Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақш ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

969

Минтақаи Осиёи Марказӣ - яке аз минтакаҳои муҳимми геополитикӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора муҳаққиқони Россия, Аврупои Ғарбӣ, ИМА бисёр навиштаанд. Бахусус геополитики машҳури америкоӣ Збгинев Бзежинский (1928-2017) ба ин минтақаи муҳимми геополитикӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ онро меҳварҳои (Хартленд) - и бархурдҳои нави геополитикӣ шуморид. (1.Бжзининский З. Великая шахматная доска. - М. Международные отношения, 1998).
Ба ҳолати сифатан нав муносибатҳои байналмилалӣ баъди соли 1985 ворид гаштанд. Вохӯрии Горбачёв М.С. ва Ҷ.Буш дар фанои «ҷанги сард» соли 1989 дар Малта баргузор гардид. Девори Берлин, ки ду системаи сиёсиро аз ҳам ҷудо мекард, шикаста шуд. «Шартномаи Варшава» пароканда гашт. Иттиҳоди сотсиалистӣ, Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ нобуд гардиданд. Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт. Дар Аврупои Шарқӣ, асосан бо коммунизм хайрбод гуфтанд. Югославия низ пароканда гардид. Сарҳади Венгрия ва Австрия… кушода гардид» - менависад, сиёсатшиноси тоҷик Зокиров Г.Н. (2.Зокиров Г.Н.Сиёсатшиносӣ.Душанбе,2003.-С.571.)
Бинобар таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз масоили мубрам ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз давлатҳои воқеъ дар ин минтақа аз солхои аввали Истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои мушаххаси амниятӣ меандешад. Бо таъсири қувваҳои иртиҷоии дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлолият ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) кашида шуд, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти калони иқтисодӣ, фалаҷ гардидани сохтори давлатӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ оварда расонид, ба ҳастӣ ва генофонди миллӣ хатари бузург эҷод гардид. Хушбахтона бо ибтикороти сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва миллати тоҷик аз ин вартаи халокат ва нобудӣ наҷот дода шуд. Ба ин иқдоми нек ҳар як шаҳраванди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо абадан бояд арҷгузорӣ намоянд. Беҳуда нест, ки академик Кароматулло Олимов менависад: «Эмомалӣ Раҳмон -Асосгузори музокирот, сулҳ ва ваҳдати тоҷикон мебошад». (3.Олимов К. Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори музокирот, сулҳ ва ваҳдати тоҷикон. Китоби «Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа». Душанбе,2017.С.8-34).
Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ бо дастгирии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) яке аз мавзӯъҳои марказии на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои собиқи Шӯравӣ гардид. Тоҷикистон бо кишвари ҳамҷавори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (1344,15км) дошта, беш аз беш ба ҳамкориҳои ҳарбӣ- стратегӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ниёз дорад. Сарҳади умумии давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз 7000 км буда, онҳо дар замони Шӯравӣ дар як низоми мутамаркази амниятӣ қарор доштанд. Ҷумҳурии Туркманистон баъди истиклолият ба даст дароварданаш мавқеи нейтаралӣ дошта, Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон соли 2012 аз ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) берун гашт, лекин ин маънои онро надорад, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ - стратегии давлатҳои ИДМ коҳиш ёфта бошанд. Ба ақидаи Исмоилов Ф.Ш. «Ӯзбекистон худро дар холати амниятӣ эҳсос намуда, минтақахои сарҳадии худро пурра назорат мебарад» (4.Исмоилов Ф.Ш.ОДКБ и ЕАЭС как инструменты противодействия современным угрозам России и ЦАР. Журнал «Таджикистан и современный мир», №2(45), 2015.С.68.).
Дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди баромадани неруҳои Шӯравӣ (15.02.1989) фаъолияти гурӯҳҳои тундрав, террористию экстремистӣ авҷ гирифтанд. Бо таъсири бархе аз кишварҳо дар дохили Афғонистон бо истифодаи идеологияи фундаметалистӣ, ҳаракати ба ном «камарбанди сабз» бунёд гардида, оғози солҳои 90-ум ба қаламрави Осиёи Миёна бо роҳҳои идеологӣ-ташвиқотӣ ворид гардида, ба вазъи ин кишварҳоро таъсир намуда таҳдидҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромилиро ба миён овард. Барои муқовимат бар зидди хатарҳои нав ва сарҳадҳои ҷанубии ИДМ як созмони ҳарбие лозим буд, ки пеши роҳи ин таҳдиду хатарҳоро гирад. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалии минтақавӣ мебошад ва дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар ш.Кишинёв ба имзо расонд ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард. Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар Созмони мазкур боздошт. СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми ҳатмии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои аъзо, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои аъзо вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 2-юми декабри соли 2020 дар сессияи СААД, ки таҳти раисии Федератсияи Россия гузашт, раисии СААД дар соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Владимир Путин, Президенти Россия зимни нишасти сарони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки тариқи видеоӣ сурат гирифт, ба масъалаи амният дар минтақаи Осиёи марказӣ таъкид кард. В.Путин қайд кард, ки Тоҷикистон дар минтақа нақши муҳим дорад: “Мехоҳам таъкид кунам, ки Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз кишварҳои ҳамсоя меоянд, нақши муҳим дорад».Вай илова кард, ки Тоҷикистон дар ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир ва терроризм нақши муҳим дорад. Владимир Путин афзуд, ки Россия дар оянда низ дар масъалаҳои амниятӣ Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, Президенти Россия гуфт, кишвараш ба Тоҷикистон то ҳадди имкон бо истифода аз имкониятҳои сохторҳои низомии Россия дар ин ҷумҳурӣ кумак хоҳад кард. (5.Суханронии В. Путин зимни нишасти (видеоии) сарони СААД. Манбаъи электронӣ: http//www/sputnik.tj.com. Санаи муроҷиат 19.01.2021.).
«Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳимми таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад». (6. Тоҷикистон ва Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ. Манбаъи электронӣ: http//www.mfa.tj. Санаи муроҷиат 19.01.2021).
СААД дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ нақши муассир дорад. (Шиддатнокии ин таҳдиду хатарҳо дар шаклҳои гуногун имрӯз кишварҳои узви СААД-ро водор мекунад, ки баҳри маҳви онҳо тадбирҳои саривақтӣ ва муттаҳидона биандешанд, вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон баъд аз фаъолнокии гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии ин кишвар, якбора бадтар шуд. Ҳамкории мусбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишварҳои узви СААД дар шароити ҳозира, махсусан дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар алоҳида мусбӣ баррасӣ ва арзёбӣ мегардад. Зарурати такмили ҳамкории судманд доир ба табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳо, расонидани кумакҳои техникӣ ба якдигар ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ аз ҷониби иштирокдорони СААД дар оянда таъкид мегардад.
30-юми ноябри соли 2020 Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард. Дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад. “Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”. Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Россия садо додааст. Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд. Таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад. (7. Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти аастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард. Манбаъи электронӣ: http//www/sputnik.tj.com. Санаи муроҷиат 19.01.2021.).
«Дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД ҷиҳати муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд. Пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар Созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд. Мо равандеро, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи таъмини амният ва оромии ҳаёти мардумонамон нигаронда шудааст, идома хоҳем дод. Ба ин манзур мо татбиқи силсилаи тадбирҳоеро муайян кардаем, ки тавсеаи доираи ҳадаф ва вазифаҳои имрӯз дар назди Созмон истодаро дар назар доранд. Дар роҳи татбиқи онҳо Тоҷикистон ба дастгирии шарикони худ умед мебандад. Бо дарназардошти воқеиятҳои кунунӣ, мехоҳам аҳамияти қарорҳои дар ҳошияи ҷаласаи имрӯза қабулшавандаро низ таъкид намоям. Онҳо фарогири масъалаҳои ниҳоят муҳим буда, амнияти дастаҷамъиро дар минтақаи масъулияти Созмон таъмин менамоянд. Мо итминон дорем, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштараки мо ҷиҳати пешбурди амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки дар наздамон истодаанд, омили такони тоза бахшидан ба ҷараёни фаъолияти Созмон хоҳад гардид», иброз намуданд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоконференсия дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД 2-юми декабри соли 2020. (8.Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоконференсия дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, санаи 2-юми декабри соли 2020. Манбаъи электронӣ: http//www.Khovar.tj. Санаи муроҷиат 19.01.2021.).
Дар маҷмӯъ бо боварӣ ва итминони комил гуфта метавонем , ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арафаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавонад, ки бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамкории густуртада дар доираи СААД ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ амнияти минтақа ва суботи комили сиёсии доираи иштрокчиёни ИДМ, СҲШ-ро таъмин созад.

