Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ дар масоили амниятӣ

537Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26-январи соли 2021.

Бо даст овардани соҳибихтёрии давлатҳои Осиёи Марказӣ Россия дар масоили амниятӣ бо ин кишварҳо ҳамкориҳои гусурдаро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хоса дошта, чун шарики асосии стратегӣ эътироф шудааст. Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро оғоз кард. Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Ҷанбаъҳои ҳамкории иқтисодии байни Точикистону Россия пеш аз хама дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян мегарданд. Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад.Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб, ки ба иқтисодиёти ҳарду кишвар таъсиргузор аст, маблағгузории сармоягузории Россия ба соҳаҳои иқтисодии кишвар – энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, соҳаҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, соҳаи технологияҳои баланд, кишварзӣ ва ғ. мебошад. Бояд қайд кард, ки тайи чанд соли охир сармоягузории бевоситаи Россия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн.дол. ШМА-ро ташкил дод.Ширкати «Газпромнефт» ба Тоҷикистон зиёда аз 40 млн. дол.ШМА маблағгузорӣ намуда, имрӯз тақрибан 60% ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтиро таҳвил медиҳад. Лоиҳаи бузургтарини сармоягузорӣ истгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» ба ҳисоб меравад, ки соли 2008 пурра ба истифода дода шуд. Тибқи қарордодҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром», ҷонибҳо корҳои иктишофии геологиро дар мавзеъҳои нафту гази кишвар амалӣ карда истодаанд. Миёни мақомоти сиёсии хориҷии ду ҷониб муносибатҳои судманди боварибахш ба роҳ монда шудаанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар (1997, 1999, 2004, 2005, 2008) анъанавӣ гардидаанд. Бо итминон собит намудан мумкин аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд. Русияву Чин ахиран созишномаеро ба имзо расонданд, ки барномаҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, таҳти раҳбарии Россия ва барномаи Камарбанди қитисодии Роҳи абрешими Чинро ҳамоҳанг мекунад. Ин созиш дар пайи сафари Ван И, вазири умури хориҷии Чин, ба Маскав ҳосил шуд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, санадҳои имзошуда ба ҷуз баёни ҳусни тафоҳум ва нидоҳои деклоративӣ қуввате бештаре надоранд ва бархӯрди манфиатҳои Россияву Чин дар минтақаи Осиёи Миёна ҳамоно барҷаста боқӣ мемонад. Юрий Крупнов - роҳбари Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография ва рушди минтақавии Россия иброз медорад, ки ин ду барнома бо назардошти манфиатҳои геополитикии ҳар ду кишвар ҷудо аз ҳам таҳия шудаанд ва агар онҳо ҳамоҳанг нашаванд, сар ба сар задани Чину Россия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест. Крупнов мегӯяд, лоиҳае, ки Чин дар доираи барномааш – "Камарбанди иқтисодии Роҳи нави абрешим" амалӣ карданист, манфиатҳои Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва Россияро ба инобат намегирад. Ӯ афзуд, Чин кишварҳои минтақаро танҳо ба хотири сарватҳои зеризаминиаш истифода карданист ва роҳҳои нави оҳан ва автомобилгардро низ танҳо барои интиқоли ин сарватҳо ба Чин бунёд мекунад.Крупнов, ки солҳо боз дар мавриди ҷалби сармояҳои Россия барои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ҳарф мезад, мегӯяд, Россия дигар мисли Чин қудрати сармоягузорӣ ба кишварҳои ин минтақаро надорад. Аз ин рӯ, талош мекунад, барномаҳояшро бо Чин ҳамоҳанг созад, то манфиатҳои стратегиашро дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи миёна аз даст надиҳад.