Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масоили каҷрафторӣ ва окибатҳои ногувори он дар байни ноболиғону ҷавонон: назари криминологӣ ва педагогӣ-психологӣ

646Мувофиқи маълумоти оморӣ ва криминологии ҷаҳон дар бозори сиёҳ гардиши маводи нашъадор  ҷои якум, тамоку ва маҳсулоти он,  дар ҷои дуюм ва машруботи спиртӣ  дар ҷои сеюм меистанд. Дар байни ноболиғон ва ҷавонон мувофиқи мушоҳидаҳои психологҳо истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор ба машруботи спиртӣ мутаасифона бисёр ба назар мерасад.

Кашидани тамоку дар байни ноболиғон ва ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас, бо талқини калонсолон, дар натиҷаи тамошои филмҳои ба ноболиғон хос набуда дар муҳити иҷтимоӣ рӯй медиҳад. Педагогҳо психологҳо ва кормандони кор бо ноболиғон ва ҷавонон бояд хусусиятҳои психологии бо тамокукашӣ даст задани ноболиғонро ба таври пурра донанд. Ноболиғон ва ҷавонон аз сабаби надонистани зарари тамоку, беназоратии волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба тамокукашӣ даст мезананд ва гӯё бо ин амалашон худро «калонсол» меҳисобанд. Ҳангоми кашидани тамоку қобилияти ба гурӯҳ ҷалб шудан, муошират намудан, худро соҳиби обрӯ шуморидан дар онҳо ташаккул меёбад, ки минбаъд онҳоро гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба манфиатҳои худ истифода мебаранд ва ин одати зараровар дар айёми наврасӣ сарчашмаи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мегардад. Барои харидани тамоку ноболиғ волидайнро фиреб медиҳад, аз ноболиғи дигар қарз мегирад ва ба дуздӣ даст мезанад ё ба олами калонсолон барои ёрмандӣ ворид мегардад. Ба он нигоҳ накарда, ки дар ноболиғон дар аввали кашидани тамоку сулфа, дилбеҳузурӣ, чархзании сар ва дигар ҳолатҳо руй медиҳад, лекин пай дар пай дар ноболиғ он одати зараровар ташаккул меёбад. Зарари тамоку ба ноболиғ на танҳо барои саломатии ӯ (аз 1то 4%  никотини дар таркиби тамоку), балки ба муҳити иҷтимоӣ, ташаккули шахсият, рафтору кирдори ӯ низ таъсиррасон мебошад, ки хонишаш суст, хотирпарешон ва ба ҳар гуна ваъдаҳои пучи ба ном бародарони калонсолаш бовар карданӣ мешавад. Вобастагӣ ба тамоку мисли нашъамандӣ мебошад, яъне ҳамчун рефлекси шартӣ ба он одат намуда, оҳиста-оҳиста он ба ҷони худ, рафтору кирдор ва рӯҳияи худ зарари манфӣ мерасонад. Миқдори никотине, ки дар таркиби тамоку вуҷуд дорад дар бадани ноболиғ дар натиҷаи тамокукашӣ вобастагӣ аз никотинро ба вуҷуд оварда, зарари он ба саломатии ноболиғ, ки дар айёми нашъунамо мебошад, хеле зиёновар мебошад. Табибон барои санҷидани зарари никотин  озмоиш гузарониданд ва миқдори никотинро ба сӯзандору гузаронида аспро сӯзандору гузаронидаанд, ки дар натиҷаи он аз таъсири никотин асп ҳалок гаштааст. Худ қазоват намоед, ки чи гуна зарари никотин марговар мебошад, ки аз 1 то 4% он дар маҳсулоти тамоку мавҷуд мебошад. Тамокукашӣ аз тарафи ноболиғон ба се давра ҷудо мешавад.

Давраи якум, аз кашидани 1-2 дона тамоку оғоз гашта, бо таъсири никотини таркиби он ба 10-15 дона тамоку (сигор) мерасад. Ноболиғ бо кашидани тамоку чунин фикр мекунад, ки бо кашидани тамоку гӯё табъи вай болида гашта, самаранокии  кори вай афзун мегардад, вале вай комилан хато намуда, дарк намекунад, ки дар синни 14 солагӣ ин амал ӯро пурра мубталои тамоку мегардонад, ки аз ин одати бад ӯ дигар даст кашида наметавонад. 

Давраи дуюм, тамокукашӣ шуғли бардавоми вобастагии рӯҳии ноболиғро ба вуҷуд меорад. Ҳангоме, ки вай тамоку накашад дар вай ҳолати ногувори рӯҳӣ, норозигӣ, асабоният ба вуҷуд омада, бо кашидани тамоку ин ҳолат гӯё бартараф мешавад. Дар ин давра мутобиқшавии бадани ноболиғ ба никотин ба ваҷуд меояд, ки миқдори кашидани тамоку ба 20-25 дона (сигор) мерасад, ки ин аллакай мубталои никотин шуданро мефаҳмонад. Дар ин давра дар ноболиғ бемориҳои илтиҳоби шуш,  илтиҳоби меъда, минбаъд захми меъда, бемории қалб, пасту баландшавии фишори хун ва ғайра ба вуҷуд омада, минбаъд хусусияти мумзин мегиранд. Ин давра аз 5 то 15 сол давом менамояд.

