Нақши Васоити ахбори омма (ВАО) дар низоъҳои иҷтимоӣ
Матбуот оинаи ҷомеаи мутамаддин маҳсуб меёбад. Матбуот ва расонаҳои ахбори омма дар ҷаҳон ба сифати ҳокимияти чорум эътироф гаштааст. ВАО ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва институтҳои иҷтимоӣ, аз қабили сиёсат, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, дин таъсири амиқи худро мегузоранд. ВАО – олоти муҳими амалигардонии равандҳои сиёсӣ мебошанд. Дар ибтидои солҳои 60-уми асри 20 сотсиолог М.Маклюэн ВАО - ҳамчун восита аз худи иттилоот афзалиятар номида буд. ВАО ин қувваи муттаҳидкунанда ва ё харобкунандаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Имрӯзҳо мебинем, ки таввасути телевизионҳои моҳвораӣ, Интернет, иловаҳо дар телефонҳои мобилӣ чӣ қадар иттиллооти ғаразнок ва бардурӯғ пахн карда мешавад, ки вазъи сиёсии кишварҳоро ноором намуда, ҳатто ба ҷангҳои шаҳрвандӣ бурда расонида истодааст. Г.Ласуэл 4-вазифаи ВАО муайян намуд: 1.Мушоҳида ба ҷаҳон (ҷамъ ва паҳн кардани итилоот); 2.Таҳриркунӣ (ҷудо кардан ва шарҳи иттилоот); 3.Ташаккули афкори ҷамъиятӣ; 4.Паҳн кардани фарҳанги муайян ба ҷомеа (1). Дар ҷаҳони имрӯза ВОА ҳамчун маркетинги сиёсӣ барои манфиати гурӯҳҳо, институтҳои илмӣ, давлатҳои муяйни хориҷӣ, оппозияи ғайриконструктивии сиёсӣ ва ҳатто доираҳои экстремистию террористӣ баромад намуда, шуур ва мафкураи одамонро тадриҷан бо усулҳои психологӣ дигаргун сохтан мехоҳанд. Паҳншавии идеологияи экстремистии ДОИШ низ маҳз бо ҳамин роҳ роҳандозӣ шуда буд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» 19 марти соли 2013,№ 961 қабул гардид, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд. Боби якуми қонуни мазкур муқарроти умумӣ, моддаи якум мафҳумҳои асосӣ мустаҳкам карда шудааст: - агентиҳои иттилоотӣ - шахсони ҳуқуқии тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудае, ки барои ҷамъоварӣ, коркард, таҳия ва интишори иттилоот фаъолият менамоянд;
- ақида - баҳодиҳӣ, баёни нуқтаи назар, шарҳ, инчунин изҳори андеша оид ба муносибат ба зуҳурот, раванд ва ё шахсият аст, ки дар онҳо хулосаи тасдиқшаванда ё радшавандаи далелҳо вуҷуд надорад;
- ахбори оммавӣ (иттилооти оммавӣ) - хабарҳо ва маводи чопӣ, аз он ҷумла садоию симоӣ ва дигар маълумот дар бораи шахс, ашё, далелҳо, воқеаҳо, падидаҳо ва инчунин ақидаҳо аст, ки тавассути воситаҳои чопӣ, аудиоӣ ва видеоӣ барои доираи васеи истифодабарандагон паҳн мегарданд;
- аккредитатсия - номнавис шудани намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мақомоти давлатӣ ё ташкилотҳои дахлдор барои дастрасӣ ба иттилоот ва интишори он;
- воситаҳои ахбори омма - матбуоти даврӣ, ҳамчунин агентиҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизиону радио, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудио ва аудиовизуалӣ мебошанд, ки дар як сол на камтар аз як маротиба тавассути эфир ё кабел паҳн мешаванд;
- журналист - шахси воқеиест, ки ба ҷамъоварӣ, таҳрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситаҳои ахбори омма машғул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд аст ва аз рӯи ваколати ба ӯ додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиҳодияҳои касбии журналистон мебошад;
- матбаа - макони ба чоп расонидани воситаҳои ахбори оммаи чопӣ;
