Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1594Ҷумхурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомаи ҷаҳонӣ ба фазои иттилотии бащарӣ ворид гашта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.

30-апрели соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,7-ноябри соли 2003 Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ибораи дигар доктринаи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам меноманд.
Профессор Сайфуллоев Н.М. менависад: «Дар шароити муосир мо шоҳиди рушди раванди ҷаҳонишавӣ гардидаем, ки он тамоми сохаҳои хаёти муосир, иқтисодиёт,сиёсат ва фарҳангро дар бар мегирад. Робитаҳои байни давлатҳо дар сайёра таҳким меёбад». Профессор Нечаев Д.Ю. менависад, ки дар назди тамаддуни инсонӣ проблемаи мавҷудият ба миён омадааст,ки таҳдиду хатарҳои муосир ба вуҷуд омада,аз онхо мо бояд худро ҳифз карда тавонем. Ба акидаи ӯ амният ҳамчун тарзи ҳастии системаи иҷтимоӣ-табиӣ баромад мекунад, ки аз равандҳои харобкунада эмин нест. аз ин лиҳоз амнияти иттилоотӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Амнияти иттилоотӣ-маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилотии ҷомае ва инсон аст, ки хадафхои худро дорад:
1.Ҳифзи манфиатҳои миллӣ;
2.Таъмини шахс ва ҷомеа ба иттилои пурра ва эътимоднок;
3.Ҳифзи ҳуқуқҳои давлат, ҷомеа ва шахс дар қабул, истифода ва паҳнкунии иттилоот.
Дар замони муосир чунин таҳдидҳои иттилоотӣ мавҷуданд:
1.Сиёсати давлатхое, ки дастрасии комёбиҳои ҷаҳониро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ(IT) халалдор менамояд;
2.Ҷанги иттилоотӣ, ки фаъолияти муҳити иттилоотиро дар давлат номӯътадил мегардонад;
3.Фаъолияти ҷиноятӣ, ки бар зидди манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Манбаъҳои аосии таҳдидҳои дохилӣ:
1.Қафомонӣ дар сатҳи иттилоотонӣ аз кишвархои мутараққӣ;
2.Қафомонии технология дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT);
3.Пастравии сатҳи маълумоти шаҳрвандон, ки монеъаи рушди технологияҳои иттилоотӣ (IT) мегардад.
Дар баробари ин мутахассисон ба он ақидаанд,ки таҳдидхои гаразноки дохилӣ ва хориҷӣ низ мавҷуданд:
1.Дуздии иттилоот;
2.Паҳнкунии вирусҳои компютерӣ;
3.Таъсири ҷисмӣ ба асбобхои электронӣ, вайронкорӣ, шикастани барандаҳои иттилоотӣ ба воситаи майдони магнитӣ, таъсири барқасдона.
Усулҳои асосии ҳифзи иттилоот:
1.Маҳдудият ба дастрасӣ ба барандагони иттилоот;
2.Рамзбандии иттилоот;
3.Гузоштани камераҳо ва датчикҳои назоратӣ;
4.Тадбирҳои мукаммалгардони қонунгузорӣ.
Самтҳои асосии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
1.Гузаронидани чорабиниҳои максадноки ташкилӣ ва пешгирӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятнок;
2.Истифодаи барномаҳои зиддивирусӣ;
3.Тарзҳои махсуси ҳифзи иттилоот ва муносибати номақбул;
4.Истифодаи полоишгарони шабакавӣ;
5.Ҳифзи сомонаҳои сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
6.Пурзӯр намудани фаъолияти ВАО давлатӣ ва ҳифзи фазои иттилотии Тоҷикистон.
7.Ба Тоҷикистон ворид намудани технологияҳои иттилоотии (IT) насли панҷум.
8.Бунёди Маркази ҳамоҳансози амнияти иттилоотӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ.
Хулоса, рушдти босуръати технологияҳои иттилоотӣ (IT), ҳимояи манфиатхои миллӣ ва ҳифзи фазои иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба масъалаи актуалии сатҳи давлатӣ карор дода шуда, хамагон новобаста аз касбу шуғл бояд дар он саҳмгузор бошанд.

Асламов Б..,Сатторзода А..,Рустамзода З.

Адабиёт:

1. Комилов Ф.С. Информатика ва технологияхои иттилоотӣ. Душанбе,2016.
2. Раҳимзода Р.Ҳ. Ҳадафҳои стратегияи миллӣ-асоси амнияти иқтисодӣ, Душанбе, 2020.
3. Цветкова М.С., Великович Л.С. Информатика и ИТК. М.,2011.
4. Шарифзода Ф.Р. Информационное пространство правоохранительной деятельности ОВД Республики Таджикистан в сфере обеспечения национальной безопасности государства. Душанбе,2019.
5. Шарифзода Ф.Р., Амрудинзода М.А. Организационные и правовые взаимодействия ОВД со средствами массовой информации в сфере противодействия преступности в Республики Таджикистан, Душанбе, 2018.
6. Яқубов Д. Иттилоот чист ва он чӣ гуна ҳифз мешавад?.//Қонун ва ҷомеа,№48(500),29.11.2018.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...