“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” вазъи амнияти минтақа ва масоили сулҳи Афғонистон
Мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод. Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” аз сӯи 15 кишвари ширкаткунанда (Афғонистон, Тоҷикистон,Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ,Туркия, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон), 17 кишвар пуштибон (Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финляндия, Олмон, Ироқ, Италия, Ҷопон, Норвегия, Полша, Испания, Шветсия, Инглистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америко) ва 12 созмони минтақаӣ ва байнуламиллӣ (Бонки рушди Осиё (ADB), Шабакаи рушди Оғохон (AKDN), Ҳамкории минтақаи иқтисодии Осиёи Марказӣ/ Бонки рушди Осиё (CAREC), Конфронси таомул ва эътимодсозии Осиё (CICA), Созмонҳои паймони амнияти ҷамъӣ (CSTO), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), Иттиҳодияи Аврупо (EU), Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (NATO), Созмони ҳамкориҳои исломӣ (OIC), Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (OSCE), Анҷумани ҳамкориҳои Осиёи Ҷанубӣ (SAARC), Созмони ҳамкорҳои Шонгҳой (SCO), Идораи кӯмакҳои СММ барои Афғонистон (UNAMA)) пуштибонӣ мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷаноби Олӣ, Ашраф Ғанӣ дар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истамбул", ба мувофиқа расиданд, ки охири моҳи марти соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор шавад. “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ду раёсат дорад, ки яке доимӣ буда, ба Афғонистон тааллуқ дорад. Раёсати дуввум раёсати маштарак аст, ки ҳар сол яке аз кишварҳои узв довталабона онро ба даст меорад ва дар ҳамоҳангии ин раванд ҳамкорӣ мекунад.
“Қалби Осиё – Раванди Истамбул” (HoA-IP) аз 2 ноябри 2011 дар Истамбули Туркия барои пардохтан ба чолишҳову манофеъи муштараки Афғонистону ҳамсоягон ва шарикони минтақаӣ таъсис ёфт ва дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии узв баргузор мешавад. Ин раванд як бистар ё платформа барои ҳамкориҳои минтақаии самимона ва натиҷагароро фароҳам мекунад. Ҳадаф шинохтани ин воқеият аст, ки як Афғонистони амну босубот барои равнақи ҳамкориҳои минтақаӣ минҳайси марказ ё “қалби Осиё” ҳаётӣ мебошад.То ин замон Туркия (2011, 2018 – 2019), Афғонистон (2012), Қазоқистон (2013), Чин (2014), Покистон (2015), Ҳинд (2016) ва Озарбойҷон (2017) мизбони конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” будаанд. Тоҷикистон аз соли 2020 онро мизбонии онро ба уҳда дорад.
Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» санаи 9 декабри 2019 дар Истанбул доир гашт. Дар конфронси мазкур кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» ширкат варзиданд.Дар Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок карданд. Зимни ҷаласаи вазирон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи созандаи давлати мо ва ташаббусхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвари ҳамсоя таъкид намуд. Аз кишварҳои иштирокчӣ, мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати мусоидати бештар дар равандҳои мусбати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват гардид.
Дар натиҷаи баррасиҳо Эъломияи Истанбулро конфронс қабул намуд. Бар асоси он раисии муштараки Қалби Осиё/Раванди Истанбул дар соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ин иқдоми ҷониби Тоҷикистон аз тарафи иштирокчиёни конфронс ҳамовозӣ пайдо намуд.25 августи 2020 бино ба пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, ки ҳамраисии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, нишасти маҷозии кормандони аршади раванди мазкур баргузор гардид.
Масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки соли 2021 дар Душанбе дар назар аст, вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, ҳамкориҳои кишварҳои узв дар раванди сулҳу субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон баррасӣ хоҳад намуд.Вазорати корҳои хориҷии Туркия , ки раёсати худро дар “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон вогузор намудааст. Ин раёсатро Туркия соли 2017 аз Озарбойҷон гирифтааст ва Тоҷикистон дар аз 2020 раисии онро бар уҳда дорад. Вазорати умури хориҷии Афғонистон эълон кардааст, ки Тоҷикистон ва роҳбари ғамхори он Ҷаноби Олӣ,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди сулҳ дар ин кишвар бо раҳбарии ҳукумати Афғонистон ҳимоят мекунад. Душанбе аз мавқеи Кобул дар раванди сулҳ ба раҳбарии Давлати исломии Афғонистон, ҳимоят мекунад. Ҳамоиши "Қалби Осиё-Раванди Истанбул", ки ба мавзӯи сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон бахшида шудааст, аз чанд сол ба ин тараф баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳо ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок мекунанд.Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзро назорат дорад. Дар кишвари ҳамсояи мо беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Ҷиҳду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳар чӣ зудтар бо роҳи музокирот ҳал намудани қазияи Афғонистон мебошад,ки борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ садо додааст.
Асламов Б.С.,Ҳалимзода Д.О.