Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодабарии маводҳои нашъадор ва зарари он ба саломатии инсон

Воситаҳои нашъадор яке аз мушкилоти ҷиддитарини ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, истеъмол ва истифодабарии моддаҳои табиати наркотикӣ дошта, муомилот ва ба фурӯш баровардани онҳо ба саломатӣ зарар расонида, шарафу номуси одамонро паст карда, ҳазорҳо нафарро аз ҳаёт маҳрум сохта, оилаҳои онҳоро ба ғаму андӯҳ мубтало месозад. [4, 5,6].
Аз замоне, ки олимон нишонаҳои нашъамандӣ ва таъсири онро дар ҷомеа муайян намудаанд, онро ҳамчун беморӣ маънидод карданд. Аз он ҷумла, мутахассиси соҳаи равоншиносии марбут ба нашъамандӣ Андрей Леонидович Лихтарников пешниҳод менамояд, ки ба нашъамандон чун бемор муносибат намоянд.
Шахсони нашаъманд метавонанд ба бемориҳои зиёди табобатнашаванда гирифтор гарданд. Ин бемориҳо ба воситаи асбобу анҷом сӯзандорӯ ва истифодаи онҳо ба дигарон низ сироят мекунад, хусусан ба аъзои оила ва дигар дусту наздикони шахси бемор. Ҳаёти шахси нашъаманд сахт тобеи нашъа шуда, агар онро дигар истеъмол накунад, хуни вай нашъа талаб карда, уро ба ҳалокат мерасонад. Бинобар ин, шахси гирифтори бемории нашъамандӣ аз тамоми зиндагӣ бенасиб мемонад ва тамоми мақсаду нияти ӯ танҳо ба ҳар роҳе набошад, дарёфт ва истеъмоли нашъа мебошад.
Нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар таъсир карда, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои даруни таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Инчунин маводи нашъадор моддаи мадҳушкунандаи сахттаъсир буда, инсонро ба маргу инсонро ба касодӣ, носолимӣ ва беобуругӣ оварда мерасонад. Ин гуна шахсон заррае аз кору кирдори кардаашон огоҳие надоранд, зеро онҳо беҳушу бехотира мегардонад.[5,6].
Қисми зиёди моддаҳои нашъадор ба гурӯҳҳи моддаҳои химиявӣ шомил мегардад, ки онҳоро як синфи алоҳидаи пайвастаҳои химияи органикӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ки онро “Алколоидҳо” меноманд.
Алколоидҳо асосҳои гетеросиклии нитрогендоштаи таркиби растаниҳо буда, таъсири намоёни физиологӣ ва фармакологӣ зоҳир мекунанд. Маводҳои нашъадоре, ки дар зер овардашудаанд, дар бораи онҳо ҳамчун алколоид маълумот оварда шудааст.
Онҳо одатан моддаҳои кристалии беранг буда, мазаи талхӣ медиҳанд, дар об қариб ҳалнашавандаанд, вале дар ҳалкунандаҳои органикӣ (эфир, хлороформ, бензол) ҳал мешаванд. Алкалоидҳо таркибан хело мураккаб мебошанд. Онҳоро ба чунин гурӯҳҳо тасниф кардан мумкин аст:
1. Алколоидҳои гурӯҳи пиридин (кониин, никотин ва анабазин).
2. Алколоидҳои гурӯҳи хинолин (хинин, синхонин ва стрихнин).
3. Алколоидҳои гурӯҳи изохинолин (папаверин, наркотин ва курарин).
4. Алколоидҳои гурӯҳи фенантрено-изохинолин (морфин, кодеин ва тебаин).
5. Алколоидҳои гурӯҳи коденсатсияшудаи сикли пирролидин-пиперидин ё гурӯҳи тропин (атропин ва кокаин).
6. Алколоидҳои гурӯҳи пурин (кофеин ва теобромин).
Сохти аввалини алкалоиде, ки маълум карда шуда буд (1886 с), кониин мебошад. Баъдан сохти алкалоидҳои дигар низ бо суръати тез омӯхта шуданд. [1,2,3].
Ҳоло бошад зиёда аз 2000 алкалоид омӯхта шудааст. Акнун оддитарин алкалоидҳои оддию бештар омӯхташуда, ки ба гурӯҳи маводҳои нашъадор дохил мешавад, дида мебароем.