Ин коршиноси рус афзуд, нуфузталабии Чин дар минтақа се манфиати асосии Россияро зери хавф мекунад: "Нахуст Чин бозори ояндадори Россия дар Осиёи Миёнаро аз худ мекунад. Дувум, афзоиш ёфтани сармояҳои Чин ба Осиёи Миёна мувозинати кишварҳои минтақаро ба самти Чин тоб медиҳад ва дар натиҷа нуфузи Маскав аз ин зарар мебинад. Севум, лоиҳаҳои Чин ба истифодаи худхоҳонаи боигариҳои Тоҷикистон равона шудааст, ки кишвар дар натиҷа аз он фоида намебинад."Юрий Крупнов афзуд, сари боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон рақобати шадид вуҷуд дорад ва сарозер шудани сармояҳои Чин имконияти Россияро аз истифодаи ин захираҳо маҳдуд мекунад.Дар шароити рукуди иқтисодӣ дар пайи таҳримҳои Ғарб, Россия густариши рӯзафзуни нуфузи Чинро дар Осиёи Миёна бо сахтӣ таҳаммул мекунад. Дар ҳоле ки Чин торафт ба хазинаи пули дунё табдил мешавад. Дар ҳоле ки Чин бо ҳеч қудрати ҷаҳонӣ дар ҳоли низоъ қарор надорад, дар ҳоле ки Россия фарсахҳо аз Осиёи Марказӣ дур аст, Чин бо се давлати минтақа сарҳади муштарак дорад. Дар шароити феълӣ Чин ягона давлатест, ки ниёзҳои Тоҷикистонро ба сармоягузорӣ бароварда месозад. Таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба ҳеч як аз ин ду барнома бартарӣ надиҳад. Баръакс, сабқати ин ду давлатро ба манфиати худ истифода кунад. ". Россия ҳамакнун ба Чин рӯ овардааст ва аз ин рӯ, сармоягузориҳои Чин дар Осиёи Миёна хашмашро ба бор намеорад, чунки худаш ба ин сармояҳо ниёз дорад. Масалан, тарҳи поезди баландсуръати Маскав-Қазонро Россия бо пули Чин сохтанист," - мегӯяд Абдуғанӣ Маҳмадазимов - роҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон.
Дар шароити кунунӣ Пекин ба ҳузури низомии Россия дар Тоҷикистон ва Маскав саҳми Чин дар иқтисодиёти Тоҷикистон розӣ аст.Ҳарчанд то ба ҳол гардиши аз ҳама бештари молро Тоҷикистон бо Россия дорад, аммо Чин яке аз бузургтарин кишвари сармоягузори Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон ҷаласаҳои Шӯроҳои вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиа, Кумитаи котибони Шӯрои амният, Кумитаи ҳарбии созмон гузаронида шуд. Дар инҷо ҳамчунин ҷаласаҳои кории гурӯҳҳои мақомоти оинномавии СААД доир ба масъалаҳои Афғонистон ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони ниҳодҳои зиддимухадиротии давлатҳои аъзо, машқҳои тактикии махсуси ҷузъу томҳои таъиноти махсуси «Раъд - 2015» бо муваффақият гузаронида шуд. Тафтиши ногаҳонии омодагии ҷузъу томҳои ҳарбии Нерӯҳои муштараки вокуниши фаврӣ (НМВФ) СААД дар қаламрави Тоҷикистон, ки нахустин чунун чорабинӣ дар таърихи созмони мо гузашта, сатҳи баланди малакаи ҳарбии тамоми ҷузъу томҳои ба ҳайати Нерӯҳои дастаҷамъона воридшавандаро нишон дод. Мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти минтақа маҳдуд намегардид ва ҳатто шояд густариш ёбад. Ин ҳолат ва ҳамчунин авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳудуди СААД кӯшишу талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи моро барои ҳамоҳангсозии самаранок ва татбиқи чораҳои фаврӣ баҳри тақвияти имкониятҳои ҳарбӣ- сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсарҳад бо Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории иттилоотии самаранокро талаб мекунад. Ин ҷаласа имкон дод, ки як зумра тадбирҳо, ки ба мукаммал намудани фаъолияти дар доираи СААД равона шудаанд, муайян карда шаванд. Инҳо - тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани машғулиятҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзо ва тақвияти ҳамоҳангсозии робитаҳо миёни корхонаҳои саноати ҳарбӣ аст. Ба назари мо, зарур аст, ки СААД бо Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ҳадафҳои ҳамсон доранд, робитаро густариш бахшад, ки ин ба ҳамоҳангӣ ва мувофиқаҳое, ки дар сатҳҳои гуногуни кӯшишҳои амниятӣ андешида мешаванд, мусоидат мекунад. Албатта, ҳамчунин муҳим аст, ки минбаъд имкониятҳоро таҳким бахшида, низоми оинномавӣ ва кории мақомоти созмонро барои он ки онҳо ба тамоми ҳолат омода бошанд ва тамоми асбобу таҷҳизотро дар ҳолатҳои зарурӣ дар амал истифода баранд, такмил диҳем.