Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табибони тоҷик «бо дасти урён дар мукобили шамшери аҷал саф оростанд»

609«Ба ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям.

Он чи дар аснои мушоҳидаҳо ва муоинаҳо аз бемору атрофиёни вай мебинам, мешунавам ва ё бароям айён мешавад, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард.
Агар тамоми ин Савгандномаро татбиқ кунам ва аз самараҳои (неъматҳои) зиндагӣ аз касби худ бархурдор шавам, ҳамеша байни мардумон ифтихорманд ва сарбаланд бошам. Вале агар онро хилоф кунам ва аз рӯи ин Савганднома амал накунам, аз неъматҳои зиндагӣ, ҳирфа ва ихтисоси худ баҳра набарам ва байни мардумон сарафканда ва шармсор бошам».
Ин пораест аз як Савганднома, ки дар таърихи тиб бо номи “Савгандномаи Ҳиппократ” машҳур аст. Савганднома тақрибан 500 сол пеш аз мелод дар асри Буқрот (Ҳиппократ) ва мактаби вай навишта шудааст.
Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифои Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Ҳар як байти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чун шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва давлати мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст. Ба сабаби он, ки илми тиб дар саҳнаи зиндагӣ аз ҳама муҳимтар ва густурдатар буд, барои татбиқи он қонуну қоидаҳои бисёр ҷиддӣ муайян гардида аст.
Яке аз муҳимтарин пешаҳои инсонӣ, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ ҷойгоҳи хосса доштааст, ин пешаи пизишкӣ мебошад. Пизишкон аз нафаронеанд, ки ҳамеша инсоният ба онҳо ниёз дорад. Зеро инсон ба ҳайси мавҷуди зиндаи ҳушманд дар дарозии зиндагии хеш ҳамеша осебпазир будааст ва ин осебпазириву маргро дарку фаҳм намудааст.
Зимни ин хатаре, ки бо номи коронавирус дар ин як соли охир ба сари қавму миллатҳои ҷаҳон омад, ҳамаи табибони ҷаҳон, аз ҷумла табибони тоҷик бо ҳисси масъулияти бузург аз ин “Савгандномаи Ҳиппократ” ба таври ҳамаҷониба истифода намуда, ба он содиқанд. Бо вуҷуди он ки ин беморӣ, яъне коронавирус аввал дар Чин аз вуҷуди худ дарак дода буд, он бисёре аз давлатҳои дигарро ғофилгир кард. Дар боби ҷузъиёти ин мубориза метавон гуфт, ки одамон барои муқобилият бо ин беморӣ омодагии зарурӣ надоштанд. Ба ин маъно, ки аксар намедонистанд, ки давои ин беморӣ чист ва решаҳои ангезандаи ин беморӣ аз чӣ иборатанд, барои пешгирӣ кардани он дидани чӣ чораҳои мушаххасе зарурат дорад. Бо вуҷуди ин мо шоҳиди он гардидем, ки табибони тоҷик, ба қавли маъруф, “бо дасти урён дар муқобили шамшери аҷал саф оростанд”. Яъне омодаи муқовимат ва мубориза шуданд. Ҳоло ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ҳамзамон ин мубориза давом дорад. Аз пойтахт шурӯъ шуда, то ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳама василаҳои дастрас ба муқобили ин вабои аср муборизаи беамон бурда мешавад. Аллакай гуфтан метавон, ки дар бисёре аз самтҳои ин мубориза табибони тоҷик ба комёбиҳои назаррасе ноил гардидаанд.
Рӯзе фаро хоҳад расид, ки Тоҷикистони офтобии мо чун ҳамеша дар фазои софу беғубори беҳдошти умумӣ зиндагии солимро давом хоҳад дод. Ин мушкилот паси сар хоҳанд шуд. Ва он чи дар таърихи ибтидои соли 2020 боқӣ мемонад, корнамоӣ ва фидокориҳои табибони халқи тоҷик хоҳад буд. Ин корнамоии онҳо далел ва гувоҳи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ ва инсонмеҳварии онҳо буд ва ҳаст.
