Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кишварҳои Осиёи Марказӣ: назари геостратегӣ ба минтақа

«Мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатиамон ва таъмин намудани рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии кишварамон сиёсати давлатии худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, имконоту захираҳои воқеӣ , таҷрибаи давлатдории миллӣ ва тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ таҳия ва роҳандозӣ намоем».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

1574Бо пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ онҳо зуд дар маркази таваҷҷуҳ ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои гуногун, аз қабили кишарҳои Ғарб ,Осиё,ҷаҳони арабӣ ва ИМА қарор гирифтанд.Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин кишварҳо зери манфиатҳои геополиткии ИҶШС ва бештар Россия қарор доштанд.Қудратҳои ҷаҳонӣ истиқлолияти ин давлатҳоро эътироф намуда,муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.Гарчанде,ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи бунёди давлати демократиро гирифта бошанд ҳам, вале арзишҳои демократӣ бештар тарғиб гардида, дар пасманзари онҳо манфиатҳои стратегӣ карор доштанд.Классики геополитика Х.Маккиндер минтақаи Авруосиёро ҳамчун TNE HEARTLAND- маркази материкии ҷаҳон номида буданд,ки дар оянда аз ин минтақа ҷахонро идора кардан мукмкин аст.Воқаан ҳам баъди пошхӯрии ИҶШС ҳамин тавр шуд.Ҳангоими мавҷудияти ИҶШС ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин ҳодиса рух медиҳад,гарчанде Стратегияи ояндаи Осиёи Марказиро З.Бжезинский дар асарҳояш пешгӯӣ карда буд.Ин минтақаро З.Бжезинский «Балкани Авруосиё» номид, ки чун ядрои ҳудудӣ ба ҳисоб меравад, ки ба он ба ғайр аз 5-давлати Осиёи Марказӣ боз Гурҷистон, Арманистон ва Озорбойҷонро ба он дохил намуда онро меҳвари Осиёи Марказӣ ва Кавказ номид.Акнун мавқеи давлатҳои манфиатдор Россия,Туркия,Эрон,Афғонистон,Хитой муқаррар гашт.Чунин андеша пайдо гашт,ки минтақаҳои берунии он ноором мебошанд ва танҳо ИМА қудрат дорад, ки ба ҳайси арбитри олӣ баромад намуда, онро ба танзим дарорад. Авруосиё 49 миллион киломери мураббаъ масоҳат дошта, беш аз 4-миллиард аҳолӣ дорад.Ин фазо аз Португалия то Шарқи Дури Россия давом мекунад, бозии асосии шоҳмотро дар геополитика ташкил медиҳад.Дар ин бозӣ бояд фигураҳои шоҳмотро ба ҳаракат дароварда,нақшаи ҳукумронии нави геополитикиро бо роҳбарии ИМА ба вуҷуд оварад.(1.Бжезинский З.Большая шахматная доска. Нью-Йорк.1997.С.123-124.( на анлг.языке).
Ин идеяҳо пештар низ соли 1994 дар мақолаи З.Бжезинский бо номи «Табдилиҳамкорӣ»(2.TntRremature Partnership//Vol.73.1994/No.2.p.79) чоп шуда буданд, ки моҳияти он пайвасти Россия бо НАТО буд. Ҳар як давлати соҳибихтиёри пасошуравӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш мебарад. Бархе аз давлатҳои пасошуравӣ аллакай аъзои Паймони ҳарбии НАТО гардиданд аз қабили Литва, Латвия, Эстония ба сӯи Иттиҳоди Аврупо ҳаракат намуданд. Литва,Латвия ва Эстония соли 2004 ба узви Иттиҳоди Аврупо пазируфта шуданд. Чунин таносуби қувваҳои ҳарбӣ-стратегӣ вазъи геополитикии Федератсияи Россияро дар ҳолати огоҳии стратегӣ қарор дод. Ҳанӯз то соли 2012 дар Россия Барномаи ҳамкории Паймони НАТО