Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суннатҳои фарҳангии Наврӯзи Аҷам

1620

Миёни тамоми идҳое, ки дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд, шояд куҳансолтарин ҷашн барои одамизод Наврӯзи хуҷастапайи миллати олитабори мо бошад. Воқеан, агар ба таърихи ҷашну идҳо назар афканем, мебинем, ки аксари ин идҳоро одамон бо судури фармоне баровардаву расм кардаанд, аммо Наврӯз ҷашни қадимтарин барои мардум аст ва он маҳз аз табиат бардошта шудааст, яъне ҳамин рӯз аст, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин ҷашнест, ки мо хоҳем нахоҳем ва агар дигарон онро дар зоҳир қабул надоранд ҳам, табиат онро қабул мекунад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳном»"-и безаволи хеш Наврӯзро қадимтарин мешуморад ва пайдоиши онро ба айёми салтанати Ҷамшед мансуб медонад.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин…

Ҷашни Наврӯзи Аҷам мисли дигар дастовардҳои ёдгораҳои миллати мо дар масири таърих борҳо дучори таъқибу таадии аҷнабиён қарор гирифта, пайкари сабзи баҳориаш борҳо маҳбусу хуншор шудааст, ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар намуд ва то ба замони мо омада расидааст. Аз таърихи ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо маълумотҳои зиёде зикр гаштаанд, ки маълумотҳои бештару аниқтарро мо метавонем аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар адибони барҷаста дарёфт, ки Ҷамшедро бунёдгузори Наврӯз номидаанд. Нахуст бо вуруди Ислом ин ҷашн мамнуъ эълон шуд, зеро аркони он аз ҷанбаҳои парастиши оташу гиромӣ доштани аркони дини Зардушт саршор буд. Аммо миллати соҳибфарҳанги мо дар баробари дигар дастовардҳои фарҳангии хеш Наврӯзро низ тавонист аз чанголи бераҳми тақдир берун орад. Яъне, дурандешӣ ва заковати баланди аҷдодони мо буд, ки як ҷашни азалӣ ва аҷдодии хешро дар дохили дин аз нав эҳё карданд ва ин ҷашн дар давлатҳои дигар низ роҳ ёфта шуҳратёр гардид. Наврӯз пораи фарҳанги тоҷикон аст, аз ин рӯ мардуми тоҷик дар ҳама давру замони душвор ва пур аз офатҳо аз таҷлили ҷашни зебои ниёгонамон-Наврӯзи оламафрӯз даст накашид, балки кушиши побарҷо мондани расму ойинҳо ва суннатҳои деринаи Наврӯз мекарданд. Ҷашни Наврӯз дар замони салтанати Сомониён ба анъанаи неке табдил ёфт. Мардуми диёрамон аз таърихи ҷашни Наврӯз хуб огаҳанд ва онро чун як иди файзоваранда ва мероси қиматбаҳои гузаштагон азиз мешуморанд. Ҳар гоҳ, ки мо ёди Наврӯз мекунем, орзӯҳои нахустини таърихи ниёгонамонро беихтиёр ба хотир меорем. Ин ҳамон паёмест, ки тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдоди деринсоли моро то ба имрӯз танида, пуле байни ҳаёти муосиру гузаштаи дури мо сохта, тавассути он бо фарҳанги волою маънавиёти пурғановати таърихи тамаддунамон ошноӣ пайдо мекунем ва бо ҷашни Наврӯзи фархундапай суннати деринаи худро таҷлил менамоем.
Ойину суннатҳои Наврӯзӣ ҳамсони Наврӯз таърихи куҳан доранд. Яке аз чунин ойинҳо гулгардонист.
Гулгардонӣ суннати фарҳангӣ аст ва таърихи хело қадима дорад, дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз замонҳои қадим бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос мегузашт. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдузиро аз ҳадяҳои наврӯзӣ пур мекарданд. Он рӯз рӯзи шодмонии тамоми мардум буд. Калонсолон бо меҳру ихлос гули наврӯзиро бӯсида ба рӯю абрӯ мемолиданд ва гуфтае низ маъмул буд «Сад шукри Офаридгор, ки ба баҳори нав расидем» . Ин ихлосмандиҳо то ба ҳанӯз идома дорад, зеро мардум эътиқод бар он мекунанд, ки ҳар кӣ рӯзи соли нав бардаму солиму хурсанд аст, то соли дигар чунин хоҳад монд.