Ҳуҷҷатҳои барои имзо омоданамудаи коршиносони мо ба ҳалли ин ва дигар ҳадафҳо равона шудаанд, ки онҳоро мо ҷонибдорӣ мекунем. Санаи 2 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (минбаъд СААД) баргузор гардид. Дар ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян, Белорус Владимир Макей, Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Россия Сергей Лавров иштирок хоҳанд намуданд. Вазирони корҳои хориҷӣ дар рафти ҷаласа масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ ва иқдомотро ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои муосир дар минтақаҳои Амнияти дастаҷамъии СААД муҳокима гардид. Барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Намояндаи амалкунандаи САҲА Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва Директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват гардида буданд.Инчунин, дар рӯзномаи Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи СААД тасдиқи Нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзои СААД дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шуд.
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ созмони ҳарбию сиёсӣ буда, 15 майи соли 1992 дар ш. Тошкант аз тарафи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯ ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. Соли 1993 Озарбойҷон, Грузия ва Белорус ба ин Созмон ҳамроҳ гаштанд.14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар ш. Кишинев ба имзо расонид ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард. Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд Тоҷикистон соли 2015 раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда гирифт.Соли 2015 ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ниҳодҳои ойинномавии СААД – Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи дабирони Шӯрои амният ва нишасти дигар ниҳодҳои корӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гарданд.“Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи қарорҳои иҷлосияи декабрии соли 2014-и Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва авлавиятҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин Созмон” аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида буданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ меҳисобад. Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар доираи СААД дар моҳи майи 2014 санҷиши ногаҳонии омодагии ҳарбии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил (НДВО СААД), ки дар қаламрави Тоҷикистон мустаққар мешаванд, гузаронда шуд. Чунин амалкард услуби нави тамрини ҷузъу томҳои низомӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи СААД бори аввал сурат мегирад. Теъдоди умумии ҳайати шахсии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил (НДВО)20 ҳазор афсару сарбозро ташкил медиҳад. Дар машқҳои мазкур ба ғайр аз қувваҳои низомии Тоҷикистон як рота аз ҷумҳурии Арманистон, ротаи махсуси Белорусия, баталони чатрбози ҳуҷумкунандаи Қазоқистон иштирок доштанд. Федератсияи Россия дар ҳайати 500 нафар баталони гурӯҳи тактикии дивизияи 98-уми Қувваҳои мусаллаҳашро фиристода, Қирғизистон бошад, ба тамрини мазкур 2500 нафар сарбозу афсарро ҷалб кард. Зимнан, интихоби ҷою макон ва ҳадафи санҷиши