баҳри сулҳ қабул гардид, ки худи Россия бо НАТО равобити ҳарбии худро густариш дод, Ин ҳамкорӣ як қатор давлатҳои пасошуравӣ аз қабили Озорбойҷон (с.1994), Арманистон (с.1994), Белоруссия (с.1995), Гурҷистон (с.1994), Қазоқистон (1994), Қирғизистон (с.1994), Тоҷикистон (с.2002), Туркманистон (с.1994), Украина (с.1994), Ӯзбекистон (с.1994) ҳамроҳ намуданд. Дар ин Барнома дар маҷмӯъ – 22 давлат аъзо гашта буданд. Ҳангоме, ки ба ин Барнома Россия 22- июни соли 1994 аз ҷониби собиқ вазири корҳои хориҷии Россия Андрей Козерев имзо гузошт, роҳбарияти Паймони НАТО ваъда дода буданд, ки онҳо ҳадафи васеъшавӣ дар Шарқро надорад ва ин Барнома танҳо имкон медиҳад, ки амнияти Аврупо таъмин карда шавад. Соли 1999 Чехия, Венгрия, Полша, соли 2004 Эстония, Булғория, Литва, Латвия, Руминия, Славакия, Славения, соли 2009 – Албания, Хорватия, Франтсия (аз сари нав) ба Паймони НАТО аъзо гаштанд. Ҳамин тавр васеъшавӣ НАТО ба Шарқ ба вуҷуд омад. НАТО аз як нерӯи ҳарбӣ ба нерӯи сиёсӣ-тамаддунии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо табдил ёфта, паси ҳам давлатҳои собиқ Шуравиро ба тарафи худ моил намуд. Ҳукумати Ӯзбекистон пойгоҳи ҳарбии ИМА-ро аз қаламрави худ ихроҷ намуд. Ин пойгоҳ дар асоси барномаи НАТО баҳри сулҳ 7-октябри соли 2001 кушода шуда буд. НАТО то воқеаҳои Андиҷон 13- майи соли 2005 дар Ӯзбекистон мустақар буд. Соли 2005 Тошканд талаб намуд, ки нерӯҳои ҳарбии ИМА сарзамини ин давлатро тарк намоянд. Аз соли 2002 пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қирғизистон низ мустақар буд. Аз ҳама зиёд густариши иқтидори ҳарбии ИМА дар Осиёи Марказӣ Россияро ором гузошта натавонист. Ин далел боиси он гашт, ки парлумони Қирғизистон берун кардани пойгоҳи ИМА-ро охири соли 2014 талаб намуд. Мавҷудияти нерӯҳои ҳарбии ИМА дар Қирғизистон ва Афғонистон ба ақидаи аксари таҳлилгарон ҳадафи геоиқтисодӣ дошта, яъне бояд лӯлаи нафту газ аз Туркменистон тавассути Афғонистон ба Покистон то соҳилҳои уқёнуси Ҳинд сохта шавад, ки ба таҳрҳои иқтисодии Чин, Россия, Эрон дар ин минтақа мухолиф аст. Созмони Ҳамкории Шанхай гарчанде, ки созмони ғайриҳарбӣ муаррифӣ мегардад, аммо бар зидди таҳрҳои геоиқтисодии ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ муқовимат менамояд, дар ин созмони бонуфуз Чин ва Россия бартарии иқтисодӣ доранд. Махсусан Чин солҳои охир равобиташро бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бештар густариш медиҳад.Дар навбати худ аксаран бар хилофи манофеи иқтисодии худ Россия ба ин раванд мусоидат менамояд. Чин гӯё чун девори геополитикӣ Россияро дар минтақа ҳифз менамояд. Вазифаҳои авалиндараҷа барои Россия аз лиҳози геостратегӣ ин таъсири бевосита расонидан ба сарҳадҳои ИДМ мебошад. Аввалан ин, ки аз нигоҳи таърихӣ ва географӣ барои амнияти Россия нисбати дигар давлатҳо аҳамияти бештар дорад. Дуюм, аксари шаҳрвандони русзабон дар қаламрави собиқ давлатҳои Шуравӣ зиндагӣ менамоянд, ки Россия албатта нисбати онҳо бетараф нест. Манофеи миллии Россия нисбати давлатҳои мустақили пасошуравӣ аз инҳо иборат мебошад:
1. Нигоҳ доштани равобити дӯстона бо ин давлатҳо новобаста аз сохтори сиёсии онҳо;
2. Пешгирии таҳдидҳои транзитӣ барои амнияти Россия, ки берун аз қаламрави давлатҳои собиқ Шуравӣ бармеояд.