Мо, шаҳрвандони кишвар, ки дорои касбу кори дигар ҳастем, шоҳиди бевоситаи фидокориҳои табибони худем. Ва ин ҷаҳду талошҳо аз ҷониби табибони тоҷик барои сиҳатии мардумони мамлакат ҳоло ба сӯи баландтарин қуллаи мубориза - яъне ғалаба бар ин беморӣ идома дорад. Бо мушоҳидаи табобати беморони вазнин аз ҷониби чунин табибони далеру ҷасур вуҷуди моро ҳисси ифтихор фаро мегирад ва мо худро шоҳиди бевоситаи ин қаҳрамониҳои воқеӣ эҳсос мекунем.
Пешрафти ҳастии ҷамъиятӣ дар ҳар замону макон ба захираҳои зеҳнии ҷомеа ва нобиғаҳои илмӣ вобастааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар вазъияти мураккаб миллат дар ҳамкории ногусастанӣ бо ниҳодҳои давлатӣ тавонмандии истисноии раҳоӣ аз ҳар гуна мушкилотро бо кордонӣ ва тафаккури созанда ҷустуҷӯ менамояд ва ҳатман дар роҳи раҳоӣ аз чораҷӯӣ хоҳад кард. Дар эҷодиёти халқи тоҷик фармудае басо нишонрас дар ин мавзӯъ мавҷуд аст, ки зуҳурёбии сирати ашхоси дорои касбияти олиро таҷассум мекунад: «Шахсиятҳои бо истеъдод ва нобиға – ғолибан зодаи замони мушкилофар ва буҳронӣ мебошанд».
Дар ин мақола мехостам, ки дар қатори табибони вафодори касби хеш, дар бораи мудири шуъбаи №5-и Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии ш.Душанбе – Қиматов Раҳимхон Сафарович, табиби варзида, хушмуомила, ҷасур ва мушфиқ чанд сатре ин ҷо бикорам. Қиматов Раҳимхон Сафарович 7-уми июли соли 1974 ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш гирифта, пас аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон супорида, онро соли 1997 бо муваффақият хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, фаъолияти корияшро ба ҳайси духтури сироятшинос дар Беморхонаи марказии ноҳия аз соли 1998 оғоз намуда, то соли 2000-ум кор ва фаъолият кардааст. Аз соли 2000 то соли 2008 вобаста ба фаъолияти хуб доштан ба эшон вазифаи мудири шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияро бовар намуда, таъйин менамоянд. Аз 13-уми феврали соли 2008 ба Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии ш.Душанбе ба кор қабул шуда ва санаи 7 июни соли 2014 ба вазифаи мудири шуъбаи №5 таъйин карда шуда то ҳол фаъолияти корӣ дорад.
Барои навиштан дар бораи ин табиби тавоно чанд омил таъсир гузошт. Сараввал, ақидаи дастаҷамъонаи бемороне моро ташвиқ ба навиштани ин қисса кард, ки аз дасти Қиматов Раҳимхон ва ҳамкасбони ӯ дар ин беморхона аз маризӣ раҳо ёфтаанд. Дуюм, ҷуръати шахсии доктор Раҳимхон асос шуд, ки дар ин ҷо дар бораи ҷанбаҳои шахсӣ ва касбии Қиматов Р. қаламфарсоӣ намоем. Саввум, ба қишри пешрафтаи ҷомеа – духтурон ҳамраъйӣ ва ҳамовозии том нишон диҳем, ки ҳар амалу рафтори онҳо ҳаргиз ва ҳаргиз аз мадди назари миллати қадрдони тоҷик сарфи назар нахоҳад шуд. Бо мурури замон чанд рӯзаке корномаи духтурони сарсупурдаи ин халқ ба нашр хоҳад расид ва дар таърих нақш хоҳад баст. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки ҳар қадар маърифат, дониш, биниш ва андешаю завқи табиб баланд бошад, ҳамон қадар маърифати тиббии ҷомеа ҳам баланд мешавад.
Қаҳрамонии Қиматов Р.С. дар он зоҳир мегардад, ки аз рӯзҳои аввали расонаи шудани бемории сироятӣ дар кишварҳои ҳамсоя бо як шӯру шавқи касбӣ вориди майдони набард бо ин маризӣ шуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии он ва риояи гигиенаи шахсӣ чорабиниҳои муассир таҳия ва амалӣ намуд.

Ҳокимҷон Ҳабибзода, муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия,
Мардонов Сафармуҳаммад, муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...