- матбуоти даврӣ - рӯзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, солнома ва маҷмӯаву буллетенҳое, ки номи доимӣ, рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба табъ мерасанд;
- муассис - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори оммаро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд;
- ношир - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки интишори нашрияи даврии чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявию техникӣ, технологӣ ва дигар таъминоти интишори онро ба ӯҳда дорад;
- паҳнкунандаи воситаи ахбори омма - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома бо редаксияи воситаи ахбори омма маҳсулоти онро паҳн менамояд;
- раддия - талаби хаттии шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси рад намудани маълумоти нодурусти дар воситаҳои ахбори омма паҳншуда, ки шаъну шараф ва эътибори кории ӯро паст мезанад;
- редаксияи воситаҳои ахбори омма - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои (зерсохторҳои) онҳо, ки нашри воситаи ахбори оммаро амалӣ мегардонанд;
- сармуҳаррир (муҳаррир) - шахсе, ки редаксияи воситаи ахбори оммаро роҳбарӣ менамояд ва нисбат ба нашри он қарори ниҳоӣ қабул мекунад;
- сензура - аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз редаксияи воситаи ахбори омма талаб намудани мувофиқаи пешакии мавод ё маълумоти интишоршаванда;
- ҷавоб - вокуниши хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба чопи маълумоти нодурусти халалдоркунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашон дар воситаҳои ахбори омма.(2.)
Пеш аз он ки мо нақши васоити ахбори омма (ВАО) дар низоъҳо мавриди омӯзиш қарор диҳем, моро зарур аст, ки мафҳуми иттилоот ва низоъро донем.
ВАО дар асоси бадаст овардани иттилооти зарурӣ нисбат ба воқеа ва рӯйдодҳое ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи одамон ва кишварҳо рух медиҳад, ба даст оварда дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, газетаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра, иттилоъ медиҳанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”аз 10 майи соли 2002 № 55–боби 1.Муқаррароти умумӣ, моддаи 1 пешниҳод менамояд: иттилоот ин маълумот дар бораи шахс, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо мебошад. Фаъолияти иттилоотӣ маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳуи Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” боби 3 . “Намудҳо, манбаъҳои иттилоот ва низоми ворид шудан ба он” чунин намудҳои иттилоотро гурӯҳбандӣ менамояд:
-иттилооти омори давлатӣ;
-иттилооти оммавӣ;
- иттилооти ҳуқуқӣ;
-иттилоот оид ба шахсият;
-иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопедӣ;
-иттилооти ҳуҷҷатикунонида (аснод);
-иттилооти мақомоти системаҳои давлатии идоракунӣ;
-иттилооти иҷтимоишиносӣ;
-иттилоот дар бораи шаҳрвандон
-иттилооти махфӣ;
-иттилооти пинҳонӣ;
-иттилооти иқтисодӣ;
-иттилооти тиҷоратӣ;
-иттилооти экологӣ;
-иттилооти хизматӣ;
-иттилооти бойгонӣ;
-иттилооти илмӣ
-иттилооти илмӣ-техникӣ ва ғайра.(3)
Дар фаҳмиши низоъ – ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ, то имрӯз дар байни олимони низоъшинос ва низоъшиносони амалӣ ягонагӣ ва ҳамфикрӣ вуҷуд надорад. Бо вуқуди он ҳама фикру ақидаҳои гуногун нисбати дарки ин масъала, бояд таъкид кард, ки ду нуқтаи назар бештар маъмул аст.
