Тарбия кафили таълим
Тарбия масъалаест, ки солиёни зиёд диққати хоссу омро ба худ ҷалб карда, дар замони кунунӣ ҳам мубрами рӯз аст ва қонуни саривақтист. Тарбия мояи таълим аст, лекин то қабул шудани қонун таълим пеш мерафт, вале тарбия ақиб монд, зеро бар дӯши кӣ будани он номаълум буда, муаллақ мемонд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010 қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълииму тарбияи фарзанд» қабул намуд. Барои таҳлилу муҳокимаи ҳамаҷониба ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Аз 15 июни соли 2011 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои давлатии шаҳраку деҳот дар амал онро татбиқ кард. Қонуни мазкур аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, дар он масъалаҳои ба таълиму тарбия бахшида ҳамаҷониба ҳаллу фасл гардидаанд.
Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ аз пайи иҷрои талаботҳои қонуни мазкур буда, ҳайати профессорону омӯзгорон ва маъмурияти муассиса қонуни зикргардидаро шиори кори худ сохта, аз рӯи он амал мекунанд. Дар ин муассисаи таълимӣ бо мақсади ҳар чи беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва амалӣ кардани мафҳумҳои дар боло қайдшуда «Рӯзҳои падару модар» ташкил карда шуда, роҳбарият ва омӯзгорони Коллеҷ бо падару модар ва шахсони дигаре, ки масъули тарбия гардидаанд, вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо меороянд ва ин ҳам бошад, ба фоидаи кор аст.
Хусусан, боби 1, муқаррароти умумӣ номгузорӣ шуда, моддаҳои 1,2,3,4,5-ро дар бар гирифта, моддаи 1, мафҳумҳои муносибатҳое, ки Қонуни мазкурро танзим менамояд, моддаи 2, доираи амали қонуни мазкур, моддаи 3, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, моддаи 4, мафҳумҳои асосӣ, моддаи 5, вазифаи падару модар , омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд мансуби ин боб ба ҳисоб мераванд. Зимнан бояд қайд кард, ки қонуни мазкур, дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат буда, масъулияти падару модар ва шахсоне, ки аз ҷониби муқаррароти мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро иваз мекунанд, ба танзим медароранд. Конуни мазкур нибат ба ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз нажод, асл ва маҳалли зисти онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, баробар амал мекунад.
Дар рушду такомули ҳамаҷонибаи кӯдак саҳми падару модар, мактаб, ҷомеа, марказҳои фарҳангӣ назаррас аст. Танҳо онҳо метавонанд, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани ниёгону арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Ногуфта намонад, ки дар ин муассиса мувофиқи нақша- чорбиниҳои асосии он ҳайати профессорону омӯзгорон курсантонро дар давоми ҳафта ба марказҳои фарҳангӣ, барномаҳои консертӣ, ҷойҳои таърихӣ бо мақсади васеъ шудани доираи ҷаҳонбинии онҳо, бурда мешаванд.
Боби 2 дар моддаи 7 «Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ном гирифта, мафҳумҳои падару модар барои ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиати фарзанд, интихоби усули таълим ва назорат аз болои сифати таълим ишора мешавад.
Дар моддаи 8-и қонун «Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд гуфта шудааст, ки падару модар уҳдадоранд, ба фарзанд номи нек монанд, дар қайди давлатии асноди шаҳрвандӣ сабт кунанд, барои рушди кӯдак шароит фароҳам оваранд, дар рӯҳияи башарӣ тарбия намоянд, муомилаи нек новобаста аз синну сол кунанд, бесаробон кӯдаки шашсоларо ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯча, тамошои филмҳои ба ахлоқи кӯдак зарароварро, дар мактабҳои ғайррасмии диннӣ таҳсил карданро иҷозат надиҳанд. Чи хеле ки қайд гардид, падару модар масъуланд, ки номгузории фарзанд, дар қайд мондан уҳдадоранд, зинаи аввали тарбияро мустаҳкам доранд ба мафҳумҳои мазкуре, ки қобили қабул нестанд, иҷозат надиҳанд. Дар бораи масъалаи ба кучабароӣ, ки дар муассисаи мо асосист, гуфтаниям, ки курсантони ин даргоҳ бештар аз ноҳияҳои дурдастанд. Бинобар ин ба кӯчабароӣ танҳо ба воситаи аризаи падару модар ва курсантон ва дигар кормандон, хусусан барои духтарон, бо ариза ба роҳ мононда мешавад.
