Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳи бузурги абрешим: Масоили Афғонистон ва бархурди манфиатҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ

1035«Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем. Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд». 

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 26.01.2021 (1. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 26.01.2021).

Баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ охири солҳои 90-уми асри XX вазъи геополитикии ҷаҳон, бахусус минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ комилан тағйир ёфт. Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) маъруф бо номи СССР пайи ҳам истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст оварданд. Дар байни ин давлатҳо Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуда, чун давлати соҳибихтиёр арзи вуҷуд намуд. Аммо ҳаммарзӣ ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон (1344,15 км сарҳад) ба вазъи сиёсию ҳарбии кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистон бе таъсир намонд. Солҳои 1992-1997 бо дасисаи душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар Тоҷикистон ба доми ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бо хирад ва иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфта, Тоҷикистон роҳи сулҳу субот ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифта, дар ин ҷода қадамҳои бузург гузошт, вале вазъи ноороми Афғонистон ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои ҷаҳон ва ҳалли низоъи минтақавӣ боқӣ монд. Албатта масоили Афғонистони ҷангзада хатари терроризми байналмилалиро ба вуҷуд овард ва барои пешгирии терроризми байналмилалӣ нерӯҳои эътилофи Ғарб бо сарпарастии ИМА вориди хоки Афғонистон шуданд. Замони Шӯравӣ қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳангоми инқилоби Савр (1978-1979) ҳамчун ёрии башардӯстона ба хоки Афғонистон даромада буданд, вале бо талаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, охири солҳои 80-уми асри XX аз ин кишвар берун омаданд ва Афғонистон майдони амалиёти ҷангии гурӯҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ гашт, ки хатари глобалиро соҳиб гашт. «Аз рӯи маълумоти расмӣ ёрӣ ба неруҳои зиддидавлатии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 24-уми декабри соли 1979 оғоз гашт, ки ин дастурро 3-юми июли соли 1979 Ҷ.Картер имзо намуда буд» гуфта буд, З.Бжезинский дар мусоҳибааш бо мухбири маҷаллаи франсавии «Нувель Обсерватер» 15-уми январи соли 1998 (2). Баъдан 7-уми октябри соли 2001, ки барои пешгирии терроризми байналмилалӣ нерӯҳои эътилофӣ бо сарпарастии ИМА дар доираи «Ғалабаи шикастнопазир» вориди Афғонистон шуданд.
Масоили Афғонистон аз назари таҳлилгарон ҳар гуна маънидод карда мешавад:
1. Ин манфиатҳои ИМА ва Покистон, Эрон дар Афғонистон;
2. Дастгирии гурӯҳҳои тундрав аз тарафи Дастгоҳи байнисоҳавии ҳарбии давлатҳои хориҷ;
3. Ҳал нашудани масъалаи миллӣ дар Афғонистон (Афғонистон кишвари сермиллат: тоҷикон, паштунҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳо ва ғ.);
4. Аз байн рафтани ниҳодҳои дунявӣ баъди шикасти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва густариши босуръати омили исломӣ солҳои охир дар кишвар;
5. Бинобар сабаби номуътадили вазъи сиёсӣ дар дараҷаи суст қарор ёфтани ҳифзи сарҳади давлатии Афғонистон;
6. Ба хориҷи кишвар муҳоҷират намудани афғонҳо, дар амну осоиши кишварҳои Аврупо ва Америка иқомат кардани онҳо, дур мондан аз тақдири минбаъдаи кишвар;
7. Гуногунандешӣ ва бисёрмазҳабӣ ҳам дар дин ва ҳам дар ҷунбиш ва ҳизбҳои сиёсии хусусияти исломидошта, ихтилофи назарҳо, монеаҳои созиши миллӣ;
8. Кишти маводи мухаддир, нашъаҷаллобӣ, қочоқ ва аз назорати давлатӣ берун шудани он (танҳо дар соли 2010, 3-ҳазору 600 тонна маводи мухаддир дар Афғонистон истеҳсол шуд, ки 82%-и он афюни ҷаҳониро ташкил медод) (3);
9. Мавҷуд будани ҳисси нобоварӣ ва бадгумонӣ дар байни гурӯҳҳои ҷангӣ, алалхусус Толибон нисбати ҳукумати марказии Кобул;
10. Набудани таълимоти идеявии оштии миллӣ ва дастгирӣ наёфтани он аз тарафи қишрҳои гуногуни ҷомеаи Афғонистон;
11. Бесамар ва бенатиҷа анҷом ёфтани конференсияҳои байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, нишасту вохӯриҳо атрофи масоили Афғонистон дар кишварҳои гуногун.