Фазои давлатҳои пасошуравӣ ба ақидаи таҳлилгарон аз захираҳои газ, нефт, тилло ва дигар металҳои ранга бой буда, асосан дар Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Каспий маҳфузанд, ки аз рӯи ҳисоби иқтисодшиносони ҷаҳонӣ аз захираҳои Қувейт, Халиҷи Мексика ва баҳри Шимолӣ зиёдтар мебошанд. Барои ҳамин масоили асосӣ ин бунёди лӯлаҳои газу нафт тавассути Авруосиё мебошад, ки диққати давлатҳои бузургро ба суи худ кашидааст. Дар маврид барномаҳои гуногун тарҳрезӣ карда шудаанд, ки давлатҳои Ғарб кӯшиш менамоянд, ки бе иштироки Россия ин масоил амалӣ гардад. Яке аз ин лоиҳаҳо ба воситаи баҳри Каспий ба Озарбойҷон, минбаъд ба воситаи баҳри Миёназамин ба Туркияро дар бар мегирад. Дигар лоиҳа бошад, ин ба воситаи Афғонистон ба баҳри Араб бунёд бояд гардад. То ҳол ба ягон ширкати Россия муяссар нагаштааст, ки ин лоиҳаҳоро амалӣ гардонад. Дурнамои ИДМ, ки ба он Тоҷикистон низ аъзо мебошад, пеш аз ҳама аз муносибатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белоруссия иборат мебошад. Агар ин муносибатҳо қавӣ гарданд, он гоҳ имкон хоҳад дод, ки дар атрофии ин давлатҳо давлатҳои дигар аз қабили Қирғизистон муттаҳид гарданд. Дигар паҳлӯи васеъшавии Россия низ проблемавӣ мебошад, бо ҳамрорҳшавии Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Қрим, мавқеи Преднестрове низ дар чунин ҳолат қарор дорад. Россия сенарияҳои васеъшавии минтақаҳои низоъӣ дар фазои пасошуравиро ба манфиати худ дар рақобат Ғарб ва ИМА истифода мебарад. Истифодаи нерӯҳои ҳарбӣ дар ҳадди поёнтар ва нуқтаи ҳифзӣ қарор доранд, ки боиси риояи амнияти сиёсӣ дар ин минтақаҳо мегардад, ки баробарҳуқуқи милатҳоро таъмин месозад. Маълум аст, ки 8-декабри соли 1992 Белоруссия, Россия, Украина ИДМ- ро созмон дода буданд. Украина баъдан аз он берун гашт. Ҳоло ба ин давлатҳои ИДМ Россия, Белоруссия,Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдавия, Қирғизистон, Ӯзбекистон расман шомиланд. Аз ин давлатҳо барои таъмини амнияти коллективӣ Россия, Белоруссия, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон соли 1992 ба Созмони амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ворид гаштанд.
ИДМ аз рӯи моҳият ба якчанд блокҳои иқтисодӣ тақсим шудааст:
1. Евразес (Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдавия);
2. Гуам (Гурҷистон, Озарбойҷон ва Молдавия);
3. Давлатҳои иттифоқӣ (Россия ва Белорусия);
4. Иттиҳоди иктисодии Авруосиё (Россия, Белорусия, Қазоқистон,Қирғизистон, Арманистон).