Кониин. Кониин 2-пропилпиперидин С8Н17N мебошад. Дар таркиби растании болигалов мавҷуд аст. Кониин инчунин алкалоиди растании сатргули заҳрнок ва шавкарон мебошад. Кониин моддаи моеъи равғанмонанд буда, таъми тез ва бӯи мушро дорад. Асоси хеле зур (қавӣ) ва ниҳоят заҳрнок аст. Ба гурӯҳи пиперидин дохил шуда ҳамчун пиридини гидрогенонидашуда ба ҳисоб меравад. Кониин дар организм, охири асабҳои ҳаракаткунанда ва ҳискунандаро фалаҷ мегардонад. Кониин заҳри қотил ба ҳисоб рафта, дар замонҳои қадим барои ба қатл расонидан истифода бурда мешуд, ки олими Юнони қадим Сукротро аз ин заҳр ба қатл расонидаанд.
Сохти молекулаи кониин аз рӯи синтези он тасдиқ гардидааст. Дар натиҷаи конденсатсияи а-пиколин бо алдегиди атсетат а-пропенилпиридин (конирин) ҳосил мешавад, ки ҳангоми барқарор кардан ба кониин мубаддал мешавад.[1,2,3,5]

528

Гигрин. Яке аз алкалоидҳои хеле содда буда, аз таркиби баргҳои растании кока, ки дар ҷануби Америка месабзад, ҷудо карда шудааст. Гигрин ҳосилаи пирролидин-пирроли гидрогенонидашуда мебошад. Ҳатто миқдори ками вай ба организм ҳамчун стимулятор (нумӯя) таъсир меоварад. [1,2,3,]. Сохти химиявии гигрин чунин аст:

529


Анабазин. Алколоиди муҳимтарини растании заҳрноки қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Бори нахуст соли 1929 аз тарафи А.П. Орехов ҳосил карда шудааст. Анабазин моддаи мооеъи равғанмонанд буда, ҳарорати ҷӯшишаш 2760С мебошад. Қисман дар таркиби баргҳои тамоку мавҷуд буда, инчунин дар растании малмиҷон ёфт шудааст. Сохти химиявии чунин аст:

530


Анабазин инсектидсиди пурқувват буда, ҳамчун заҳрхимикат васеъ истифода мешавад. Анабазин таъсири оромбахш дорад. Ҳаракатҳои ноороми психикиро бартараф месозад, аз қабили голюсинатсия, реаксияи ҳолати эффекторо бартараф месозад. Ҳолати организмро муътадил месозад.
Анабазин изомери никотин буда, ниҳоят заҳрнок ва мисли никотин хосияти баланди инсектитсидӣ дорад. [1,2,3,6]

Никотин. Никотин моеъи равғанмонанди беранг буда, бӯи тамокуро дорад. Дар ҳарорати 2460С меҷӯшад, дар об нағз ҳал мешавад. Алкалоиди асосии тамоку мебошад, дар таркиби барги тамоку то 8% никотин мавҷуд аст. Вай хело заҳарнок буда, ба сифати инсектитсид истифода мешавад, аз ядрои пиридин ва пирролидин тавассути банди оддӣ таркиб ёфтааст. Рагҳои хунгузарро танг месозад, ба системаи асаби вигетативӣ таъсир расонада, фишори хунро баланд менамояд ва миқдори зиёди он заҳрнок буда, органҳои марказии нафаскаширо аз кор бароварда, системаи асабро фалаҷ мегардонад. Миқдори ками никотин асабро бедор менамояд. Никотинро дар баъзе ҳолатҳо барои дардкамкунии бемориҳои: паркиноса, колита, герпеса, туберкулёз ва шизофрения истифода мебарнд. Бисёртараш заҳрнок мебошад. Никотин хелоҳам заҳрнок буда, 40 мг он одамро ба ҳалокат мерасонад. Миқдори калони никотин (ҳазорҳо тонна) ба сифати инсектисид барои мубориза бо ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ ба кор меравад. Дар натиҷаи бо оксидкунандаҳои гуногун оксид кардан ба кислотаи никотинат мубаддал мешавад. [1,2,3, 6]

531

Лобелин. Лобелин ва алкалоидҳои ба вай тааллуқ дошта (оилавӣ) дар растании Lobelia inflate (Амрикои Шимолӣ) ёфт гаштаанд. Сохти онҳо ба ҳам наздик буда, дар тиб барои стимулятсияи нафаскашӣ дар шакли гидрохлорид истифода мешаванд. [1,2,3]
532
Атропин. Моддаи кристалии беранг буда, дар ҳарорати 1150С гудохта мешавад. Дар растаниҳои оилаи ангури сагакшобезак, шоҳдона, мастак мавҷуд аст. Бевосита аз заҳрнокии баландаш ба таври васеъ барои табобати чашм (васеъ намудани гаҳвараки чашм) истифода мешавад. Ба системаҳои асаби парасимпатикӣ таъсир мерасонад. [1,3]

