Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷангҳои иттилотӣ дар меҳвари рақобатҳои геополитикӣ

1015«Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 26.01.2021.


Ҷаҳонишавӣ – раванди таъсиррасони омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш баҳри дифои манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти хеш равона намудааст. Дар ин самт мавқеъ ва кӯшишҳои заҳматталаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳсин ба дастгирӣ мебошад, ки манофеи миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳимоя намуда, имиҷи сиёсии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад. Ҷаҳони муосирро бе истифодабарии технологияиҳои иттилоотӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аллакай ба асри иттилоот гузаштаанд. Бо пешниҳод ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои бузург мегузорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин карда шуда, бо шабакаи умумиҷаҳонии интернетӣ пайваст карда шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт саҳми бузург гузошта истодааст. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҷузъу томҳои худро бо компютерҳо таъмин намудааст. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-январи соли 2021 дастур доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агнетии инноватсия ва технология таъсис дода шуда, пайваста ба технологияи рақамӣ гузашта шавад.Дар замони муосири тараққиёти илму техника технологияҳои инноватсионӣ, инкишофи босуръати ҷомеа нақши иттилоот рӯз аз рӯз меафзояд. Иттилоот, нишондиҳандаи муҳим ва асосии прогресси ҷамъият ба шумор меравад. Иттилоот ҳама вақт ба фоидаи ҷамъият хизмат карда, дар намуди техникаю технология ҳамчун барандаи шакли махсуси фарҳанг баромад намуда, дониш, таҷриба ва муоширати одамонро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ бой мегардонад. «Назарияи иттилоот ҳамчун математикаи миқдорӣ ба вуҷуд омадааст. Асосгузори вай муҳандис ва математики америкоӣ К.Шеннон мебошад, ки аввалин бор ҷанбаи миқдории иттилоотро пешниҳод кардааст» .
Минбаъд назарияҳо дар бораи иттилоот дар асри 20 ривоҷ ёфтанд. Дари ин бора олимон Черри К, Тюхтин В.С., Афанасев В.Г., Сетров М.И., ва дигарон тадқиқот бурдаанд. Махсусан Афанасев В.Г., ҷанбаи иҷтимоии иттилоотро тадқиқ намуд ва моҳияти онро дар раванди идоракунӣ ба таври васеъ кушод. Таълимотҳо дар бораи иттилоот давра ба давра вобаста ба инкишофи ҷомеа васеъ гаштаанд. Дар ҷомеаи имрӯза, ки иттилоот дар ҷомеа гардиш мекунад ва дар идоракунии ҷомеа ширкат мекунад, он ҳамчун иттилооти иҷтимоӣ ном гирифтааст. Дар замони технологияҳои муосир ва инноватсия барандаи асосии иттилооти иҷтимоӣ шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад мекунад. Ҷомеаи имрӯзро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Давлатҳои демократӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иттилооти ҷаҳонӣ ворид гашта, шаҳрвандони он ва ҳамчунин мақомоти давлатӣ аз шабакаи ҷаҳонии Интернет ба таври васеъ истифода мебаранд. Аммо таҳаввулотҳои иҷтимоие, ки дар ҷаҳон мегузаранд, мутахассисони соҳаи иттилоот ва ҳамчунин илмҳои гуманитариро ором гузошта наметавонад. Яъне тавассути интернет на танҳо идеяҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ бо ҳадафи ноором кардани вазъи сиёсии давлатҳо паҳн карда мешавад, балки дар баробари ин ҷиноятҳои компютерӣ дар намуди «Интернет-қаллобӣ» ҳамчун намуди ҷинояти иқтисодӣ авҷ гирифтаанд. Ба қавли мутахассиси дар шаҳри Қазон будаи Донишкадаи ҳуқуқии ВКД Россия Згадзай О.Э., ҷиноятҳои кибернетикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле авҷ гирифтаанд. «Қаллобон ҳангоми гузаронидани амалиётҳои худ аз рессурсҳои зерини иттилоотӣ-техникистифода мебаранд:
1. Word Wide Web (WWW) - сегменти бузурги интернет, ки миллион ва миллиард портал ва шабакаҳои иҷтимоиро дар худ муттаҳид мекунад.
2. E-mail - намуди ба таври оммавӣ паҳнгаштаи хизматрасонии интернетӣ, ки миллионҳо сокинони сайёра аз он истифода мебаранд. E-mail барои равон кардани спам бо мақсади амалиётҳои ғаразнок истифода мешавад.
3. BBS - системаи тахтаҳои эълонҳои электронӣ, ки бештар дар ИМА истифода мешавад.
4. Системаҳои электронӣ пардохт ва маблағҳои виртуалӣ. Инҳо ба қаллобон имконият медиҳанд, ки маблағҳои дигар шаҳрвандонро бо таври ҷиноятӣ ва пинҳонӣ аз худ кунанд. Ин руйхат пурра набуда, онро инъикос менамояд, ки Интернет босуръат инкишоф меёбад ва он чизе, ки дирӯз нав буд, имрӯз ҳамчун боқимондаи раванди таърихӣ фаҳмида мешавад.
Чӣ тавре, ки маълум мегардад, истифодаи шабакаи ҷаҳонии Интернет ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва бахусус вазъи ҷинояткорӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Интернет имконият медиҳад, ки иттилооти васеи сотсиологӣ ҷамъ оварда шавад. Дар ин бора профессор Голиков В.Д. менависад, «иттилооти сотсиологӣ ин иттилооте мебошад, ки бавоситаи усулҳои сотсиологӣ ба даст оварда шуда, барои омӯзиши тарзи рафтор, қимматҳои иҷтимоӣ, шахсият ва афкори умум равона карда мешавад. Ба сифати базаи иттилоотӣ маълумотҳое истифода мешаванд, ки аз инсонҳо ба инсонҳо гузашта, тавассути воситаҳои ахбори умум ва дигар институтҳои иҷтимоӣ дар намуди рақам далел, маълумот ва дигар тарзҳои шифоӣ ва хаттӣ паҳн карда мешаванд» .
Дар охири солҳои 50-уми асри ХХ рақобати технологии Иттиҳоди Шуравӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка авҷ мегирад ба доираҳои ҳарбию сиёсии Интернет – ҳамчун шабакаи умумиҷаҳонӣ ин натиҷаи маҳсули тадқиқоти лоиҳаҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ба он водор менамояд, ки лоиҳаи шабакаи умумиҷаҳонии интернетро таҳрезӣ намуда, Агентии тадқиқотҳои пешқадамии Вазорати мудофиаи ИМА-ро соли 1958 таъсис диҳанд. (машҳур бо номи ARPA) . Метавон гуфт, ки ин оғози бунёди Интернет буд. 1-январи соли 1983 протоколи табодули маълумот – ТСР/Р қабул гардид, ки ин рӯзи таваллуди интернет ба шумор меравад. Худи мафҳуми интернет «Шабакаи шабакаҳо» мебошад.
То миёнаи солҳои 1990 интернет танҳо дар доираҳои академикӣ маълум буд, ки ташкилотҳои ҳарбӣ ва илмиро бо ҳам пайваст менамуд, ки аз он асосан олимони физика ба таври васеъ истифода мекарданд.Соли 1994 истифодаи интернет бо бунёди брузери нав - Netscape Navigator маълум гашт. Ҳоло истифодабарони интернет дар ҷаҳон аз 1 мрд. зиёд мебошад.
Дар моддаи 40-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад, ки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъиятӣ, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунанд. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст» .
Чи тавре, ки аз меъёрҳои Конститутсия бармеояд, давлат барои пешрафти фарҳангию ахлоқӣ шароит муҳаё намуда, онро ҳифз менамояд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хеле саривақтӣ мебошад. Ин қонун имкон медиҳад, ки фазои ахлоқии ҷомеа дар натиҷаи масъулияти падару модар пок нигоҳ дошта шавад.