Ҳар яке аз ин блокҳои иқтисодӣ ҳадафҳои геополитики худро дошта, дар онҳо бозингари асосӣ Россия ба шумор меравад. Ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки гарчанде, ки ИҶШС барҳам хурда бошад ҳам, вале Россия чун меросхури асосии он барои сарҷамъ шудани давлатҳои пошхӯрда кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад ва дар навбати худ ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии онҳо арҷ мегузорад. Давлатҳои пасошуравӣ истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст овардаанд ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш мебаранд. Бинобар ин Россия дар ин масоил ҳамеша эҳтиёткориро пеша гирифтааст. Агар сиёсати дохилӣ ва хориҷии ИДМ ва дигар давлатҳои пасошуравӣ ба манфиатҳои геополитикии Россия сахт мухолифат намоянд, онгоҳ ин боиси нигаронии Россия хоҳад гашт, ки аксаран нисбати давлатҳои наздики Балтика, Украина, қисман Молдавия, Гурҷистон ба назар мерасад. Ба акидаи 10-умин мушовири амниятии ИМА З. Бжезинский ҳангоми Президентии Ҷ. Картер (1977-1981) мавқеъ ва нақши Украина барои ояндаи ИДМ хеле муҳим мебошад ва ИМА ҳар чи зиёд таваҷҷуҳи худро барои суст кардани нуфузи Россия аввал ба Украина, минбаъд ба Қазоқистон равона хоҳад намуд. Дар шароити муосир ИМА аввалан ҳар чӣ зиёдатар бо давлатҳои ИДМ равобити худро мустаҳкам менамояд, Дуюм, ИМА кӯшиш менамояд, ки ҳарчи зиёдтар сармояи худро ба давлатҳои ИДМ ворид намояд. Сеюм, воридшавии давлатҳои ИДМ-ро ба ҷомеаи башарӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо хеле ҳам зиёд дастгирӣ ва маблағгузорӣ мегардад. Конгресси ИМА Доктринаи «Стратегияи роҳи абрешим»-ро қабул намудааст, ки ба воситаи Туркия транзити молҳоро бе иштироки Россия таъмин хоҳад намуд. Яке аз ин лоиҳаҳои бузург, ки Туркия бо дастгирии ИМА амалӣ кардани мешавад, ин сохтумони лӯлаи нефти Боку-Ҷейҳан мебошад. Ин лоиҳа метавонад, ки дар оянда ба манфиатҳои Россия, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон зарбаи сахт зада, онҳоро дар доираи монополияи ҷаҳонии савдои нефт заиф гардонад.Давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар доираи нуфузи ИМА, Россия, Чин дур намондаанд. Ҳоло Пекин рақобатпазири Россия ва ИМА барои соҳиб шудан ба захираҳои нафтии Қазоқистон ба шумор меравад.
Бархурдҳои геополитикӣ ва андешаи таҳлилгари рус Баранов Н.А. дар шароити муосир ба 2- блок ҷудо мешаванд:
1. Блоки ҷанубӣ (Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон)
2. Блоки шимолӣ (Россия, Хитой, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон).
Барои ҳамин ба Россия лозим аст, ки иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбии худро дар минтақа афзун гардонад, дар баръакси ҳол системаи дастаҷамъии СААД, ки Россия ба вуҷуд овардааст, дар доираи давлатҳои пасошуравӣ бетаъсир хоҳад монд. Маълум аст, ки доираҳои сиёсии ИМА ва Ғарб ҳар як ҳаракати Россияро дар давлатҳои пасошуравӣ чун таҷдиди империяи нави рус қаламдод намуда, давлатҳои аъзои ИДМ-ро ба Россия муқобил мегузоранд. Яке аз масоили баҳсангез дар доираи геополитикаи муосир ин воқеъшавии нуфузи Хитой дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии халқии Чин яке аз давлатҳои мутараққии минтақа ба шумор рафта, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳадафҳои асосии Хитой дар Осиёи Марказӣ инҳо мебошанд:
1. Назорати вилояти мусулмонҳои уйғуртабори Синтезян-Уйғур, ки дар назди сарҳадҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад.
2. Бунёди лӯлаи газ аз Туркманистон ва ворид шудан ба тиҷорати байналмилалии захираҳои сузишворӣ.
3. Кӯмак ба инфрасохтори Тоҷикистон.
Аз рӯи ақидаи таҳлилгари Маркази Вудро Вилсон А. Петерсен Хитой яке аз бозингарони бузурги геополитикӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ хеле ҳам саҳмгузор мебошад, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ мавқеи Хитойро дар минтақа мустаҳакам мегардонад. Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2001 инҷониб дар ин ҷабҳа нақши муосири худро гузошта истодааст. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз хеле арзишнок мебошад, ки тавассути он рушди иқтисодии Тоҷикистон таъмин мегардад. Аз он ҷиҳат, ки Россия шарики стратегии Тоҷикитон ба шумор меравад, ин боиси он мегардад, ки Тоҷикистон ҳам аз ҷониби Россия ва ҳам Хитой дастгирии дуҷониба ёбад. Мувофиқи ақидаи таҳлилгарон дар оянда низ ин ҳамкориҳо хеле густариш хоҳад ёфт, чунки дар оянда Хитой ба сиёсати дохилӣ, берунӣ, мудофиавӣ, иқтисодӣ ва демографии Россия таъсири бемайлони худро хоҳад гузошт, ки инро бояд доираҳои сиёсии Россия ба хубӣ дарк намоянд ва ҳамеша тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, ки ба манофеи минтақа ва ҳарду ин кишварҳо равона гаштааст.