Байни ҷавонон «Гулгардонӣ» ранги дигар дошт. Онҳо гуруҳ-гуруҳ шуда ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Ё дар ҷойи муайяне аз маҳаллаву деҳи худ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсояи хешро қабул мекарданд. Рӯё рӯйи ҳам менишастанду чанд тан аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Аввалан шеърҳо дар васфи Наврӯз ва баҳор хонда мешуданд, таронаҳои наврӯзӣ, ки асосан дар айёми Наврӯз суруда мешуданд ва ғояи асосии рубоиву таронаҳои Наврӯзӣ ин муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад, сароида мешуданд, инчунин байни гуруҳҳо байтбарак, яъне дар ҳама боб ҳунар меварзиданд. Сурудҳои халқӣ аз қабили инҳо хонда мешуданд:
Навруз расиду шоду хуррам гаштем.
Аз рафтани дай чумла беғам гаштем.
Дидему шунидем сад мехнату ғам,
Охир ба гули бахор хамдам гаштем.
                             ххх
Рузи Навруз асту булбул дар чаман,
Аз фироки баргу гул гуяд сухан.
Ҳар сахар мо ёди ёрон мекунем,
Синамон сад чок аст бахри Ватан.
Хулоса, агар мизбонон базмро мебохтанд, гуспандеро кушта меҳмононро зиёфат медоданд ва агар баракс, мизбонон саллаву ҷомаи меҳмононро моли худ мекарданд.
Ойини дигари Наврӯз ин хонабуророн аст, ки мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯзи фархундапай тамоми лавозимоти манзилашонро, курпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда офтоб дода метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда хушбуй мекунанд, дар хона ягон чизи ношушта намемонанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву бахту иқболи нав аст.
Чаҳоршанбесурӣ яке аз ойинҳои қадимаи Наврӯз ба ҳисоб меравад. Чоршанбеи охирони сол дар чорраҳае алов афрухта мешавад ва хурду калон аз болои алов меҷаҳанд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз ту, сурхию хурамии ту аз ман.Онҳо ба ин амал эътиқод доштанд ва бовар мекарданд, ки то соли дигар тансиҳату солим хоҳанд монд.Падидаи дигари чаҳидан аз болои оташ дар кам шудани гуноҳҳои хеш медиданд.
Адади ҳафт низ дар ойинҳои наврӯзӣ аз қадим ҷой дорад, ибтидо «Ҳафт шин» буд. Ҳафт шин- яъне, шаҳд, шир, шакар, шароб, шамъ, шамшод, шона. Ин ҳафт чизе, ки дастархони наврӯзиро зиннат медод, рамзҳои ҳаётанд. Амсоли- шамъ- рамзи ғалабаи некӣ бар бадӣ, шир- сафедии сари соли нав, покӣ, тамоми сол сафедбахт будан. Оғози хӯрок субҳи Наврӯз аз нӯшидани шир шуруъ мешуд. Шаҳду шакар- рамзи ширинии ҳаёт, шароб-рамзи бахту саодат, табъи болидаи хонадон, шамшоду шона-рамзи сарсабзӣ, умри бобаракат дониста мешуданд.
Ҳафт син- сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак, самак(моҳӣ). Дар суфраи Наврӯзӣ як косаи пуроб, ки дар он барги сабзе дар шино бошад ва гулоб мегузоштанд. Сабзаи суманакро низ болои хон мениҳоданд, ки он низ рамзе буд. Дар хони Наврӯзӣ ба ғайр аз «Ҳафт син» якчанд тухми рангкардаи мурғ, шамъ, як фурқон ва моҳӣ мегузоштанд. Яке аз рамзҳои машҳуру бостонии Наврӯз Суманак мебошад. Суманак навъе аз хуриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад, ки сабза худ рамзи сарсабзӣ, ҳаёти хуррам, эҳёи табиат мебошад. Пухтани суманак ба дилҳо сурур мебахшад. Субҳ, вақте ки суманак тайёр мещуд, мардумро даъват мекарданд, мардум хурсанди мекарданд, духтарон ҳойпарӣ ва бачаҳо гуштингирӣ мекарданд. Суруди машҳури суманакро мардум даври деги ҷушидаистодаи суманак мехонданд, ки чунин аст:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.

