Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Об - ободӣ

 

666Об яке аз унсурҳои асосии табиат ба шумор рафта, манбаи ҳаёт дар рӯи замин дониста шудааст. Бинобар ин, “обу ободӣ” гуфтани халқ бесабаб нест. Ҳар куҷо об аст, он ҷо ободӣ ҳам ҳаст. Бе об дар табиат на ҷонзоде зиста метавонаду на наботот нашъунамо мекунад. Об на танҳо барои ҷамъият аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ лозим аст, балки он воситаи асосии мубодилаи моддаҳо дар организми зинда низ мебошад.
Об манбаи асосии пайдоиши бӯғ, барф, борон, ях, шабнам, жола, абр ва туман аст. Ғайр аз ин, хусусиятҳо чун воситаи асосии сӯхторхомӯшкунӣ, обмонӣ, шустушӯ, тозагӣ ва машқи бадан истифода мешавад. Дар таркиби ҳамаи нӯшокиҳо қисми зиёдро об ташкил медиҳад ва аксари таомҳоро низ тавассути об тайёр мекунанд. Қариб 80% - и бадани инсонро об ташкил медиҳад.
Об барои инсон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Файласуфони шарқ обро яке аз чор унсури асосӣ шинохтаанд. Дар ривояту осори аксар халқҳои ҷаҳон об яке аз воситаҳои асосии ҳаёт шинохта мешавад. Файласуфи Юнони қадим Фалес обро манбаи олам мешуморад, ки баробари хоку боду оташ оламро таркиб додааст ва рангорангии табиат ҳам ба он вобастагии қавӣ дорад.
Боиси нигаронист, ки солҳои охир ин сарвати бебаҳои табиат исрофкорона истифода мегардад, ки дар натиҷа баъзе кишварҳо аз набудани оби тоза танқисӣ мекашанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои бадастомада имрӯз ж1,3 млрд. аҳолии кураи Замин аз нарасидани оби нӯшокӣ маҳруманд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хосса доштани обро ба инобат гирифта, дар баромадҳои сатҳи байналмилалии худ чандин пешниҳодҳо намуданд ва таваҷҷуҳи оламиёнро ба ин масъалаи муҳим ҷалб карданд. Аз ҷумла, бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат соли 2003 Соли умумиҷаҳонии Оби тоза эълон шуд ва он дар сессияи 54 –уми Ассамблеяи Генералии СММ дастгирӣ ёфт. Пешниҳоди навбатӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат сурат гирифт ва дар охири соли 2016 қабул гардид, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» мебошад, ки дубора диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намуд.
Воқеан, яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир муҳофизати оби тоза мебошад. Бо оби ошомиданӣ таъмин намудани тамоми аҳолӣ аз масъалаҳои глобалии инсоният ба шумор меравад. Дар натиҷаи исрофкорона истифода бурдани об масъалаҳои экологӣ низ ба вуҷуд меоянд. Донишу фарҳанги экологӣ инсонро водор месозад, ки аз ҳавои тоза ва оби тоза самаранок истифода барад. Аз ин рӯ, ҳифзу оқилона истифода кардани манбаъҳои об боиси тансиҳатӣ, беҳбудии зиндагӣ, ободу сарсабз ва хурраму зебо гардонидани тамоми минтақаҳои кишвар хоҳад гашт.

Раъно Кузиева,
аспиранти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...