Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа

1026

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муқовимат бо терроризму экстремизм қайд намуданд, ки: «Вазъи тағиирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш оварданд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».

Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилотӣ мебошад, ки онро бояд дар ҷомеаи муосир мақсаднок истифода намуд. Суръати баланди иттилот ва технологияи интернетӣ дар муошират, дастрасӣ, қабул ва ирсоли иттилоот дар фурсати кутоҳ ба афзоши суръати кору фаъолият кумак расонида, ба шаҳрвандони чӣ дохилӣ ва хориҷӣ кишвар хизмат мерасонад. Аммо, баробари осон намудани кору фаъолият ва нишондодҳои мусбӣ таъсири манфӣ ҳам расонида метавонад.
Ҳангоми ворид шудан ба сомонаҳои ғайрирасмӣ ба маълумотҳои бардурӯғу бидуни асоси воқеӣ, даъват ба таҳсилҳои ғайриқонунӣ, ваъдаи ҷойи кор бо музди маоши баланд, кори муздноки интернет ва дигар хабару маълумоти бардурӯғу шубҳанок зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст.

Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии маънавии шунавандагон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, садоқатмандӣ ва эҳтироми расму оини миллӣ, гиромидошти фарҳанги қадимаи халқи тоҷик, бедор намудани қадршиносии фарҳанги миллӣ ва дар асоси нақшаи гузаронидани машғулиятҳои тарбиявӣ бо шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ, филми ҳуҷҷати «Бешарафӣ»-ро, ки рӯзи 2-юми феврали соли 2021 дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шунавандагони курси тайёрии ибтидоии 3-моҳа дар самтҳои Хадамоти давлатии посбонӣ пайраҳадории милитсия ва Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД ва ШВКД-ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, намоиш гузошта шуд, ки онҳо бо ҷиддияти том тамошо карданд.
Филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ», ки аз забони шоҳидони ҳол нақл мешавад, собит сохт, ки наҳзат дар кадом шакле набошад, хоҳ паймон ё анҷуман ва хоҳ ҳизби сиёсӣ ҳадафаш нооромӣ овардан байни мардуми тоҷик ва хунрезиву кашмакашиҳо дар Тоҷикистон аст.
Аз нуқтаи назари Пешвои миллат гуфта мешавад, ки имрӯз тартибу таҳия ва имзои мушоҳидаи ягонаи мукаммал зарур мебошад, ки мафҳуми терроризм, пеш аз ҳама, терроризми минтақавиро муайян карда, дар он самтҳои мушаххаси ҳамкории имконпазири байналмилалӣ дар мубориза ба муқобили терроризм муқаррар намуда, муҷозоти давлатҳоеро, ки аз ҳамкорӣ саркашӣ мекунанд ва гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ менамоянд, пешбинӣ карда, ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳо ва асноди дигари иловагии меъёриеро имконпазир гардонанд, ки масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризмро ба низом медароранд. Ҳамчунин дар қонунҳои миллӣ терроризмро ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафҳои сиёсӣ маънидод кардан зарур аст.
Пас аз тамошои филми мустанади «Бешарафӣ» ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ҳар касе, ки осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати ягонагӣ ва пешравиҳои ҷамъиятии ин давлатро эътироф намекунад бе ягон мубоҳиса ҳамчун фарди носипос ва бехираду хоин бояд муаррифӣ карда шавад. Мутаасифона, шахсоне ҳастанд, ки барои манфиати худ, мехоҳанд Ватану миллати худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд ва амали чунин инсонҳои нопок метавонад боиси сар задани ҷангу хунрезиҳо оварда расонад.
Онҳое, ки филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»-ро таҳия намудаанд, аз муаллифони ин филми ҳуҷҷатӣ бо овардани ҳақиқатҳои инкорнашаванда чеҳраи воқеии душманони миллати тоҷикро бозкушоӣ намуда, мардумро аз фитнаву фиреби онҳо огоҳ намуданд. Махсусан, чеҳраи сиёҳу доғдор, ки пайваста аз дину имон сухан мегуяд ва дар асл ба корҳои зишту ғайриинсонӣ машғул мешавад, маълум гардид. Ин тоифа бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонаш саҳм мегузоранд. Ба ин гуна афрод метавон як нафар хоини миллатро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд, ки бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардуми шарафмандаш нафрат дорад.
Чун аз нақли шоҳидони зинда бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо роҳи дурӯғ барои манфиатҳои шахсияш маблағҳои онҳоро гирифтааст. Ӯ боре ҳам фикр накардааст, ки ҳоли фарзандони мардони фиребхӯрда чӣ мешавад. Ӯ танҳо барои нафсу шиками худ дар хориҷии кишвар мардумро гумроҳу саргардон бе хонаву дар гардонидааст.
Зоҳираш тираву ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхуриаш, чашми дидан надоштани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имруз ба бешарафӣ ном баровардааст. Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом будааст ва ӯ низ барои барпо гардонидани ҷанги хонамонсӯз саҳми худро гузоштааст. Агар ин ин шахс як заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватану миллати худро дуст медошт, чунин туҳмату буҳтонро дар ҳаққи мардуми меҳнаткашаш, кишвари бузургаш, давлати басомонаш намекард.
Дар яке аз баромадҳои худ дар Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи исломи асил чунин суханҳои таърихиро ироа карда буданд: «Терроризм ва эктремизм миллат, дин ва нажод надорад». Яъне аз ин суханони пурмазмуни Сарвари давлат ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне, ки даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд, новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин, мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад.
Давлати азизи мо, ки бо як суръати баланд ва руҳияи болида рӯ ба тараққӣ овардааст ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгуншукуфоии ин диёри зебоманзари худ камари ҳиммат баста, ба давлату миллат ва Сарвари мамлакати худ софдилона хидмат кунем.
Садоқат ба Ватан, ободу зебо гардонидани он бошад, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Дӯст доштани Ватан, муҳофизати он аз душман ва хизмати содиқона ба халқу миллат аз имон аст. Ҳар шахси поквиҷдону боимон бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, нисбати тақдири он масъулиятшинос бошад. Бетарафӣ самараи талх дорад, аз ин рӯ намегузорем, ки душмани дохилию хориҷӣ ва мунофиқ мисли каждуми зери бурё хилъати зуҳду тақво ба бар карда, аз номи дини мубини ислом сухан мегӯяду неши заҳрогин ба инсон мезанад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки роҳи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш ва амнияту суботро пеш гирифта, аз низову тафриқа дурӣ ҷуем, бетарафиро як суй гузошта, нисбати амалҳои зишти душманон ҳушёру зирак бошем.

Баҳодурзода М., муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.
Хонкилдиев А.Б., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...