Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои дипломатияи нарми ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаи геополитикӣ

1034Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози мавқеи геополитикӣ дар шоҳроҳи бузурги абрешим, роҳи транзитии пайвасти Шарқ бо Ғарб ҷойгир буда, аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, энергетикӣ, канданиҳои фоиданок бой буда, иқлим ва релефи хеле мувофиқ барои рушди кишоварзӣ доранд. Рақобатхои геополитикӣ барои ин сарзамини бой нимаи дуюми асри 19 байни Британияи Кабир ва Россияи подшоҳӣ авҷ гирифта буд, ки дар натиҷа ба ин сарзамин Россия соҳиб гашт, ки онро «Бозии бузурги геополитикӣ» ҳам меноманд. Масъалаи сарҳади он бо Афғонистон байни Британия ва Россия солҳои 1869-73 пайдо гашта, соли 1884 дар Марви Туркманистон задухурди афғонҳо бо ёрии Англия бо қушунҳои рус ба вуҷуд омад, ки 18-уми марти 1885 генерали рус Комаров ба онҳо муқобилият нишон дод ва дар мавзеи Кушкаи Туркманистон афғонҳо қафонишинӣ намуданд. Августи соли 1885 Протоколи тақсими сарҳад имзо шуд. (1.Злыденний А.Большая игра империй: откуда на карте современные границы Центральной Азии. Манбаъи электронӣ http://www tj.sputniknews.ru. Санаи муроҷиат, 08.02.2021.) 

