Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рисолати муҳими падару модар – тарбияи фарзанд

«Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…»
Эмомалӣ Раҳмон

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.

587

Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.
Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Одоб аз илм афзал аст.
Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи одоби хубу хулқи накӯ парвариш намоем. Гузаштагони мо мақоми баланди панду ҳикматро нишон дода, онро «тилисми сеҳрангези омӯзиши ҳаёт ва зиндагии одамият» номидаанд.
Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯшан ба зуҳур мерасад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гаштани Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дарки масъулияти баланд сиёсати давлатро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ташаббуси аҳли ҷомеа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетараф набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд. Дар ин росто, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатӣ бар он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Моҳияти ин Қонун аз ҷониби падару модарон ва бахусус, зиёиёни кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.
Роҳбарият ва аҳли кормандони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб медонанд. Бо мақсади роҳандозӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар гаштани тарбияи маънавиву ахлоқии курсантон тадбиру чораҷӯйиҳо намуда, санаи 19 декабри соли 2020 дар маҷлисгоҳи факултет бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., шуда гузашт. Ҷаласаро сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ифтитоҳ намуд. Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ҳар чӣ бештар ҷалб намудани падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд ва назорати ҷиддӣ аз болои курсантон буд.
Сардори факултет ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти Қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки: “Дар Қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифа доранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол ёбанд. Гарчанде аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошта бошад ҳам, имрӯз баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеа, қабули қонун зарур ва саривақтӣ буд”.
Мавсуф бар он андеша аст, ки бо таъсири воситаҳои электронӣ ва таъсири ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон, наврасону ҷавонон берун аз тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то нисфи шаб гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷиноят мезананд.
Дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда чунин таъкид дошт: “Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, дуюми августи соли 2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсад пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Боварӣ дорем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд. Баъди қабули Қонуни мазкур бисёр масъалаҳо бар дӯши падару модар вогузор шуданд.
Вазифаи асосии волидайн, ки дар қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Барои ҳамин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Аҳолии кишвар корманди милитсияро ҳамчун шахси вазифадори ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанд. Вазифаю мақсади фаъолияти ояндаи мо таъмин намудани фазои бехатарии ҳаёти шахс ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замонҳо кормандони ин соҳа шахси боэҳтиром, нексирату накӯкор ва некном шинохта шуда, барои раҳоии афроди ҷомеа аз ҷаҳолат заҳмат мекашанд.
Ҷолиб аст, ки родмардон аз ҷумлаи касбҳои роиҷи давру замон ҳифзи ҳуқуқро бештар пазируфтаанд ва ниёзмандии башар ба ин пеша будаву ҳаст. Фарзандони Шумо низ ҳамин касбро интихоб намудаанд ва онҳо муҳофизони ояндаи миллати мо мебошанд”.
Ҳаёт чун навори синамо аст, ки пастиву баландӣ, шириниву талхӣ, некию бадӣ ва ҳамаи дигар силсилаҳои ҳаёт дар ӯ таҷассум меёбад. Ҳамаи ин силсилаҳоро бо чашми хирад нанигарӣ ва бо хишти таҷрибаи зиндагии ҳар як унсури ӯ ба худ кохе бунёд нанамоӣ, мисли он бошад, ки вориди гулбоғе зарринрӯй шавӣ, мевае ё гуле аз ӯ ба худ нагирифта, аз дари дигар баромада равӣ.
Ягона роҳи нек, ҳақиқат, одамият – ин бархурдор шудан аз панди падару модар, панди рӯзгор, панди омӯзгор, панди ҳаёт аст.
