Шарҳу эзоҳи Паёми Пешвои миллат ба сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ
Бо мақсади шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»як гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Кабирзода Ҷурахон Ҳаким - муовини якуми сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия, Самиҳов Бахтиёр Салимович - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, майори милитсия, Маҳмадов Саъдӣ Абдураҳмонович–- номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия, Сангин Гулов - мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ аз санаи 8-ум то 13-уми январи соли равон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафарбар гардиданд. Дар ноҳия роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳайати гурӯҳи корӣ шомил гардида, дар ҳамбастагӣ вохӯриҳо гузаронида шуд.
Аввалин вохӯрии ҳайати гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Оббурдон, Дашт, Ғувинд, Имбеф ва Ранҷи ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бо теъдоди 230 нафар дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ки дар деҳаи Оббурдон воқеъ мебошад, сурат гирифт.
Дар ҷамъомади мазкур, ки намояндагони синну соли гуногуни сокинон гирд омада буданд аъзоёни гӯрӯҳ сухан намуда, аз мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози назар намуданд.
Дар суханронии аъзои гурӯҳ пеш аз ҳама ба бахшҳои асосии Паёми мазкур, аз ҷумлаи таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, таҳлили вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда диққати аввалиндараҷа дода шуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, пеш аз ҳама баҳри эҳёи арзишҳои миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони шарафманди Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиёни ҷамъомад бори дигар миннатдории самимии хешро ба шахсияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд ва ташрифи гурӯҳи кориро ҳамчун далели оғози амалишавии Паём арзёбӣ намуданд.
Вохӯрии навбатии ҳайати гурӯҳ, бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва умуман фаъолони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар Қасри фарҳанги ноҳияи мазкур сурат гирифт. Дар вохӯрӣ аъзоёни гурӯҳ вобаста ба моҳият ва мазмуни Паём баромадҳои муфассал намуда, ҳамзамон таъкид сохтанд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ, омӯзгорон, намояндагони созмон ва ташкилотҳо, имомхатибон ва умуман намояндагони фаъоли мардумиро зарӯр аст, ки ҳарчи бештар барои тадбиқи амалии меъёрҳои Паёми Пешвои муаззами миллат сокинони сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро роҳнамо бошанд.
Дар анҷоми вохурӣ сархатиби ноҳияи мазкур ба сухан баромада, аз номи сокинони ноҳия миннатдории самими хешро барои таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маълумоти гурӯҳи корӣ расонид ва таъкид сохт, ки онҳо ҳамеша аз сиёсати созандаи Пешвои миллат пуштибонӣ менамоянд.
Инчунин, дар нимаи дуюми рӯз бошад, вохӯрии ҳайати гӯрӯҳ бо сокинони деҳаҳои Пастиғав, Виткон, Камодон, Падрох ва Ҳадишаҳри ҷамоати Иван-Тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки дар деҳаи Пастиғав ҷойгир мебошад, бо иштироки 220 нафар сокинон сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ ҳайати гурӯҳ вобаста ба паҳлуҳои Паёми мазкур сухан намуда, аз дастгириҳои соҳибкорон, ҳунармандон, соҳаи дорӯсозӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ки дар Паём зикр гардидаанд ва сокинони ноҳия метавонанд ба ин бахшҳо бештар машғул бошанд, ибрози назар намуданд. Инчунин таъкид карда шуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида ва эҳёву тарғиби ҳунарҳои мардумӣ сокинони ноҳия ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистонро зарӯр аст, ки аз ҳарвақта дида бештар меҳнат намоянд ва маҳсули кори хешро муаррифӣ созанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинони деҳаҳои зикршуда, алалхусус нафақахури ноҳия Мирзобоқиев Мирак миннатдории хешро барои хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ, расонид.
Дар ин радиф ҳайати гурӯҳи корӣ ду вохӯрии хело судманд бо сокинони деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ анҷом доданд. Вохӯрии аввал бо сокинони деҳаҳои Худгифи соя, Худгифи офтоб, Эсизи боло, Эсизи поён, Муждиф, Ревомутк дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5, ки воқеъ дар деҳаи Худгифи соя мебошад, сурат гирифт.
