Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)

578«Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ мебошад».

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалии минтақавӣ мебошад ва дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар ш.Кишинёв ба имзо расонд ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард.
Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар Созмони мазкур боздошт.
СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми ҳатмии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои аъзо, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои аъзо вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзо дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Созмон эътироф карда шудаанд ва ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои аъзо ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд. Кишварҳои аъзои СААД мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбати мушкилоти амнияти байналмилалию минтақавӣ мувофиқа ва ҳамоҳанг мекунанд ва пеш аз ҳама аз абзорҳои машваратӣ истифода мебаранд ва саъю кӯшишҳои худро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, аслиҳа, ҷинояти муташаккилонаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти давлатҳои аъзо муттаҳид месозанд.
Тибқи Оинномаи СААД сохтори ин созмон иборатаст аз:
-Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) - органи олии ҳамоҳангсозӣ ва таъминкунандаи фаъолияти муштараки давлатҳои аъзо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ. Ба Шӯро сарони давлатҳои аъзо дохил мешаванд. Дар давраи байни ҷаласаҳои ШАД масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзоро барои татбиқи қарорҳои мақомоти СААД Шӯрои доимӣ иборат аз намояндагони комилҳуқуқи давлатҳои аъзо пайгирӣ мекунад.
Мувофиқи муқаррароти Оинномаи СААД, раёсати даврӣ дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамчунин дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Ситоди муттаҳидаи СААД аз тарафи кишваре амалӣ карда мешавад, ки ҷаласаи навбатии ШАД дар қаламрави он баргузор мегардад. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро раиси даврӣ то замони баргузоршавии ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ нигаҳ медорад.
- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ мебошад;
- Шӯрои вазирони мудофиа мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ, рушди иқтидори ҳарбӣ ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ мебошад.
- Кумитаи котибони шӯрои амният мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи таъмини амнияти миллии онҳо мебошад.
- Котиби генералии СААД шахси вазифадору олимақоми маъмурияти Созмон буда, Котиботи СААД-ро роҳбарӣ мекунад.
- Котиботи СААД мақомоти корию доимиамалкунандаи Созмон буда, бо мақсади таъмини фаъолияти ташкилотӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии сохторҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст.
- Ситоди муттаҳидаи СААД – сохтори доимамалкунандаи кории Созмон ва Шӯрои вазирони мудофиаи СААД буда, барои омода намудани пешниҳодот ва татбиқи қарорҳои СААД оид ба ҳамкории ҳарбӣҷавобгӯ мебошад.
2 декабри соли 2004 Ассамблеяи Генералии СММ қатънома дар бораи ба СААД додани мақоми нозир дар Ассамлеяи Генералии СММ қабул намуд. 18 марти соли 2010 Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни Котиботи СММ ва Котиботи СААД ба имзо расид.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ метавонад бо кишварҳое, ки аъзои ин созмон нестанд, ҳамкориро ба роҳ монад ва бо созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ дар соҳаи амният робитаҳоро барқарор кунад. Созмон ҳамчунин салоҳият дорад, ки аҳдномаҳои байналмилалиро марбут ба барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи амният ба имзо расонад. Имрӯз дар доираи СААД ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкории исломӣ тадбирҳои фаъол андешида мешаванд. Асоси фаъолияти ҳарбии низоми амнияти дастаҷамъиро гурӯҳу дастаҳои (нерӯҳои) эътилофӣ (муттаҳида) дар минтақаҳо ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳҳо бо мақсади боздоштан ва ё пешгирӣ кардани ҳуҷуми ҳарбиро бар зидди кишварҳои аъзо ва инчунин гузаронидани дигар амалиёт таъсис дода шудаанд.
Бо мақсади муттаҳид ва ҳамоҳанг намудани кӯшишҳои давлатҳои аъзои Созмон дар таҳким ва такмили ҳамкории бисёртарафа, рушди ҳамгироӣ ва ҳалли яклухти масъалаҳои самти ҳарбӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар доираи СААД, моҳи июни соли 2005 Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии СААД таъсис дода шуд.