Як сол муқаддам соли 1884 сафири Россия дар Лондон ба вазири корҳои хориҷии Британия нота дар бораи тақсими Помир фиристода буд. 29-уми август (10-уми сентябр)-и соли 1885 дар Лондон комиссияи дуҷонибаи Британия ва Россия Протоколи хати сарҳадро аз байни ду тарафи дарёи Панҷ имзо намуданд, ки минбаъд чун сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон шинохта шуд. Замони Шӯравӣ он сарҳади собиқ ИҶШС (СССР) ва Афғонистон ва ҳоло сарҳадҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин сарҳади ҷанубии ИДМ шинохта мешавад. З.Бжезинский навишта буд: «Шикаст ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ имконияти бузурге барои қудрати нимкураи Ғарб - ИМА ба сифати ягона ва қудрати ҳақиқии глобалӣ гаштан шароити мусоидро хеле зуд ба вуҷуд овард: Мукофоти бузург барои ИМА - ин Авруосиё мебошад» (2.Бжезинский З. Великая шахматная доска. М.,1989.С.12,44).
Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Россия ҳамчун меросхӯри асосии он тасмим гирифт, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои стратегиро нигоҳ дорад. Таъсиси ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё инъикосгари ин падидаҳои нави геополитикӣ мебошанд. Аммо давлати Туркманистон сиёсати бетарафӣ эълон намуда, Россия, Белоруссия, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ба СААД ворид гаштаанд.
Россия, Белоруссия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъсис дода, дар доираи он фаъолият мебаранд. Албатта ҳамаи ин дар асоси соҳибихтиёрии ин давлатҳо сурат мегирад. Россия дар ду давлат Қирғизистон ва Тоҷикистон неруҳои ҳарбии худро дар доираи амнияти коллективӣ нигоҳ медорад, ки дар доираи шарикии стратегӣ амалӣ мегардад. Ҳамчунин кишвари Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ робитаи зичи иқтисодӣ дорад. СММ ҳамкориҳои озоди кишварҳоро дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба кафолат медиҳад. ИМА яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ махсусан баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишварҳои он таваҷҷуҳи хос пайдо намуд. Шурӯъ аз соли 2001 ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дар муқобили терроризми байнамилалӣ густариш ёфт ва ин кишварҳо роҳҳои ҳавоӣ ва нақлиёти транзитии худро барои кӯмак бо Афғонистон кушоданд. Барои Афғонистони ҷангзада ва вазъи кунунии он Британияи Кабир, Россия, Покистон, Эрон ва алахусус ИМА манфиатдор мебошанд. ИМА стратегияи ҳарбии худро барои Афғонистон то 50-соли оянда муайян намудааст. Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон қарор дорад. «Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод. Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад. Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод» иброз намуданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021-ум. (3.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 26.01.2021).
Ба ақидаи муаллифон танҳо дипломатияи нарм метавонад ба қазияи кишварҳои ҷангзада то андозае мусоидат намояд. Бо ҳамин ҳадаф ИМА тасмим гирифтааст, ки дипломатияи нармро дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ намояд, ки дар Стратегияи ИМА ҳамчун принсипҳои инсондӯстона эълон гардидаанд. Дар Стратегияи миллии ИМА таҳрири 18-уми декабри соли 2017-ум омадааст: «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳамчун минтақаи таҳдиди ҷиддӣ хисобида мешаванд». Ба Осиёи Ҷанубӣ Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон дохил мешаванд. Дар Стратегияи мазкур қайд мегардад, ки ИМА бояд кӯшиш намояд, ки Осиёи Марказӣ бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муқовимат намуда, дар давлатҳои худ ислоҳот гузаронанд. Соли 2005 профессори америкоӣ Ф.Старр аз Хазинаи Д.Рамсфелд «Консепсияи Осиёи бузурги нав»-ро барои Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуд. Моҳияти ин нақша ба ақидаи муҳаққики қазоқ М.Лаумуллин ин бунёди системаи ягонаи ҳарбӣ-стратегии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, пайвасти он ба «Шарқи бузурги Наздик» мебошад. Муҳақкиқи рус А.Великая менависад: «Барои ИМА минтақаи Осиёи Марказӣ барои он муҳим мебошад, ки ИМА аз ин ҷо истода мавқеи худро бо Россия, Хитой, Эрон мустаҳкам намояд (4.Великая А. Гуманистические принципы США в Центральной Азии: вовлечение регион в сферу своего влияния: Журнал Международная жизнь, январь 2019.С.90-95).
Шурӯъ аз соли 2015 ИМА тасмим гирифтааст, ки дар доираи қолаби (формат)-и 5+1 ҳамкориҳоро бо Осиёи Марказӣ густариш диҳад. Маблағгузори асосии он Агентии ИМА барои ҳамкориҳои байналмилалӣ USAID мебошад. Ба ақидаи муҳаққиқ Б.Султонова ин бунёди Иттиҳоди ҳудудие мебошад, ки бо Россия ва Хитой муқовимат карда тавонад.
Сохторҳои Дипломатияи нарми ИМА дар Осиёи Марказӣ:
-Сохтори алоҳидаи Осиёи Марказӣ дар Департаменти давлатии ИМА;
-Донишгоҳи ИМА дар шаҳри Бишкек;
-Донишгоҳи Казоқистону ИМА дар шаҳри Алмаато;
-Донишгоҳи қазоқии иқтисоди ҷахон ва соҳибкорӣ дар шаҳри Алмаато;
-Шӯрои ИМА барои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва забономӯзӣ (ACCELS);
-Хазинаи ИМА дар Осиёи Марказӣ, бо 27 муассиса ва корхонаҳо;
-Агентии Корпуси Сулҳ (танҳо дар Қирғизистон фаъолият менамояд);
-Барномаи Роҳи нави абрешим;
-Шӯрои сармоя ва савдо (TIFA);
-Платформаи тиҷоратии Авруосиё бо фарогири Осиёи Марказӣ, Кавказ,Туркия (TPP);
-Биржаи америкоӣ дар шаҳри Остона (NASADAQ);
-Мусоидати ҳамкории байналмилалӣ (СМР);
-CАSA-1000.
Ҳадафҳои дипломатияи нарми ИМА:
1.Бунёди шабакаҳои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
2.Инкишофи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ тавассути Корпуси Сулҳ.
3.Рушду инкишофи соҳибкорӣ, пешгирии хавфҳои бӯҳронҳои молиявӣ-иқтисодӣ;
4.Ба вуҷуд овардани фазои муносиби сармоягузорӣ ва пайвасти он ба иқтисоди ҷаҳонӣ;
5.Муборизааи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
Дар маҷмӯъ мақоларо ҷамъбаст намуда, хулоса баровардан мумкин аст, ки дипломатияи нарми ИМА ба амалигардонии Стратегияи амнияти миллии ИМА, тақвияти институтҳои демократӣ, рушди иқтисодӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ равона гардидааст, ки бо мурури замон муайян мегардад.
Асламов Б.С., Ҳалимзода Д.О., таҳлилгарони муносибатҳои байналмилалӣ.

Адабиёт:
1.Злыденний А. Большая игра империй: откуда на карте современные границы Центральной Азии. Манбаъи электронӣ http://www tj.sputniknews.ru. Санаи муроҷиат, 08.02.2021.
2.Бжезинский З. Великая шахматная доска. М.,1989.
3.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 26.01.2021.
4.Великая А. Гуманистические принципы США в Центральной Азии: вовлечение регион в сферу своего влияния: Журнал Международная жизнь, январь 2019.
5.Гаджиев К. Сверхдержавность: уходящий феномен 21-века? Журнал Международная жизнь, сентябрь 2019.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...