Дар моддаи -15 -и боби 5 «Ҷавобгарии падару модар ва омӯзгор дар таълиму тарбияи фарзанд ба тасвиб расидааст, ки падару модар дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳошон , новобаста аз он, ки ҷудоянд ё якҷо дар назди қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Омӯзгорон низ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълиму тарбияи кӯдак, ки дар моддаи 12, банди охирон қайд гардидааст, дар тарбия ӯҳдадор ва баробар падару модар ҷавобгар аст.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки таълиму тарбия, тозагӣ ва рафтори курсантон дар Коллеҷ хуб ба роҳ монда шудаанд ва фармонҳои роҳбаронро сари вақт иҷро менамоянд. Натиҷаи давомотҳои курсантон нишон медиҳанд, ки қобилияти зеҳнӣ ва азхудкунии машғулиятҳо нисбат ба рӯзҳои аввали таҳсил беҳтар шуда истодааст. Яке аз сабабҳои беҳтар шудани азхудкунии машғулиятҳо ин сӯҳбатгузаронӣ бо муаллимон, назорати гузаронидани машғулиятҳо ва ҳавасмандкунии курсантон бо рухсатии кӯтоҳмуддат мебошад. Омаду рафти омӯзгорон ба машғулиятҳо, бо худ доштани конспектҳо, тарзи дарсгузаронӣ ва пур кардани журналҳо бошанд, дар рӯзҳои аввали таҳсил дуруст ба роҳ монда шуда, омода кардани нақша–конспектҳо ва сари вақт ба машғулиятҳо ҳозир шудани омӯзгорон дар мадди қарор гирифтааст.
Ба шарофати ин қонун шахсони масъули тарбия маълум гардида, шахсоне ки онҳоро иваз мекунанд, дар сурати иҷро накардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ, тибқи талаботи боби 5 қонунгузории мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия» қонунест, ки хусусияти миллӣ дошта, ба беҳдошти имрӯзу ояндаи ҳаёти иҷтимоию сиёсии миллат нигаронида шудааст. Дар ин росто волидайн, тамоми сохторҳои давлатӣ, дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тавассути он муваззаф гардиданд, ки ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут намонанд, дастҷамъона дар устуворӣ, пойдорӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.
Чӣ хеле, ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, қонун аз ҷониби падару модарон бо ҷиҳатҳои хоссаи худ хеле амиқ дарк гардидааст, зеро тарбия нуқтаи интиҳо надошта, муттасилан рӯҳ ба тарбия ниёз дорад. Гуфтаҳои Паёмбари ислом «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» ва панди бузургон «Биомӯзем, то биомӯзонем» шоҳиди гуфтаҳои болоянд. Саҳми ҷомеа дар ташаккули шахсияти насли наврас басо босазост. Танҳо дастҷамъӣ , ҷаҳду кӯшиш, талоши бетаъхир метавонад, дарахти мақсудро пурбор гардонад, ҷомеаи воқеан солимро бунёд созад. Пешрафти бемайлони илму техника, арафаи ҷаҳонишавии ҷомеа, фазои иттилоотӣ сабаби косташавии ахлоқ, гум шудани бархе аз фарҳангу расму русумҳои аҷдодиамон бетаъсир намемонад. Пас, мо-омузгорон, падару модарон ва дигар шахсони дар кори таълиму тарбияро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар рӯ ба пандҳои бузургони натиҷаҳои судманддорро мавриди мутолиа қарор дода, ба насли наврас низ таълим бидиҳем. Сухани «Халқе, ки гузаштаи худ намеомӯзад, ояндаи худро сохта наметавонад» низ, аз аҳамият холӣ нест.
Бале, маншаъи тарбия ин хонавода буда, дар он ҷо тавлид меёбад, обу тоб меёбад, роҳандозӣ карда мешавад. Нахустмакони пайдоиши тарбия ин худ канори модар буда , баъд аз он низ модар мақоми асосӣ дорад, бинобар ин аз модари бомаърифат фарзанди солим нигарон шуданро шояд.
Сардори кафедраи муҳандисӣ- техникии
МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»
майори хизмати дохилӣ Ҳусноро Тураева
Муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори
МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»
лейтенанти калони хизмати дохилӣ Ҳусайнов Фирдавс