Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраҳои ташаккули Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи таърихии он

1563Мавҷудияти ҳеҷ як кишварро бидуни Артиши миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ таъсиси Артиши миллӣ ба ҳисоб мерафт. Замони Шуравӣ ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон тобеи Қувваҳои муссалаҳи собиқ давлати Шуравӣ буданд, акнун лозим буд, ки Тоҷикистони сохибихтиёр Артиши мустақили худро медошт.Ба таъсиси Артиши миллӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) монеъаи ҷиддӣ гузошт.Ба ин вазъи бӯҳронӣ нигоҳ накарда дар Иҷлосяи таърихии Шӯрои Олӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Раиси тозаинтихоби он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҳар чӣ зудтар дар заминаи Гвардияи миллӣ ва Фронти халқӣ ниҳодҳои Артиши миллӣ таъсис дода шаванд. Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар 4-январи соли 1992 Фармон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд, аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард. 23-ферали соли 1993 аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ бо ширкати Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва ин санаи таъсиси Артиши миллӣ эълон гардид.

Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки Стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда онро ба амал бароварад.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккулёбии худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷо ба ҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.
Дар марҳилаи аввал давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сафи Артиши миллиро аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, размандагони Фронти халқии Тоҷикистон ва даъвати шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ , ки дар захира буданд, пурра намуда буд.
Вазифаи муҳими дигар масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷо ба ҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт.
Дар ин замина (17.02.1993.) Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ, (02.08.1993.) Низомномаи додситони ҳарбӣ, (26.06.193) Қонун дар бораи мудофиа ва Қонун дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки шумораи онҳо , таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ ифшо намуд.
Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипарӣ нашуда ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим таъмин намудани суббот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Ҳукумати мамлакат бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ,таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.
Дар ин замина ҳануз то охири соли 1993 муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қушунҳои дохилии 20.02.21. ВКД ҶТ”( 28.12.1993) Қонунҳо “ Дар бораи амният” Дар бораи кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амният ба тавсиб расиданд, ки дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон қадами ҷиддие буд.
Соли 1995 барои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон соли оғози дигаргуниҳои куллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд то соли 1995 бо вуҷуди мушкилиҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар таъсиси қисму воҳидҳои бузургу хурди ҳарбӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда бошанд, ҳам вале бунёди муназзами Қувваҳои мусаллаҳ аз соли 1995 оғоз гардид, ки се марҳилаи инкишофро дар бар мегирифт.
Марҳилаи аввал ба солҳои 1995-1997 рост меояд, ки бо таҳия ва тасдиқ намудани сохторҳои ташкилию штатии мақомоти идорӣ воҳидҳои бузурги ҳарбӣ ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, ташкил намудани системаи ягонаи идораи қушунҳо ва таҳияи қонунгузорӣ дар ин самт вобаста мебошад.
Марҳилаи дуюм ба солҳои 1998-2000 рост меояд, ки бо ба анҷом расонидани бунёди Қувваҳои мусаллаҳ, муайян намудани самтҳои минбаъдаи инкишофи он, ташкил намудани системаи устувори идораи нерӯҳои мусаллаҳ вобаста ба вазъитҳои гуногун ба шумор меравад.
Соли 1998 роҳбарияти Вазорати мудофиа натиҷаҳои марҳилаи аввали бунёди дигаргунсозиҳои ташкилиро ҷамъбаст намуда ба иҷрои нақшаҳои марҳилаи дуюм оғоз намуд, ки тибқи он бояд вазифаҳои мувофиқат кунонидани сохторҳои ташкилию штатӣ бо шумораи барои қӯвваҳои мусаллаҳ муайян намудаи Маҷлиси Олии ҶТ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва интизоми ҳарбӣ дар қушунҳо ва ҳамоҳанг кунонидани фаъолияти воҳидҳо ва ҷузъу томҳои Қӯвваҳои мусаллаҳ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода мешуданд.
Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қувваҳои мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низоми дар таъмини амнияти миллӣ фармонҳо “ Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахасиссон барои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи президентӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, “ “ Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоробоз ҳам вусъати тоза бахшид.
Дар ин замина Вазорати мудофиа имконият пайдо намуд, ки маҳорату малака ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро ба сатҳи баландтар бардорад, идораи ягонаи ҳарбиро ба роҳ монад, вазифаҳои ҷагии қушунҳоро муайян намуда ҳамоҳангии онҳоро бо дигар ҷузъу томҳои низомӣ ба роҳ монад.
Дар ибтидои соли 1999 дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон се навъи қуваҳои мусаллаҳ қушунҳои хушкигард, қушунҳои зидди ҳавоӣ ва қуваҳои ҳарбии зидди ҳавоӣ таъсис дода шуданд. Илова бар ин дар қувваҳои мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табдил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии малакат, омӯзиши вазъи ҳарбиву сиёсӣ, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбӣ ва омодагии ҳарбиву тактикии ситодҳо ва қушунҳо вогузор шудаанд.
Дар баробари ин таҳия ва қабули “Консепсияи амнияти миллии ҶТ”, Доктринаи ҳарбии ҶТ” ва “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қӯваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ буданд.Таҳким ва такмили Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сохтори ҳарбӣ ҳамеша идома дорад.
Марҳилаи сеюм (2000 то рӯзҳои мо).Дар ин марҳила Артиши миллӣ пурра таҷхизонида шуда бо карҳои баландихтисос таъмин гарид. Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Мактаби Олии ВКД ба Академияи ВКД табдил дода шуда, Донишкадаи сарҳадӣ, Маркази таълимии Вазорати мудофиа, Коллеҷи милитсияи ВКД, Коллеҷи оташнишонии ВКД ба фаъолият шурӯъ намуданд. Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон дар доираи СААД ба гӯруҳи вокуниши зудамал ворид гашта , аз ҷониби Ситоди генералии он баҳои баланд гирифтанд. Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи зидди террористии СҲШ дастаҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон сазовори баҳои баланд дар несту нобуд кардани гӯруҳҳои террористӣ-экстремистӣ гирифтанд. Хамкориҳои ҳарбӣ бо Россия, Хитой, Ҳиндустон, ИМА, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Белорусия ба роҳ монда шуданд.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст. Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба Савганди ботантанаи дар назди Сарфармондехи Олии Қувваҳои Муссалаҳ , Генерали Артиш, Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдкардаи худро ҳамеша пос медоранд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.

Шарифзода Ф.Р.-Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия
Асламов Б.С.-Ходими калони илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,Аълочии матбуоти тоҷик,полковники милитсия

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...