Масалан, як қисми олимон ва низоъшиносони амалӣ низоъро ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ, ҳамчун зарурияти ҳаёти инсонӣ дониста, ақида доранд, ки мавҷудияти низоъ қонунияти воқеӣ буда, ба фикри онҳо, чи тавре ки тасаввур кардани оби хушк номумкин аст, мавҷуд будани ҷамъияти бенизоъ низ имконнопазир аст. Ба андешаи баъзе аз онҳо, дар рӯи замин танҳо якҷое мавҷуд аст, ки дар он ҷой низоъ нест, он ҷой “водии хомӯшон”, яаъне қабристон аст. “Агар дар ҳайёти шумо низоъ набошад, - ҳазломезона гуфтааст як низоъшиносӣ америкоӣ, -санҷида бин, ки дилат таппиш дорад?”
Вале олимон ва низоъшиносони амалие ҳастанд, ки ба низоъҳо дигар хел баҳо медиҳанд. Барои онҳо низоъ – ин бемории хавфнок, бемории иҷтимоии ғайритабиӣ буда, ба фикри онҳо, аз ҳаёти иҷтимоӣ аз тамоми шаклҳои алоқаи инсонӣ ҳамчун аломати бегона абадӣ бояд нест карда шавад.
Аммо мо гуфта метавонем, ки дар ҷаҳони имрӯза барои ҳал намудани низоъҳои мухталиф тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки ВАО дар ҳал ва андохтани низоъ саҳми бориз мебозад. Метавон гуфт, ки ВАО яке аз сиёсатҳои нарм ва силоҳи асосӣ баҳри андохтани низоъ миёни давлатҳо ва рабудани боварии мардум ба ҳукумати амалкунанда, даъват намудан ба гирдиҳамоиҳои осоишта ва эътирозӣ ва дигар амалҳои номатлуб барои баъзе кишварҳои абарқудрат, ки манфиати миллиашонро дар хориҷ ҳимоя мекунанд, мебошад. Ба воситаи ВАО метавон дар ҳалли низоъҳои мавҷуда ва андохтани низоъҳои нав нақш дошт. ВАО–и муосир тамоми ҷанбаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои дунёро омӯхта иттилои заруриро пахш мекунад, ки метавонад ба манфиати мардум ва ё субъектони сармоягузори ВАО бошад. Ҳамаи кишварҳо ВАО–и худро доранд ва ба воситаи он манфиатҳои миллӣ ва давлатиашонро ҳимоя мекунанд, ки ин метавонад ба манфиати худи онҳо ва андохтани низоъ байни ду давлат ва ё як миллат гардад. Ин чиз аён аст ки кишварҳое ки аз ҷиҳати фаъолияти иттилоотӣ – таҳлилӣ дар сафи пеш қарор доранд, бо пахш намудани хабарҳои бардуруғ нисбати фаъолияти бебарори ҳукумати амалкунандаи давлатҳо ва ё аз ҷониби онҳо поймол намудани ҳуқуқи инсон, дар сатҳи баланд қарор доштани ришваситонӣ, тамоми соҳаҳои даромади иқтисодӣ, соҳибкорӣ, бозоргонӣ, монополия кардан, дар сатҳи камбағалӣ зиндагӣ намудани мардум, баланд бардоштани нархи молу маҳсулот дар бозору мағозаҳо, андозбандии нодуруст ва ғайра дар миёни ҷомеа низоъ андохта, баҳри бо субот рушд намудани онҳо халал ворид мекунад, ки ин ба манфиати худи онҳо мебошад.
Дар шароити низоъҳо ва хусусан низоъҳои муосир Васоити ахбори омма (ВАО) тавассути ду роҳ метавонанд таъсирбахш бошанд:
1) Ба одамон дар мавриди низоъи ба миён омада маълумот диҳанд ва ба фаҳмиши мардум оид ба низоъ таъсири бевоситаи худро расонанд;
2) Тавассути ВАО ҷонибҳои манфиатдор мавқеъ ва андешаю дархостҳои худро ошкоро изҳор менамоянд ва ҳамзамон бо нуқтаи назар, ақидаҳо, талабот, дархост, инчунин эродҳои тарафи дигар роҷеъ ба амали хеш ошно мегарданд. Дар ин раванд ВАО ба маънои васеаш нақши миёнаравро иҷро мекунанд.