Ҳамин тариқ бо таъсири омилҳои беруна кӯшишҳои таъсиррасонӣ ба давлатҳои ИДМ мавҷуд мебошад, ки аз рӯи ақидаи таҳлилгари рус Баранов Н.А. мешавад, ки ҳавзаҳои шиддатнокро бо роҳҳои зерин ба амал барорад:
1. Харидани элитаҳои сиёсӣ, дастгирии соҳибихтиёрии этникӣ ва нигилизми миллӣ;
2. Вайрон намудани шуури ҷамъиятӣ бо роҳи ғарбикунонӣ ё моделкунонии он, дур шудан аз арзишҳои миллӣ ва анъанавӣ;
3. Забти ҳавзаҳои иқтисодие, ки дар иқтисоди миллии давлатҳо мақоми асосӣ доранд;
4. Ба вуҷуд овардани муборизаи таҳмилии «муҳорибаҳои алигархҳо»;
5. Вайрон намудани қобилияти амалкунандаи иқтисоди миллӣ ва дигар сохторҳо.
6. Ба вуҷуд овардани ҳолати беҳокимиятӣ,бесарусомонӣ дар давлатҳо ва ба вуҷуд овардани вобастагии иқтисоди онҳо аз хориҷ.
Беҳуда нест, ки ин масоил таҳти назорати бевоситаи сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта дар ин хусус иброз менамояд:«Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсадҳои нерӯҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона ва бо таври дуруст, дарку қабул карда тавонанд».
Ҳанӯз соли 1986 нақшаи рақобат бо ИҶШС ва Аруосиё кашида шуда буд ва Авруоиё ба 3-фронти стратегӣ ҷудо шуд:
1.Ҷануб (Югославия);
2.Осиёи Марказӣ;
3.Кавказ.
Ҳамчунин давлатҳои ҳамшарики фронтҳо муайян гардиданд:
1.Фронти Ғарбӣ (Полша,Олмон);
2.Фронти Шарқӣ ( Кореяи Ҷанубӣ,Филлипин);
3.Фронти нарм (Россия);
4.Фронти Ҷанубӣ (Афғонистон,Покистон, Эрон).
Муҳаққиқон Кэмп Ҷ. ва Р.Геркави дар кори худ бо номи «Географияи стратегӣ ва Шарқи Наздики тағийрёбанда» соли 1977 навишта буданд, ки 70% захираи ҷаҳонии нефт ва 30% захираи чахонии газро маҳз Шарқи Наздики Бузург соҳибанд, ки худуди он ҷануби Россия, Осиёи Ҷанубӣ,Қазоқистон,Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб,Кавказ,Осиёи Маркази,Осиёи Ҷанубӣ( Покистону Ҳиндустон)-ро дар бар мегиранд.Ариэл Коэн менависад, ки нефт ва газ ин захираҳое мебошанд, ки иқтисоди Осиёи Миёнаро дар оянда боло мебаранд(3.Коэн А.США,страны ЦА и Кавказа: проблемы и перспективы взаимоотношений.//Журнал ЦА и Кавказ,№2(8),2000. С.37-44).
Хулоса, тадқиқотҳои стратегӣ нисбати Осиёи Марказӣ идома доранд ва ҳалли мусбии онро таҳлилгарон дар масоили сулҳ дар Афғонистон мебинанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.Аз ин лиҳоз, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод.Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад.Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод (4.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ -http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 10.02.2021).

Асламов Б.С.,
Ҳалимзода Д.О.


Адабиёт:
1.Бжезинский З. Большая шахматная доска. Нью-Йорк.1997.С.123-124. (на англ. языке).
2.TntRremature Partnership//Vol.73.1994/No.2.p.79.
3.Коэн А. США, страны ЦА и Кавказа: проблемы и перспективы взаимоотношений.//Журнал ЦА и Кавказ,№2(8),2000. С.37-44.
4.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ -http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 10.02.2021.
5.Джекшенкулов А. О роли Запада в ЦА-регионе.//Журнал ЦА и Кавказ,№2(8),2000. С.45-50.
6.Максименко В. Основание геополитического единства.//Журнал ЦА и Кавказ,№3(9),2000. С.64-73.
7.Россия-СНГ. Нужен ли в корректировке позиции Запада. М.,1995.С.5.
8.Ашенкампф Н.Н.,Погорельская С.В. Геополитика. М.,2010.С.214-221.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...