Гузаштагони мо оид ба мақоми ба падару модар дар тарбияи фарзандон пандномаҳои зиёде навиштаанд ва бо ин роҳ онҳоро ба одаму одамгарӣ даъват кардаанд. Онҳо дар пандҳои худ тамаъкорӣ, ғараз, ҳарисӣ, баднафсӣ ва ҳаромхӯриро мазаммат карда, фарзандонашонро даъват мекарданд, ки аз ин хислатҳо парҳез намоянд. Ба ризқу рӯзии бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ба даст оварда қаноат кунанд. Аввалан, мо онҳоро бо пандҳое шиносонем, ки падару модари хешро эҳтиром намоянд ва он вақт ба қадри онҳову панди онҳо мерасанд.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона имрӯз ташвишовар мебошад. Ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар низ ба шумор меравад.
Дар ҷаласа роҷеъ ба масоили баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ, донистани таърихи кишвар ва бархурдории ҳар чӣ бештар аз мероси ниёгон таъкид карда шуд. Чунонки, имрӯз дида мешавад, дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бархе аз падару модарон иддае аз курсантон бетарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд ва бо шахсони бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Воқеан ҳам, шахсияти муаллим, устод, омӯзгор дар тамоми давру замонҳо вирди забонҳо будаву соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Падарону модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбати онҳо ғамхору дилсӯз бошанд. Ибораи машҳури халқ ҳаст: «Ҳаққи устод аз падар беш аст» ва ё “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар аст”. Хирадманде, гуфтааст: кишт-некии яксола, боғ-некии даҳсола, тарбия-барои асрҳост. Албатта, ҳар як рафтору гуфтори бузургсолон ва махсусан, падару модар, бобову модаркалон ва омӯзгорон барои насли ҷавон омӯзандаву таъсиргузор аст. Аз ин ҷиҳат, риояи одобу интизом барои кормандони факултети мазкур аз унсурҳои муҳим маҳсуб гардида, ҳар як амалу муносибат бо ҳамкорону курсантон ҳамешагӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Ин нуктаҳо дар ҷаласаи падару модарон ва пайвандони муҳассилини курси якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо ва омӯзгорони таълимдиҳанда баррасӣ гардид.
Ояндаи пурифтихори мо ин интизоми хизматии хуби курсантон – кормандони шоистаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Барои тарбияи курсантон дар факултет якчанд чорабиниҳо аз рӯи нақшаи факултет баргузор мегардад. Аз ҷумла, соатҳои тарбиявӣ, яъне кураторӣ, соатҳои худомӯзӣ ва ба монанди инҳо. Инчунин, якчанд комиссияҳои назоратии доимиамалкунанда: кураторон, сардорони шуъбаву шуъбачаҳо, сардори бахшҳо ва дигарон ширкат меварзанд, ки барои тарбияи ҳар як курсант масъуланд.
Лозим ба ёдоварист, ки риояи қатъии интизом ва таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти курсантон, аз ҷумла ташкили чунин ҷаласаҳо барои пешрафти таълиму тарбиявии хатмкунандагон бевосита мусоидат намудааст. Ӯ дар баромади худ рӯй ба курсантон оварда чунин қайд кард: “Миллати тоҷик ба хубӣ медонад, ки тинҷию оромӣ бар ивази чӣ қадар ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба даст омад. Дар таъмини амният ва расидан ба сулҳи деринтизор саҳми фарзандони баору номуси Ватан назаррас аст ва шумо низ савганд ёд намуда ваъда додаед, ки яке аз чунин фарзандони Ватан мешавед. Ҳар яки шумо бояд боварӣ ҳосил карда бошед, ки хондан меҳнати пурмашаққату сермасъулият аст, зеро донишу малакаи дар ин даргоҳ аз худ кардаатон дар фаъолияти хизматиатон амалӣ хоҳад шуд ва танҳо муносибати масъулиятнок, бозомӯзӣ ва сайқали дониш метавонад омили камолоти хизматии Шумо шавад.”
Дар охир қайд гашт, ки дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фаразанд”-ро ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд ва ҷавонмардона кӯшиш намоем. Агар аз пайи парвариши дурусти ниҳол набошем, решаи ниҳол хушк мешавад ва ҳосиле аз он ба даст намеояд. Фарзанд низ монанди ҳамин ниҳолест, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бузургсолон тарбияи нодуруст дида, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд.
Ташкили ҳамин гуна чорабиниҳо бо гузашти ҳар се моҳ ба нақша гирифта шуд, ки албатта ба манфиати кор мебошад.
«Аҳли илму фарҳанг дар ҳама ҷо ва ҳама вақт бақадр буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз, баҳри он кӯшед, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем. Ҳаёт бо омӯхтан ташкил ва инкишоф меёбад».

Муяссара Тоҳирӣ, сардори қисми таълимии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф., майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...