Масоили мубрами амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои рафъи он: назари глобалӣ ва миллӣ
Мақола ба «20-солаи омӯзиши фанхои табиӣ, дақик ва риёзӣ» бахшида мешавад.
Рӯз аз рӯз бо такмил ва рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ хатари киберҷиноятҳо, ҷангҳои иттилоотӣ ва омехта (гибридӣ), ҷангҳои психологӣ нисбати давлатҳои мустақил авҷ мегирад. То ҳол масъалаи амнияти итилоотии глобалӣ роҳи ҳалли қонунгузории байналмилалии худро дарёфт накардааст ва ҳар як давлат бо ҳадафҳои геополитикии худ технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионро истифода менамояд. Илова бар ин хатари киберҷиноятҳо сол то сол меафзояд.
Якчанд масоили мубрами амнияти итилоотӣ ва роҳҳои рафъи онро дида мебароем, ки аз назари глобалӣ ва миллӣ ки аз аҳамият холӣ нест:
1.Таҳавуллоти бошитоби тамаъҷӯии криптовалюта (нархи 1 биткоин аз 50 ҳазор доллари америкоӣ боло рафтааст). Мутаасифона 20% -и ширкатҳои бузург имкони барқарорсозии ин амалро надоранд, чунки нусхаҳои захиравӣ надоранд. барои ҳамин ширкатҳо маҷбур мешаванд, ки маблағҳои гаронро ба тамаъҷӯён супоранд.
2.Экспансияи Ақли Сунъӣ (АС) барои хифз аз хамлаҳо. Ширкати Statista исифодаи АС то соли 2025 кор карда баромадааст.Маблағгузории умимиаш-48,5 миллиард доллари америкоӣ мебошад.
3.Таҳдидҳо барои ашёи Интернет. Дар истифода ҳоло смартфон, планшет, компютер, ноутбук, телевизори смарт, ҳатто яхдону чойник ва ғайра мавҷуд аст, ки ба Интернет пайваст аст, ки системаи истифодаи инфиродӣ доранд ва метавонад бо ҳамлаҳо аз кор бароянд.
4.Биткоин ва инқилоби блокчейн. Блокчейн ин сабти гайримутамарказ ва ҳифзшавандаи амалиётҳои иттилоотӣ (транзакстия) мебошад, ки дар технологияҳои иттилоотӣ истифода мегардад.
5.Осебпазирии иловахои бе серверӣ. Серверхо хубтар аст, назар ба иловаҳои бесерверӣ, чунки серверҳо маълумотро ҳифз намуда метавонанд.
6.Истифодаи Интернет барои паҳн намудан ва фурӯши ғайриқонунии тамоси маҷозии маводи нашъадор. Ҷинояткории мухаддироти муосир бо афзоиши далелхои ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, ки бо истифодаи шабакаи Интернет содир мешаванд, ки онро фурӯши тамоси маҷозӣ ҳам мегӯянд, тасниф карда мешавад. Сабабҳои шавқи баланди ҷиноткории мухаддиротӣ ба киберфазои Интернет маълум аст: дар ин муҳит шароити махсус на нафақат барои таъмини пинҳонии робитаи таъминкунандагон ва истеъмолкунандагони воситаҳои нашъадор муҳаё карда шудааст, балки вазифаҳои криминалии бисёрҳаҷм мунтазам ҳал карда мешавад, ба монанди ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷиноятии трансмиллӣ ва самаранок амалигардонии «қонунигардонии маблағ». Дар аксарияти ҳолатҳо ҷинояткорон ба сифати шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникационӣ, ки ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадорро осон мекунад, шабакаи Интернетро истифода мебаранд, ки он шабакаи компютерии якҷояшуда буда, барои ирсоли маълумот бо кумаки захираҳои иттилоотӣ-ҳисобарорӣ имконият медиҳад. Ғайр аз он, ки сомонаҳои бегона ё дастрасро барои даромадан ба шабакаи Интернет истифода мебаранд (ҳоло шабакаҳои ройгон инкишоф ёфтанд, ки онҳо дар Интернет-каҳвахонаҳо, муассисаҳои фароғатӣ ва ғайра ҷойгир мебошанд), инчунин воситаҳои махсус истифода мешаванд. Барои ирсол кардан ва ҳаммонанд кардани сомонаҳо қоидаҳои умумии кори таҷҳизотҳо дар шабакаи Интернет истифода мешаванд. Ҳар як сомона суроғаи худро дорад, ки он барои ёфтани сомона имконият медиҳад. Ҳамзамон ишораи ҳарфии сомонаҳо, ки номҳои доменӣ доранд, истифода мешаванд. Дар аксарияти ҳолатҳо дар Интернет ба як сомона як номи доменӣ мувофиқат мекунад. Маҳз бо номҳои доменӣ сомонаҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ ҳаммонанд карда мешаванд. Ба ҳар як номи домении сомона IP- суроғаи таҷҳизот, ки дар он сомонаи нишондодашуда ҷойгир мебошад, мувофиқат мекунад. Ҳамзамон мавҷудияти соҳибихтиёрии номҳои доменӣ мумкин аст. Агар маълумотҳо дар бораи соҳиби номи доменӣ бошанд ва мувофиқатии номи доменӣ бо IP- суроға муаяйн шуда бошад, дар ҳолати зарурӣ маълумотҳои мухтасарро дар бораи шахсон, ки маълумотро ба шабакаи Интернет ҷой карданд, гирифтан мумкин аст. Бо исифодаи проксисерверҳо ҷинояткорнон худро пинҳон медоранд, аммо технолгияи проксисерверҳо ҳам зуд кухна мешавад ва иконияти дарёфти IP- суроға имконпазир мегардад. Ин ба харидории IT ҷадид ва истифодаи самараноки он аз ҳисоби мутахассисон вобастагӣ дорад. Ҳоло соҳаи IT сердаромадтарин маҳсуб меёбад.