омодагии низомии неруҳои дастаҷамъии вокуниши оҷил тасодуфӣ набуд. Аввал, ин ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони амниятӣ бо Афғонистон марзи аз ҳама тӯлонӣ дорад. Дуюм, ин ки гурӯҳи қувват гирифтаистодаи Ҳаракати Толибон ва давлати ба ном исломии Шому Ироқ дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон барои тамоми аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ хатарҳоеро эҷод мекунад. Табиист, ки чунин таҳдидҳо барои муташанниҷ гаштани авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қаламрави бузурги давлатҳои узви СААД замина ба вуҷуд меорад. Мусаллам аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳампаймоёни он аз ташкилоти ҳарбии НАТО минбаъд ҳам дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Теъдоди ҳузури низомии ИМА ва аъзои дигари НАТО дар ҳудуди 13500 нафар ҳарф зада мешавад, ки аз ин 11 ҳазораш неруҳои амрикоӣ мебошанд. Аз як тараф ин воқеият низ умедворкунанда мебошад, зеро ки имкон дорад, пеши роҳи тавсеаи муқовимати сарбозони толибону ДИИШ-ро бигирад. Аммо вазъияти тамоман дигар ба мушоҳида мерасад, ки барои мисол дар вилояти Форёби наздики марзҳои Туркманистон, ҳамчунин қаламрави ҳамсарҳад бо Тоҷикистон байни Толибону неруҳои ҳукумати Афғонистон борҳо бархӯрдҳо ба қайд гирифта шуда буданд ва тибқи маълумоти васоити ахбори омма тақрибан фисади зиёди марзҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон қарор гирифтанд. Хосияти дигари ҳузури мушовирони низомии ИМА ва иттифоқчиёни он дар он ба зуҳур меояд, ки дар тӯли будубош онҳо тавонистанд, ки заминаи мусоиди зарбазаниро фароҳам оваранд. Ин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ дар наздики марзҳои ҷанубии давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёнашонро ҷобаҷо намоянд. Гузашта аз ин ИМА ба нақша гирифтааст, ки дар қаламрави Афғонистон ба хотири вусъат бахшидани нуфузаш дар минтақа боз нуҳ пойгоҳи нави низомӣ таъсис диҳад. Бинобар ин неруҳои дастаҷамъии СААД, Чин, Ҳиндустон бояд фаъолиятҳои худро ба хотири суботи сиёсию иҷтимоии кишварҳои худашон ҳамоҳанг созанд. Бояд гуфт, ки дар нисбати Осиёи Марказӣ роҳбарияти давлати ба ном исломӣ самтҳои афзалиятноки муборизаҳо ва интишори идеологияи худро эълон дошта буданд. Аз ин рӯ дар марзҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, лекин ба назари инҷониб минтақаи мазкур ҳанӯз дар сархати ҳадафҳои ин ташкилот қарор надорад. Ошкоро гуфтан мумкин аст, ки имкониятҳои ташаннуҷи авзои минтақа зиёд ба мушоҳида мерасад. Яқин аст, ки бо назардошти таҳдидҳои мазкур ташкилотҳои минтақавии Хадамоти минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва СААД вазъияти ба амаломадаро сари вақт дарк намуда, машқҳои низомиро ба маротиб афзоиш доданд ва дар сурати ҳамлаи онҳо ба кишварҳои аъзои ин ташкилотҳо барои вокуниш нишон додан омодагии комил дида истодаанд. Аммо назар ба маълумоти коршиносони созмони омӯзишию таҳлилии Стретфор шумораи онҳое, ки аз Осиёи Марказӣ дар сафҳои ДИИШ ҷангианд, дар ҳудуди 10 ҳазор рақам зада мешавад. Манбаъҳои асосии таҳдид аз ҷониби ДИИШ кишварҳое номбар мешаванд, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд. Роҳбарияти СААД борҳо изҳор доштаанд, ки барои ҳимояи марзҳои худ, ба вижа сарҳади Тоҷикистон амалан омода мебошанд. Инҷо суоле пайдо мешавад, ки Туркманистон худро чӣ гуна мудофиа мекунад, модоме, ки дар эътилофҳои ҳарбии минтақавӣ узвият надорад? Ашқобод барои кӯмаки ҳарбию техникии мудофиавӣ расондан ба ИМА муроҷиат намудаст. Амрикоиҳо бечуну чаро дар сатҳи Сенат ин хоҳиши ҷониби Туркманистонро дастгирӣ кардаанд. Дар иртибот ба чунин вазъият пурсида мешавад, ки чаро