Ноболиғону ҷавонон аксаран бо компютер, Интернет, телефонҳои мобилӣ,планшетҳо, фитаҳои аудио ва видеоҳо, флешкартаҳо, таҷҳизоти моҳворагии телевизионӣ ғайра даст мезананд, ки сабаби надонистани меъёрҳои он боиси вайроншавии ахлоқи онҳо мегардад, онҳо аз таълиму тарбия дур монда, ба беодобӣ, ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Ҳоло дар ҷиноятҳои компютерие, ки содир мешаванд, субъекти он асосан ҷавонон мебошанд. Риояи меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқии ҳангоми истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба ақидаи муаллифон бояд баъзан сайтҳои номатлуб барои ноболиғону ҷавонон маҳдуд ва мамнӯъ гардонида шавад. Масалан дар Федератсияи Россия барои пешгирии зуҳуроти номатлуби таъсиррасонии Интернет – аз қабили ҷурми шаҳвонӣ, беодобиҳои ҷинсӣ, ифротгароӣ, терроризм ва ғайра сайтҳои номатлуб мамнӯъ гардонида шуда, сайтҳои наврасону ҷавонон, ки ҳисси ватандустӣ ва арзишҳои ахлоқиро доро мебошанд, ҷорӣ карда шудаанд, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Соли 2015 бо пайгирии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) беш аз 50-ҳазор сомонаҳои таҳдидкунандаи амнияти коллективии аъзоёни СААД қатъ гардонида шуд.Хуб мешуд, ки тамоми адабиёти кӯдаконаи наврасонаи тоҷик бо мусавварҳои ҷолиби диққат ба Интернет ҷой дода мешуд, ки дар тарбияи ахлоқию равонии онҳо аҳамияти хеле муҳим мебозид.
Шабакаи умумиҷаҳонии интернет 24 - соату 365 шабонарӯз дар фаъолият мебошад. Меъёрҳои он аз ҷониби истифодабарони шабакаи умумиҷаҳонии интернет мунтазам вайрон карда мешаванд, ки боиси вайроншавии ахлоқ, бехобӣ, хасташавӣ, заифии ҷинсӣ, хотирпарешонӣ, бадҷаҳлӣ, маъюсӣ, тарсу воҳима ба дигар ҳолатҳои манфии психологӣ мегарданд. Яке аз ҷиҳатҳои манфии ғайриахлоқии истифодабарии интернет ин шабонгоҳ баъди соати 0000 дақиқа мебошад, ки ширкатҳо пардохти маблағҳои онро ройгон менамоянд, дар натиҷа аксари истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет аз хоб монда, сари Интернет то саҳар менишинанд, ки ба дараҷаи касбият, самаранокии меҳнат, саломатӣ зиёни зиёд меорад. Ҳоло дар олами иттилоот мафҳуми «терроризми иттилоотӣ» пайдо гаштааст, ки бо паҳннамоии иттилооти иртиҷоӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ гузронида, онҳоро аз арзишҳои ахлоқӣ дур меоранд.
Ширкатҳои “Coogly”, ”Twiter”, ”Facebooke”, “Mail.ru”озодии Интернетро фароҳам сохта кӯшиш менамоянд, ки аудиторияи худро дар давлатҳои пасошуравӣ боз ҳам васеъ намоянд. Дар ҳақикат почтаи электронӣ Е-Mail.ru мизоҷони зиёд дошта, пайваста дар он, онҳо саҳифаи (почта) худро ташкил намуда, бо дӯстону ҳамсабақоне, ки дар дохил ва хориҷи кишвар кору фаъолият ва зиндагӣ доранд, мукотибаи электрониро анҷом медиҳанд, ки он бисёр манфиатнок аст. Инчунин сомонаи «Одноклассники» бояд доираи васеъи ахлоқӣ дошта, мебоист самаранок истифода бурда шавад, то ҳар бинанда ҳангоми ворид шудан аз баъзе мавзӯҳои муҳокимашаванда баҳрае бардошта, фарҳанг ва маънавиёти ахлоқии худро қавӣ гардонад. Вале ин сайт бештар вақт ба манфиати кор истифода бурда намешавад, зеро бо дидани баъзе манзараҳои муҳокимашаванда дар ин саҳифаҳо рӯҳияи шахс хаста гашта, шууру ахлоқ коста мегардад.