Баъд аз дахолат ба низоъ ВАО ба шамшери дудама табдил меёбад: аз як тараф, хабарнигории касбӣ метавонад барои танзим ва ҳалли низоъ мусоидат намояд. Аз ҷониби дигар, фаъолияти иғвогаронаи рӯзноманигорон боиси тезутундшавии вазъият хоҳад шуд.
Рӯзноманигории босифат (сулҳпарвар) дар миёни гуруҳҳои қавмию нажодӣ ҳамдигарфаҳмиро таъмин сохта, онҳоро ба василаи хабаргузории воқеъбинонаву холисонаи бидуни ҳамагуна овозаҳои бардурӯғ ба ҳам мепайвандад. Яъне рӯзноманигории сулҳҷуёна ва объективона ин ҳаёти осоиштаи мардумро инъикос менамояд ва хоҳони сулҳу субот аст, метавонад дар раванди ҳал намудани низоъ таъсир расонад. Ҳамагуна ахборе, ки ҳаст ва он тамоми ҷанбаҳои низоъро фаро гирифтааст, воқеъбинона барои тарафҳои даргир, шаҳрвандон ва ҳукумат таҳлил шуда иттилоъ дода мешавад. Аз ин бар меояд, ки ҳадафи асоси ин иштирок ва нақши ВАО бевосита дар ҳалли низоъ аст.
Дар навбати худ, рӯзноманигории пастсифат (моҷароҷӯй) тавассути нишон додани фарқҳо, сиёҳ кардани якдигар, тарғиби ифротгароӣ, маҳдуд намудани ташаббусҳои созанда дар раванди низоъ нақши манфиро иҷро мекунад. Ҳадафи асосии ин гуна рӯзноманигорӣ танҳо андохтани низоъ буда ва ба даст овардани манфиати шахсӣ ва хоҷагони худ мебошад. Яъне сафедро сиёҳ гуфта боз ҳам мушкилии ба амал омадаро мушкилтар менамоянд.
Дар ҷаҳони имрӯза ВАО рӯз то рӯз рушд намуда истода ва нуфузи бештар касб намуда истодааст. Ҷонибҳои низоъ кӯшиш менамоянд, ки ба расонаҳои хабарӣ таъсир расонида, онҳоро ҳамчун воситаи тарғиботии худ истифода баранд. Дар ҳамин ҳолат ВАО бояд нагузорад, ки ҳеҷ яке аз тарафҳои низоъ онҳоро мавриди сӯистифода қарор диҳанд.
Аксари мавридҳо хусусан дар оғози низоъ ва ҳангоми ба тарзи пӯшида ҷараён гирифтани он, ВАО таваҷҷуҳашро ба моҷаро камтар нишон медиҳад. Шояд сабаби бепарвоии расонаҳои хабарӣ дар он бошад, ки рӯзноманигорон наметавонанд ин ҳолати низоъро чун сарчашмаи иттилооти тоза барои хонандаву тамошобинон ҷолиб истифода баранд. Ҳамзамон бештари хабарнигорон ба мавзӯъи низоъ назари манфӣ дошта, аксаран аз инъикоси он канора меҷӯянд. Аммо ВАО бояд маҳз дар ҳамин марҳила нақши бунёдкорона дошта бошанд. Зеро расонаҳои хабарӣ дар марҳилаи аввали низоъ ба воситаи огоҳсозии мардум ва равшанӣ андохтан ба масъалаҳои мубрам метавонад саҳми худро дар ҳалли моҷаро гузошта, имкони ба зӯроварӣ табдил ёфтани онро маҳдуд намоянд.