Ашқобод барои ёрии ҳарбӣ ба ба Россия нею балки ба ИМА муроҷиат мекунад? Дар вазъияте ки Россия ҳам иқтидори бузурги ҳарбию саноатӣ дорад. Нахуст бояд розӣ шуд, ки амрикоиҳо дар ҳузури низомиашон дар Афғонистон дар бобати муборизаи зидди терроризм таҷрибаи фаровон андӯхтаанд. Аз инҷо табиист, ки онҳо медонанд, дар марҳилаи ҳозираи таҳдид ба марзҳо барои қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон кадом намуди муҳимоти ҷангӣ лозим аст. Дуввум, ин тавсеаи майдони иқтисодӣ, яъне ворид шудан ба бозорҳои Аврупо ҷиҳати интиқоли захоири энергетикӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиноси масоили радикализм, дипломат, сафири пешини Афғонистон дар собиқ Югославия доктор Азгархейл Мангал таҳдиди мустақим аз Афғонистон сурат намегирад, вале ин маънои онро надорад, ки дар марзҳои Осиёи Марказӣ бесуботӣ ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Лозим аст, ки сарчашмаи ин таҳдидҳоро ҷустуҷӯ намоем ва мо хуб медонем, ки он дар сарҳадҳои Покистону Афғонистон аст. Зеро ки тамоми гурӯҳҳои мухолиф дар ин кишвар паноҳгоҳ ёфтаанд ва ҳар замон ба Афғонистони ҳамсоя ворид мешаванд.
Аҳдномаи зиддитеррористии чор давлати Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Тоҷикистон,Ӯзбекистон,Қириғизистон, дар шаҳри Тошканд 21-апрели соли 2000-ум имзо гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифадор намуд, ки дар самти мубориза ба зидди экстремизму терроризм, ҷиноятхои фаромиллӣ байни ҳамдигар хамкориҳо намоянд. Бахшҳои асосии ин аҳднома аз инҳо иборат мебошанд:
1.Табодули иттилоот;
2.Ёрии ҳуқуқӣ;
3. Ба якдигар супоридани ҷинояткорон;
4.Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва амалҳои тафтишотӣ;
5.Амалиётҳои махсуси муштарак.
Собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев ин ахдномаро иттиҳоди мудофиавии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ номида буд.Дар баробари ин Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси тартиботи нави ҷахонӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо кӯшиш менамояд, ки системаи амниятии Осиёи Марказро пурқувват гардонад. СҲШ, ки созмони ғайриҳарбӣ аст, барои пешгирии хавфи терроризм дар сохтори худ Кумитаи зиддитеррористӣ озмон додааст. Ба ин нигоҳ накарда дар фазои давлатҳои ИДМ амалҳое ба назар мерасанд, ки хилофи ҳамгироӣ мебошанд:
1.Амалҳои ҷудоиталабӣ, ки ба истиқлолияти давлатҳои ИДМ хавф ба вуҷуд меорад;
2.Халарасонӣ аз хориҷ ба равандҳои демократии дохилии давлатҳои ИДМ;
3.Таҳдиди экстремизму терроризм, қочоқи силоҳ, киберҷиноятҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
Ҳамин тариқ, новобаста аз назарҳои мухталиф СААД, СҲШ маҳаки асосии таъмини амнияту суботи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ мебошад. 2-декабри соли 2020 дар сессияи СААД, ки таҳти раисии Федератсияи Россия гузашт , раисии СААД дар соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Соли 2021 Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад. Таҷрибаи фаъолияти ин созмонҳо нишон медиҳад, ки он дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ИДМ нақши мусбат доранд. Дар пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, терроризму экстремизм, коҷоқи силоҳ, киберҷиноятҳо низ нақши бузург доранд. Дар ҳамин замина мо метавонем, хулоса намоем, ки СААД,СҲШ ҷиҳати таъмини суботи минтақа ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом медиҳад. Ин созмонҳо қудрате дорад, ки фазои холии геополитикии минтақаи Авроосиёро пурра гардонад ва дар таъмини дастаҷамъонаи суботи минтақавӣ нақши бориз дошта бошад.

Асламов Б.С.,Муҳаммад С.А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...