Бо баромади телефонҳои мобилии имконияташон васеъ ”Smatfon”, “Apply” ва дигар телефонҳои ҳассос мавқеи Интернет дар онҳо хеле мустаҳкам гашт, ки аксари истифодабарии онро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло телевизионҳои муосире, ки истеҳсол мешаванд, рақамӣ буда, ба воситаи системаи Windows бо интернет ба воситаи симкортҳо (карта) фаъол гардонида мешаванд, ки пайвастшавиро бо Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет таъмин менамоянд, ки бо ин роҳ доираи истифодабарони онҳо васеъ гашта, ба вазъи ахлоқӣ ва психологии шаҳрвандон ба таври фаврӣ таъсир мерасонад.
Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, ки замоне ташаббускор ва муассиси он Вазорати мудофиаи ИМА ба шумор меравад, ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва коммуникатсионӣ ворид гаштааст, ки хоҳ нохоҳ ба системаи глобалӣ табдил ёфта, фазои интеллектуалии ҷаҳонро идора ва танзим менамояд. Ресурсҳои интернетӣ лаҳза ба лаҳза тағийр меёбанд, ба гурӯҳҳои ифротгароён, террористон, ҳизбҳои ғайрилегалӣ, созмонҳои ғайрирасмӣ, фардҳои алоҳидаи манфиатдор, сиёсатмадорон, созмонҳои иктишофӣ ва ғайра роҳи васеъ мекушоянд. Матлаби муаллифон ин қатъ ва аз байн бурдани Интернет нест, ки Тоҷикистон аз системаи умумиҷаҳонии иттилоот ва технология дур созад, балки фaқат риояи дурусти меъёрҳои истифодабарии он, маҳдудгардонии сомонаҳои номақбул, аз хатарҳои «таркиши иҷтимоӣ» эмин гардонидани аҳли ҷомеа мебошад. Маҳз ба воситаи интернет дар як қатор кишварҳои Араб, Миср, Тунис, Алҷазоир, Яман, Ливия, Сурия « Таркишҳои иҷтимоӣ» бо номи «Баҳори арабӣ» ба вуҷуд оварда шуд, ки боиси нооромиҳои сиёсии ин кишварҳо гашт, ки то ҳол дар вазъи мураккаби иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ қарор доранд, ҳамоно ҳуҷумҳо ба ин кишварҳо тавассути Интернет идома дорад, ки боиси нооромиҳои иҷтимоӣ гаштааст. Чанд сол қабл ҳамин хел амалҳо дар Федератсияи Россия низ амалӣ карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия пешгирӣ карда шуд. Аз сабаби паст будани маърифати ноболиғону ҷавонон аксаран ба ин ҳуҷумҳои интернетӣ мафкураи онҳо заҳролуд карда мешавад, ки агар он пешгирӣ карда нашавад, оқибатҳои ногувор ба бор меорад.
Истилоҳи «Ҷанги иттилоотӣ» бори аввал дар ҷанги халиҷи Форс соли 1991 маркази таваҷҷуҳи махсус гардид. Соли 1995 Институти миллии мудофиаи ИМА асари «Ҷангҳои иттилоотӣ»-и М. Либикиро чоп намуд, ки дар он 7 шакли ҷангҳои иттилоотӣ баён гардид:
1.Фармондиҳӣ – идоракунӣ, бо мақсади аз кор баровардани ситоди идоракунии артиши давлатҳо;
2.Ҷанги иктишофӣ - ҷамъи иттилооти зарурӣ (ҳарбӣ), барои ҳуҷум ва мудофиа;
3.Ҷанги электронӣ - зидди воситаҳои электронӣ, алоқаи радиоӣ, радиолакатсия, шабакаҳои компютерӣ;
4.Ҷанги психологӣ - шустушӯи мағзҳо, шикастани рӯҳияи шаҳрвандон ва ҳарбиён;
5.Ҷанги хаккерӣ - зидди объектҳои гражданӣ, бекор кардани фаъолияти онҳо;
6.Ҷанги иқтисодию иттилоотӣ - зидди ширкатҳо, бонкҳо, сохторҳои хоҷагидорӣ, робитахои иқтисодӣ ва савдоӣ;
7.Ҷанги киберӣ - азхудкунии маълумоти компютерӣ, ҳамлаҳои сигментӣ ( қарори нодуруст баровардан).
