Мақом ва манзалати зан-модар дар ҷомеа
Модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
Заҳматҳои беназири модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин ба хотири ободиву оромии кишвар моро водор месозад, ки қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барои ӯ шароити мусоиде омода кунем, ки дар баробари фаъолияти созандааш фарзандони сомилу соҳибмаърифатро тарбия намояд. Мақому манзалати модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башариат боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст дорем ва азиз шуморем. Мақому манзалати модар дар ҷомеаи мутамаддини мо ҳамеша болост ва дар ин маврид ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону модарон баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати хоса медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама барои таъмини зиндагии осуда ва баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи модарони Тоҷикистонро, аз он ҷумла кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба муносибати рӯзи Модар табрик гуфта, ба онҳо зиндагии осуда, сиҳату саломатиро орзумандам.
Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар,
Хуршеди баланди осмонӣ модар.
Дар чашми ту нӯри зиндагони ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар.
Олимов Муҳаммадҷон, корманди қисми хоҷагии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