Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тадқиқотҳои заҳматталаби академик Бобоҷон Ғафуров дар таълифи китоби «Тоҷикон»

650Китоби бебаҳои «Тоҷикон»-ро,

Намедонам, ки бори чанд хондам.
Шабонгаҳ чун китоби сифр онро
Ба зери болини фарзанд мондам.
                                               Сайидалӣ Маъмур

Соли 2021 дар арафаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ - 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд аз нав нашр гарида, ҳамчун туҳфаи идона аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи сокинони кишвар тақдим мегардад. Ин иқдоми наҷибона аллакай аз ноҳияҳои ВМКБ оғоз гардид.
«Рӯҳи равони фарзанди фарзонаи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хидмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зара-зара ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашида, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум будаанд ва ҳастанд» менависад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (1.С.5.).
Вақте, ки ба саҳифаҳои китоби «Тоҷикон» назар меафканем, роҳи тулонӣ ва заҳматталаби академик Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун як олими таърихшинос ва шарқшиноси сатҳи ҷаҳонӣ пеши назар меорем. Ӯ тадқиқоти илмиашро хеле барвақт ҳамчун рӯзноманигори ҷавон оғоз намуда, боқимондаҳои феодалӣ ва хурофотро дар мақолаҳояш зери танқиди ҷиддӣ карор медод. Ба ақидаи Э.Муҳсинзода «Бобоҷон Ғафуров қалами бурро дошта, худаш хеле ҷасур буд» (2.-С.11.). Қобилияти эҷодкории вайро ба назар гирифта соли 1931 ӯро ба Донишкадаи умумииттифоқии журналистикаи шаҳри Москва барои таҳсил мефиристанд. Соли 1935 баъди баргаштан ба Тоҷикистон ӯ ҳамчун журналисти касбӣ дар рӯзномаҳои давлатӣ фаъолият менамояд. Соли 1936 вайро ба кори ҳизбӣ даъват менамоянд ва ҳамчун мудири шуъбаи тарғибот кор мекунад. Дар давоми фаъолият Бобоҷон Ғафуров бештар таваҷҷуҳи хешро ба омӯзиши таърихи тоҷикон ва халкҳои Осиёи Марказӣ равона менамояд.
Солҳои 1940-1941 дар аспирантураи Институти таърихи Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) таҳсил намуда, дар мавзӯи «Таърихи мазҳаби Исмоилия аз ибтидои асри 19 то оғози ҷанги ҷаҳонии империалистӣ» зери роҳбарии исломшиноси маъруф Б.Беляев рисолаи номзадиро дар риштаи таърих ҳимоя менамояд. Ӯ яке аз муҳаққиқони аввалини мазҳаби Исмоилия дар собиқ давлати Шӯравӣ буд. Пажуҳишҳои вай дар бораи таърихи тоҷикон идома ёфта, соли 1942 бо ҳамроҳии муҳаққик Прохоров Н. мақолаи «Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарон ва асоратгарони аҷнабӣ»-ро чоп менамояд. Мақолаи дигари ӯ бо номи «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ» рӯи нашр меояд. 24-уми апрели соли 1944 Б.Ғафуров дар ҷаласаи илмии филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС бо маърӯзаи «Гузаштаи бои таърихи халқи тоҷикро амиқтар омӯзем» баромад менамояд ва диққати шарқшиносони маъруфро ба худ ҷалб менамояд. Соли 1947 китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро ба забони тоҷикӣ нашр менамояд. Устод С.Айнӣ ба ин китоб тақриз навишта иброз медорад: «Барои гузаштаи халқи тоҷик ин китоб як сарчашмаи муҳим мебошад» (3. С.48-49). Минбаъд ин китоб бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров солҳои 1949, 1952, 1955 дар шаҳри Москва бо забони русӣ чоп шуд, ки аз ҷониби шарқшиносони маъруф Якубовский А., Семёнов А., Толстов С., Дяконов М., Кисляков Н., Ромодин В. баҳои баланди илмӣ гирифт.