Хатарҳое ҷадиде, ки дар оянда интизоранд:
1.Фосилагирӣ, мавҷудияти шабакаи корпоративӣ, аз ҷумла алоқаи мобилии коорпоративӣ. Барои гирифтани маълумот барои киберҷинояткорон шароити мусоид фарохам меорад.
2.Ихроҷи маълумотҳо. Ихроҷ аз маълумоти IBM Security барои ширкатҳо то 3,86 миллион доллари америкоӣ мебошад. Киберҷинояткорон тавссути маълумотҳои кормандони шабакахои корпоративӣ дуздӣ ба амал меоранд.
3.Ҳамлаҳои 5-G-шабакавӣ, гарчанде ба ИДМ чандон хос нест, аммо барои алоқаи мобилии 5-G хатар эҷод менамояд.
4.Истифодаи Акли Сунъӣ (АС) аз ҷониби киберҷинояткорон.Онҳо фаълона асосан аз система ва барномаҳои куҳнашудаи дорандагони IT истифода мебаранд, ки хеле хафнок аст, гарчанде ин баҳсонок буда, то ҳоло ҳам аз системаи амалиёти куҳнашудаи Windows XP, ки азнавсозии техникии он 8-апрели соли 2014 катъ гардида буд, истифода мебарнад. Аммо ин ба ширкатҳои бузург хос нест ва аксари онҳо ба системаи амалиёти Windows-10 гузаштаанд.Мувофики маълумоти ширкати таҳлилии NetMarketShare он ба 57,83% компютерҳои ҷаҳон васл гардидааст. Ҷои дуюмро Windows-7 мегирад, ки ба 24,28%,ҷои сеюм Windows-8.1, ки ба 3,06% компютерҳои ҷаҳон ба он васл гардидаанд. Windows-7 аз июли соли 2009 анавсозӣ намегардад, аммо то ҳол аз он истифода менамоянд.
Асламов Б.С.,Рустамова З.Р.
Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», аз 19.03.2019,таҳти №961.
2. Пять проблем и тенденций информационной безопасности: чего ожидать в 2018 году. Электронный ресурс:GlobalSign_admin,2018.www.habr.com.Дата обращения 10.03.2021.
3. Проблема информационной безопасности. Принципы информационной безопасности. Электронный ресурс: www.Starwood.ru. Дата обращения 10.03.2021.
4. Ляпидов К.В. Информационная безопасность: понятие, задачи и актуальные проблемы. Электронный ресурс: www.Lyapidov.ru. Дата обращения 10.03.2021.
5. Информационная безопасность в 2021 году. Угрозы, отраслевые тренды. Электронный ресурс: Блог ITGLOBAL.COM. Дата обращения 10.03.2021.
6. Кибербезопасность в 2021 году: делать больше меньшими средствами. Электронный ресурс: www.Kaspersky.ru. Дата обращения 10.03.2021.
7. Бикеева Е.С. Первоначальные следственные действия при расследования незаконного оборота наркотиков через глобальный сети Интернет. Электронный ресурс: www.dspact.susu.ru. Дата обращения 11.03.2021.
8. Названа самая популярная операционная система.//Российская газета,04.06.2020. Электронный ресурс: www.rg.ru. Дата обращения 11.03.2021.