Асламов Б.С., таҳлигари масоили геополитикӣ, полковники милитсия,
Ҳалимзода Д.О., омӯзгори кафедраи Назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, лейтенанти милитсия


Адабиёт:
1. Бжзининский З. Великая шахматная доска.- М. Международные отношения,1998.
2. Зокиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. Душанбе,2003.
3. Олимов К. Эмомалӣ Раҳмон-Асосгузори музокирот, сулҳ ва ваҳдати тоҷикон. Китоби Вахдати миллӣ ва пешрафти ҷомеа. Душанбе,2017.С.8-34.
4. Исмоилов Ф.Ш.ОДКБ и ЕАЭС как инструменты противодействия современным угрозам России и ЦАР. Журнал «Таджикистан и современный мир»,№2(45),2015.С.68.
5. Суханронии В.Путин зимни нишасти (видеоии) сарони СААД.Манбаъи электронӣ: http//www/sputnik.tj.com.Санаи муроҷиат 19.01.2021.
6. Тоҷикистон ва Созмони аҳдномаи дастаҷамъӣ. Манбаъи электронӣ: http//www.mfa.tj.Санаи муроҷиат 19.01.2021.
7. Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат васуханронӣ кард.Манбаъи электронӣ: http//www/sputnik.tj.com.Санаи муроҷиат 19.01.2021.
8. Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи видеоконференсия дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, санаи 2-декабри соли 2020. Манбаъи электронӣ: http//www.Khovar.tj.Санаи муроҷиат 19.01.2021.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...