарсонидани омма, фишор овардан ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, ба вуҷуд овардани фазои тарсу воҳима дар афкори ҷомеа, тавассути зарар расонидан ба ба воститаи шабакаҳои иттилоотӣ-электронӣ фаҳмида мешавад» (2.Степанов О.А. Развитие информационно-электронных систем-как объект правового анализа в условиях нарастания кибертерроризма. Государство и право,2008.№8). Барои амалигардонии ин мақсад аз вирусҳои компютерӣ,барномаҳои класси Logic Bombs.Troian Horse.Snuffers ва дигарҳо исифода мебаранд.
Як чанд омилҳое мавҷуданд, ки ба он шароит муҳайё месозанд:
1.Фазои озоди Интернет;
2.Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ;
3.Нест кардани маводхои нашршуда хеле мушкил ҳаст. Барномаҳое низ мавҷуданд, ки матнҳоро боз барқарор менамоянд;
4.Қонунгузории ягонаи байналмилалӣ ба истиснои Қарори Маҷмааи Генералии СММ 54/49 аз 23-декабри соли 1999 «Дастовардҳо дар соҳаи иттилооткунонӣ ва телекоммуникатсия дар доираи амнияти байналмилалӣ» дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ мавҷуд нестанд.
Барои ҳамин Интернетро чун яроқи идеологӣ истифода мебаранд. Муҳаққиқон Н.В. Лопатин ва О.Б. Сладкова менависанд: « ҷанги иттилоотиро ҳамчун маҷмӯи технологияҳои иттилоотӣ-иҷтимоӣ барои дигар кардани рафтор ва табъу шуури одамон тавассути ахбори таҳмилии сиёсӣ ва иқтисодӣ номидан мумкин аст». И. Н. Панарин бошад, « ҷанги иттилоотиро таъсири комлексӣ ё маҷмӯи амалиётҳои иттилоотӣ ба системаи идоракунии давлатӣ ва ҳарбии тарафи мукобил меномад»(3.Черпанова В.Н. Проблемы обеспечения информационной безопасности. Электронный ресурс:www. Scence-education.ru.Дата обращения 15.03.2021).
Аз рӯи ақидаи Н.В.Лопатин фазои маҷозӣ ба равандҳои ҷомеа ва ҷаҳон таъсиргузор мебошад. Аз ҳама зиёд ҳамлаҳои интернетиро халқаҳои базавӣ то 40%, вирусҳои комютерӣ 40%, шикасти серверҳо 9%, спам 34%, гайрилегалии истифодаи маблағҳо 2,1%, ҳамлаҳои шабакавӣ 2%, азхудкунии паролҳо 2,3%, дигар таҳдидҳо 3% ташкил медиҳанд.Мутахассисони Белорус пешниҳод менамоянд, ки аудити амниятии иттилоотии корхона ва муассисаҳо гузаронида шавад. Барои ин комютерҳои корхонаҳо ва муассисаҳо бояд аз озмоиши тестӣ гузаронида шуда ба стандартхои СТБ 34,101,1-3-2004(15015408) мувофиқ гардонида шаванд. Ин стандартҳо маблағталаб мебошанд (4.Электронный ресурс:www. Belsec.com isforsale. Дата обращения 15.03.2021).
Хатарҳое, ки дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуданд:
1.Эрон, сентябри соли 2010,ворид намудани вируси Stuxnet ба компютерҳои объекти ядроӣ;
2.Венесуелла, марти соли 2019, шикасти системаи барқ ва телекоммуникатсия, 90% аҳолӣ бе интернет монданд;
3.Боливия, шиксати системаи идораи технологӣ;
4.Россия солҳои 2014,2017,2018 дар объектхои Газпром,Транснефт,Мегафон.
5.Вируси WannaCry, ба 200 ҳазор компютери 150 давлати дунё.
Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ибтидои солҳои 2000-ум бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мо як қатор санадҳои муҳимро дар самти таъмини амнияти иттилооти кишвар ба тавиб расиданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 06.08.2001, Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10.05.2002,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ» аз 02.12.2002,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30.07. 2007, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ФОҶ» аз 15.03.2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» 03.12.2012, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.06.2014,Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003(5),Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2008.
