Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон: масоили мубрами он

1603«Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.» 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. (1). Манбаъи электронӣ -http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 05.03.2021.

Барои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ таъминоти амнияти иттилоотӣ яке аз масъалаи мубрам ба ҳисоб рафта, дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятноки давлатӣ қарор дорад. Дар натиҷаи тезу тунд шудани ҳамлаҳои экспансионии иттилоотӣ ҳифзи музаффариятҳои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муқаддаси мақомоти ҳифзи ҳукуқ, алалхусус макомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Дар ин асос бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар сохтори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди махсуси муборизаи зидди киберҷиноятҳо амал намуда, дар Маркази муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизми Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасе ба анҷом расонида мешаванд, ки амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомоти давлатӣ таъмин месозанд.
Албатта бо пешрафти технологияхои муосир, ҷангҳои таҳмилии омехта (гибридӣ) ҳалли масъалаҳои муҳим дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ки онҳоро мавриди таҳлили илмӣ-амалӣ қарор медиҳем. Аз рӯи ақидаи муҳаққики тоҷиқ Абдулҳақов М.М. «Манфиати миллӣ- категорияи абстрактӣ ва субъективӣ буда, ченаки он аз рӯи миқдори манзараи олам ва системаи арзишҳо муқаррар карда мешавад. Амалигардонии манфиати миллӣ дар раванди худ дар навбати аввал мавҷудияти ирода ва амали фаъолонокро талаб менамояд, ки ба ҳадафҳои гузошташуда равона гаштааст. Барои ҳамин сиёсат ягона воситаи муҳими амалигардонии манфиатхои миллӣ ба шумор меравад.(2.Абдулхаков М.М. Защита национальных интересов как важный фактор развития государственности.Душанбе,2006.С.313).
Барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба мо лозим аст, ки пеш аз ҳама фазои иттилотии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз ғаразҳо ва ғалатфаҳмиҳои идеологияи бегона эмин нигоҳ дошта, зиндагии тинҷу осуда ва рушди устувори кишвари азизамонро таъмин созем. Дар муқаррароти асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Самтҳои стратегии сиёсати давлатии иттилоотӣ чунинанд:
- ташкил, рушд ва таъмини амнияти захираҳои давлатии иттилоотӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ ва дар идораи низомҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра;
- ташкил, ҳимоят ва такмили имиҷи Тоҷикистон аз тариқи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;
- ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, таъмини амнияти иттилоотии давлат, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар, бартарафсозии онҳо;
-воридшавӣ ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ.
Вазифаҳои афзалиятноки давлат дар татбиқи Консепсия инҳоянд:
- ташкили низоми муассир ва такмили идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ;
-таъмини ниёзҳои иттилотии ҷомеа ва афрод;
- ташкили заминаҳои иттилоотии рушди иҷтимоии устувор ва босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ бо роҳҳои зерин ҳаллу фасл карда мешаванд:
- иттилоотикунонии сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмону муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият;
- ташкил ва истифодаи самараноки захираҳои давлатии иттилоотӣ ва таъмини дастёбии васеъ ба онхо, инчунин таъмини шаҳрвандон ба иттилооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ;
- рушди воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва дорои самтгирии иҷтимоӣ;
- такомули заминаи меъёрию ҳуқуқии бунёди ҷомеаи иттилоотӣ.
Заминаи идоракунии иттилоотии давлат ва бунёди ҷомеаи кушодаро захироти иттилоотӣ, яъне маҷмӯи маълумоте, ки дар раванди рушд ва фаъолияти амалии одамон барои истифодаи гуногунҷанбаи он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ андӯхта мешавад, ташкил менамояд. Захироти иттилоотӣ ҳамчун захироти моддӣ иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии давлатро муайян менамояд. Захироти иттилоотӣ такрористеҳсолшаванда буда, метавонад объектҳои воридоту содирот, рақобат, инчунин объектҳои экспансияи сиёсӣ ва иқтисодӣ бошад.
Захироти иттилоотӣ, чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ, унсури таркибии амвол буда, метавонад дар моликияти шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилот ва иттиходияҳои ҷамъиятӣ бошад»(3. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе,2008.С.2.)
Аз рӯи ақидаи муҳаққиқи Россия Петрушков М. «Ба Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки бо иродаи бузург ва қадамҳои устувор заврақи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистонро ба сӯи демократия ва ошкорбаёнӣ роҳбаладӣ намояд» (4.ПетрушковМ. Таджикистан должен защищать свою информационную безопасность! //Межд. дискуссионный интернет портал. Электронный ресурс http:// www.worldanwe.com. Дата обращения 05.03.2021). Вобаста ба ин муҳаққиқи тоҷиқ Шарифзода Ф.Р. менависад: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъминоти иттилоотӣ бо вуҷуди пешрафт ба як қатор нуқсонҳо, аз қабили хусусияти ташкилӣ-методӣ дошта рӯ ба рӯ мешавад, ки онҳоро бояд ҳатман мақомоти давлатӣ барои қабули қарори дуруст аз байн баранд(5.Шарипов Ф.Р. Организационные и правовые основы информационного обеспечения сотрудников ОВД РТ с местными органами государственной власти в сфере правопорядка. Душанбе,2010.С.4).
Масоили мубрами амнияти иттилоотиро мухаққиқи ватанӣ Ҳомидов Д.Б дар тадқиқоташ чунин баён медорад: «Таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикстон роҳҳои ҳалли худро ҷустуҷӯ менамояд, ки дар масоили мазкур ба назар мерасанд:
-афзалият додан ба расонаҳои давлатии ахбори омма ва маҳдудгардонии ВАО-и хориҷӣ, ки ахбори ғалат пешниҳод менамоянд;
-ҳар чӣ ба ҳалли масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, харбӣ-ватандӯстӣ, экологӣ ҷалб намудани шаҳрвандон тавассути расонаҳои ватанӣ;
-аз байн бурдани ихтилофи назарҳо, бархурди иттилоотӣ ва манбаъҳои ғаразноки иттилоотӣ дар дохил ва хориҷ;
-коркарди илмӣ-методологии бахши иттилоотии ҷомеаи Тоҷикистон;
-рақобатпазир намудани расонаҳои ватанӣ дар муқобили расонаҳои хориҷӣ ва анешидани чораҳои оҷилии химоя аз экспансияи иттилоотӣ. (6.Хомидов Д. Б. СМИ в контексте информационной политики и информационной безопасности РТ. Душанбе, 2012. Манбаъи электронӣ- http:// - http://WWW.dissercat.Санаи муроҷиат 05.03.2021).
Дар Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:«Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсиониро пешбинӣ мекунад.
Татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ дар доираи иштироки самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои кушодаи глобалӣ дар назардорад:
- ташкили мониторинг ва пешгӯии талаботҳои мухталиф, мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои байналмилалӣ;
- таҳияи усул ва тавсияҳои умумӣ оид ба пешбурди сиёсати мувофиқатшуда ҷиҳати харидории воситаҳои барномавию техникӣ ва коммуникатсионии хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои аҳамияти стратегидошта;
- танзими ҳуқуқии равандҳои мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои кушодаи глобалӣ, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти истифодабарандагон ва феҳристи иттилоот, ки интиқоли он тавассути ин шабакаҳо манъ аст;
- иштироки фаъол дар лоиҳаҳои инкишофи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- воридшавии тадриҷӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ аз рӯйи ниёзҳо ба мубодилаи байналмилалии технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ;
- таъмин ва риояи сатҳи матлуби амнияти иттилоотӣ зимни пайвастан ба шабакаҳои байналмилалӣ;
- таҳияи фишангҳои мубодилаи иттилоотӣ дар муҳити имкониятҳои эълоннашудаи воситаҳои компютерӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномавӣ;
- такомул ва рушди низоми амнияти шахсӣ ва иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ, бартарафсозии амалу тадбирҳои иттилоотии хатарфизо.
Татбиқи сиёсати иттилоотии мақсаднок имкон медиҳад ки мамлакат аз экспансияи иттилоотӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мӯҳтамали кишварҳои мутараққӣ ҳимоя гардад ва ҳамчунин:
- вазифаи воридшавии шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии миллӣ ва корпоративӣ ба шабакаҳои кушодаи ҷаҳонӣ бо назардошти ҳимояи захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотӣ ҳаллу фасл шавад;
- таҳдиди истифодаи технологияҳои иттилоотии нав ба ҳайси силоҳи иттилоотӣ ва хатари терроризми иттилоотӣ пешгирӣ шавад» (7.Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,2008.С.7-8.).
Дар маҷмӯъ барои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавии бошитоб, хатари киберҷиноятҳо, ҳуҷумҳои ногаҳонии итилоотии экспансионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрандӣ маҳсуб ёфта, нисбати он мо бояд ҳеҷ гоҳ бетараф набошем.

