Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар масири муносибатҳои муосири геополитикӣ

1004

Пас аз суқути давлати абарқудрати Шӯравӣ (ИҶШС -СССР) ибтидои солҳои 90-уми асри 20 давлатҳои он паси ҳам истиқлолияти сиёсӣ ба даст оварда, роҳи бунёди давлатҳои дорои режими демократиро пеш гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти давлатиро қабул намуда, 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти сиёсӣ ба даст оварда роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт, гарчанде мухолифатҳои ҷиддӣ дар фазои сиёсии он вақта ҷой доштанд.
Тоҷикистон 2-юми марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи СММ ва баъдан дигар созмонҳои бонуфузи ҷахонӣ гашт. Давлатҳо паси ҳам истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф намуданд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо ИМА 18-уми феврали соли 1992 барқарор гашта, Сафорати ИМА бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба фаъолият шурӯъ намуд. ИМА яке аз давлатҳое мебошад, ки робитаҳои мустаҳками дипломатиро бо давлатҳои собиқ Шуравӣ барқарор намуда, муаллифи як қатор Барномаҳои глобалии таъмини амният ва робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ гашт. ИМА бахсус ба минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он Тоҷикистон воқеъ аст, таваҷҷухи хос зоҳир намуда, лоиҳаҳои муштараки зеринро пешниҳод намуд:
1.Барномаи байналмилалии муқовимат бар зидди экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ;
2.Лоиҳаи ҳамкорӣ дар доираи 5+1, панҷ давлати Осиёи Марказӣ бо ИМА;
3.Густариши соҳибкории минтақавӣ;
4.Ширкат дар барномаҳои коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ;
5.Истифодаи захираҳои энергетикии Осиёи Миёна барои амалигардонии лоиҳаи «Ояндаи пурзӯр».
Яке аз ҳузури фаъоли ИМА дар кишварҳои пасошӯравӣ ин пахн ва васеъ намудани арзишҳои демократӣ - ҳамчун асоси идеологии манфиатҳои геополитикии он баромад менамояд. Контр-адмирали америкоӣ Денис Блэр менависад, ки дар ояндаи наздик дар сиёсати берунии ИМА густариши муносибатҳо бо Россия, Хитой, Афғонистон, Покистон, Эрон ва кишварҳои Шарқи Назик мавқеи меҳварӣ ишғол менамояд. Барои ин ҳадафи муҳим ба ақидаи Денис Блэр хуб мешуд, ки ИМА дар оянда аз Барномаҳои «Қувваи мулоим» ва «Дипломатияи боақлона» истифода барад. Албатта ин гуфтаҳои контр-адмирал ба ӯ дахл дошта, онро вақт нишон медиҳад. Дар баробари ин дар Барномаҳои стратегии ИМА таъкид мегардад, ки хатари терроризм то соли 2025 боқӣ хоҳад монд. Асъори байналмилалии доллар боқӣ хоҳад монд, аммо барои нигоҳдории он таҳдидҳои нав пайдо мегардад. То 15-16 соли оянда дар таносуби қувваҳои геополитикӣ ИМА ҳамчун давлати дорои нуфузи ҳарбӣ боқӣ мемонад, гарчанде, ки воқеаҳои охир ва пандемияи коронавирус ин майлонро то дараҷае тағйир дод. Ба ақидаи профессор Майтдинова Г.М. омили классикии геополитикии «Бозии бузург» дар шароити муосир дар давлатҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки он нимаи дуюми асри 19 оғоз ёфта буд. Ба ақидаи таърихшинос Дубовитский В. давлатҳои Ғарб, Россия, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Покистон дар он ҳамчун маркази таъсиррасон ширкат меварзанд. Дар оянда Барномаҳои омӯзишии равандҳои сиёсии Гурҷистон, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазия, Укрина, Россия, Эрон, Сурия ва Белоруссия боқӣ хоҳанд монд.
Дар маърӯзаи Шӯрои миллии ИМА аз 18-ноябри соли 2008 чунин омадааст:
1.Пайдоиши бозингарони нав -Бразилия, Россия, Ҳидустон (БРИКС);
2.Ҷалби боигарӣ аз Ғарб ба Шарқ;
3.Камшавии захираҳои моддӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва иникшофи босуръати иқтисодӣ;
4.Эҳтимоли пайдоиши низоъҳои байналмилалӣ.
Рақобати геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ идома хоҳад ёфт, ба ин раванд ИМА, Россия, Хитой таъсири худро мегузоранд. Ба ақидаи Р.Шералӣ чор давлатҳои ҷаҳонӣ ИМА, Россия, Хитой, Иттиҳоди Аврупо ва чор давлатҳои минтақавӣ Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркияро оянда дар ин рақобатҳо мебинем.
Барои Ҷумҳурии сохибистиқлоли Тоҷикистон омилҳои тадбирҳои амниятии зерин мавҷуд мебошанд:
1.Таъмини тамомияти арзӣ;
2.Муқовимат бар зидди экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
3.Фаъолияти боз ҳам самараноктари мақомоти давлатӣ;
4.Пурзӯр намудани неруи ҳарбӣ ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ;
5.Таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар;
6.Таъмини амнияти иттилоотӣ ва фарҳангӣ аз ҳуҷумҳои беруна;
7.Таъмини амнияти энергетикӣ, иқтисодӣ ва технологӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 31-уми декабри соли 2002 сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон намуда, дар самти сиёсати хориҷӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои бузургро соҳиб гашт. Тамоми таклифҳои Пешвои муззами миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, аз қабили эълон гардидани соли 2003 - соли Оби тоза, солҳои 2005-2015 - Даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт, соли 2013 - ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи Об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва чандин тадбирҳои байналмилалии экологӣ, муқовимат бар зидди экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки барои манфиати кулли ҷаҳон равона гардидаанд.
«Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуд. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Бо шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад. Бархе аз натиҷаҳои ин сиёсатро метавон чунин баршумурд:
Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи яке аз созмонҳои бонуфузтарини дунё - Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид.
То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро фаро мегиранд.
Ағлаби ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:
- соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
- соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
- соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
- соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
- соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
- соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид;
- соли 2013 дар шаҳри Париж дар рафти 37-умин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
Бояд гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти созандаву некбинонаи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.
Миллати мо тӯли солҳои пас аз истиқлолият рӯзҳои сангинеро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаҳои арзишманде бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд (Манбаъи электронӣ:Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. http//www.mfa.tj. Санаи муроҷиат 23.01.2021)».
Масоили мазкурро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври амиқу дақиқ омӯхта дар ин бора дар рӯзномаи «Независимая газета» соли 2009-ум навишта буданд: « Мо ба ҳеҷ кас модели демократияи худро таҳмил намекунем, ки вай дар заминаи системаи ҷомеаи дунявӣ мо ба вуҷуд омадааст. Лекин, мо ин ҳуқуқи демократии худро истифода бурда, ҳамаи дигар моделҳои бегонаи сохтори давлати худро рад менамоем, ки вазъиятро дар кишвар бад мегардонад, ба ҷудоандозӣ ва буҳрони сиёсӣ ва оқибат аз даст додани истиқлолият оварда мерасонад (Рахмон Э. Республика Таджикистан на пороге ХХ1 века.// Независимая газета , 8- декабря 2000г. Душанбе, 2009)».
Имрӯз Тоҷикистон кишвари сулҳу амният ва пойтахти он шаҳри Душанбе маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар ин ҳам заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало маълум аст. Ин заҳматҳои Пешвои муззами миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсин ва ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