Давраи сеюм, Ҳамчун давраи мушкил ва бӯҳронии вобастагӣ аз никотин маънидод карда мешавад. Миқдори кашидани тамоку рӯз аз рӯз меафзояд, ки инро ноболиғ ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ баҳо медиҳад. Таъсири заҳрнокии никотин дар бадани ноболиғ афзуда, агар ба вай фаҳмониданӣ шаванд, ки тамоку боиси бемориҳои дар бадани ӯ гаштааст, ба ин бовар накарда, асабоният нишон медиҳад. Тарғиботи зидди тамокуро дар байни ноболиғон барвақт аз синни хурди мактабӣ оғоз кардан лозим аст. Ба кори тарғиботии зидди тамоку на танҳо омӯзгорон, волидайн, кармандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бояд сафарбар карда шаванд. Ба ин кори муфид инчунин васоити ахбори оммаро низ сафарбар намудан лозим аст. Пешгирии одати зарароварӣ тамокукашӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон кафили солимии генафонди миллат ба шумор меравад.

Истеъмоли машруботи спиртӣ дар байни ноболиғон яке аз проблемаҳои муҳими ичтимоӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳои олимон нишон медиҳанд, ки бо таъсири бо ном «бародарони калонсол» яъне талабагони синфҳои болоӣ ноболиғон хеле бармаҳал ба истеъмоли нӯшокиҳоӣ спиртӣ даст мезананд, яъне аз синни 10-14 солагӣ, ки ба саломатии ноболиғон хеле зарари калон дорад. Нӯшидани машруботи спиртӣ дар рӯзҳои ид, ҷашни зодрӯз, тӯйҳо ва дигар маросимҳо оғоз мегардад, ки ноболиғ мехоҳад, пинҳонӣ машруботи спиртиро чашад. Ин чашидан аксар дар гурӯҳи ноболиғон бо таъсири шахсони синну соли калонтар, ки аллакай таҷриба доранд оғоз мегардад. Аввал ноболиғон аз нӯшокиҳое, ки миқдори спирташон камтаранд, ба мисли пиво оғоз карда, сипас ба нӯшокиҳои сахттаъсир, арақ, коняк, виски, ром ва дигар намудҳои он мегузаранд, ки бармаҳал вобастагии алкоголиро дар бадани ноболиғон ба вуҷуд меорад. Миқдори алкогол дар натиҷаи истеъмоли пайдарпай ба хуни ноболиғ гузашта, вай дар синни бармаҳал ба нушидани намудҳои гуногуни машруботи спиртӣ мубтало мегардад. Дар синни 15-17 солагӣ ба таври мунтазам кашидани сигор ва нушидани машруботи спиртӣ ба амал омада, ноболиғ худро соҳиби «обрӯ» ва калонсолу мустақил мешуморад. Аксари ноболиғон бо нушидани машруботи спиртӣ дилбеҳузурӣ, нороҳатӣ эҳсос менамоянд, танҳо 24% онҳо қаноатмандӣ ва хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Дар натиҷаи пайваста нушидани машруботи спиртӣ дар ноболиғ заҳролудшавӣ аз машруботи спиртӣ ба вуҷуд омада, сипас майзадагии (алкоголизми) бармаҳал пайдо мешавад, ки табобати он хело мушкил мебошад. Барои майзадагии бармаҳали ноболиғон шароитҳои иҷтимоӣ - маишӣ сабаб мешаванд, асосан нушидани машруботи спиртӣ дар оилаҳое, ки худашон ба истеъмоли он машғуланд дар синни 9-солагӣ оғоз гардида, то синни 15- солагӣ хусусияти устувор мегирад. Аксаран аз сабаби бадахлоқии баъзе аз волидайн писарбачаҳои ноболиғ ба нушидани машруботи спиртӣ даст мезананд, ки аз носолимии оила дарак дода, боиси бадахлоқ шудани писароне, ки гуё ба ҳаёти калонсолон ворид мешаванд, мегардад. Дар натиҷаи нушидани машруботи спиртӣ 90% ноболиғон ба ҳолати мастӣ дучор мегарданд, ки сабаби асосии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо ва ҳатто содир шудани ҷиноятҳо мегардад. Аксаран дар ҳолати мастӣ ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор ва амсоли ин, ки бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ноболиғону ҷавонон ба ҳолати «аффект» дучор мегарданд, бо олотҳои гуногун ин ҷиноятҳои вазнинро содир менамоянд. Вобастагии ноболиғону ҷавонон аз машруботи спиртӣ ба майзадагии бармаҳал оварда расонида, давраҳои зеринро дар бар мегирад:

Давраи якум - мутобиқшавии ибтидоӣ бо машруботи спиртӣ;

Давраи дуюм - аз худ намудани рафтори зери таъсири машруботи спиртӣ;

Даври сеюм - вобастагии психологӣ аз машруботи спиртӣ ;

Давраи чорум - вобастагии ҷисмонӣ аз машруботи спиртӣ.