Асламов Б.С., Рустамзода З.Р.

Адабиёт:
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ -http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 05.03.2021.
2.Абдулхаков М.М. Защита национальных интересов как важный фактор развития государственности. Душнбе,2006.С.313.
3.Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,2008.С.2,7-8.
4.Петрушков М. Таджикистан должен защищать свою информационную безопасность! //Межд. дискуссионный интернет портал. Электронный ресурс http:// www.worldanwe.com. Дата обращения 05.03.2021).
5.Шарипов Ф.Р. Организационные и правовые основы информационного обеспечения сотрудников ОВД РТ с местными органами государственной власти в сфере правопорядка. Душанбе,2010.С.4.
6.Хомидов Д. Б. СМИ в контексте информационной политики и информационной безопасности РТ. Душанбе, 2012. Манбаъи электронӣ- http:// - http://WWW.dissercat.Санаи муроҷиат 05.03.2021.
7.Сафиев К.И.Информаионная безопасность РТ в контексте современного политического процесса: сущность и приоритеты её обеспечения. Душанбе,2014. Манбаъи электронӣ- http:// - http://WWW.dissercat.Санаи муроҷиат 05.03.2021
8.Ибодов А.Х. Информационная безопасность: новые вызовы и угрозы в процессе перехода к информационному обществу: на материале РТ. Душанбе,2015. Манбаъи электронӣ- http:// - http://WWW.dissercat.Санаи муроҷиат 05.03.2021

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...