Муҳаққики технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, доктори илмҳои педагогӣ, полковник Юнатскевич П.И. дар тадқиқотҳояш менависад, ки ҷангҳои иттилоотӣ аз ҷониби бархе аз давлатҳо 4-ҳадафи сиёсии худро доранд:
1.Таъсир ба манфиатҳои миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, иктишофӣ аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ;
2.Берун кардани истеҳсолот дар рақобат дар бозори дохилӣ ва берунӣ (ба вуҷуд овардани қашшокӣ ва бӯҳрони иқтисодӣ-молиявӣ);
3.Таъсир ба технологиҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва захираҳои кишвар;
4.Истифодаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳадафи зарари ҳарбӣ-иктишофӣ ба кишарҳои аъзои ИДМ.
Дар аксари давлатҳои абадқудрат қушунҳои киберӣ амал менамоянд, ки механизми фаъолияти худро доранд:
1.Таъсири бегонаро ба ҷомеаи дигар давлатҳо расонида, вазъи иҷтимоии онҳоро ноором намудан;
2.Истифодаи этнопсихология ва илмҳои махфии ҳарбӣ бар зидди давлатҳои дигар;
3.Ба вуҷуд овардани тарсу воҳима ва рафтори бадҷаҳлона дар байни шаҳрвандони дигар давлатхо;
4.Пуррагардонӣ ва муҷаҳҳазгардонии кушунхои киберӣ бо аскарон, афсарон, генералҳо, маблағгузорӣ ва таҷҳизоти нав.
Доктиринаи асосии ҷангҳои иттилоотӣ ин бадном кардани роҳбарони давлатхо, сохторҳои давлатӣ, фалаҷгардонии сохторхои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
Ҷангҳои иттилоотӣ аз технологияи муайяан иборат мебошанд:
1.Истифодаи яроқи иттилоотӣ ва паҳн намудани ахбори ғаразнок ва бардурӯғи иғвоангез;
2.Бедор кардани ҳасуд, рашк, бадбинии эмотсионалӣ (антипатия), психологияи эътирозӣ;
3.Тахрибкорӣ зери унвони «Ҷомеаи нав» ва арзишҳои бегона.
Бо ҳамин роҳ 17-уми январи соли 2001 дар кишвари Филлипин, ки сатҳи зиндагии мардум хубтар аст, миллион одамон ба кӯчахо ба эътироз кашида шуданд, ки манбаъи он мактуб ба почтаҳои электронии истифодабарандагони интернет буд. 10-уми январи соли соли 2010 бо истифодаи Фейсбук баъди 4-рӯзи пахши иттилоот ҳокимияти сиёсӣ дар Тунис дигаргун карда шуд ва роҳбари он Бен–Алӣ ба истеъфоъ рафт. Дар Миср низ чунин ҳаракат ба воситаи интернет ба амал оврда шуд, ҳукумат Твитер ва Гуглро баст, аммо аз хориҷи кишвар сервери нав сохта шуда, ба он занги овозӣ (speakz) ворид гардид, ки мардумро ба эътирозҳо баровард. 25-уми феврали соли 2011 сарвари мухолифини Ливия Умар Шибли Маҳмудӣ дар ширкати телевизионии NEWS баромад намуда, изҳорот пахш намуд, ки ӯ барои ташкили тазоҳурот аз шабакаи иҷтимоии «Мавада», ки зиёда аз 170 ҳазор аъзо дошт истифода бурд, ки он аз назорати политсия дур монда буд. Твитер ва версияи форсии он дар Эрон ҳаракати зидидавлатии «Сабз»-ро роҳандозӣ намуд, ки ба амнияти ин кишар хатар эҷод намуд. Барои дигаргун кардани сохтори давлатҳо методикаи «Аз диктатура ба демократия» аз ҷониби Ҷек Шарт навишта шуд, ки дар аксар давлатҳо он истифода гашт. Фонди байналмилалии ёрии таъҷилӣ барои таъмини алоқа созмон ёфта, ба ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонид.