Агар пеши роҳи истеъмоли шароб  ва дигар маҳсулоти спиртдор сари вақт тавассути кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайн, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ, духтурон гирифта нашавад, боиси оқибатҳои хеле ногувор, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад, ки албатта пешгирии он дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бояд амалӣ карда шавад.

Яке аз проблемаҳои дигари муҳим дар байни ҷавонон ва ноболиғон ин солҳои охир авҷ гирифтани нашъамандӣ ва аз истеъмолӣ он бармаҳал аз ҳаёт маҳрум гардидани онҳо ба шумор меравад. Ба масъалаи муборизаи зидди нашъамандӣ  аксар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумлаи  Вазорати корҳои дохилӣ,  Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аҳли ҷамоатчигӣ муборизаи беамон мебаранд, аммо мутаасифона ин вабои аср то ҳол дар байни ноболиғон ва ҷавонон реша давондааст, ки бар зидди он на танҳо мақомоти ҳифзи ҳукуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бояд  мубориза баранд. Махсусан ба пешгирии он дар байни ноболиғону ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан зарур мебошад.

Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар байни ноболиғон ва ҷавонон, истеъмоли он ба нестшавии генофонди миллат оварда расонида, ин аз як тараф ноболиғон ва ҷавононро ба ҳалокат оварда расонида, аз тарафи дигар онҳо зери таъсири маводи нашъадор ба ҷиноятҳои вазнини террористӣ ва экстремистӣ даст мезананд, ки проблемаи муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар таърихи 30 ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат ва истеъмоли маводи нашъаовар амал менамояд.

Мувофиқи ахбори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон  беш аз 5ҳазор нашъаманд аз ҳисоби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад. Тибқи барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бояд самтҳои зерин амалӣ гардонида шаванд:

- чорабиниҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муқовимати суистифодаи маводи нашъаовар;

- профилактикаи суистифодаи маводи нашъадор;

- табобат ва офиятбахшӣ ба беморони нашъамандӣ;

- мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор.

Махсусан кормандони мубориза алайҳи маводи нашъадор, кормандони кор бо ноболиғону ҷавонон, омӯзгорону психологҳо, табибон, волидайн, аҳли ҷамоатчигӣ ба масъалаи пешгирии нашъамандӣ бояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд, чунки дар бораи намудҳо ва  зарари истеъмоли он бисёр гуфта шудааст, аммо муҳим ин пешгирии он ба шумор меравад.

Корҳои пешгирикунанда чандин зинаи фаъолиятро дар бар мегирад.

Пешгирии аввалин муносибати маҷмӯиро бо кӯшишҳои давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари психологҳо ҳануз дар синни 7-10 солагӣ аз ҷониби ноболиғон бо таъсири гурӯҳи нашъамандон ошноӣ бо тамоку, машрубот ва моддаҳои нашъадор оғоз мегардад, ки ин хаттари ҷиддӣ дорад. Бинобар ин бояд шахсони масъул дар синни 7-10 солагӣ назоратро аз болои кӯдакон чӣ дар мактаб, чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар оила, маҳалла зиёд намоянд. Дар ин самт омӯзиш ва баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз ҷониби омӯзгорон, кормандони кор бо ноболиғон, фаъолони маҳалла хеле зарур аст, ки масъулияти кӯдаконро афзуда, аз амалҳои зиёновар онҳоро канорагирӣ намоянд.

Давраи дуюм, ин синни 11-15 солагӣ мебошад, ки дорои хусусиятҳои психологии бо худ хос дорад, ки ноболиғ мехоҳад обрӯи худ, зӯрии худро дар байни ноболиғон нишон диҳад ва барои ҳамин вай бо таъсири гурӯҳи нашъаманд агар ту зӯр шудан хоҳи мана ин маводи нашъадорро  як чашида бин, ба ту ”зурӣ ва ҳаловат” мебахшад гуфта мубталои он мегарданд.