Шарқшинос Толстов С. навишта буд: «Дар дасти мо нахуст асари яклухт ва ҷамъбасткунанда роҷеъ ба таърихи халқи тоҷик аст» (4.-С.51.). Соли 1946 баъди анҷоми ҶБВ Бобоҷон Ғафуров ҳамчун роҳбари аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гашта, то соли 1956 дар ин вазифаи пурмаҳсул, ки дар замони Шӯравӣ хеле мушкил буд, содиқона хизмат менамояд. Дар баробари корҳои давлатӣ ӯ вақт ёфта, пажҳуишро оид ба таърихи тоҷикон идома медиҳад. Барои таълифи «Таърихи мухтасари халки тоҷик»- Бобоҷон Ғафуров 25-уми феврали соли 1952 дар Шӯрои илмии Институти таърихи маданияти моддии АИ ИҶШС соҳиби унвони доктори илми таърих мегардад. «Соли 1965 Бобоҷон Ғафуров директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (СССР) таъин мегардад. Тадқиқотҳои ӯ эътирофи сатҳи ҷаҳонӣ мегарданд» (5.-С.3-9.).
Диққати Ғафуровро бештар мақолаи «Тоҷикон»-и академик Бартольд В.В., ки соли 1925 нашр шуда буд, ҷалб намуда буд. Дар асл, тоҷикон дар аҳди қадим дорои давлатҳои худ чун Бохтар, Суғд, Хоразм буданд. Б.Ғафуров ба омӯзиши амиқи афкори шарқшиносони ҷаҳонӣ аз қабили Семёнов А.А., Якубовский А.Ю., Струве В.В., машғул гашта, «Маводҳо оид ба таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон»-ро чоп намуда, бо роҳбарии ӯ ба ҳафриётҳои археологӣ шурӯъ намуданд.
Солҳои 1963-1965 китоби се ҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» дар шаҳри Москва бо ташаббуси Б.Ғафуров чоп мешавад. Бори аввал соли 1972 дар шаҳри Москва китоби «Тоҷикон» бо забони русӣ дар шакли яклухт чоп мешавад, ки он солҳо хеле камёфт буд. Ин китоб борҳо бо забони точикӣ, дарӣ, полякӣ (1978), хитоӣ (1985) ва чандин забонҳои дигар тарҷума ва нашр мешавад, ки барои гузаштаи халқи тоҷик як сарчашмаи нодир мебошад.
«Бостоншиноси Шӯравӣ Литвинский Б.А. дар хусуси Бобоҷон Ғафуров навишта буд: ӯ моро аз миёни задухурдҳо, аз саҳифаҳои таърихи хешу бегона, аз сангнавиштаҳо ҷустуҷӯ карда дарёфт. Акнун қарзи мост то ӯро аз ёдҳо ҷамъ оварем, суханони нонавиштаашро рақам занем».(6.С.5).
Маколаи худро ҷамъбаст намуда, дар ҳафт рақами рамзии бахти тоҷикон, чунин хулосабарорӣ менамоем:
1.Китоби «Тоҷикон» дар натиҷаи тадқиқоти заҳматталаб ва тӯлонии академик Бобоҷон Ғафуров рӯи нашр омад.
2.Ин китоб тоҷиконро ҳамчун миллати дорои таърих ва фарҳани қадима дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
3.Мафҳуми «Тоҷикистони таърихӣ»-ро бозгӯӣ намуд.
4.Айнияти миллӣ, тафаккур ва ҳувияти тоҷиконро такон ва ташаккул дод.
5.Робитаи тоҷиконро бо тоҷикони бурунмарзӣ барқарор намуд.
6.Илми таърих ва шарқшиносии ҷаҳонӣ ва Осиёи Миёнаро бо маълумотҳои нави бойгонӣ, бостоншиносӣ, сарчашмаҳои нодир бой ва ғанӣ гардонид.
7.Заминаи ташаккули тафаккури истиқлолхоҳии тоҷикон дар солҳои 90-уми асри 20 гашт.
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносии миллӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ нақши бузург дошта, яке аз манбаъҳои муътамади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони бархурдҳои идеологӣ ва геополитикӣ мебошад.
Ин китоб бозгӯи саҳифаҳои дурахшони тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ буда, руҳияи миллиро дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам қавитар мегардонад.
Барои ин иқдоми наҷибона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккури бепоён мегӯем.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Адабиёт:
1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Душанбе, Ирфон,2019.С.5.
2. Муҳсинзода Э. Аввалин мухбирони фаъол. Аз хотираҳои журналист //Ҳақиқати Ленинобод, 1967,4-май.
3. МухторовА., Шарифов Ш. Академик Бобоҷон Ғафуров. Душанбе, Ирфон, 1989.С.11,48-49,51.
4. Б.Ғафуров. Тоҷикон. Душанбе, Ирфон, 1998.-416с.
5. Гафуров Б.Г.Избранные труды. М.,Наука, 1985.С.9-14.
6. Ғаффоров У.Равшангари таърих. Душанбе, Ирфон, 1990.-С.5.
7. Гафуров Б.Г.История таджикского народа в кратком изложение. Т.1.М.,Госполитиздат, 1955.-544с.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...