Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушди истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

645Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ барои ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноату сармоягузорӣ, ҳамзамон соҳаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то Инқилоби Октябр дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон энергияи барқ тамоман истеҳсол намешуд. Нимаи дуюми солҳои 20-уми асри гузашта, баъди сохтани стансияҳои хурде, ки бо сӯзишворӣ кор мекарданд, энергетикаи ҷумҳурӣ ба вуҷуд омад. Соли 1926 дар Душанбе нахустин стансияи дизелӣ (иқтидораш 78 кВт) ба кор даромад.
Омӯзиши захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз солҳои 30-юми асри XX таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қарор гирифт. Бо мақсади омӯзиши захираҳои иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, маъданҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин таъриху адабиёти тоҷик ва ҷуғрофияи минтақа соли 1932 зери роҳбарии академик Горбунов Николай Петрович экспедитсияи бонуфузи илмӣ ташкил шуд, ки ба ҳайати он олимону мутахассисони номдору соҳибтаҷриба шомил гардиданд.
Аз ҷониби экспедитсияи мазкур харитаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таҳия гардид. Соли 1937 якумин нерӯгоҳи барқи обии ҷумҳурӣ-Варзоби Боло (иқтидораш 7,1 ҳазор кВт) ба истифода дода шуд. Дарёҳои ҳудуди кишвар бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурд зери таҳқиқ ва омӯзиши олимону мутахассисон қарор дода мешуд. Дар натиҷа солҳои 50-уми садаи ХХ мутобиқи нақшаи қабулшудаи истифодаи захираҳои гидроэнергетикии рӯдҳои хурди Тоҷикистон сохтмони 956 нерӯгоҳи хурди обӣ бо истеҳсоли аз 50 то 3 ҳазор киловатт нерӯи барқ дар назар дониста шуданд.
Бояд қайд намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз мушкилоти мавҷуда ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуданд: «Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои созанда, мо масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Бо вуҷуди чунин иқтидори бузург, дар давоми солҳои зиёд дар фаслҳои тирамоҳу зимистон норасоии шадиди нерӯи барқ боиси мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ мегардид. Солҳое буданд, ки мардуми кишварамон дар хунуктарин давраи сол ҳамагӣ як-ду соат барқ мегирифтанд ва баъзе рӯзҳо, умуман, бебарқ мемонданд. Ҳамаи ин, албатта, ба шароит ва сифати зиндагии мардум, рушди иқтисод ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонид. Барои ҳаллу фасли ин масъалаи ниҳоят муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дод ва барои расидан ба он тамоми захираю имкониятҳоро сафарбар намуд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираҳои гидроэнергетикии кишвар иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ - манбаи барқароршавандаи тавлиди нерӯи барқ мебошад.
Иқтидорҳои истеҳсолии ин захираҳо беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки сарвати миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро дар бобати таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонанд.
Маҳз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки баъди ба кор даромадани агрегати якуми НБО-Роғун Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои худ яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ расида саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми худ қарор дод.
Ҳар чанде, ки мо ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардида бошем ҳам шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз афзуда истодааст. Яъне дар солҳои 2005-2006 аҳолии мамлакат ҳамагӣ 4 – 4,5 миллион нафарро ташкил медод айни ҳол бошад зиёда аз 9,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин сабаби зиёд масраф шудани қувваи барқ мебошад.
Омили дигаре, ки боиси истифодаи қувваи барқ гардидааст, ин истифодаи асбобҳои барқӣ аз қабили фаршҳои гарм, асбобҳои худсози гармидиҳанда, плитаҳо, яхдонҳо ва дигар асбобҳои барқӣ мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба монанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лимити барқ мавҷуд мебошад. Ҳатто дар баъзе ноҳияҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лимити барқ ба монанди солҳои қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин аҳолии мамлакатро зарур аст, ки ҳолатҳои мавҷударо ба инобат гирифта ба таҳлука роҳ надиҳанд ва ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки тавассути расонаҳо мавзӯи барқро ғаразмандона матраҳ мекунанд шомил нашаванд. Балки дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, аз ҷумла истифода набурдани лампаҳои сермасраф, сари вақт пардохт намудани қувваи барқ, истифода накардани асбобҳои худсози гармидиҳанда ва дигар асбобҳое, ки қувваи барқро зиёд сарф мекунанд, баранд.
Бешубҳа, идоракунии самараноки дороиҳои давлатӣ, махсусан, захираҳои энергетикӣ кафолати рушди соҳаи мазкур ба шумор меравад. Таҷрибаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷорӣ намудани таҷрибаи идоракунии корпоративӣ ва таҷзияи ширкатҳои энергетикӣ метавонад, ба ҳалли мушкилоти вобаста ба напардохтани маблағи кувваи барқи истифодашуда, кумакпулии якдафъаина ва ҳамчунин, мавҷуд набудани шаффофият дар соҳаи энергетика кумак намояд. Ин раванд муттаҳидсозии дороиҳои ширкатҳои сохтори идоракунияшон ба таври вертикалӣ муқарраргардидаро дар атрофи равандҳои фаъолият аз қабили истеҳсолот, интиқол ва тақсимот ва ҳамчунин дохил намудани ин дороиҳо ба сохтори субъектҳои қонунӣ ва молиявӣ тақозо менамояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала 20 январи соли 2016 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «… дастрасӣ ба энергия дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ дошта, хусусан барои кишварҳои тараққикунанда ва кӯҳистон ба масъалаи муҳимтарини рӯз табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, барои Тоҷикистон масъалаи дастрасӣ ба энергия ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ аҳамияти хосса дорад».
Бинобар ин хуб мешуд, ки нонвойхонаҳо дар фасли зимистон аз қувваи барқ камтар истифода намуда, бо газ ё ин ки бо ҳезум нонпазӣ намоянд.
Итминони комил дорам, ки рушди соҳаи энергетика ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини кишвар мусоидат намуда, тадбирҳои роҳандозигардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ хоҳанд шуд.

Мудири кафедраи таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, н.и.и., дотсент, Фасеҳзода Ислом Саймирзо

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...