Давраи сеюм аз 15-17 солагӣ оғоз мегардад, ки дар ин син як қисми ноболиғону ҷавонон аллакай мубталои  нашъамандӣ гашта, зери таъсири он дар синни аз 20 то 25 солагӣ аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Махсусан дар ин айём корҳои пешгирикунандаро афзун гардонида, пеши роҳи онро бо гузаронидани суҳбат бо табибон, олимон, экспертҳо, психологҳо зиёд карда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо густариш додан лозим аст. Махсусан дар пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғон нақши падару модар хело калон мебошад, ки бояд худи онҳо аз зарари нашъамандӣ воқиф бошанд ва бо фарзандони худ корҳои пешгирикунанда гузаронида тавонанд, аз қабили суҳбат, боварикунонӣ ба талқини зарари маводи нашъадор, канорагирӣ аз муҳити ҳуқуқвайронкунандагон, сари вақт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додан дар бораи онҳо, ба тарзи ҳаёти солим варзиш, чорабиниҳои фарҳангӣ машғул гардидан ва ғайра. Аз ҷониби дигар аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  бояд нақшаи пешгирии нашъамандӣ мураттаб карда, аз рӯи он корҳои тарбиявӣ гузаронанд. Падару модарон, омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ бояд аз аҳволи ноболиғон, робитаҳои онҳо бо калонсолон огоҳӣ дошта бошанд ва онҳоро аз ашхоси  истеъмолкунанди маводи нашъадор канорагирӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, тадқиқоти олимони педагогика ва психология муайян намудаанд, ки дар байни ноболиғону ҷавонон як қатор рафторҳои бад ва одатҳои зараровар дар натиҷаи тарбияи нодуруст ба вуҷуд омаданашон мумкин аст. Ба ин бадрафторӣ ва одатҳои зараровар,  тарсу воҳима ва савдоият, монеаҳои низоми ҳаракатнокӣ, ноқисии нутқ, оворагардӣ, хаёлпарастии паталогӣ, тарс аз номуносибии ҷисмонӣ, шуғлҳои потологӣ, истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор, машруботи спиртӣ дохил мешаванд. Вазифаи мутахассисон ва волидайн аз он иборат аст, ки бо назардошти донистани хусусиятҳои психологии ноболиғону ҷавонон барои шуғл наварзидани онҳо ба ин одатҳои зараровар, чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронанд.

Хулоса, дар натиҷаи омилҳои иҷтимоӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон одатҳои зараровар аз қабили тарс, ноқисии нутқ ва ҳаракат, оворагардӣ,  хаёлоти патологӣ, тарс аз номукамалии ҷисмонӣ, машғулиятҳои патологӣ, кашидани тамокӯ, суистеъмоли машруботи спиртӣ, нашъамандӣ ба назар мерасад, ки донистан ва пешгирии онҳо вазифаи волидайн, омӯзгорон, кормандони кор бо ноболиғону ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ ба шумор меравад. Бинобар аз сабаби надонистани хусусиятҳои психологии ин одатҳои зараровар онҳо боиси нофаҳмӣ ва душвориҳои корҳои тарбиявии   пешгирикунанда дар байни ноболиғону ҷавонон мегарданд. 

                                                      Асламов Б.С.-ходими калони  илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД ҶТ,  полковники милитсия, 

                                                      Ҳоҷивалиева Т. А. - муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия

 

Руйхати адабиёт:

1. Аҳрорӣ З. Аз маю бангу афюн ҳазар. Душанбе, 2001.

2. Бобоҷони Ш. Нашъамандӣ: чӣ бояд кард? Душанбе, «Нодир», 2002.

3. Бобоян Э.А., Гонопольский М.Х., учебное пособие по наркологии. Москва, Медицина, 1977.

4. Волькова Т.В. Учитель и семья Москва, 1980.

5. Гурски В.Н. Внимание родители: наркомания! Москва, «Медицина», 1988.

6. Гурьева В.А., Гиндикин В.Я. Юнешеские психопатии и алкоголизм – М.: Медицина 1980.

7. Емельянов Ю.Н. Активное социально-психологическое обучение.-Москва, МГУ, 1985.

8. Иванец Н.В., Винникова М.А. Героиновая наркомания. Москва, 2001.

9. Кон И.С. Психология старшеклассника . – Москва, Просвещение, 1980

10. Кудрявцев В.Н. Причина правонарушений. Москва, 1976.

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»,2-августи соли 2011,№762

12. Қуръони Карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ). – Душанбе, “Ирфон”, 2007.

13. Леонгард К. Акцентирование личности. Киев: Здоровье, 1981.

14. Макаренко А.С. О воспитание в семье и школе. Москва, 1957.

15. Озередский Н.И. Трудновоспитуемые дети.Москва, 1982.

16. Насуров П.А., Криминальные последствия незаконной миграции и меры их предуприждения. Душанбе, 2012.

17. Пулатов П.А., Здановская Л.В., Нигорова Т., Раупова Т.А., Юрматова Н.В., Пешгирии нашъамандӣ. Душанбе. 2006.

18. Раҳимов Р.Х. Стратегия политики государств-участников СНГ в сфере противодействия незаконному обороту наркотических средств  и психотропных  вещесть. Душанбе, «Эр-граф»2013.

19. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1409 аз 13 феврали соли 2013.

20. Фармони якҷояи Вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пурзур намудани мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таъмини муомилоти қонунии маводи нашъадор” таҳти № 202/437 аз 25.07-2001.

21. Солиев К.Ҳ., Розиқзода А.Ш.  Вабои инсоният. Душанбе. «Ирфон» 2001.

22. Таълимоти ислом алайҳи нашъамандӣ. Душанбе. 2000.

Масоили каҷрафторӣ   ва   окибатҳои ногувори он дар байни ноболиғону ҷавонон: назари криминологӣ ва  педагогӣ-психологӣ

 

 

 

Мувофиқи маълумоти оморӣ ва криминологии ҷаҳон дар бозори сиёҳ гардиши маводи нашъадор  ҷои якум, тамоку ва маҳсулоти он,  дар ҷои дуюм ва машруботи спиртӣ  дар ҷои сеюм меистанд. Дар байни ноболиғон ва ҷавонон мувофиқи мушоҳидаҳои психологҳо истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор ба машруботи спиртӣ мутаасифона бисёр ба назар мерасад.