Моҳи ноябри соли 2006 Ассамблеяи Парлумонии СААД ташкил карда шуд. Дар иҷлосияи умумӣ, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблея ва Комиссияҳои доимии он, ки дар як сол ду маротиба баргузор мегарданд, масъалаҳои фаъолияти Созмон, вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон, рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон ва вазифаҳо оид ба таъминоти ҳуқуқии онҳо муҳокима мегарданд. Дар қатори баррасии масъалаҳои иҷрои Барномаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти Созмон, инчунин таҷрибаи корӣ оид ба эътироф намудани созишномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи СААД ба имзо расидаанд, инчунин масъалаҳои дигари дахлдор муҳокима мегарданд.
Дар вазъи имрӯзаи байналмилалӣ мавҷудияти СААД омили муҳими субот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чаҳорчӯбаи СААД имкон медиҳад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбию сиёсӣ ҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастаҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Зеро, мавқеи ягонаи кишварҳои аъзо нисбати вазъи ҷаҳони муосир, ибрози нигарониҳои умумӣ аз таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пояи сиёсии СААД-ро ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгироии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад.
Рӯзҳои 21-29-уми октябри соли 2019 дар машқгоҳи ҳарбии Ҳарбмайдони Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои мушараки СААД зери унвони «Бародарии шикастнопазир-2019» бо ишироки аъзоёни СААД, Қувваҳои сулҳҷӯи СААД, Гӯруҳи оперативии Ситоди Муттаҳидаи СААД, Котиботи СААД, намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баргузор гардид, ки дар он 3,5 ҳазор хизматчийни ҳарбӣ, 600-воҳиди техника, авиатсияи ҷангӣ, дастгоҳҳои худкори парвозкунанда сафарбар гашта, аз ҷониби экспертҳои ҳарбӣ ва роҳбарони давлатҳои аъзои СААД баҳои баланд гирифтанд.
Дар давраи ниҳоии машқҳои мазкур намояндагони кувваҳои муссалаҳи Сербия, атташеҳои ҳарбии ИМА, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Хитой, Британияи Кабир, Россия, ки дар Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаштаанд, ҳамчун мушоҳидакунанда ширкат намуданд. Бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Чумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро барои гузаранидани машқҳои ҳарбӣ муҳайё намуданд. Сенарияи гузаронидани машқҳои ҳарбӣ ба ҳолати эҳтимолии муборизаи зидди гурӯҳҳои террористӣ мувофиқ гардонида шуд. Ба гуфтаи сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров иштирокчиёни машқҳои муштараки машқгоҳи ҳарбии Ҳарбмайдони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дараҷаи баланди идоракунӣ ва риояи меъёрҳои байналмилалии гуманитарӣ, дараҷаи таъминот пурра баргузор гардида, ба мақсади худ расиданд. Гурӯҳҳои эҳтимолии террористӣ торумор карда шуда, гурезагон ва гаравгонони эҳтимолӣ озод карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан бо тариқи видеоконференсия дар ифтитоҳи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД санаи 2-юми декабри соли 2020 баромад намуда, зикр намуданд: «Қабл аз ҳама, мехоҳам барои танзими ҷаласаи имрӯзаамон сипоси ин ҷонибро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимир Путин изҳор намоям. Инчунин, мехоҳам саъю талошҳои ҷониби Россияро ҷиҳати таъмини устуворнокии фаъолияти Созмони мо дар шароити мураккаби имрӯза таъкид намоям. Соли равон ҷаҳон бо бархӯрди афзоиши бесобиқаи хатару таҳдидҳо рӯ ба рӯ гашт. Ҳамагирии КОВИД-19 боиси таназзул ва мушкилоти дорои хусусияти иҷтимоиву иқтисодӣ гардид. Он ба зиндагии муқаррарӣ ба таври муассир таъсир расонида, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайян намудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд. Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ҳамагирӣ ба вуқӯъ пайваст, ба нишондодҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард. Дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд. Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд. Дар ин зимн мо бо нигаронӣ рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамоем. Чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.
Дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД ҷиҳати муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд. Пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар Созмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд. Мо равандеро, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи таъмини амният ва оромии ҳаёти мардумонамон нигаронда шудааст, идома хоҳем дод. Ба ин манзур мо татбиқи силсилаи тадбирҳоеро муайян кардаем, ки тавсеаи доираи ҳадаф ва вазифаҳои имрӯз дар назди Созмон истодаро дар назар доранд. Дар роҳи татбиқи онҳо Тоҷикистон ба дастгирии шарикони худ умед мебандад. Бо дарназардошти воқеиятҳои кунунӣ, мехоҳам аҳамияти қарорҳои дар ҳошияи ҷаласаи имрӯза қабулшавандаро низ таъкид намоям. Онҳо фарогири масъалаҳои ниҳоят муҳим буда, амнияти дастаҷамъиро дар минтақаи масъулияти Созмон таъмин менамоянд.