Ҷамъомади навбатӣ бошад бо доираи васеи ҷавонони ноҳия, ки теъдоди онҳо беш аз 400 нафарро ташкил медод дар майдончаи варзишии деҳаи Худгифи соя баргузор гардид.
Суҳбат бо суханони Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Муҳаммадҷобир Раҷабзода оғоз гардида, сипас барои расонидани моҳият ва мазмуни Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати гурӯҳи корӣ, алалхусус роҳбари гурӯҳ Кабирзода Ҷурахон Ҳаким - муовини якуми сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия дода шуд.
Дар баромади хеш Кабирзода Ҷ. қайд намуд, ки ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бинобар ин, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд давомдиҳандаи пайкори гузаштагони хеш бошанд, забонҳои хориҷиро омӯхта, фирефтаи гурӯҳ ва шахсони манфиатҷӯ нагарданд ва аз таъриху фарҳанги хеш бархурдор гардида, зирракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Нимаи дуюми рӯз бошад вохӯрии навбатии ҳайати гурӯҳ бо сокинони деҳаҳои Мадрушкат, Лангар, Падаск, Хайробод, Табушн, Сабағ, Валиғон, Истошон, Деҳманора ва Пакшифи ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки дар деҳаи Мадрушкат воқеъ мебошад, анҷом дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ муйсафеди солхурдаи сокини ҷамоати Лангар Шоев Нурмуҳаммад аз ҳайати гурӯҳ барои вохӯрӣ ва суҳбатҳои самимияшон изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мо мардуми кӯҳистон фахр мекунем, ки чунин Пешво дорем ва дуо мекунем, ки баракат ёбанд. Инчунин изҳор дошт, ки «Агар мо хизматҳои Пешвои миллатро нодида гирем кӯр мешавем».
Ҳамзамон духтари ҳунарманде бо номи Зарифова Гулистон, ки сокини ҷамоати Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад ба сухан баромада миннатдории самимии хешро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, аз ҷумла қайд намуд, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯз дар ҷамоати мазкур сехи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки беш аз 30 нафар духтарони кӯҳистон ба меҳнат фаро гирифта шудаанд ва дар соли равон, ки соли «Рӯшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳунарҳои мардумии Кӯҳистони Мастчоҳро эҳё намуда, бо ин васила саҳми хешро гузоранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ноҳияи сарҳадӣ буда, бо Ҷумҳурии Қирғизистон марзи муштарак дорад. Табиист, ки бо мақсади таъмини сарҳади давлатӣ, қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус қисми низомии №0229, ки дар ноҳияи мазкур маскан дорад, фаъолият менамояд. Бинобар ин ҳайати гурӯҳи корӣ низ тасмим гирифтанд, ки дар мувофиқа бо мақомоти расмӣ бо афсарону сарбозони қисми низомӣ вохӯрӣ баргузор намуда, дар баробари дигар масъалаҳои фарогири Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз вазифа ва дастурҳое, ки роҷеъ ба масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пеш аз ҳама эътимоди Пешвои муаззами миллат ба ҳомиёни Ватан, ки дар Паём зикр гардидааст мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар таърихи 12 январи соли ҷорӣ вохӯрии ҷамъбастии ҳайати гурӯҳ бо сокинини дурдасттарини ноҳияи Қӯҳистони Мастчоҳ дар саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4, воқеъ дар деҳаи Роғи ҷамоати Лангар баргузор гардид.
Дар вохурӣ сокинони 13 деҳаи ҷамоати Лангар, аз ҷумлаи Деҳманора, Пакшиф, Роғ, Палдорак, Ярм, Самҷон, Худгифи боло, Ланглиф, Деҳавз, Деҳисор, Туро, Водиф ва Дашти миёна фаъолона иштирок намуданд. Дар вохурӣ ҳайати гурӯҳ таъкид намуданд, ки воқеан Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ умедворкунанда буда, ҳар фарди Тоҷикистони азизро ба созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
Сокинони дурдастарин деҳаҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз дастгириҳо ва ташрифи доимии Пешвои миллат ба ноҳия, алалхусус ба ҷамоати мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.
Самиҳов Б.С., Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия