Зарар ва оқибати нашъамандӣ
Инсоният дар ҳама ҳолат, яъне дар рафти ҳаёт хоҳ бо ақидаҳои динӣ ва хоҳ бо андешаҳои дунявӣ бояд нафси худро аз маводҳои номатлуб эмин дорад. Ба ин маънӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чунин гуфтааст:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ.
Яке аз бемориҳое, ки дар охири асри XX пайдо шудаву имрӯзҳо рушд ёфтааст, нашъамандӣ мебошад. Мутаассифона, тибқи омори расмӣ тайи солҳои охир теъдоди гирифторони ин беморӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб доимо мубориза мебарад. Нашъамандӣ бемориест, ки дар натиҷаи сӯистеъмоли маводи нашъаовар сар зада, шахсро гирифтори бемории рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мекунад. Агар шахси нашъаманд истеъмоли маводи мухаддирро қатъ намояд, фаъолияти аксар аъзои бадан халалдор мешавад. Нашъаманд нафарест, ки аз обрӯю иззати худу наздиконаш рӯй гардонда, мавқеъ ва ҳастии худро зери хатар мемонад. Аломати нахустини нашъамандӣ он аст, ки шахси бемор дар фикри пайдо намудани вояи навбатии нашъа мегардад, яъне вобастагии рӯҳӣ пайдо мешавад. Истеъмоли мунтазами мухаддирот ҳолату табъи нохуши одамро шадидтар месозад. Масалан, тарс ба ваҳму даҳшат табдил ёфта, мухаддироти оромбахш касро хоболуд месозад, ки ин метавонад боиси ба амал омадани ягон ҳодисаи нохуш гардад. Дар аъзои бадан ва мағзи сари одаме, ки пайваста мухаддирот истифода мекунад, дигаргуниҳои шадид ба амал меоянд ва дар мудати кӯтоҳ афту андомаш тағйир меёбад.
Нашъамандӣ бемориест, ки душвор муолиҷа мегардад. Табобати нашъамандӣ дурру дароз аст ва на танҳо ба саъйи духтур, балки аз ҳама беш аз талош ва иродаи худи бемор вобаста аст. Доруе вуҷуд надорад, ки барои ҳамеша аз ин вобастагӣ одамро раҳо кунад. Бемориҳои дигаре низ ҳастанд, ки нашъамандонро ҳамеша дунболгиранд. Агар одами нашъаманд маводи мухаддирро дар вақти муайян истеъмол накунад, тамоми аъзои баданаш ба дард медароянд.
Бинобар ин, ҳар як шахс, хусусан ҷавонон, бояд худро аз ин беморӣ эҳтиёт ва ҳифз намоянд. Барои ин тарзи солими зиндагӣ, садоқат ба оила ва наздикон ва таваҷуҳи бештар ба саломатии худ зоҳир намоянд. Мо дар ҷомеаи навину тараққиёфта зиндагӣ дорем ва ҳамеша дар зери таъсири одамони гуногун қарор дорем, аз ин рӯ мо ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат эҳтиёткор бошем. Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории нашъамандӣ бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар тамоми ҷаҳон ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад. Имрӯз дар ҷаҳон қариб давлатеро наметавон ёфт, ки аз хатари нашъамандӣ эмин бошад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки теъдоди гирифторони ин беморӣ сол ба сол зиёд гашта истодааст. Ногуфта намонад, ки барои пешгирӣ ва барҳам додани ин беморӣ кушиш ва заҳматҳои зиёд карда истодаанд, мутаассифона на ҳама вақт натиҷа медиҳанд. Аз ин рӯ беҳтар он аст, ки шахси солимфикр аз ин марази бад ҳамеша дурӣ ҷӯяд.
Тағоева Ш.О., Ризоев С.С .