Кашидани тамоку дар байни ноболиғон ва ҷавонон аз рӯи ҳавою ҳавас, бо талқини калонсолон, дар натиҷаи тамошои филмҳои ба ноболиғон хос набуда дар муҳити иҷтимоӣ рӯй медиҳад. Педагогҳо психологҳо ва кормандони кор бо ноболиғон ва ҷавонон бояд хусусиятҳои психологии бо тамокукашӣ даст задани ноболиғонро ба таври пурра донанд. Ноболиғон ва ҷавонон аз сабаби надонистани зарари тамоку, беназоратии волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ ба тамокукашӣ даст мезананд ва гӯё бо ин амалашон худро «калонсол» меҳисобанд. Ҳангоми кашидани тамоку қобилияти ба гурӯҳ ҷалб шудан, муошират намудан, худро соҳиби обрӯ шуморидан дар онҳо ташаккул меёбад, ки минбаъд онҳоро гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба манфиатҳои худ истифода мебаранд ва ин одати зараровар дар айёми наврасӣ сарчашмаи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон мегардад. Барои харидани тамоку ноболиғ волидайнро фиреб медиҳад, аз ноболиғи дигар қарз мегирад ва ба дуздӣ даст мезанад ё ба олами калонсолон барои ёрмандӣ ворид мегардад. Ба он нигоҳ накарда, ки дар ноболиғон дар аввали кашидани тамоку сулфа, дилбеҳузурӣ, чархзании сар ва дигар ҳолатҳо руй медиҳад, лекин пай дар пай дар ноболиғ он одати зараровар ташаккул меёбад. Зарари тамоку ба ноболиғ на танҳо барои саломатии ӯ (аз 1то 4%  никотини дар таркиби тамоку), балки ба муҳити иҷтимоӣ, ташаккули шахсият, рафтору кирдори ӯ низ таъсиррасон мебошад, ки хонишаш суст, хотирпарешон ва ба ҳар гуна ваъдаҳои пучи ба ном бародарони калонсолаш бовар карданӣ мешавад. Вобастагӣ ба тамоку мисли нашъамандӣ мебошад, яъне ҳамчун рефлекси шартӣ ба он одат намуда, оҳиста-оҳиста он ба ҷони худ, рафтору кирдор ва рӯҳияи худ зарари манфӣ мерасонад. Миқдори никотине, ки дар таркиби тамоку вуҷуд дорад дар бадани ноболиғ дар натиҷаи тамокукашӣ вобастагӣ аз никотинро ба вуҷуд оварда, зарари он ба саломатии ноболиғ, ки дар айёми нашъунамо мебошад, хеле зиёновар мебошад. Табибон барои санҷидани зарари никотин  озмоиш гузарониданд ва миқдори никотинро ба сӯзандору гузаронида аспро сӯзандору гузаронидаанд, ки дар натиҷаи он аз таъсири никотин асп ҳалок гаштааст. Худ қазоват намоед, ки чи гуна зарари никотин марговар мебошад, ки аз 1 то 4% он дар маҳсулоти тамоку мавҷуд мебошад. Тамокукашӣ аз тарафи ноболиғон ба се давра ҷудо мешавад.

Давраи якум, аз кашидани 1-2 дона тамоку оғоз гашта, бо таъсири никотини таркиби он ба 10-15 дона тамоку (сигор) мерасад. Ноболиғ бо кашидани тамоку чунин фикр мекунад, ки бо кашидани тамоку гӯё табъи вай болида гашта, самаранокии  кори вай афзун мегардад, вале вай комилан хато намуда, дарк намекунад, ки дар синни 14 солагӣ ин амал ӯро пурра мубталои тамоку мегардонад, ки аз ин одати бад ӯ дигар даст кашида наметавонад.

Давраи дуюм, тамокукашӣ шуғли бардавоми вобастагии рӯҳии ноболиғро ба вуҷуд меорад. Ҳангоме, ки вай тамоку накашад дар вай ҳолати ногувори рӯҳӣ, норозигӣ, асабоният ба вуҷуд омада, бо кашидани тамоку ин ҳолат гӯё бартараф мешавад. Дар ин давра мутобиқшавии бадани ноболиғ ба никотин ба ваҷуд меояд, ки миқдори кашидани тамоку ба 20-25 дона (сигор) мерасад, ки ин аллакай мубталои никотин шуданро мефаҳмонад. Дар ин давра дар ноболиғ бемориҳои илтиҳоби шуш,  илтиҳоби меъда, минбаъд захми меъда, бемории қалб, пасту баландшавии фишори хун ва ғайра ба вуҷуд омада, минбаъд хусусияти мумзин мегиранд. Ин давра аз 5 то 15 сол давом менамояд.