Суманак бӯйи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст.
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак…
Расми дигари Наврӯзи Аҷам ин ҷуфтбаророн аст, ки дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар Бадахшон то ҳол то фарорасии Ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мегардад. Ин маросими неки Наврӯзӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Деҳқонон таҳти роҳбарии деҳқони ботаҷриба дар хонае ҷамъ меоянд ва як навъ хӯроки миллӣ омода мекунанд (дар Бадахшон боҷ мегуянд, ки аз каллаву почаи гусфанд бо гандуми нимкуфта ва боқило пухта мешавад), пас аз Қуръони шариф сураҳо тиловат мекунанд ва ба ҳақи арвоҳи гузаштагон дуо мебахшанд. Сипас ба сари замин рафта бобои деҳқони солхурда ба шохҳои барзаговҳо равған мемолад, ба сари барзаговҳо орд мепошанд, ки равғану орд рамзи сериву пури, фаровонии ҳосил дониста мешавад. Муйсафеде бо нияти фаровонҳосилӣ донаи умед ба замин мепошад. Аз ҳамин рӯз кори бобои деҳқон оғоз мешавад.
Маъракаҳои Наврӯзӣ дар ҷойҳои муайян гузаронида мешуданд. Одамон дар базмгоҳ ҷамъ мешуданд, хӯрокҳои болаззат мепухтанд, шоирон шеър мегуфтанду қиссахонон қисса. Дар гӯшае паҳлавонон гуштин мегирифтанд, ҷойи дигар ҷавгонбозӣ мекарданд…..
Яке аз ойинҳои муҳими Наврӯз ин ободонӣ ва тозагист. Тозагиву ободонӣ дар ҳамаи хонаводаҳо оғоз мегардад. То рӯзи ҷашни Наврӯз ҳама ҷо ободу зебо мешуд.
Суннати дигари Наврӯзӣ, ки ҳанӯз аз рӯзгори пешиниён вуҷуд дошт, ин маросими «Дарахти Наврӯз» буд. Мардум пеш аз он ки ба наврӯзгоҳ биёянд белу каланд гирифта ниҳол мешинонданд ва ин маросим чанд рӯз идома меёфт. Имрӯз низ ин анъана идома дорад. Аз мутолиаи сарчашмаҳо оид ба Наврӯзи Аҷам бармеояд, ки дар ҷашни Наврӯз аз суннатҳои марбути он ранги сафед дар ҷойи аввал меистодаст. Мардуми мо дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покӣ, сулу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кору покӣ шуморида, дар интихоби ғизо, ашёҳои хона, либос ба ранги сафед афзалият медоданд. Кушиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар ин ранг дар Наврӯз ба назар расад ва онро фоли нек медонистанд. Шоҳони сосони субҳи рӯзи Наврӯз бози сафедро ба ҳаво сар медоданд ва субҳи Наврӯзро бо нушидани шир оғоз мебахшиданд. Ранги сафед то ба имрӯз яке аз муҳимтарин ранҳои рамзноки ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Дар Бадахшон субҳи Наврӯз ҳатман ширбиринҷ, ширравған, ширбат омода мешавад ва онро дар табақҳо гирифта ба наврӯзгоҳ мерафтанд ва бо ҳам тановул мекарданд. Дар вақти ба хонаи ҳамдигар омадан дар Бадахшон соҳибхоназан дар сар рӯймоли сафед мебандад ва дар китфи меҳмон бо дасти рост орд мепошад. Орд сафеди аст ва рамзи осоиштагиву хушбахтӣ дониста мешавад.
Бозиҳои варзишии суннатӣ як бахши ҷашни мубораки Наврӯзро ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Гуштингирӣ маъмултарин мусобиқаи варзишии Наврӯзӣ ба шумор меравад, ки дар ҳамаи минтақаҳои кишвари мо ба назар мерасанд. Дар деҳахо бозиҳои тухмҷанг, хурусҷанг, кабкҷанг, дастхобкунӣ ва дигар намуди бозиҳои наврӯзӣ, ки таърихи тулонӣ доранд ҷашни Наврӯзро шукуҳи тоза мебахшанд. Бузкашӣ низ як навъи варзиши қадима буда, дар айёми Наврӯз барпо мегардад. Дар ин мусобиқаи халқӣ асосан ҷавонон бошавқу завқи том ширкат мекунанд. Дар бобби Наврӯз он қадар қиссаву ҳикоя ва саргузаштҳои ибратомӯз аз ниёгон боқӣ мондаанд, ки ҷилд-ҷилд китоб мешаванд. Омӯзондани таърихи Наврӯзи Аҷам дар заминаи осори ниёгон ва ойину суннатҳои наврӯзӣ танҳо ба манфиати кор хоҳад буд, зеро Наврӯз ва суннатҳои деринаи он фарогири ҳисси ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ, ҷавонмарди, маърифатнокӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба осори пурғановати ниёгон, ба расму ойини миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. Хулоса, ҷашни Наврӯз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштани он ва таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон, ба баҳори нав, баҳри ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёниямон ҳаст, бо қадамҳои устувору бунёдкор, бо азму иродаи нав, қадам ниҳода, дар гул-гулшукуфии кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бошад, ки Наврӯзи дилафрӯз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдеро ато кунад.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.
Наврӯзатон фирӯз бод!.

Давлатшозода Азиза
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...