ИМА дар Афғонистон мавқеи стратегии худро дар оянда низ боқӣ хоҳад монд. Доираҳои сиёсии ИМА таълимоти «Роҳи нави абрешим»-ро кор карда, бо ин роҳ мехоҳанд, ки нуфузи ҳарбию сиёсии худро натанҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ нигоҳ доранд, махсусан дар давраи президентии Ҷорҷ Буши хурд (2001-2009) таваҷҷуҳи калон ба Осиёи Марказӣ дода шуд, ки натанҳо мавқеи старатегии ИМА-ро дар Афғонистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ мустаҳкам намуд, роҳи ҳавоии боркашониро ба воситаи Тоҷикистон кушода, гуфтушунидҳоро бо Ӯзбекистон, Туркманистон густариш дод. Таълимоти «Роҳи нави абрешим» ҳанӯз соли 1997 аз ҷониби Бонки Осиёии Инкишоф, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ-минтақавии Осиёи Марказӣ пешниҳод шуда буд, ки ҳадафи асосии он таъмини инкишофи иқтисодӣ, паст намудани камбизоатӣ ба воситаи таъсири байни ҳамдигарии иқтисодии иштирокчиёни он (Афғонистон, Озарбойҷон, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Муғулистон) ба шумор меравад.
Такягоҳи идеологии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ таълимоти «Осиёи Марказии бузург» ба шумор меравад. Дар ҳуҷҷатҳои ҲИМКОМ (Ҳамкории иқтисодии минтақавии кишварҳои Осиёӣ Марказӣ) охири солҳо 1990 коркард карда шуда буд, ки бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ амалигардонии он ривоҷ ёфт. Соли 2005 роҳбари Институти Осиёи Марказӣ ва Қафқози ИМА профессор Фредерик Старр брошюраи «Ҳамкорӣ дар доираи Осиёи Марказии бузург барои Афғонистон ва ҳамсояҳои он»-ро ба нашр расонд. Дар ин кор муаллиф даъват менамояд, ки 5-ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, инчунин Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон дар доираи минтақаҳои ягона муттаҳид шуда, дар ин фазо сиёсати умумии минтақавиро пеш баранд. Дар ин асар чунин омадааст, ки Осиёи Марказӣ гиреҳи асосии нақлиётӣ ба шумор рафта, ин минтақа таърихан ҳамчун купруки байни фарҳангҳо ва бозорҳо хизмат мерасонад. Осиёи Марказӣ робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо вилояти мухтори Синсзян - Уйғури Ҷумҳурии Халқии Чин, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон дорад. Ба ақидаи профессори америкоӣ Фредерик Старр ин ягонагӣ дар охири асри XIX вайрон карда шуд, ки ин минтақа аз ҷониби империяи Россия, минъбад Иттиҳоди Шӯравӣ тасарруф карда шуда буд. Ба ақидаи ҳамоҳангсози Бонки Осиёии инкишоф ва Бонки ҷаҳонӣ дар Афғонистон Уилям Берд дар шароити муосир робитаҳои кандашударо аз нав бояд эҳё намоянд ва аз вобастагии Россия берун карда шаванд. Натиҷаи чунин тадқиқотҳо буданд, ки Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ объекти манфиатҳои геополитикии ИМА гашт, ба ин масъала Департаменти давлатии ИМА, Конгресс, Президент, хадамотҳои иктишофӣ, Вазорати дифоъи ИМА таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Амалиёти эътилофи муборизаи зидди террорризми байналмилалӣ дар Афғонистон низ бо ташаббуси доираҳои сиёсии ИМА гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии ИМА дар Афғонистон ин дар оянда инкишофи иқтисодии он, табдили он ба минтақаҳои нақлиёти транзитӣ ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим (4) ба шумор меравад, ки дар он Россия ва Хитой бояд мавқеи иқтисодии маҳдуд дошта бошад. Дар Афғонистон бояд системаи бузурги коммуникатсионӣ, роҳҳо, роҳҳои автомобилгард, роҳҳои оҳан, хати барқ, лулаи газ, умуман логистикаи нав бунёд карда шавад.
Чанд лоҳиҳаҳои амаликунии роҳи нави абрешим таҳррезӣ шуданд:
1. Шабакаи Шимол: Инфраструктураи нақлиётӣ ба воситаи Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон;
2. Шимолу Ғарб: Ба воситаи Туркманистон;
Зиёда аз 30-сол аст, ки аз ҷониби таҳлилгарон роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон пешниҳод мегардад, мутаассифона онҳо бо сабабҳои зерин амалӣ намегарданд:
1. Дарки Осиёи Марказӣ на ҳамчун қисми «Аврупои бузург», балки ҳамчун қисми Осиё;
2. Аз ҳад зиёд нишон додани баҳои геополитикӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон;
3. Ба вуҷуд овардани нобоварӣ нисбати тоҷикони Афғонистон, пайдо кардани чеҳраҳои нави паштун, ки ҳудуди калони Афғонистонро муттаҳид карда, ҳукумати худро дар шаҳри Кобул таъсис диҳанд;
4. Интихоби ҳамкории минтақавӣ барои назорати Афғонистон, ба ин нақш муносиб донистани Покистон;