Давраи сеюм, Ҳамчун давраи мушкил ва бӯҳронии вобастагӣ аз никотин маънидод карда мешавад. Миқдори кашидани тамоку рӯз аз рӯз меафзояд, ки инро ноболиғ ҳамчун ҳодисаи муқаррарӣ баҳо медиҳад. Таъсири заҳрнокии никотин дар бадани ноболиғ афзуда, агар ба вай фаҳмониданӣ шаванд, ки тамоку боиси бемориҳои дар бадани ӯ гаштааст, ба ин бовар накарда, асабоният нишон медиҳад. Тарғиботи зидди тамокуро дар байни ноболиғон барвақт аз синни хурди мактабӣ оғоз кардан лозим аст. Ба кори тарғиботии зидди тамоку на танҳо омӯзгорон, волидайн, кармандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бояд сафарбар карда шаванд. Ба ин кори муфид инчунин васоити ахбори оммаро низ сафарбар намудан лозим аст. Пешгирии одати зарароварӣ тамокукашӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон кафили солимии генафонди миллат ба шумор меравад.

Истеъмоли машруботи спиртӣдар байни ноболиғон яке аз проблемаҳои муҳими ичтимоӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳои олимон нишон медиҳанд, ки бо таъсири бо ном «бародарони калонсол» яъне талабагони синфҳои болоӣ ноболиғон хеле бармаҳал ба истеъмоли нӯшокиҳоӣ спиртӣ даст мезананд, яъне аз синни 10-14 солагӣ, ки ба саломатии ноболиғон хеле зарари калон дорад. Нӯшидани машруботи спиртӣ дар рӯзҳои ид, ҷашни зодрӯз, тӯйҳо ва дигар маросимҳо оғоз мегардад, ки ноболиғ мехоҳад, пинҳонӣ машруботи спиртиро чашад. Ин чашидан аксар дар гурӯҳи ноболиғон бо таъсири шахсони синну соли калонтар, ки аллакай таҷриба доранд оғоз мегардад. Аввал ноболиғон аз нӯшокиҳое, ки миқдори спирташон камтаранд, ба мисли пиво оғоз карда, сипас ба нӯшокиҳои сахттаъсир, арақ, коняк, виски, ром ва дигар намудҳои он мегузаранд, ки бармаҳал вобастагии алкоголиро дар бадани ноболиғон ба вуҷуд меорад. Миқдори алкогол дар натиҷаи истеъмоли пайдарпай ба хуни ноболиғ гузашта, вай дар синни бармаҳал ба нушидани намудҳои гуногуни машруботи спиртӣ мубтало мегардад. Дар синни 15-17 солагӣ ба таври мунтазам кашидани сигор ва нушидани машруботи спиртӣ ба амал омада, ноболиғ худро соҳиби «обрӯ» ва калонсолу мустақил мешуморад. Аксари ноболиғон бо нушидани машруботи спиртӣ дилбеҳузурӣ, нороҳатӣ эҳсос менамоянд, танҳо 24% онҳо қаноатмандӣ ва хушҳолӣ эҳсос менамоянд. Дар натиҷаи пайваста нушидани машруботи спиртӣ дар ноболиғ заҳролудшавӣ аз машруботи спиртӣ ба вуҷуд омада, сипас майзадагии (алкоголизми) бармаҳал пайдо мешавад, ки табобати он хело мушкил мебошад. Барои майзадагии бармаҳали ноболиғон шароитҳои иҷтимоӣ - маишӣ сабаб мешаванд, асосан нушидани машруботи спиртӣ дар оилаҳое, ки худашон ба истеъмоли он машғуланд дар синни 9-солагӣ оғоз гардида, то синни 15- солагӣ хусусияти устувор мегирад. Аксаран аз сабаби бадахлоқии баъзе аз волидайн писарбачаҳои ноболиғ ба нушидани машруботи спиртӣ даст мезананд, ки аз носолимии оила дарак дода, боиси бадахлоқ шудани писароне, ки гуё ба ҳаёти калонсолон ворид мешаванд, мегардад. Дар натиҷаи нушидани машруботи спиртӣ 90% ноболиғон ба ҳолати мастӣ дучор мегарданд, ки сабаби асосии ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо ва ҳатто содир шудани ҷиноятҳо мегардад. Аксаран дар ҳолати мастӣ ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор ва амсоли ин, ки бо нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ноболиғону ҷавонон ба ҳолати «аффект» дучор мегарданд, бо олотҳои гуногун ин ҷиноятҳои вазнинро содир менамоянд. Вобастагии ноболиғону ҷавонон аз машруботи спиртӣ ба майзадагии бармаҳал оварда расонида, давраҳои зеринро дар бар мегирад:

Давраи якум - мутобиқшавии ибтидоӣ бо машруботи спиртӣ;

Давраи дуюм - аз худ намудани рафтори зери таъсири машруботи спиртӣ;

Даври сеюм - вобастагии психологӣ аз машруботи спиртӣ ;

Давраи чорум - вобастагии ҷисмонӣ аз машруботи спиртӣ.

