Вохӯрӣ бо курсантдухтарони факултети №5
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ,
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,
Эмомалӣ РАҲМОН
Бо мақсади таъмини иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Онҳо барои баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ нақши муҳим доранд. Дар робита метавон Қонун "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа", Қарорҳои Ҳукумати мамлакат "Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020" ва "Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020"-ро номбар кард. Пешвои миллат дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон бо занону бонувони фаъол ҳамин нуктаро хотиррасон мекунанд, ки «Шумо ояндасози миллати тоҷик ҳастед, офарандаю бавуҷудоварандаи наслу миллати тоҷик Шумоед, ояндаи халқу миллат дар дасти Шумост ва ояндаи ҷомеа низ ба Шумо марбут аст».
Санаи 11-уми феврали соли равон дар бинои факултети №5, вохӯрии Раиси Шӯрои занони ВКД, полковники милитсия Хушвахтзода Б.Г., Раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., инчунин сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода М., ва сардори курси факултети №5, лейтенанти калони милитсия Хуҷаназарзода Ф., бо курсантдухтарони факултети №5 сурат гирифт.
Вохӯрии мазкурро сардори факултети №5, майори милитсия Нуруллозода М., ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, дастоварду комёбиҳои занон дар соҳаҳои гуногун, хусусан дар самти илм гувоҳи он аст, ки онҳо дар пешрафти ҳама соҳаҳо худро муваззаф ва шарики боэътимоди мардон мешуморанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пурқувват намудани нерӯи зеҳнии ҷавонон, махсусан ҷавондухтарон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва барои онҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Мо - тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза намуданд.
Баъди суханрониҳои Нуруллозода М., Раиси Шӯрои занони ВКД, Хушвахтзода Б.Г., баромад намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо занону духтарон дар тамоми ҷодаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, ҳеҷ як корхонаву идора, вазорату кумита ва ташкилотеро бе фаъолияти онҳо тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Ба хусус дар мақомоти корҳои дохилӣ низ саҳми занон дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон назаррас буда, онҳо дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарикунанда низ бо сарбаландӣ адои хизмат менамоянд. Шӯрои занони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти назаррас дошта, пайваста натиҷаҳои хизматӣ ва амалу рафтори онҳо дар ҷаласаҳои Шӯро мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Занони мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ба иҷро расонидани вазифаҳои дар назди милитсия гузошташуда, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва коргузорӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд. Имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.
Баъди суханрониҳои Хушвахтзода Б.Г., Раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т., баромад намуда, қайд намуданд, ки ҷавонони мо, алалхусус ҷавондухтарон дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. Тарбияи духтарон дар мактаб ва оила мебошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи миллатанд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд. Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд. Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти ӯ хислатҳои накӯтарини инсониро бо шири поки худ ҷой медиҳад. Равшанфикре бамаврид гуфтааст, ки: "Дар ҷомеае, ки модарони донишмандаш зиёданд, он ҷомеа худ аз худ рушд мекунад". Дар ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои занон дар ҳама бахшҳои ҳаётан муҳим шароити ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст. Давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин вохӯриҳо ба болоравии донишу маҳорат ва маърифати ҷавонон аз он ҷумла, курсантдухтарони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Шӯрои ҷавонони Академия