Хулоса, ВАО метавонад дар ҳалли одилонаи низоъ нақши бориз бозад. Аз ҳамин сабаб тавҷҷуҳи хосаро метавон ба ин самт бештар намуд. Зеро баъзан аз кормандони ВАО метавонад барои ҳифозати манфиатҳои ғаразноки шахсии худ ва ҳимояи манофеъи сарпарастонашон (хоҷагони хориҷӣ) баръакс боиси низоъи иҷтимоӣ гарданд. Боз ҳам барои идора ва дар ҳолати низоъ қарор надодани шаҳрвандон ва дуруст иҷро шудани раванди гуфтугӯи ҷонибҳои даргир яъне тарафҳои низоъ мебояд назоратро болои ВАО–и дохили пурзӯр намуда иҷозат дода нашавад, ки баъзан ҳодисаҳоро нодуруст ба саҳми омма расонаӣ кунанд. Савол ба миён меояд ки агар аз болои ВАО–и дохилӣ назорат карда шавад, пас ВАО–и ҷаҳониро чи гуна назорат бояд кард? ВАО–и ҷаҳониро идора кардан мушкил аст, чунки кӯшиши идора намудани он ба бархурди манфиатҳо миёни кишварҳо мегардад ва низоъҳои гуногун рух доданаш аз имкон берун нест. Аз ҳамин сабаб идорааш ғайриимкон аст, вале абарқудратҳо барои идораи ВАО–и ҷаҳонӣ рақобат намуда истодаанд. Дар ҷаҳони муосир агар ВАО–ро идора карда тавонӣ кулли дунёро метавон идора намуд.
Шаҳрвандонро барои таҳлил намудани хабарҳои рост ва дурӯғ омода кардан лозим аст, зеро барои мудофиаи давлату миллат сатҳи таҳлил намудани онҳо ахбори рост ва дуруғро баланд бардоштан лозим аст. Дар макотиби олӣ метавон ҳамчун як фанни нав вобаста ба ҳамин самт (“Васоити ахбори омма (ВАО) ва таҳлил намудани хабарҳо”, “Фаъолияти иттилоотӣ–таҳлилӣ”, “Таҳлилӣ иттилоот” ё “Таҳлили иттилоот дар ҷаҳони муосир”,”Амнияти иттилоотӣ”) ворид намуда, миёни донишҷуӯён (курсантон)-и ҳамагуна ихтисосҳои гуногун ба роҳ монда шавад. Шабакаҳои иҷтимоии миллӣ бояд таҳррезӣ карда шуда, амалӣ гардонида шаванд. Бо ҳамин тарз метавон аз таҳдидҳои ғаразноки бархе аз ВАО-и хориҷӣ барои ҳал намудани на танҳо низоъ, балки иттилооти нодуруст бар зидди давлату миллат канораҷуӣ кард.
Дар ҳама ҳолат бояд мо донем, ки бархе аз ВАО дар ҳалли низоъ ва аланга андохтани оташи низоъ ҳам нақш дорад. Якчанд фисади ҳалли низоъҳои муосир аз ВАО вобастагии калон дорад. Бинобр ин ҷавонони имрӯза дар интихоб ва мутолиаи иттилоот бояд эҳтиёткор бошанд ва донанд, ки шурӯъ аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри 20-ум дар ҷаҳон ҷангҳои иттилоотӣ ва омехта (гибридӣ) барои манфиатҳои геополитикӣ роҳанозӣ гардиданд, ки окибатҳои ногувори манфӣ ва равонӣ ба мафкураи инсон ва ҳаёти иҷтимоии онҳо доранд.
Асламов Б.С., аълочии матбуоти тоҷиқ, узви ИЖТ, полковники милитсия
Ҳалимзода Д.О., омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии факултети №1, лейтенанти милитсия
Адабиёт:
1.Гаджиев К.С.Политическая наука. М.,1994.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» 19 марти соли 2013, № 961
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” аз 10 майи соли 2002 № 55
4.Водолазский Б.Ф., Гутерман М.П. Конфликты и стрессы в деятельности работников ОВД. Омск, 1976.
5.Бойзода Ҷ.Ҷ., Расулзод Л.Х. Низоъшиносӣ дар нақша ва луғот. Академияи ВКД, Душанбе, 2019.