Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблема ва дурнамои он

1028Тараққиёти ноустувори ҷаҳони муосир, таъсири пандемияи коронавирус, буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ба густариши таҳдидҳои ҷаҳони муосир, экстремизму терроризм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷангҳои иттилоотӣ мусоидат менамоянд. Тибқи андешаи профессор М.Штегер, давраи нахустини (то таърихи) ҷаҳонишавӣ ҳазорсолаҳои V-III- то эраи мо; давраи дуюм понздаҳ асри баъди таваллуди Исои Масеҳ (ҷаҳоншавии бармаҳал); сеюм солҳои 1500-1750 (ҷаҳонишавии қабл аз давраи нав); чорум солҳои 1750-ум ва солҳои 70-уми асри ХХ (ҷаҳонишавии даврони нав) ва панҷум (муосир) давраи муайяни он аз соли 1970 асри гузашта то имрӯзро фаро мегирад. 

Дар ҷаҳони муосир ибтидои солҳои 90-ум тағйироти бузурги геополитикӣ рӯй дод. Муҳимтарини он пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози марҳалаи нави геополитикӣ мебошад. Дар фазои собиқ ИҶШС давлатҳои сохибистиқлол аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гашт. Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо мутаассифона натавонистем, ки фазои иттилотии худро аз таъсири бегонагон, душманон ва ҳуҷумҳои беруна пурра ҳимоя намоем, дар натиҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳҳои гуногун экспансияи идеологӣ таҳррезӣ шуда, душманони миллат хостанд, ки идеологияи бегона ва сохти давлатии ба арзишҳои миллии мо номувофиқро сари миллати тоҷик бор кунанд. Ин ҳамлаҳои пардапӯшонаи идеологӣ ва иттилоотӣ ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 оварда расониданд. Оқибатҳои ногувори ҷанг ва захмҳои он ба пешрафти ҷомеаи технологӣ дар кишвари мо монеъ гардид. Танҳо дар ибтидои солҳои 2000-ум мо тавонистем, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо як қатор санадҳои муҳимро дар самти таъмини амнияти иттилоотии кишвар ба тасвиб расонем:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 06.08.2001;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10.05.2002;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ» аз 02.12.2002;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30.07. 2007;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ФОҶ» аз 15.03.2011;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» аз 03.12.2012;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.06.2014;
- Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003;
- Консепсияи сиёсати давлатии иттлоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2008.
«Равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба шиддати иҷтимоӣ, майлонҳои манфии ҳолат ва сохтори ҷинояткорӣ дар ҳудуди давлат оварда мерасонад. Барои ҳамин сарчашмаи асосии гирифтани иттилоот барои аксарияти аҳолӣ ин воситаҳои ахбори омма мебошанд» менависад, Шарифзода Ф.Р. (1.Шарифзода Ф.Р., Амрудинзода М.А. Организационные и правовые взаимодействия ОВД со средствами массовой информации в сфере противодействия преступности в РТ, Душанбе, 2018.С.11).
Ба ақидаи муҳаққиқ Ҳомидов Д.Б. дар амнияти иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор проблемаҳои муҳим мавҷуд мебошанд:
- Дар Тоҷикистон андешаи ягона дар бораи мазмуни сиёсати давлатии иттилоот ва ВАО мавҷуд нест;
- Иттилооти бегона ба ҷумҳурӣ аз хориҷ ворид мегардад, маводи ғалатро ба омма пешкаш менамояд;
- ВАО на ҳама вақт пурра ба таъмини амнияти иттилоотӣ равона гаштаанд;
- ВАО бештар хусусияти тиҷоратӣ касб намуда, манфиатҳои миллӣ кам тарғиб мегарданд;
- ВАО бо расонаҳои хориҷӣ дар рақобат муқовимати назаррас наменамоянд. (Хомидов Д. Б. СМИ в контексте информационной политики и информационной безопасности РТ. Душанбе, 2012. Манбаъи электронӣ- http://WWW.disstrcat.com.Санаи муроҷиат 02.02.2021).
Дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҳар як давлат ин қудрати ҳарбӣ ва рамзикунонӣ (криптография) меистад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд, ки дар ояндаи наздик ин масоили мубрамро ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳия ва коркард қарор диҳад. Дар замони ҷангҳои иттилоотӣ ва гибридӣ (омехта) ин ҳадаф хеле муҳим барои ҳифз аз ҳамлаҳои беруна мебошад. Яке аз сабабҳои шикасти низоми давлатҳои Шарқи Наздик низ маҳз ҳамин масоил гардид.
Лоиҳаи ҷанги гибридӣ (Hybrid warfare) дар ИМА коркард гардид. Ин истифодаи яроқи атомӣ, биологӣ, химиявӣ, моддаҳои тараканда ва алалхусус ВАО-ро дар бар мегирад. Корманди корпуси баҳрии ИМА Билл Немата онро «ҷанги партизании муосир» номид. Нейтан Фрайр корманди Маркази тадқиқоти стратегии ИМА аввалин шуда, таҳдидҳои ҷанги гибридиро муайян сохт: анъанавӣ, ғайристандартӣ, терроризми фалокатовар ва тахрибкорӣ. А.Бартоша - узви Академияи илмҳои ҳарбии Россия менависад: «Мақсади ҷанги гибридӣ ин пурра нест кардани соҳибихтиёрии давлатҳо, ба вуҷуд овардани бесарусомонӣ, бе эълони ҷанг фалаҷгардонии сохторҳои давлатӣ, иқтисодиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Артиш мегардад».
Мазмуни тактикаи ҷангҳои гибридӣ чунин аст:
1. Тайёр кардан ва гузаронидани инқилобҳои ранга;
2. Эълони маҳдудиятҳои иқтисодӣ, санксияҳо, муҳосираи иқтисодӣ, ҷангҳои психологӣ ба воситаи ВАО;
3. Шикасти низоми сиёсии давлат ва ба тобеияти беруна додани он бо мақсади соҳиб шудан ба захираҳои табиӣ ва энергетикӣ.
Солҳои 50-уми асри 20 «Консепсияи назарияи коммуникатсионии оммавӣ ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ» коркард карда шуд. Олимон Лазарсфед П.Ф. якҷоя бо Мертон Р. фарзияе пешниҳод карданд, ки иттилоот шакли зинагӣ дошта, он марҳила ба марҳила паҳн карда мешавад, ки қабулкунандагони он мисли маводи мухаддир бо он дода шуда, дигар ба худ тааллуқ доштанро фаромӯш сохта, онҳо чун манқурт идора карда мешаванд. Ҳоло ин технология бо версияҳои мобилии шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд 5 давлати ҷаҳон ИМА, Канада, Британияи Кабир, Зеландияи Нав дар ҷаҳони технологӣ бартарӣ доранд, ки онҳоро «чашми панҷум» меноманд. Солҳои охир бо онҳо Хитой ва Россия муқовимат менамоянд. Рӯзи 1-уми октябри соли 2018 ширкати Venison технологяи 5-G-ро дар ИМА ба роҳ монд. 31-уми октябри соли 2019 ширкати хитоии HUAWEI дар 50 шаҳри Хитой технологяи 5-G-ро ҷорӣ намуда, 60 шартномаҳои тарафайнро бо 28 давлати Аврупо имзо намуд, ки Хитой лидери ҷаҳони технологияҳои муосир гардид. Дар Хитой гурӯҳи нави корӣ барои таҳияи технологияи 6-G ба кор шурӯъ намуд, ки суръати интернетро бояд ба 1 Тбит/сония расонад. Ба сегона давлатҳои интернети балансуръат дар соли 2020 Сингапур (229,42 Мбит/с), Гонконг (215,19 Мбит/с), Руминия (188,55 Мбит/с) дохил шуда, ИМА дар ҷои 11 (165,88 Мбит/с), Россия дар ҷои 46 (78,07 Мбит/с), Хитой дар ҷои 20 (140,74 Мбит/с) қарор доранд. (Манбаъи электронӣ: Рейтинг стран по скорости Интернета. Манбаъи электронӣ - http://www.svspb.net. Санаи муроҷиат, 02.20.2021). Дар тамоми ҷаҳон камбудии кадрҳои технологияи иттилоотӣ ба назар мерасад (66%). Дар ҷаҳон дар ин соҳа беш аз 1-миллиону 800 ҳазор мутахассисон бо маоши баланд меҳнат мекунанд.
Барои дар оянда мукаммалгардонии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муалллифон тадбирҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 бармеояд, айни мудао ва тақозои замон мебошад.
2. Стратегияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 коркард карда шавад.
3. Маркази ҷумҳуриявии мониторинги ҳуҷумҳои иттилоотӣ дар заминаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ созмон дода шавад.
4. Барномаи дурнамои амнияти иттилоотӣ ва доираи осебпазири он муайян ва таҳия карда шавад.
5. Кори муштараки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, АМИТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Маркази миллии патенту иттилоот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ такмил дода шавад.
6. Дар шабакаҳои телевизиони марказӣ ва маҳаллӣ барномаи «Иттилоот ва амният» созмон дода шавад.
7. Тарбия, омодасозӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои миллӣ дар самти технологияхои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тақвият дода шавад.
8. Дар Дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи махсуси таъмини амнияти иттилоотӣ таъсис дода шавад.
9. Ваколатҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар ва васеъ карда шавад.
10. Таъсиси моҳвараи давлатии Тоҷикистон дар кайҳон.
Танҳо бо гузаронидани тадбирҳои муштараки комплексӣ мо дар якҷогӣ метавонем, амнияти иттилоотии Тоҷикистонро аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ эмин нигоҳ дошта, зиндагии ором ва осоиштаи мардум, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин созем. Ин яке аз вазифаҳои муқаддас ва ҷонии ҳар яки мост.