Агар пеши роҳи истеъмоли шароб  ва дигар маҳсулоти спиртдор сари вақт тавассути кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайн, омӯзгорон, аҳли ҷамоатчигӣ, духтурон гирифта нашавад, боиси оқибатҳои хеле ногувор, содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мегардад, ки албатта пешгирии он дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бояд амалӣ карда шавад.

Яке аз проблемаҳои дигари муҳим дар байни ҷавонон ва ноболиғон ин солҳои охир авҷ гирифтани нашъамандӣ ва аз истеъмолӣ он бармаҳал аз ҳаёт маҳрум гардидани онҳо ба шумор меравад. Ба масъалаи муборизаи зидди нашъамандӣ  аксар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумлаи  Вазорати корҳои дохилӣ,  Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва дигар намояндагони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аҳли ҷамоатчигӣ муборизаи беамон мебаранд, аммо мутаасифона ин вабои аср то ҳол дар байни ноболиғон ва ҷавонон реша давондааст, ки бар зидди он на танҳо мақомоти ҳифзи ҳукуқ, балки тамоми аҳли ҷамоатчигӣ бояд  мубориза баранд. Махсусан ба пешгирии он дар байни ноболиғону ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намудан зарур мебошад.

Гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дар байни ноболиғон ва ҷавонон, истеъмоли он ба нестшавии генофонди миллат оварда расонида, ин аз як тараф ноболиғон ва ҷавононро ба ҳалокат оварда расонида, аз тарафи дигар онҳо зери таъсири маводи нашъадор ба ҷиноятҳои вазнини террористӣ ва экстремистӣ даст мезананд, ки проблемаи муҳими иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар таърихи 30 ноябри соли 2007 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тибқи он Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат ва истеъмоли маводи нашъаовар амал менамояд.

Мувофиқи ахбори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон  беш аз 5ҳазор нашъаманд аз ҳисоби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад. Тибқи барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бояд самтҳои зерин амалӣ гардонида шаванд:

- чорабиниҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муқовимати суистифодаи маводи нашъаовар;

- профилактикаи суистифодаи маводи нашъадор;

- табобат ва офиятбахшӣ ба беморони нашъамандӣ;

- мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор.

Махсусан кормандони мубориза алайҳи маводи нашъадор, кормандони кор бо ноболиғону ҷавонон, омӯзгорону психологҳо, табибон, волидайн, аҳли ҷамоатчигӣ ба масъалаи пешгирии нашъамандӣ бояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир намоянд, чунки дар бораи намудҳо ва  зарари истеъмоли он бисёр гуфта шудааст, аммо муҳим ин пешгирии он ба шумор меравад.

Корҳои пешгирикунанда чандин зинаи фаъолиятро дар бар мегирад.

Пешгирии аввалин муносибати маҷмӯиро бо кӯшишҳои давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бар мегирад. Аз нуқтаи назари психологҳо ҳануз дар синни 7-10 солагӣ аз ҷониби ноболиғон бо таъсири гурӯҳи нашъамандон ошноӣ бо тамоку, машрубот ва моддаҳои нашъадор оғоз мегардад, ки ин хаттари ҷиддӣ дорад. Бинобар ин бояд шахсони масъул дар синни 7-10 солагӣ назоратро аз болои кӯдакон чӣ дар мактаб, чӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар оила, маҳалла зиёд намоянд. Дар ин самт омӯзиш ва баррасии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз ҷониби омӯзгорон, кормандони кор бо ноболиғон, фаъолони маҳалла хеле зарур аст, ки масъулияти кӯдаконро афзуда, аз амалҳои зиёновар онҳоро канорагирӣ намоянд.

Давраи дуюм, ин синни 11-15 солагӣ мебошад, ки дорои хусусиятҳои психологии бо худ хос дорад, ки ноболиғ мехоҳад обрӯи худ, зӯрии худро дар байни ноболиғон нишон диҳад ва барои ҳамин вай бо таъсири гурӯҳи нашъаманд агар ту зӯр шудан хоҳи мана ин маводи нашъадорро  як чашида бин, ба ту ”зурӣ ва ҳаловат” мебахшад гуфта мубталои он мегарданд.

Давраи сеюм аз 15-17 солагӣ оғоз мегардад, ки дар ин син як қисми ноболиғону ҷавонон аллакай мубталои  нашъамандӣ гашта, зери таъсири он дар синни аз 20 то 25 солагӣ аз ҳаёт маҳрум мешаванд. Махсусан дар ин айём корҳои пешгирикунандаро афзун гардонида, пеши роҳи онро бо гузаронидани суҳбат бо табибон, олимон, экспертҳо, психологҳо зиёд карда, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо густариш додан лозим аст. Махсусан дар пешгирии нашъамандӣ дар байни ноболиғон нақши падару модар хело калон мебошад, ки бояд худи онҳо аз зарари нашъамандӣ воқиф бошанд ва бо фарзандони худ корҳои пешгирикунанда гузаронида тавонанд, аз қабили суҳбат, боварикунонӣ ба талқини зарари маводи нашъадор, канорагирӣ аз муҳити ҳуқуқвайронкунандагон, сари вақт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додан дар бораи онҳо, ба тарзи ҳаёти солим варзиш, чорабиниҳои фарҳангӣ машғул гардидан ва ғайра. Аз ҷониби дигар аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  бояд нақшаи пешгирии нашъамандӣ мураттаб карда, аз рӯи он корҳои тарбиявӣ гузаронанд. Падару модарон, омӯзгорони мактабҳои ҳамагонӣ бояд аз аҳволи ноболиғон, робитаҳои онҳо бо калонсолон огоҳӣ дошта бошанд ва онҳоро аз ашхоси  истеъмолкунанди маводи нашъадор канорагирӣ намоянд.