5. Майл ба сӯи Ӯзбекистон, Туркманистон ҳамчун ҳамкории стратегӣ дар муқобили роҳ надодан ба шарики стратегӣ бо Россия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
6. Муқовимат бо Россия, аз байн бурдан ва маҳдуд гардонии таъсири Россия ва Хитой дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
7. Ба вуҷуд овардани нобоварӣ ба Хитой ва Ҳиндустон, вале дар як вақт ҷалб намудани онҳо барои ҳамкорӣ бо шароитҳои мувофиқи талаботи ИМА, ки минбаъд роҳҳои ҳамкориро бо Россия ва Хитой ҷустуҷӯ накунанд.
Барои ҳалли қазияи Афғонистон ду ақида аз ҷониби доираҳои сиёсии ИМА андешида шуданд:
1. Тадриҷан, бо тавсияҳои геополитикӣ таъсиси назорати Афғонистон ба воситаи худи Толибон.
2. Тақсими навбатии Афғонистон ба шимол ва ҷануб, бо таъсиси ҳукумати Толибон дар ҷануб, Эътилофи шимол дар шимоли Афғонистон (асосан аз ҳисоби тоҷикони Афғонистон, тарҳи Пажуҳиши Олмон);
3. Роҳ додан барои ҳаракати ҷангҷӯёни исломӣ аз ҳисоби ӯзбекон, тоҷикон ва дигар зодагони давлатҳои ИДМ дар шимоли Афғонистон ва сарҳади ҷанубии давлатҳои ИДМ;
4. Душворӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои ҷангҷӯй дар лагерҳои ҳарбӣ таълим гирифта, сипас ба шимоли Афғонистон равона карда мешаванд.
Сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ хуб медонанд, ки сиёсати давлатҳои эътилоф дар минтақа ба таваккал вобаста мебошад. Лекин ба ин нигоҳ накарда онҳо ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд. Ҳамкории Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи ёрмандии молиявӣ ва сиёсӣ равона карда шудааст, лекин ёрмандиҳои молиявии ИМА имкони манфиатҳои геополитикии Федератстияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар минтақа хеле маҳдуд менамояд.
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ки ба таври умумӣ ба қисматҳои зерин ҷудо мешаванд:
1. Таъмини талаботи иқтисодии худ дар минтақа, алалхусус соҳиб гаштан ба захираҳои энергетикӣ;
2. Суст кардани вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Россия, Хитой ва манфиатҳои онҳо дар минтақа.
Ба таври мушаххас манфиатҳои геополитикии ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз инҳо иборат мебошанд:
1. Ворид намудан ва мустаҳкам намудани модели Демократия ва Ҷомеаи гражданӣ;
2. Талаботи энергетикӣ ба Осиёи Марказӣ, Шарқи наздик, Халиҷи Форс ва баҳри Каспий;
3. Таваҷҷуҳ ба захираҳои энергетикии Осиёи Марказӣ (баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи маълумоти мутахассисони америкоӣ захираҳои нефти Осиёи Марказӣ ва баҳри Каспий зиёда аз 300 мрд. бареллро ташкил медиҳад);
4. Норозигии ИМА барои сохтани лулаи газу нефт аз Туркманистон ва Қазоқистон ба воситаи Эрон ба бозори ҷаҳонӣ, маълум бо номи Лоиҳаи интиқоли газу нефти роҳи Шарқӣ-Ғарбӣ бо истиснои ширкати Россия;
5. Қатъ ва маҳдудгардонии Барномаи атомии Эрон;
6. Амалӣ гардонидани Барномаи ҳарбии «Ҳамкорӣ бо номи НАТО», алалхусус бо давлатҳои Осиёи Миёна;
7. Ҳуҷуми террористӣ ба ИМА 11-уми сенябри соли 2001 доираҳои ҳарбию сиёсии Амрикоро маҷбур сохт, ки Стратегияи нави амнияти низомиро байни Вашингтон ва Осиёи Марказӣ амалӣ гардонанд.
Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаҳои буферӣ байни ҳавзаҳои тамаддуни Шарқ, Россия, Чин, ҷойгир шудааст. Ин аз лиҳози геополитикӣ барои давлатҳои Ғарб манфиатовар мебошад, ки бо ҳадафи эҳёи Роҳи абрешими бузург, қувваи ҳарбӣ, нуфуз ва талаботи иқтисодӣ ва сиёсии худро дар минтақа густариш диҳанд. Роҳи бузурги абрешим чи гуна эҳё мегардад, инро вақт нишон хоҳад дод. Вақт - довари таърих ва ҳақиқати объективӣ ба шумор меравад.

Асламов Б.С., таҳлилгари масоили геополитикӣ,
Ҳалимзода Д.О., таҳлилгари масоили байналмилалӣ.


Адабиёт:

1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 26.01.2021. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 26.01.2021.
4.З.Бжезинский. Мубоҳиса бо мухбири маҷаллаи франсавии «Нувель Обсерватер», аз 15-январи соли 1998. http://www.LiveJournal.Санаи муроҷиат 09.02.2021.
3.Шарҳи вазъи вобасти ба маводи нашъадор дар ҶТ дар соли 2002. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ. Душанбе, 2012.111с.
4.Сафаранчук И. Консепция «Новый шельковый путь» и политики США в «Большой Централной Азии. Международная жизнь, июль 2013. С.43-52.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...