Асламов Б., Рустамзода З.

Адабиёт:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 06.08.2001.
2. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиллоот» аз 10.05.2002.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ» аз 02.12.2002.
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30.07. 2007.
5. Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи ФОҶ» аз 15.03.2011.
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи криптография» аз 03.12.2012.
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19.03.2013.
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26.06.2014.
9. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.11.2003.
10. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2008.
11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 26.01.2021.
12. Раҳимзода Р.Ҳ. Фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯӣ, Қисми умумӣ, Китоби дарсӣ, Душанбе,2015.
13. Раҳимзода Р.Ҳ. Ҳадафҳои стратегияи миллӣ -асоси амнияти иқтисодӣ, Душанбе, 2020.
14. Шарифзода Ф.Р. Информационное пространство правоохранительной деятельности ОВД Республики Таджикистан в сфере обеспечения национальной безопасности государства. Душанбе, 2019.
15. Шарифзода Ф.Р., Амрудинзода М.А. Организационные и правовые взаимодействия ОВД со средствами массовой информации в сфере противодействия преступности в Республики Таджикистан, Душанбе, 2018.
16. Хомидов Д. Б. СМИ в контексте информационной политики и информационной безопасности Республики Таджикистан. Душанбе, 2021. Манбаъи электронӣ - http://WWW.disstrcat.com. Санаи муроҷиат 02.02.2021.
17. Рейтинг стран по скорости Интернета. Манбаъи электронӣ - http://www.svspb.net. Санаи муроҷиат, 02.20.2021.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...