Дар муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Самтҳои стратегии сиёсати давлатии иттилоотӣ чунинанд:
- ташкил, рушд ва таъмини амнияти захираҳои давлатии иттилоотӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ ва дар идораи низомҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра;
- ташкил, ҳимоят ва такмили имиҷи Тоҷикистон аз тариқи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;
- ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, таъмини амнияти иттилоотии давлат, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар, бартарафсозии онҳо;
-воридшавӣ ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ (6).
Самтҳои асосии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
1.Гузаронидани чорабиниҳои максадноки ташкилӣ ва пешгирӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятнок;
2.Истифодаи барномаҳои зиддивирусӣ;
3.Тарзҳои махсуси ҳифзи иттилоот ва муносибати номақбул;
4.Истифодаи полоишгарони шабакавӣ;
5.Ҳифзи сомонаҳои сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
6.Пурзӯр намудани фаъолияти ВАО давлатӣ ва ҳифзи фазои иттилотии Тоҷикистон;
7.Ба Тоҷикистон ворид намудани технологияҳои иттилоотии (IT) насли панҷум;
8.Бунёди Маркази ҳамоҳансози амнияти иттилоотӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ.
Мақомоти таъминкунандаи амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи хифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Дар натиҷаи тезу тунд шудани ҳамлаҳои экспансионии иттилоотӣ хифзи музаффариятхои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муқаддаси мақомоти хифзи ҳукуқ, алалхусус макомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Дар ин асос бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар сохтори Раёсати муборизаи зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди махсуси муборизаи зидди киберҷиноятҳо амал намуда, дар Маркази муқовимат ба зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизми Раёсати муборизаи зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасе ба анҷом расонида мешаванд, ки амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомоти давлатӣ таъмин месозанд.
Амнияти иттилоотии Федератсияи Россия. Дар Россия ҳанӯз замони шуравӣ, 18-уми декабри соли 1973 Комиссияи давлатии техникии ИҶШС (СССР) таъсис дода шуда буд, ки ҳадафи он муқовимат ба иттилооти зараровари хориҷӣ буд. Дар заминаи он 14-феврали соли 1999 Комиссияи давлатии техникии назди Президенти ФР таъсис дода шуд.12-майи соли 2004 Фармони Президенти ФР «Дар бораи чораҳои таъмини амнияти иттилоотии ФР дар доираи табодули иттилооти байналмилалӣ» қабул гардид.Доктринаи ҳуқуқи иттилоотӣ ҳанӯз соли 1975 замони шӯравӣ пешниҳод гардида буд.Консепсияи сиёсати давлатии ФР соли 2000-ум, Доктринаи амнияти иттилоотии ФР 5-декабри соли 2016, Асосҳои сиёсати давлатии ФР дар соҳаи амнияти иттилоотии ФР то соли 2020 24-июли 2013,Стратегияи амнияти милии ФР 31-декбри соли 2015, Стратегияи инкишофи ҷомеаи иттилоотӣ дар ФР барои солхои 2017-2030» 9-майи соли 2017 ва чандин маҷмӯи қонунгузорӣ ва санадҳои соҳавӣ дар ФР ба табъ расиданд. Дар Федератсияи Россия Вазорати инкишофи рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавӣ, Хадамоти федералии «Роскомнадзор» фаъолият менамоянд. Мақомоти таъминкунандаи амнияти иттилоотии ФР инҳоянд: Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният, Шӯрои амнияти Россия, Хадамоти федералии назорати техникӣ ва экспертӣ, Хадамоти федералии амнияти Россия, Хадамоти иктишофи берунии Россия, ВКД Россия, Вазорати мудофиаи Россия, Хадамоти федералии назорати алоқа, технолгияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавӣ (Роскомнадзор). Россия яке аз ташаббускорони аввалини таъмини амнияти иттилооти байналмилалӣ дар доираи СММ мебошад.
Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Халқии Хитой. Хитой яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон соли 2018 фарзияи муосири амнияти иттилоотиро пешниҳод намуд, ки он ба амнияти миллии Хитой равона шудааст.Соли 2007 таснифоти бисёрдараҷаи системаи ҳифз VLPS бозсозӣ карда шуд. Соли 2009 Хитой феҳристи маҳсулоти содиркунандаи рамзикунониро сохт. Соли 2014 Хитой Стратегияи нави амнияти иттилоотиро бозгӯӣ кард, ки барои соҳаи амнияти иттилоотӣ афзалияти калидии миллӣ ҳисобида мешавад. Соли 2015 Қонуни нави «Амнияти миллӣ» қабул гардид, ки тибқи он тамоми ширкатҳои хориҷӣ аз қайди миллии рақамӣ гузашта нисбати онҳо талаботҳои нав гузошта шуд. 7-ноябри соли 2017 Қонуни «Амнияти киберӣ» қабул гардид. Фазои Интернет дар Хитой зери назорати давлатӣ қарор дода шуд, ки созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ онро чун сензура маънидод намуданд, аммо Ҳукумати Хитой ин санадро ҳамчун ифодагари сиёсати ҳифзи манфиатҳои миллӣ номид. Барои тайёр кардани кадрҳои амнияти иттилоотӣ мутахассисонро дар Хитой ба 3- категория ҷудо менамоянд:
Категорияи якум-звенои олӣ аз 40-сола боло, ки бояд онҳо асосҳо ва консепсияҳои иттилоотӣ ва технологиро донанд;
Категорияи дуюм - звенои миёна, командирҳои қисмҳои ҳарбӣ аз 30 то 40 сола, ки бояд принсипҳои системаҳои иттилоотиро донанд;
Категория сеюм-афсарони кадрӣ то 30 сола, ки стратегия, шакл ва методҳои вазъияти бӯҳронӣ ва муқовимат намудан ба онро донанд.
Амнияти иттилоотии ИМА.«Стратегияи миллии таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои киберӣ» соли 2003 қабул гардид.Соли 2008 «Ташаббуси комплексии фазои киберӣ» қабул гардид, ки дар он хатти мудофиа омили асосӣ ҳисобида шуд. Дар ИМА ба хулосае омаданд, ки Интернети озоду анонимӣ ҳеҷ гоҳ бехатар шуда наметавонад.Барои айнияткунонӣ амалиёти зиёде гузаронидан лозим аст. Дар ИМА тамоми сохторҳои давлатӣ воҳидҳои махсуси амнияти иттилоотӣ доранд:
1.Гурӯҳи тайёрии ҳолаҳои фавқулода дар системаҳои иттилоотӣ;
2.Маркази ҳарбии амниятӣ ва дастгрии шабакахои глобалӣ;
3.Ангентии мудофиаи иттилоотии Вазорати мудофа;
4.Хадамоти маркази амнияти Агентии амнияти миллӣ;
5.Маркази миллии амнияти киберӣ.
Маҷмӯи қонунгузории ИМА дар самти амнияти иттилоотӣ аз инҳо иборат мебошанд: Қонунҳои ИМА «Дар бораи озодии иттилоот» (1967) «Дар бораи махфият» (1974) «Дар бораи хуқуқи моливии махфӣ», «Дар бораи суистифода ва қаллобии компютерӣ» (1987), « Дар бораи амнияти системаҳои компютерӣ», «Дар бора таъмини амнияти МЭҲ» (1984) ва «Дастурамали таъмини алоқа» таҳти № 6062. Ҳар сол аз буҷаи федералӣ то 38 миллиард маблағ барои таъмини амнияти иттилоотӣ ҷудо мегардад.
Амнияти иттилотии Британияи Кабир. Моҳи июли соли 1998 Қонун «Дар бораи ҳимояи иттилоот» дар асоси Дерективаи Иттиҳоди Аврупо қабул гардид. Соли 1984 Қонун «Дар бораи телекоммуникатсия, соли 1966 Қонун «Дар бораи ВАО», соли 1985 Қонун «Дар бораи гирифтани паёмакҳо аз воситахои электронӣ», қабул гардиданд, ки онҳо амнияти иттилоотии Британияи Кабирро ба танзим медароранд. Дар Британияи Кабир мақомоти Комиссариати ҳифзи иттилоотӣ чун агентии мустақил фаъолият менамояд. Дар Британияи Кабир Агентии интиллекти сунъӣ, Қушунҳои кайҳонӣ созмон дода шуда, барои ин лоиха 16,5 миллиард фунт стерлинг аз ҷониби хукумати Британияи кабир ҷудо гардид.
Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Федеративии Олмон. Соли1991 Хадамоти федералии технологияҳои итилоотӣ BSI таъсис ёфт, ки бо стандартҳои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо фаъолият мебарад. Дар Олмон Бюрои федералии ҳимояи конститутсия, Бюрои федералии амнияти иттилоотӣ-технологӣ, қонуни федералӣ «Дар бораи ҳимояи иттилоот» амал менамояд. Аз 1-уми апрели соли 2011 Маркази миллии амнияти киберӣ бо ҳамкории ВКД фаъолият мебарад, ки 10 ҳазор корманд дорад. «Стратегияи амнияти киберӣ» дар Олмон 23-феврали соли 2011 қабул гардид. Қонун «Дар бораи хизматрасонии электронии иттилоотӣ-коммуниакатсионӣ» соли 2007 қабул гардид. Қонун «Дар бораи пурзӯргардонни амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Федералии Олмон» 14-августи соли 2009 қабул гардид.(3.Здобникова С.А. Политика информационной безопасности ФРГ в международном контексте. Минск,2015.-92с.)
Амнияти иттилоотии Япония. Дар Япония соли 2013 100,7 миллион истифодабарандогони Интернет мавҷуд буд. Ҳанӯз соли 1960 Япония аз ҷомеаи технологӣ ба ҷомеаи иттилоотӣ гузашт, Соли 1999 Қонун «Дар бораи соҳаи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ» қабул гардид. Дар Япония системаи ғайримаъмулии сензураи давлатӣ мавҷуд аст.(8.Принципы и особенности информационной безопасности Японии. Электронный ресурс:wwwstudbooks.net. Дата обращения 15.03.2021).Ҳар сол китоби сафеди «Иттилоот ва коммуникатсия дар Япония» аз соли 2015 ин ҷониб дар бораи навигариҳои илму техника чоп мешавад. Дар баробари ВКД Бюрои стратегии глобалии иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаъолият мебарад. Қонун «Дар бораи ҳимояи иттилоот» аз 1-апрели соли 2005 амал менамояд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ қонунгузории маҳаллии амнияти иттилотии худро доранд. Соҳаҳои алоҳидаро Кодекси амнияти иттилоотӣ ба танзим медароранд. Дар Япония Маркази миллии инкишоф ва коркарди иттилоот фаъолият менамояд.10-июни соли 2013 «Стратегияи амнияти киберӣ» қабул гардид.
Хулоса, таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонии таъмини амнияти иттилоотӣ тақозо менамояд, ки давлатҳои ҷаҳон ба таври муштарак бояд бар зидди таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм,кибертерроризм, паҳншавии маводи нашъадор,киберҷиноятҳо,ҷангҳои иттилоотӣ муқовимат намоянд.

Асламов Б.С.,Рустамзода Р.Р.,Сатторзода А.С.

Адабиёт:
1.Брискин Д.Л.,Юфтайкина У.И. Проблемы информационной безопасности современных компьютерных сетей организации. Электронный ресурс:www.scnceforvm.ru. Дата обращения 15.03.2021.
2.Степанов О.А. Развитие информационно-электронных систем - как объект правового анализа в условиях нарастания кибертерроризма. Государство и право,2008.№8.
3.Черпанова В.Н. Проблемы обеспечения информационной безопасности. Электронный ресурс:www. Scence-education.ru.Дата обращения 15.03.2021.
4.Электронный ресурс:www. Belsec.com isforsale. Дата обращения 15.03.2021.
5.Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003.
6.Консепсияи сиёсати давлатии иттлоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2008.
7.Черпанова В.Н. Проблемы обеспечения информационной безопасности. Электронный ресурс:www. Scence-education.ru. Дата обращения 15.03.2021.
8.Электронный ресурс:www. Belsec.com isforsale. Дата обращения 15.03.2021.
9.Здобникова С.А. Политика информационной безопасности ФРГ в международном контексте. Минск,2015.-92с.
10.Принципы и особенности информационной безопасности Японии. Электронный ресурс:wwwstudbooks.net. Дата обращения 15.03.2021.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...