Асламов Б.С., Ҳалимзода Д.О., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Адабиёт:

1. Саидов З. Внешняя политика Республики Таджикистан:1991-2017. Душанбе, 2017.
2. Рахмон Э. Республика Таджикистан на пороге ХХ1 века.// Независимая газета , 8- декабря 2000г. Душанбе, 2009.
3. Маҷаллаи илм ва ҷомеа.№1-2(2015-2016).
4. Дипломатия Таджикистана. Ежегодник, №12, 2005.
5. Сыткин А.Н.Актуальные аспекты новой архитектуры безопасности на постсоветском пространстве. Журнал «Проблемы национальной стратегии», №1.2009.
6. Ермаков С.М.Политика США и НАТО на постсоветском пространстве. Журнал «Проблемы национальной стратегии», №1.2010.
7. Муҳаққиқ.Маҷалла,№16.Душанбе,2017.
8. Ризоиён Ш.Националные интересы во внешней политики Республики Таджикистан: структура и специфика. Душанбе,2017.
9. Концепция внешней политики Республики Таджикистан от24.09.2012.
10. Геополитическая динамика в начале 21 века: проблемы интеграции, безопасности, межцивилизационного взаимодействия. Душанбе, 2013.
11. Махмадов П.А.Проблемы безопасности Республики Таджикистан в условиях трансформации общества. Душанбе,2014.
12. Шарипова К.С. Национальная безопасность Республики Таджикистан в контексте региональных и международных вызовов. Душанбе,2017.
13. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон. http//www.mfa.tj. Санаи муроҷиат 23.01.2021).

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...