533

Кокаин. Какаин аз баргҳои растании алкалоиди растании бутагии Кока (Амрикои Ҷанубӣ) ҳосил карда шудааст. Моддаи кристалии беранг буда, ҳарорати гудозишаш 980С, бо кислотаҳо намакҳои дар об ҳалшаванда ҳосил мекунад. Ба системаҳои асаб таъсир намуда, боиси аз кор баромадани он мегардад. Қобилияти баланди анастизӣ дорад ва боиси ба вуҷуд омадани касалии коканизм мегардад. Сохти какаин дар синтези бисёр моддаҳои анастезии содда истифода шудааст. Ҳамчун маводи анастезӣ ҷузъи (карахткунанда) ва маводи мудҳушкунанда маълум аст. [1,2,3,6]

Морфин. Морфин моддаи кристалии беранг буда, ҳарорати гудозишаш 2540С мебошад, дар асосҳо ва кислотаҳо ҳал мешавад. Сохти морфин аз тарафи Р. Робинсон дар соли 1925 муайян карда шуда, дар соли 1956 аз тарафи Г. Тсуды синтез шудааст. Организмро ба касалиҳои наркамандӣ, морфинизм ва вобастагӣ гирифтор мекунад. Алкалоиди асосии кукнор аз шира ва донаҳои хоми кукнор ҷудо карда мешавад. Маводи дарднесткунанда ва наркотики зӯртарин мебошад. Гидрохлориди ҳосилаи диатсетилии вай героин мебошад. (R RI COCH3). [1,2,3].

Героин. Героин - ин диатсетилморфин як дорӯи нимсинтетикии афюниест, ки дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ҳамчун дорӯ истифода мешуд. Дар айни замон аксарияти шахсони нашъаманд аз он истифода мебаранд, ки он таъсири таъсирбахши нашъамандӣ, арзонии нисбӣ, вобастагии ҷисмонӣ ва равонии босуръат рушдкунанда дорад. Героин-диатсетилморфин бори нахуст соли 1874 аз ҷониби кимиёгари англис Алдер Райт дар мактаби тиббии беморхонаи Санкт Марӣ дар Лондон кор мекард синтез карда шудааст, ки аз ҷониби кимиёгари Олмонӣ Феликс Ҳофман таҳқиқ шудааст. Бори нахуст аз тарафи ширкати дорусозии Олмон Bayer AG соли 1898 таҳти тамғаи героин бароварда шудааст. Героин ба зумраи маводҳои мухаддир дохил шуда, ҳамчун сулфаи оромбахш ва ивазкунандаи ғайримуқарарӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Героин ба беҳаракатӣ, фишорпастӣ, хоболӯдӣ, вайроншудани дандонҳо, бемории ҷигар ва гурда, пастшавии оксиген дар организм, вайроншавии майнаи сар оварда мерасонад. Муҳлати дурру дароз истеъмол кардани он ба организм ба бемории рӯҳӣ оварда мерасонад, чунки майнаи сар зарари ҷиддӣ мебинад. [1,5,6].

Хинин. Хинин С20Н24О2N2 соли 1820 дар таркиби решаи дарахти хин вуҷуд доштанаш муайян гардидааст. Хинин хокаи беранги маззаи тез дошта, дар об камҳалшаванда буда, дар 1770С гудохта мешавад. Дар маҳлули спиртиаш дар 1580С меҷӯшад. Бо кислотаҳо бо осонӣ намак ҳосил мекунад. Таъми намакҳояш бениҳоят талх мебошад. Сохти хинин соли 1908 аз тарафи К. Рабе муайян карда шуда, дар соли 1944 аз тарафи Р. Вудворд синтез шудааст. Дар таркиби вай ядроҳои ду гетеросикл мавҷуд аст: хинолин ва хинуклиддин. Хинин нисбат ба протоплазмаи микроорганизмҳо, хусусан ба микробҳои малярия ниҳоят заҳрнок аст. То ҳозир хинин беҳтарин дору барои муолиҷаи касалии табларза ҳисобида мешавад. [1,2,3]

534

Адабиёт 

1. Холиқов Ш. “Химияи органикӣ” Душанбе – 2011.
2. Нейланд О.Я. “Органическая химия” Москва. Высшая школа - 1990.
3. Петров А.А. “Химияи органикӣ” Душанбе 1973.
4. Маҷаллаи илмӣ ва иттилоотию таҳлилӣ “Наркофронт” Душанбе 2018.
5. П.П. Баранов., В.И. Курбатов. “Юридическая психология” Москва 2006.
6. Истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ.

Муаллими калони кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсия лейтенанти милитсия Саидшоҳи С.
Сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсия капитани милитсия Акрамзода А.А.
Муаллими кафедраи фанҳои тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ лейтенанти милитсия Маҳмадиева Ш.Ш.
Муаллими кафедраи фанҳои умумитахассусӣ лейтенанти милитсия Зафархонзода А.З.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...