З.Бжезинский дар асараш «Интихоб. Назари стратегӣ» менависад: «Баъд аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҷанги сард ба ИМА нақши бузургро вогузор намуд, ки амнияти глобалиро таъмин созад,чунки ИМА маркази иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷалби ҷаҳон ба сӯи худ мебошад»(4.,С.32.) .
Солҳои охир дар ҷангҳои иттилоотӣ истифодаи вирусҳо барои тахрибкорӣ истифода мешаванд. Соли 2009 ба компютерҳои нерӯгоҳи сохташудаистодаи атомии Эрон вируси Stuxnet ворид карда шуд, ки кори онро бозмонд. Солхои 2006-2007 ба серверҳои Пентагон хаккерҳо ворид шуда, почтаи электронии онро шикаста нақшаи технолгияҳои навро гирифтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хитой, Россия ва Ӯзбекистон аъзои «Лоиҳаи муштараки таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ» аст. Соли 2017 вируси WannaCry, ба 200-ҳазор компютерҳои 150-давлати ҷаҳон ворид гашт, аз ҷумла филиалҳои ширкати «Мегафон» дар Тоҷикистон муваққатан аз кор монданд. Ҳар сол дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 50-миллиард доллар барои амнияти иттилоотӣ масраф мешавад. Дар оянда ба андешаи коршиносон бояд, Конвенсияи байналмилалии танзими ситемаҳои иттилоотӣ дар низоъҳои ҳарбӣ қабул гардад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки имрӯз интернет қудрати иродавии таъсиррасониро соҳиб шуда, бинобар бидуни меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқӣ истифодабарии он боиси харобии ҷомеа, оила, давлат, вазъи рӯҳию ахлоқии ноболиғону ҷавонон ва кулли шаҳрвандон шуда метавонад. Танҳо бо таъмини меъёрҳо ва талаботҳои ҳуқуқӣ ва этикии истифодабарии Интернет мо метавонем пешрафти давлат, ҷомеа ва амнияти иттилоотии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро таъмин созем.

Асламов Б.С.,
Сатторзода А.С.,
Ҳалимзода Д.О.,
омӯзгорони Академияи ВКД


Адабиёт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2-юми августи соли 2011, №762. Душанбе, 2011.
3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ http://www.president.tj. Санаи муроҷиат 26.01.2021.
4. Бжезинский З. Выбор. Стратегический взгляд. М.,2018.
5. Голиков В.Д., Колесников В.А., Михайлов В.И. Выбор методов сбора социологической информации для изучения взаимодействия органов внутренних дел и населения. //Информатизация и информационная безопасность правоохранительных органов. 17 – международной научная конференция, Москва 20-21 май 2008.
6. Згадзай О.Э. Интернет – мошенничество – новый вид экономической преступности. //Информатизация и информационная безопасность правоохранительных органов. 17 – Международная научная конференция, Москва 20-21 май 2008.
7. Иванов А.Г., Чигириев В.А., Юнацкевич П.И. Доктрина информационной войны. Стратегия развития и национальная безопасность, №6,2012.
8. Конышев В.Н., Сергунин А.А. Дискуссия о войнах будущего в российском экспертно-аналитическом сообществе. Мифы и реальность. Проблемы национальной стратегии, №4,2013.
9. Маҷидзода Ҷ.З., Назаров Н. Ҷинояткории муташаккил ва трансмиллӣ. Душанбе,2014.
10. Орлов А., Мизин В. Проблема стратегической стабильности в начале 21-века. Международная жизнь, феврал, 2019.
11. Управление органами ввнутренних дел. /Под ред. В.А.Круглова, С.Г.Дырды. Минск, 1995. С.54.
12. Шарифзода Ф.Р. Информационное пространство правоохранительной деятельности ОВД Республики Таджикистан в сфере обеспечения национальной безопасности государства. Душанбе, 2019.
13. Шеннон К. Работы по теории информации кибернетики. М., 1963.С.54.
14. Юнацкевич П.И. Информационная война. Методология ассиметричного ответа России. Стратегия развития и национальная безопасность, №9, 2014.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...