Мо итминон дорем, ки фаъолияти ҳамоҳангшудаи муштараки мо ҷиҳати пешбурди амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки дар наздамон истодаанд, омили такони тоза бахшидан ба ҷараёни фаъолияти Созмон хоҳад гардид».
Ҳамин тариқ, 2-юми декабри соли 2020 дар сессияи СААД, ки таҳти раисии Федератсияи Россия гузашт, раисии СААД дар соли 2021 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.
Ҳанӯз, З0-юми ноябри соли 2020 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи 13-уми пленарии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД тариқи видеоконференсия ширкат намуда, баромад намуд ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз ҳамкориҳо дар доираи СААД бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти хамаҷониба ҳамеша омода буда, пешниҳод менамояд, ки бо назардошти раисии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021 шаҳри Душанбе барои баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД дар нимаи якуми соли 2021 омода аст. Иштирокчиёни ҷаласа ҳамаҷониба ин пешниҳодро пазируфтанд.
Дар Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ санаи 18-уми декабри соли 2020 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Дабири кулли СААД Станислав Зас баргузор гардид. Сафир ба Дабири кулл аз авлавияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар Созмони мазкур, ки ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини амният ва ҳаёти осудаи мардумони давлатҳои узви СААД равона шудааст, маълумот дод. Станислав Зас аҳамияти авлавияти Тоҷикистонро барои фаъолияти СААД, ки масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳоро дар бар мегиранд, таъкид намуд.Ҷонибҳо масоили татбиқи авлавияти Тоҷикистонро зимни раёсаташ дар СААД дар солҳои 2020-2021 мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Барои раисии самарабахши Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2020-2021 тасдиқ гардид, ки дар он пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон пазируфта шуданд, ки ҳадафҳои асосии он аз инҳо иборат мебошанд:
- таъмини амнияти дастаҷамъӣ бо максади мутаҳиднамоии қувва ва захирахои СААД дар асоси принсип ва меъёрхои эътирофгаштаи ҳуқуқи байналмилалӣ;
- пойдории сулҳ ва субот дар минтақаи таҳти масъулияти СААД,баланд бардоштани нақши СААД дар ҳалли масоили таъмини амниятӣ;
- саривакт ба таҳдидҳои муосир вокуниш намуда, маҳдуд намудани ин таъсирҳои амнияти дастаҷамъӣ, чун терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайрилегалӣ, ҳолатҳои фавқуллодаи хусусияти табиӣ ва техноггенӣ дошта, инчунин такмили ҳамоҳангсозии қувва ва воситахои СААД дар муқовимат бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ;
-тақвияти ҳамкориҳо дар доираи сиёсӣ - дипломатӣ, харбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ, ҳамчунин дар доираи амниятӣ, фаъолияти зиддитеррористӣ, зиддимуходиротӣ, муҳоҷирати ғайрилегалӣ, вокуниш ба ҳолатҳои буҳронӣ ва фавқулодда, аз ҷумла бо ҳамкории сохторҳои дахлдор;
-такмили минбаъдаи базаи ҳуқуқӣ-шартномавии СААД;
-истифодаи дигар шаклу метоодҳои кор барои ташкили фаъолияти СААД дар давраи пандемияи сирояти нави коронавируси COVID-19.
Дурнамои инкишофи минбаъдаи СААД аз инҳо иборат мебошад;
- ислоҳоти қувваҳои омодабошии зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Шумораи умумии онҳо 4 –ҳазор, бо базаи ҳавоӣ дар Қирғизистон;
- вокуниши СААД ба таҳдиди эҳтимолии табадулотҳои давлатии таҳмилшавада дар давлатҳои аъзои СААД;
- мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайрилегалӣ, ҳолатҳои фавқуллодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши ҳамкориҳо дар доираи СААД боиси дастгирии ҳамҷонибаи аъзоёни иштирокчиёни он гардида, дар таъмин амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз таҳдиду хатарҳои муосир саҳми арзанда доранд.

Асламов Б.С., таҳлилгари масоили геополитикӣ, полковники милитсия
Сафарова С.Н., сарнозири Маркази матбуоти Академияи ВКД, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...