Сарфаи неруи барқ - вазифаи ҳар як сокини кишвар
“Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли 2020 зимни машварати корӣ дар робита ба фарорасии фасли зимистон ва афзоиши талаботи мардум ба неруи барқ таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, ҷоннок кардани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкорӣ ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд. Зеро ҳарчанд, ки захираи имрӯзаи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи қувваи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли он пеш меояд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. оид ба бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон дастур дода, таъкид кард, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд. Ҳамчунин барои ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ ва пардохти қарз аз неруи барқ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории таъсисшуда низоми истифодаи қувваи барқ аз тарафи ҳар шаҳрванд, корхонаю ташкилот, новобаста аз шакли моликияташон санҷида мешаванд. Баъди таъсис додани гурӯҳҳои корӣ истифодаи қувваи барқ аз ҳисоби сарфакорӣ 10-20% коҳиш ёфта истодааст.
Вазири корҳои дохилӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки корҳои ободониро ҳар нафар бояд аз оила, хона, маҳалла ва коргоҳи худ оғоз намояд. Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати риояи низоми истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, ки зарараш ба тамоми ҷомеа расида, сабаби вайрон шудани танзими таъминот бо неруи барқ мегардад ва пардохти саривақтии маблағи барқ ба масъулини соҳа дастру супоришҳои мушаххас дод.
Дар робита ба ин, мутобиқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби муҳандисону нозирони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он дар ҳамбастагӣ бо кормандони РВКД, ШВКД ва шабакаҳои барқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои муштарак оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ бобати истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақти истифодаи он ва қарзҳои дебиторӣ, инчунин пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшиддат ва асбобҳои гармидиҳандаи ғайристандартӣ таъсис дода шуда, дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо, ҷойҳои оммавӣ ва бӯстонсаройҳову минтақаҳои истироҳатӣ фаъолияти шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст. Тарифи миёнаи як киловатт-соат нерӯи барқ ба аҳолӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба мисли Қазоқистон бо ҳисоб бо арзи миллии мо 30 дирам, Россия 38-40 дирам, Беларусия 44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон 80 дирам буда, дар Аврупо, аз ҷумла Дания, Олмон, Белгия ва дигарҳо ҳатто 2,8-3 сомониро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон нархи як киловатт соат барқ ҳамагӣ 17 дирам аст. Пас агар муқоиса кунем, аз ҳама барқи арзон дорем ва мебояд ба қадри он бирасем.
Дар робита ба ин масъала кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки дар ин самт ҳиссаи арзандаи худро гузошта, корҳои зеринро анҷом диҳем:
1.Ба дарки оммаи васеи ҷомеа расонем, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар ва иқтисоди он гашта, омили доимо таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад;
2.Истифода аз технологияи каммасраф, хусусан дар миёни ҷомеа ташвиқу тарғиб намудани он, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати гузариш ба технологияи каммасраф дар корхонаҳою ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои истиқоматӣ;
3.Ҷиҳати пешгирӣ аз пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода бурдан аз нерӯи барқ миёни ҷомеа корҳои тарғиботӣ барем;
4.Бо дарназардошти вазъияти экологӣ ва тағйирёбии иқлим ба дарки ҷомеа расонем, ки маҳз дар сурати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ метавонем зиндагии шоистаро таъмин созем.
Ҳамаи тадбирҳои зикргардида баҳри он равона гаштааст, ки дар ҳақиқат сарфаи неруи барқ омили муҳими ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар мегардад. Дар ин кори масъул ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем.
Асламов Б.Ҳ., Сафарова С.Н.