Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ – ИДИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

162723 феврали соли 2010 таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатъномаи ин созмони бонуфуз бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврӯз ба феҳрасти ёдгории ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шуд, ки дар он саҳми давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба вижа Сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.

Тибқи қатъномаи зикршуда Ассамблеяи СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эътироф намуда, ҷаҳду талоши ҳамаи он давлатҳоеро, ки дар онҳо иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати нигоҳ доштан ва рушду такомул додани оину фарҳанг ва анъанаҳои марбут ба таҷлили Наврӯзро қобили қабулу таваҷҷӯҳ дониста, ҳамзамон аз давлатҳои дигари аъзои Созмон даъват ба амал овард, ки дар бораи Наврӯз иттилои бештар мунташир намуда, дар сурати ба миён омадани зарурат бобати таҷлили он чораю тадбирҳо андешанд.
Зиёда аз он СММ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳо вобаста ба таҷлили иди Наврӯз дар давлатҳои аъзои Созмон ба муассисаҳои дахлдори худ аз ҷумла оиди масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), созмонҳои дигари байналмиллалӣ, инчунин давлатҳои манфиатдор пешниҳоди мушаххас намуда, муҳимияти ин ҷашнвораро зикр намудааст. Зеро рӯзи байналмиллалии Наврӯз эътироф гардидани 21 март дар равнақ ва ривоҷи муносибатҳои фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии миллатҳо, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамдигар, ваҳдат, сулҳу суббот ва созгории халқу миллатҳои гуногуни дунё сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккур нақши арзандаю муассир гузошта метавонад.
Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Наврӯз иди хеле қадимаи тоҷикон буда, таърихи он ба беш аз шаш ҳазорсол тӯл мекашад.
Дар ин муддати дарози таърихӣ ин иди бузурги аҷдодиамон дар радифи халқу миллатҳои ориёинажод, бахусус тоҷикон борҳо ба муқобилиятҳои мазҳабию аҷнабиёну бадхоҳон рубарӯ шуда, гирдобу ҳаводис ва таззодҳои мухталифи давру замонҳоро паси сар намуда, расман ба ҷашни байналмиллалӣ мубаддал гардид.
Ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ пазируфтани иди Наврӯз аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи фарҳангию таърихӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ доштани он шаҳодат дода, далели эътирофи тамаддуни ориёинажодон, аз ҷумла тоҷикон мебошад.

Хонкилдиев А.Б. – сардори кабинети кафедраи
тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...