Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккули равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, тақвияти шарикии стратегии миёни ҷонибҳо

560

(Дар ҳошияи сафари самарабахши расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия)

“Вобаста ба вазъи мураккаби имрӯза, ҳамкориҳои самарабахши илмӣ-техникӣ бо Федератсияи Россия амну субот на танҳо дар Тоҷикистон ва минтақа, балки берун аз он таъмин мегардад. Маҳз сулҳ ва амну субот имконияти инкишофи устувор ва пешрафтро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ таъмин месозад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайвандад. Асоси наздикии тарафайни ҳарду халқро пайдоиши ҳиндуаврупоӣ, наздикии антропологии нажодӣ, мансубияти ягона ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ташкил медиҳад. Новобаста аз гуногунии сарчашмаҳо ба аҳди қадимаи муносибати Осиёи Миёна бо Рус, далелҳои раднашавандаи сарчашмаҳои хаттии шарқӣ дар “Таърихи Табарӣ “ давраи ибтидои асри X инъикос ёфтаанд, ки дар он аз номи Рус ёдовар гашта, дар “Шоҳнома”-и безаволи А.Фирдавсӣ низ дар бораи ин робитаҳо сухан меравад.
Дар авроқи таърихӣ метавон дарёфт, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия тайи 70 соли мавҷудияти собиқ ИҶШС ба роҳ монда шуда буд. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Россия яке аз аввалин давлатҳои дӯст ба шумор мерафт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монд. Дар сиёсати хориҷии кишвар Федератсияи Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хосаро дорост, чун аввалин шарикии асосии стратегӣ ба шумор меравад.
Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро миёни тарафҳо дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Сафорати Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе 4 майи соли 1992 ба фаъолият оғоз кард.
Ҳамин тавр, 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода шуд ва 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Алҳол дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар минтақаҳои Россия ҳимоя менамоянд ва баҳри густариш бахшидан ба ҳамкориҳои тарафайн нақши муҳим доранд.
Сар карда аз соли 1992 то ин ҷониб байни Тоҷикистону Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи аксарияти соҳаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзун додани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, густариши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ диққати махсус медиҳанд.
Тибқи ҳуҷҷатҳои имзошуда аз моҳи декабри соли 2004 то июни соли 2005 сарҳади Тоҷикистону Афғонистон батадриҷ аз қӯшунҳои сарҳадии Россия ба сарҳадбонони Тоҷикистон супорида шуд. Моҳи августи соли 2008 оид ба кушодани филиалҳои мактабҳои олии бонуфузи Федератсияи Россия созишнома баста шуд.
Зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия В.Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 сурат гирифт, далели рушди муттасил ва аъмиқи муносибатҳои ҳамёрии стратегии байни ду кишвар маҳсуб меёбад. Дар рафти ин сафар созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ, ёддоштҳои тафоҳум оид ба таҳвили нафт ва маҳсулоти он, энергетика, инчунин ривоҷи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расонида шуданд. Ҷониби Россия дар роҳандозии лоиҳаҳои CASA-1000, инчунин оид ба иқдомоти Тоҷикистон дар истифодаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ дастгирии худро изҳор намуд.
Лоиҳаи бузургтарини сармоягузории Россия дар Тоҷикистон ин истгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» ба ҳисоб меравад, ки соли 2008 пурра ба истифода дода шуд ва сохтумони ин неругоҳ дар ҳудуди ИДМ калонтарин лоиҳаи энергетикӣ ба ҳисоб рафта барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон такони ҷиддие бахшид.
Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Ин раванд бо таъсисёбии намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотию фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пулоди Москва фаъолият доранд.
Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, зиёда аз 25 ҳазор нафарро ташкил дода, рӯй ба афзоиш дорад.
Баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ва Рӯзҳои адабиёти ду кишвар дар қаламрави якдигар (1997, 1999, 2004, 2005, 2008) анъанавӣ гардидаанд. Бо итминон собит намудан мумкин аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бо назардошти воқеияти муосир устуворона ва давра ба давра тамоюлот ба таъмиқу тавсеа доранд. Дар ҳошияи афзун гардидани нақши дипломатияи иқтисодӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд Новобаста аз он, ки дигар давлатҳо нисбати Тоҷикистон манфиатҳои геполитикӣ ва таваҷҷуи хос пайдо намудаанд, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар оянда низ ҳамчун шарики боэътимоди стратегии Федератсияи Россия боқӣ мемонад. Аз ин сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия (16-17 апрели соли 2019) ва иҷрои чандин созишномаҳои гуногунҷонибаи байни давлатҳо дарак медиҳад.
Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия сол то сол руш намуда истодаат. Моҳи ноябри соли 2005 дар шаҳри Душабе ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлати Федератсия Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардд, ки он ба ифтихори аввалин намоишгоҳи миллии Россия дар пойтахти Тоҷикистон рост омад. Мақомоти қонунгузории ду кишвар масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳолати заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро муҳокима карданд.
Байни парлумонҳои ду кишвар созишнома ва дигар санадҳои муҳим, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Федералии Федератсия Россия ба имзо расонида шуда, ҷиҳати татбиқи аввалини он комиссияи доимамалкунанда низ таъсис дода шудааст. Дар муносибатҳои судманди миёни кишварҳои мо баргузории ҷаласаҳои байнипарлумонии “Тоҷикистон–Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” (Душанбе, августи соли 2006; Москва, ноябри соли 2014; Душанбе декабри соли 2015) ва Форумҳои байнипарлумонии “Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” (Москва, Санкт-Петербург, майи соли 2011, Душанбе соли 2012, Москва ноябри соли 2014), ки ҳоло анъанавӣ гаштаанд, аҳмияти хоса доранд.
Дар асоси принсипҳои дипломатӣ ва тақвият ёфтани сиёсати стратегии Тоҷикистон ва Россия муносибатҳои парламони миёни тарафҳо рӯ ба рушд мебошад. Дар ҳамин замина санаи 24-уми ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ озими шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Ин аввалин сафари расмӣ ва хориҷии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз таъин шуданаш ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В.И. миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду давлатро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо рушд ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.
Зимни музокирот якчанд масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардиданд.
Дар ин ҷода зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр зикр гардид.
Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан, ба зарурати аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла содагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти «авфи муҳоҷирати»-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои ҳамкории самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Зимни мулоқоти ҳамтоён масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудияти марбут ба пандемияи КОВИД-19 барои идомаи машғулият ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон иброз намуданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду давлат таъкид карда, изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳа миёни Тоҷикистон ва Росссия неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои ба миёнгузоштаи ҷониби Тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.
«Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд. Муносибатҳои давлатҳои мо дар ҳама самт ба таври назаррас рушд мекунанд ва масъалаҳои таъмини қонунгузории рушди муносибатҳои мо бисёр муҳиманд. Мо омодаем онҳоро бо Шумо муҳокима намоем ва ҳамкории байнипарлумониро ҷузъи бисёр муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ мешуморем», — гуфт, В. Матвиенко зимни мулоқот дар Шӯрои Федератсия.
Ӯ афзоиши нақши парлумонҳоро «дар ҷаҳони зудтағйирёбанда» зикр кард ва омодагии вакилонро барои рушди робитаҳои наздик бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. «Кишвари мо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Аммо ин ҷо гап на танҳо дар бораи иқтисод, балки дар бораи соҳаи гуманитарӣ, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки барои мо низ бисёр ҳассос аст, низ меравад», — гуфт Раиси Шӯрои Федератсия.
Ба гуфтаи ӯ, муносибатҳои байниминтақавии ду давлат «бисёр хуб рушд мекунанд». «Зиёда аз 60 муассисаи Федератсияи Россия бо шарикони худ дар Тоҷикистон робита барқарор кардаанд. Фикр мекунам, ки дар доираи комиссияи байнипарлумонии мо бояд доимо назорат карда шавад, ки чӣ гуна созишҳо ҳосил мешаванд. Баъзеҳо натиҷаҳои устувору мушаххаси ҳамкорӣ дошда, баъзеи дигар то ҳол дар сатҳи тасмимҳо қарор доранд. Мо, палатаҳои болоӣ, онҳоро бояд ба ҳамкории мушаххас водор кунем», — гуфт, В. Матвиенко.
Ӯ таъкид кард, ки Россия ба сафари Рустами Эмомалӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва баланд арзёбӣ менамояд, ки барои аввалин сафари хориҷии худ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ Россияро интихоб намудаанд. «Итминон дорем, ки он ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон такон хоҳад дод. Умедворам, ки омилҳои зиёде сабаби ба Россия омаданатон хоҳанд шуд. Мо мехоҳем минтақаҳои худро ба Шумо нишон диҳем. Ҳар як минтақа таърихи алоҳида, имконияти алоҳида ва манбаъҳои алоҳидаи таъмиқи ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мебошанд. Умедворем, ки Шумо чунин имконият хоҳед дошт», — гуфт Раиси палатаи болоии парлумони Россия.
Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Тавре тазаккур дода шуд, парлумонҳои ду давлат саҳми арзандаи худро дар таҳкими робитаҳои шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Россия мегузоранд, ки ин дар шаклҳои нави ҳамкории байниминтақавӣ бараъло эҳсос мешавад. Имрӯз беш аз 80 минтақаи Россия бо Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло иқтидорҳои зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошанд.Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкории судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имконияти фарох фароҳам гардидааст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкории гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл карда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуданд. Тавре зикр гардид, паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудият ба миён овард. Дар ин робита тазаккур дода шуд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ҳузур дошта, баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф гардида, метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудияти марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси Миллии Мачлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб доир гардид.
Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумониро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парлумониро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобила маънидод карданд.
Муносибатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар заминаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд намуда баҳри боз ҳам тақвият додани ҳамкориҳо чораҳои мушахасро мебояд андешид. Ҷумҳурии Тоҷикистон равобити стратегиро бо Федератсия Россия ба роҳ монда дар доираи он ҳамкориҳои судмандро миёни ҷонибҳо хоҳон аст. Метавон чунин ибрози андеша намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш ҳамавақт ба манфиатҳои тарафайн арҷгузорӣ намуда хоҳони ҳамкориҳои беғаразона аст. Ин нуқтаро ёдовар боя шуд, ки робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Россия метавонад такони ҷидие дар рушд намудани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия гардад. Аз ҳамин лиҳоз сафари расмии Раиси маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ин баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар самти идоракунии сохторҳои давлатӣ гардид.
Дар ҳамин замина имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки тамоми сафарҳои расми ва кории сарварони мақомотҳои олии кишварҳои олам вохуриҳо ва конфронсу ҳамоишҳо бинобар сабабӣ паҳн гардидани бемории Covid 19 ба таъхир андохта шудааст ва ё тариқи онлайн баргузо мегардад. Дар ҳолате, ки ҷаҳон аз дасти бедодгариҳои Covid 19 дар таҳлука афтодааст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллату давлатро дар Россия ҳифз намуда хостори тақвият ёфтани ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳама соҳаҳо шуд. Хусусан барои боз ҳам рушд намудани ҳамкориҳои байни парлумони ҳавасмандии ҷидӣ зоҳир намуд. Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин нуқтаро басо ба маврид қайд намуданд, ки нақши дипломатияи парлумониро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобила донистанд. Ҳамкориҳои парлумонӣ миёни ҷонибҳо тавонист нақши дипломатияи порлумониро дар сиёсати хориҷӣ тарафҳо дучанд намояд.
Дар ҳамин хусус метавон чунин ибрози андеша намуд, ки метавон дар сиёсати хориҷии кишвар ба дипломатия порлумони таваҷуҳ кардан ва дар ҳолатҳои зарурӣ такия кардан ба манофи миллату давлат мебошад. Аз ҳамин сафари охирини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бар меояд, ки нақши дипломатияи порлумони дар сиёсати хориҷии кишвар мақому манзалати худро алакай пайдо намудааст. Дар оянда метавонад бо ҳамин тарзу усул сиёсати хориҷиро давом дод ва баҳри ба ҳадафи комил расидан талош намуд. Бо ба роҳ андохтани дипломатияи порлумонӣ бо тамоми кишварҳои хориҷӣ метавон равобити хуби дӯстона дошт ва баҳри ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба кишвар кӯшиш намуд.Баъзе равобитҳои неки ҳасанаро меатавон ба воситаи дипломатияи порлумонӣ ҳалу фасл намуд. Ҳамин аст, ки ин гуна дипломатия метавонад бо суръати баланд барои рушдӣ минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ бахшад.
Дар ҳошияи сафари самарабахши расмии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия афзун гардидани нақши дипломатияи порлумонӣ дар таҷрибаи ҷонибҳо, муносибатҳои миёни Тоҷикистону Россия боз ҳам тақвият ёфта, онҳо торафт ҷабҳаҳои нав ба нави ҳамкориро мувофиқи имконият, ниёзмандӣ, манфиатҳои мутақобила ва наздикии мавқеъ оид ба сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фарогиранд.

Асламов Б.С., таҳлилгари масоили геополитикӣ, полковники милитсия
Ҳалимзода Д.О., омӯзгори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...