Ҳамин тариқ, тадқиқоти олимони педагогика ва психология муайян намудаанд, ки дар байни ноболиғону ҷавонон як қатор рафторҳои бад ва одатҳои зараровар дар натиҷаи тарбияи нодуруст ба вуҷуд омаданашон мумкин аст. Ба ин бадрафторӣ ва одатҳои зараровар,  тарсу воҳима ва савдоият, монеаҳои низоми ҳаракатнокӣ, ноқисии нутқ, оворагардӣ, хаёлпарастии паталогӣ, тарс аз номуносибии ҷисмонӣ, шуғлҳои потологӣ, истеъмоли тамоку, воситаҳои нашъадор, машруботи спиртӣ дохил мешаванд. Вазифаи мутахассисон ва волидайн аз он иборат аст, ки бо назардошти донистани хусусиятҳои психологии ноболиғону ҷавонон барои шуғл наварзидани онҳо ба ин одатҳои зараровар, чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронанд.

Хулоса, дар натиҷаи омилҳои иҷтимоӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон одатҳои зараровар аз қабили тарс, ноқисии нутқ ва ҳаракат, оворагардӣ,  хаёлоти патологӣ, тарс аз номукамалии ҷисмонӣ, машғулиятҳои патологӣ, кашидани тамокӯ, суистеъмоли машруботи спиртӣ, нашъамандӣ ба назар мерасад, ки донистан ва пешгирии онҳо вазифаи волидайн, омӯзгорон, кормандони кор бо ноболиғону ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ ба шумор меравад. Бинобар аз сабаби надонистани хусусиятҳои психологии ин одатҳои зараровар онҳо боиси нофаҳмӣ ва душвориҳои корҳои тарбиявии   пешгирикунанда дар байни ноболиғону ҷавонон мегарданд.

 

 

 

                                                      Асламов Б.С.-ходими калони  илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД ҶТ,  полковники милитсия,

                                                      Ҳоҷивалиева Т. А. - муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия

 

 

 

 

Руйхати адабиёт:

 

 

1.  Аҳрорӣ З. Аз маю бангу афюн ҳазар. Душанбе, 2001.

2.  Бобоҷони Ш. Нашъамандӣ: чӣ бояд кард? Душанбе, «Нодир», 2002.

3.  Бобоян Э.А., Гонопольский М.Х., учебное пособие по наркологии. Москва, Медицина, 1977.

4.  Волькова Т.В. Учитель и семья Москва, 1980.

5.  Гурски В.Н. Внимание родители: наркомания! Москва, «Медицина», 1988.

6.  Гурьева В.А., Гиндикин В.Я. Юнешеские психопатии и алкоголизм – М.: Медицина 1980.

7.  Емельянов Ю.Н. Активное социально-психологическое обучение.-Москва, МГУ, 1985.

8.  Иванец Н.В., Винникова М.А. Героиновая наркомания. Москва, 2001.

9.  Кон И.С. Психология старшеклассника . – Москва, Просвещение, 1980

10.  Кудрявцев В.Н. Причина правонарушений. Москва, 1976.

11.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»,2-августи соли 2011,№762

12.  Қуръони Карим (асл ва матни тарҷумаи тоҷикӣ). – Душанбе, “Ирфон”, 2007.

13.  Леонгард К. Акцентирование личности. Киев: Здоровье, 1981.

14.  Макаренко А.С. О воспитание в семье и школе. Москва, 1957.

15.  Озередский Н.И. Трудновоспитуемые дети.Москва, 1982.

16.  Насуров П.А., Криминальные последствия незаконной миграции и меры их предуприждения. Душанбе, 2012.

17.  Пулатов П.А., Здановская Л.В., Нигорова Т., Раупова Т.А., Юрматова Н.В., Пешгирии нашъамандӣ. Душанбе. 2006.

18.  Раҳимов Р.Х. Стратегия политики государств-участников СНГ в сфере противодействия незаконному обороту наркотических средств  и психотропных  вещесть. Душанбе, «Эр-граф»2013.

19.  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” таҳти №1409 аз 13 феврали соли 2013.

20.  Фармони якҷояи Вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пурзур намудани мубориза бар зидди нашъамандӣ ва таъмини муомилоти қонунии маводи нашъадор” таҳти № 202/437 аз 25.07-2001.

21.  Солиев К.Ҳ., Розиқзода А.Ш.  Вабои инсоният. Душанбе. «Ирфон» 2001.

22.  Таълимоти ислом алайҳи нашъамандӣ. Душанбе. 2000.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...