Шикасти ситемавии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги иттилоотӣ
«Касе соҳиби иттилоот аст, дунёро идора менамояд, касе онро аз даст медиҳад, ҳокимиятро аз даст медиҳад» Руперт Мёрдок, соҳибкори австралиягӣ
Солҳои охир ҷангҳои иттилоотӣ хеле шадид гардидаанд, ки ба зиндагии осудаи мардум ва амнияти давлатхо тахдиди чиддӣ намуда истодаанд. Ба хотир биёрем, ташкил ва гузаронидани инкилобҳои таҳрезишудаи рангаро, ки ҷавҳари онҳоро ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва дигар кардани мафкураи одамон ташкил медиҳад. А. Даллес навишта буд, ки «майнаи сари инсон барои тағйирот омода аст, фақат онро тавассути адабиёти дигар такон додан лозим аст, он гоҳ бесарусомонӣ эчод мегардад».
Муҳақкиқ Ромашкина Н. менависад, ки инкилобҳои ранга ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) роҳандозӣ мегарданд:
1.Инқилоби булдозер (Югославия, 2000.);
2.Воридшавӣ ба Афғонистон (2001с.);
3.Инкилоби садбарг (Гурҷистон,2003);
4.Воридшавӣ ба Ироқ (2003);
5.Инқилоби норинҷӣ (Украина,2004);
6.Инқилоби лола (Қирғисистон,2005);
7.Инқлоби жасмин (Тунис,2011);
8.Ҷанги шаҳрандии Ливия (2011то ҳоло);
9. Евромайдан (Украина2013,2014).
Шикасти Иттиҳоди Шуравӣ (1922-1991) низ маҳз тавассути ҷангҳои иттилоотӣ ба амал бароварда шуд, гарчанде назарияҳои конспирологии он низ мавҷуданд.Солҳои 80-уми асри XX занҷирҳои Иттиҳоди Шуравӣ бо дахолати кишварҳои хориҷӣ ва проблемаҳои иқтисодии дохилӣ тадриҷан суст мегардад ва ин империяи абарқудрат, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқовимат менамуд, моҳи декабри соли 1991 расман аз байн рафт. Сабабҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба таври мухталиф маънидод карда мешуданд. Нерӯҳои демократии Россия, ки аз Қасри сафеди Амрико дастгирӣ ёфтанд. Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун дорои режими ғайридемократӣ, давлати тоталитарӣ ном бурда, арзишҳои онро пурра аз байн бурданд. Назарияи конспиролгии барҳамхурии он дар 10-кадами бо навбат баён шудааст:
Қадамия якум, тарҳрезӣ ва амалигардонии дастурҳои Хадамоти махсуси хоричӣ;
Қадами дуюм, ҷалби ходимони сиёсӣ ба арзишҳои бегона ва манфиатҳои геополитикии ин кишварҳо:
Қадами сеюм, чамъоварӣ ва коркарди иттилооти зарурӣ дар бораи ИҶШС;
Қадами чорум, хуҷумхои психологӣ ба аҳолӣ;
Қадами панҷум, ҷалби васеи сиёсатмадорон, журналистон, хукуқшинсон барои бадномкунии сохтори ИҶШС;
Қадами шашум, ба вуҷуд овардани бабинии психологии мардум ва ҳокимияти сиёсӣ;
Қадами ҳафтум, ба вуҷуд овардани бӯҳрони иқтисодии дохилӣ ва вобастагӣ аз иқтисоди беруна;
Қадами ҳаштум, тахрибкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои он ва минақаҳои ИҶШС;
Қадами нуҳум, таксимбандӣ ва ҷудоиандозии элитаи сиёсӣ;
Қадами дахум, истифодаи «камонаки маҷозӣ» дар лаҳзаи зарурӣ барои ноором кардани вазъи ҷомеа.
Яке аз идеологҳои асосии он З.Бжезинский (1928-2017), директори Институти илмии омӯзиши масъалахои коммунизми Донишгохи Колубия (1960-1989) буд. Рисолаи илмии ӯ «Ташаккули системаи тоталитарӣ дар СССР» ном дорад. Гарчанде вай дар маҷчалаи Форуми шаҳри Мюнхен (1985) Иттиҳоди Шӯравиро абарқудрати намуди махсус номида буд, вале дар ёддошҳои худ вай менависад, ки «ҷанги сард» на бар зидди коммунизм, балки бар зидди давлати Россия равона шуда буд, мо Иттиҳоди Шӯравиро шикаст додем. З.Бжезинский муаллифи яке доктринаҳои зидди Шуравӣ буд, гарчанде доктрианаҳои Трумэн, Эйзенхауер, нақшаи Маршалл (13 миллиард доллар), барномаи Маккарти, Cанади ШАМ 20/1 (1948), таъсиси НATO (1949), NSC68 (1950) мавҷуд буданд. Лекин аз ҳама муҳим ба андешаи сиёсатшиноси Россия И.Панарин нақши асосиро дар ин муборизаҳо ҷанги иттилоотӣ бозиданд, ки ҳанӯз соли 1943 оғоз гардида буд.Гаранде мегӯянд, ки он аз нутки У.Черчилл дар Фултон соли 1946 ва эълони «ҷанги сард» оғоз гардида бошад. Ҷанги иттилоотӣ баъди марги И. Сталин (1953) ба авҷи худ гузашт, систамаи иттилоотии муковиматкунандаи иктишофӣ ва зиддииктишофии СССР шикаста шуд, ки пайдар пай мақомоти кудратӣ ва ҳифзи ҳукук заиф гашт, ки ин хатои бузурги системавӣ буд, ки онро З.Бжезинский баъдан шикасти СССР аз дохил номид. Ин хатогихои системавии пешниҳоди иттилоъ дар бораи сохтори давлатӣ, элитаи сиёсӣ даврони Н.Хрушёв (1953-1964) авҷ гирифт. Ҳатто Н.Хрушёв дар баромадҳояш мегуфт, ки дар мо сотсиализм нест, сотсиализми ҳақиқӣ дар Ғарб мавҷуд аст.Ӯ ҳамчун сиёсатмадори глобалист СССР-ро ба сӯи Ғарб тела дод. Моделкунонии шуури ҷамъиятӣ оғоз гардид ва бо ба сари ҳокимият омадани Л.Брежнев (1964-1982) ин амалро муваққатан суқут кард.Даври сеюм ба роҳбарии М.Горбачев (1985-1991) рост меояд, ки ҷанги иттилоотӣ ба авҷи аълояш расида, оқибат бо гузаронидани амалиёти иттилоотӣ-психологӣ Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт ва марҳилаи нави геополитикӣ баъд аз ҷанги дуюми ҷахонӣ, марҳилаи Беловежск (1991 то рӯзҳои мо) оғоз гардид.Ҷангҳои иттилоотӣ мутаасифона ҳоло ҳам идома доранд.
Асламов Б., Рустамзода З.,Ҳалимзода Д.
Адабиёт:
1.Бжезинский З. Большой провал: Рождение и смерть коммунизма в 20 веке. Нью-Йорк,1989.
2.Хлобустов З. Доктрина Даллеса в действие. М.,2012.
3.Ромашкина Н.П., Стефанович Д.В., Марков А.С. Международная безопасность, стратегическая безопасность и информационные технологии. М.,2020.
4.Карпович О.Г.Практика ведения США операции информационной войны в сфере внешней политики.//Национальная безопасность,№1,2017.
5.Панарин И.Н. Первая мировая информационная война. Развал СССР. С.П.,2010.